logo

ҳуқуқ

ПОРАХӮРОН БЕШТАР ТАБИБОНАНД

Агентӣ фош месозад

Дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ ва барномаи пешгирӣ намудани коррупсия дар идораву вазоратҳо мулоқоти ҳайати роҳбарикунандаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барпо гардид. Сараввал вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Файзуллоев ҳадафи мулоқотро шарҳ дода, зикр намуд, ки ҳамкории судманди агентӣ бо вазорат танҳо ба манфиати ин ниҳод мебошад.
Муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, генерал-майори адлия Миллопар Бандишоев зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи соҳаи тандурустӣ, тақвияти пойгоҳи моддӣ – иқтисодии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дар 15 соли охир ба дараҷае рушд намуд, ки ҳатто ба даврони Иттиҳоди Шӯравӣ хос набуд. Таваҷҷуҳ ва ғамхории Сарвари давлат аз ҳар як корманд саъю талош ва иқдоми бештаре барои хизмати софдилона ба мардум тақозо менамояд.
Сарфи назар аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти махсусгардондашудаи зиддифасод, мутаассифона, дар вазорати мазкур сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳамоно ташвишовар буда, тамоюли зиёдшавӣ дорад.
Чунончи, агар дар 12 моҳи соли гузашта аз ҷониби кормандони соҳа 38 ҷинояти коррупсионӣ содир шуда бошад, пас фақат дар шаш моҳи соли равон ин шумора ба 41 адад расидааст. Танҳо дар 19 рӯзи баъди ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа дар ин вазорат аз ҷониби кормандони агентӣ боз 10 адад ҷинояти вазнин ва махсусан вазнини коррупсионӣ ошкор гардид.
16 июли соли ҷорӣ духтури Маркази саломатии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд Нормуҳаммад Хошаев барои ғайриқонунӣ озод намудани айбдоршаванда Отабек Кенҷаев, аз маҳбасхонаи тафтишотии шаҳри Хуҷанд аз падари 81-солаи охирон Аҳмад Кенҷаев бо роҳи қаллобӣ 13 000 доллари амрикоиро талаб намуда, гирифтааст.
Кор ба ҷое расидааст, ки худи кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба ҳаракатҳои коррупсионии бевоситаи роҳбаронашон ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи шикоятӣ муроҷиат мекунанд.
Масалан, 4 июли соли равон мудири шуъбаи эҳёгарии беморхонаи сохтори госпитали ноҳияи Қубодиён Назаралӣ Зиёдалиев ба мақомоти раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон нисбат ба сардухтури ҳамин беморхона Асадулло Худойбердиев дар бораи бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ гирифтани 3000 сомонӣ ва боз талаб карда гирифтани 300 доллари амрикоӣ бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст.
Худи ҳамон рӯз, баъди оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ва дар натиҷаи гузарондани чораҳои фаврӣ - тафтишотӣ А. Худойбердиев ҳангоми гирифтани пора дар ҳудуди беморхонаи таҳти роҳбарии ӯ қарордошта, дастгир шуд.
Зимни пешбурди минбаъдаи парвандаи ҷиноятии мазкур, инчунин муққарар шуд, ки Асадулло Худойбердиев ҳамчун шахси мансабдор, бо суиистифодаи мақоми хизматиаш аз кормандони масъули беморхона барои пуштбонии умумӣ дар фаъолияти кори мунтазам дар тули 1,5 соли роҳбариаш ҳар моҳ аз ҳар кадоми онҳо тариқи тамаъҷӯӣ маблағи зеринро ба сифати пора талаб намуда гирифтааст :
 - аз мудири шуъбаи асаби беморхона Эркин Юсупов ҳар моҳ 500 сомонӣ,
- аз мудири шуъбаи ҷарроҳӣ Умар Мусурмонов 1000 сомонӣ,
- аз мудири шуъбаи бемориҳои дил Ғанӣ Қурбонов ҳар моҳ 100 доллари амрикоӣ,
- аз мудири маркази хунгузаронӣ Панҷидин Юсупов ҳар моҳ 200 сомонӣ
- аз мудири шикастабандии беморхона Ойматов Холмурод ҳар моҳ-900 сомонӣ ва дар маҷмӯъ 35 ҳазор сомонӣ.
Бо назардошти чунин ҳолати кор ва вазнинии ҷиноятҳои содирнамуда нисбат ба Асадулло Худойбердиев чораи пешгирӣ дар шакли ба ҳабсгирӣ татбиқ гашта, бо аломатҳои моддаи 319 қ. 4 бандҳои «а» ва «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
Наҷмиддин ШОҲИНБОДОВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2014    №: 141    Мутолиа карданд: 692

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед