logo

ҳуқуқ

БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.
Эмомалӣ РАҲМОН


Нахустин дастоварди назаррас дар ҳаёти давлатдории тоҷикон пас аз соҳибистиқлолӣ қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин санади олии ҳуқуқӣ дар таърихи сиёсию ҳуқуқии кишвар саҳифаи нав боз намуд. Он бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ бевосита аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат қабул гардида, азму ирода ва марому мақсади халқи Тоҷикистонро дар худ таҷассум намуд. Тибқи Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардидааст. Бо қабули ин санад  давлати нави соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи муносиби худро сазовор гашт. 
Зарурати муайян намудани заминаи ҳуқуқии таъмини Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла қабули Конститутсияи нави кишвар ҳанӯз дар Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шуда буд. Аммо нооромиҳои соли 1991 таҳияи лоиҳаи Сарқонунро ба таъхир гузоштанд.
Таҳия, баррасӣ ва қабули Конститутсияи нав пас аз баргузории иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав оғоз гардид. Иҷлосияи мазкур дар барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар нақши бузург бозид. Дар ин иҷлосия як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла  қарор «Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он моҳи ноябри соли 1993 комиссияи нави конститутсионӣ ва гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Гурӯҳи корӣ ду лоиҳаи Конститутсия - идораи президентӣ ва идораи парламентиро таҳия намуд. Комиссияи конститутсионӣ дар натиҷаи баррасии ҳамаҷониба лоиҳаи Конститутсияро, ки шакли идораи президентиро ҳимоя менамуд, пазируфта, онро барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуот нашр кард. Иҷлосияи бистуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати раъйпурсии умумихалқиро 6 ноябри соли 1994 муқаррар намуд. Натиҷаи расмии раъйпурсӣ чунин буд: дар 64 ҳавзаи раъйдиҳӣ 2685724 шаҳрванд ба рӯйхат гирифта шуда, дар раъйпурсӣ 2535437 нафар ё ки 94,4 дарсад ширкат варзид. Ба ҷонибдории Конститутсия 2352554 нафар ё ки 87,59 дарсад, муқобили он 105300 нафар ё ки 3,92 дарсад раъй доданд.
Бо мақсади такмили низоми сиёсӣ ва давлатии кишвар, амиқ гардондани унсурҳои демократӣ дар ҷомеа, такмили тартиби таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани асосҳои конститутсионии рушди минбаъдаи иқтисоди озод ва соҳибкорӣ, инчунин бо назардошти ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию сиёсӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба (26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003) тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Дар моддаи 5-и Конститутсия дарҷ шудааст: Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки ин қисми модда ба Сарқонун бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 22 июни соли 2003 ворид гашт ва инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои манфиатҳои муайян шинохта шуд. Мувофиқи Конститутсия дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Қабул шудани Сарқонун бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ худ шаҳодати баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ аст.
Дар Конститутсия асосҳои сиёсати хориҷии кишвар таҳким ёфта, мувофиқи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода»-ро пеш гирифтааст. Тавре дар Паёми Президенти мамлакат аз 26 апрели соли 2013 омадааст: «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолии кишвар то ба имрӯз яке аз василаҳои асосӣ ва муҳимтарини муаррифии кишварамон ҳамчун давлати пешбарандаи сиёсати «дарҳои кушода» дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва мо бо дарназардошти манфиатҳои миллиамон ин сиёсатро минбаъд низ идома хоҳем дод».
Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 19 Конститутсия ба ҳар шахс кафолати ҳифзи судӣ дода шудааст. Ва ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз баррасӣ намояд. Ҷиҳати  таъмини амалии ин ҳуқуқ дар Тоҷикистон ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва амалисозандаи адолати судӣ мақомоти судӣ таъсис дода шудааст. Ин мақомот унсури муҳимтарини ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад.
Фаъолияти судҳо ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (соли 2012) Президенти мамлакат ба ин масъала ишора намуда, гуфтанд: «Баъди қабули Конститутсияи кишвар ва ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани суд давлат ҷиҳати таҳкими асосҳои он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Дар ин раванд давра ба давра татбиқ шудани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва дар доираи он такмилу таҳким бахшидан ба сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникии онҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳо ба шумор меравад. Дар навбати худ ҳокимияти судӣ вазифадор аст, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, тавассути қабули санадҳои одилонаву қонунӣ, татбиқи дурусти меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо адолати судиро таъмин намояд». Ба гуфтаи Сарвари давлат, фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост.
Сарвари давлат пайваста таъкид мекунанд, ки Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.
Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт. Сарқонун ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гардидани соҳибихтиёрии кишвар маҳз аз ҳамин санади тақдирсоз сарчашма мегирад. Метавон таъкид кард, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон рӯҳияи санадҳои давлатдории ниёгонамон, аз қабили «Доди Дориюш», «Номаи тансар», «Мотикони ҳазор додситон» ва хусусан Эъломияи Куруши Кабир, ки аз нахустин санадҳои ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқи башар дониста мешавад, таҷассум гардидааст.
Бесабаб нест, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ сазовори баҳои баланд гардида, онро ҳамчун таҷассумгари ҷараёни демократӣ дар кишвар арзёбӣ намудаанд. Гузашта аз ин, Конститутсияи  Тоҷикистон ҳамчун панҷ конститутсияи  беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст, ки боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист.

Орзу АБДУЛЛОЕВ, 
судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2014    №: 141    Мутолиа карданд: 1899
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед