logo

ҳуқуқ

СУДЯИ СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ ДАСТ БА ҶИНОЯТ ЗАД

Дар пешбурди Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятии №63441 нисбат ба Ҷалол Исроилов бо моддаи 319, қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ, ки 17 июни соли ҷорӣ аз ҷониби Прокурори генералӣ оғоз шудааст, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Зимни тафтиши парвандаи мазкур муқаррар карда шуд, ки Ҷалол Исроилов дар вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, ҳамчун шахси мансабдор  бо истифода аз мақоми хизматӣ даст ба ҷиноят задааст. Мавсуф дар марҳалаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ дар ҳайати коллегия ба сифати маърӯзачӣ шикояти кассатсионии роҳбари хоҷагии деҳқониро аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар бораи беэътибор донистани ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд, аз 7 сентябри соли 2012, мавриди баррасӣ қарор додааст.  Зимнан, дар раванди баррасии шикояти кассатсионӣ ӯ  барои дар доираи ваколатҳои мансабии худ ба манфиати хоҷагии деҳқонӣ ҳал намудани шикояти кассатсионӣ, аз роҳбари хоҷагӣ дар ду ҳолат ришва ситонд.
Номбурда аз ӯ 22 ноябри соли 2012 дар назди бинои Суди Олии иқтисодӣ  7400 доллар ва тахминан 2-3 декабри ҳамон сол дар дафтари кори худ 600 доллари дигар, ба сифати пора, талаб карда гирифтааст. Дар натиҷа, бо қарори суди марҳалаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ, аз 28 ноябри соли 2012, шикояти кассатсионӣ қонеъ гардида, ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд, аз 7 сентябри соли 2012, қисман бекор ва  парванда барои аз нав баррасӣ намудан ба ҳамон суд, дар дигар ҳайати судӣ, ирсол шудааст.
Айбдории Ҷалол Исроилов дар содир намудани ҷинояти гирифтани ришва бо далелҳои холисона ва раднашавандаи аз ҷониби мақомоти таъқиби ҷиноятии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварда тасдиқи пурраи худро ёфт. Аз ҷумла, зимни даъват ва мавриди пурсиш қарор додани гумонбаршуда ба ӯ далелҳои аз ҷониби тафтишот ҷамъоварда пешниҳод шуданд.  Ҷалол Исроилов барои содир намудани ҷинояти гирифтани пора худро айбдор ҳисобида, 23 июни соли ҷорӣ ба номи директори агентӣ бо аризаи худиқрорӣ муроҷиат намуд.
Дар асоси талаботи моддаи 9-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти №30, аз 6 августи  соли 2001, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии иқтисодӣ бе ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин нест.
Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Прокурори генералӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ пешниҳод дар бораи гирифтани иҷозат барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани Ҷалол Исроилов ирсол  шуд. 17 июл ин пешниҳод дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ моҳиятан мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани Ҷалол Исроилов розигӣ доданд. Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Дар ин бора аз Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» хабар доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2014    №: 139    Мутолиа карданд: 599

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед