logo

ҳуқуқ

АСОСҲОИ АДОЛАТИ СУДӢ

Ҳокимияти судӣ мутобиқи моддаи 84 - и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда, ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Аз таҷрибаи таърихи ҳокимияти судӣ метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки мурофиаи судӣ ягона шакли муқаррар намудаи ҳақиқати воқеӣ, беҳтарин роҳи ҳалли ҳар гуна муноқишаҳост. Суд на танҳо манфиати шахсони алоҳида ё ташкилоту муассиса, балки давлатро низ ҳимоя мекунад, ки дар ҷамъият онро адолати судӣ мегӯянд. Таъмини адолат ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки агар худи мақомоти судӣ аз ҳаргуна фишору дахолати ниҳодҳои давлатӣ озод буда, судяҳо ҳақиқатро дар асоси далелҳои мавҷуда, холисона, аз рӯи виҷдон ва донишу малакаи касбиашон ҷустуҷӯ ва дарёфт кунанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон муқаррар кардааст, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз ҷониби судяҳо амалӣ мегардад. Ин нукта ба он ишора мекунад, мақомоти дигар ё шахсони алоҳида ҳуқуқи таъмини адолати судиро ба ҷуз ҳокимияти судӣ надорад.
Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Аз ин рӯ, дар чунин сохтори давлатдорӣ ягон мақомот ва ё ташкилоту муассиса бе асоси қонунӣ амал карда наметавонад. Барои ҳамаҷониба равшан кардани вазифаҳо, тарзу усули фаъолият ва ҳалли масъалаҳое, ки дар назди мақомоти судӣ истодаанд, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 6 августи соли 2001 қабул гардидааст, роҳнамои мақомоти судӣ мебошад.
Ҳам дар Конститутсия ва ҳам дар қонуни мазкур асосҳои адолати судӣ муқаррар шудаанд. Мутобиқ ба ин санадҳо адолати судиро танҳо Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе дар амал татбиқ мекунанд.
Адолати судӣ мафҳумест, ки дар иҷрои он судҳо меъёрҳои ҳуқуқиро нисбат ба баҳсҳо ва масъалаҳои дигари ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, оилавӣ ва маъмурӣ дар маҷлисҳои судӣ татбиқ менамоянд. Суоле ба миён меояд, ки адолати судиро судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ дар асоси кадом меъёрҳои ҳуқуқӣ амалӣ мегардонанд? Ин меъёрҳо, пеш аз ҳама, аз принсипҳои асосии фаъолияти судӣ сарчашма мегиранд. Яке аз принсипҳои асосии фаъолияти судӣ ин баробарии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату нажод, вазъи иҷтимоӣ, ақидаҳои сиёсӣ, мансубият ба дину мазҳаб ва навъи машғулият ба шумор меравад. Яъне дар истифода аз ҳуқуқи ҳимояи судӣ ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин ашхоси бетабаа бо ҳам баробаранд.
Мустақилияти пурраи судҳо ин принсипи дигари фаъолияти онҳо ба ҳисоб меравад. Ҳангоми амалисозии адолати судӣ, судҳо танҳо ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда итоат мекунанд. Ваколат, дахлнопазирӣ, махфӣ будани машварати судҳо ҳангоми баровардани санадҳои судӣ, ҳуқуқи ба истеъфо баромадан, ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбат ба суд ва дигар масъалаҳои фаъолияти судро қонун муайян кардааст.
Забони мурофиаи судӣ принсипи дигари адолати судӣ мебошад. Асосан мурофиаи судӣ бо забони давлатӣ ва ё бо забони аксари аҳолии маҳал сурат мегирад. Дар ҳолати надонистани забони давлатӣ шахсони алоҳида бо тарҷумон таъмин мешаванд, ки ин талабот дар моддаи 88-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳ баён шудааст.
Ҳангоми мурофиа ва фаъолият судҳо комилҳуқуқ буда, дахолати субъектҳои беруна қатъиян манъ мебошад. Дахлнопазирии судяҳо чунин маъно дорад, ки на танҳо шахсияти судя, балки манзил, ҷойи кор, нақлиёт, воситаҳои алоқа ва ҳуҷҷатҳои шахсии ӯ низ дахлнопазиранд.
Принсипи аз ҳама муҳими адолати судӣ ин ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ мебошад. Санадҳои судӣ аз ҳукму ҳалнома, таъинот ва қарорҳои судӣ иборат буда, баъди эътибори қонунӣ пайдо карданашон дар тамоми қаламрави мамлакат иҷрои ҳатмиро талаб мекунанд ва бе ягон монеа бояд иҷро шаванд.
Принсипи таъмини амнияти судяҳо охирин принсипи адолати судӣ ба ҳисоб меравад. Таърихи тамаддуни инсоният аз рӯзи ба вуҷуд омадани адолати судӣ ин принсипро ба иҷро мерасонд. Дар ҳама давру замон, новобаста аз сохти давлатдорӣ, амнияти ин гурӯҳи одамон таъмин мешуд. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо амнияти судяҳо, балки аъзои оила ва молу мулки онҳо низ таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор гирифтаанд.
Дар давоми 90 соли мавҷудияти хеш мақомоти судии Тоҷикистон аз як Комиссариати халқии адлияе, ки 14 декабри соли 1924 ташкил ёфта буд, имрӯз ба мақомоти гуногуни ҳифзи ҳуқуқ, суд, Шӯрои адлия, Вазорати адлия, марказҳои илмию тидқиқотии ҳуқуқӣ, дигар ниҳодҳои судии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ арзи ҳастӣ намудааст. Ба ибораи дигар, мақомоти судӣ ҳоло чун ҳокимияти махсусе, ки адолати судиро амалӣ месозад, ташаккул ёфтааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба зиммаи судҳо вогузор шудани вазифаҳои нав, аз қабили ҳаллу фасли масъалаҳои фарзандхонӣ, иҷозат додан барои ба ҳабс гирифтан нишони боварии комили давлат ба фаъолияти ин мақомот мебошад. Кормандони судро зарур аст, ки ҷавобан ба чунин бовариҳо фаъолияти худро ҳамеша дар асоси меъёрҳои инсондӯстӣ ва ҳақиқату адолат ба роҳ монанд.
Абдулазиз АБДУХОЛИҚОВ,
 котиби Суди ноҳияи
Зафаробод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2014    №: 142    Мутолиа карданд: 830

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед