logo

ҳуқуқ

ИҚДОМИ ТОЗА БАР ЗИДДИ ҶАЛБИ ИҶБОРӢ

Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба манзури таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барномае рӯи даст гирифтааст.

Дар ин бора Абдуманнон Холиқзода, муовини аввали вазири адлия, дар суҳбат бо хабарнигорон иттилоъ дода, афзуд, ки вобаста ба ин гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндагон аз созмону ниҳодҳои гуногун таъсис ва ба фаъолият шурӯъ кардааст. Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи қонуни нав аз байн бурдани ҷалби иҷборӣ ё ба ибораи маъмул «облава» ҳангоми даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ мебошад.
Коҳиш додани муҳлати хизмати ҳарбӣ то ба якуним сол яке аз пешниҳодҳое будааст, ки коршиносон бештар рӯи он тамаркуз доранд. Таклифи дигар лағви бахше аз имтиёзҳост, ки ба қавли Абдуманнон Холиқзода аслан барои ҷалби ҷавонон ба артиш монеа эҷод мекунанд. Зеро таҳлилҳо нишон додааст, ки як қисми ҷавонон бо мақсади фирор аз хидмати ҳарбӣ ба омӯзишгоҳҳо дохил мешаванд.
Ҳамчунин пешниҳод ҷиҳати дар сохторҳои давлатӣ ба кор қабул накардани ҷавононе, ки хидмати ҳарбиро анҷом надодаанд, мавриди баррасӣ қарор дорад. Абдуманон Холиқзода дар суҳбат бо хабарнигорон итминон дод, ки гурӯҳи корӣ ҳамаи таклифҳое, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ, ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, созмонҳои  ҷамъиятию сиёсӣ ҷиҳати ворид сохтан ба лоиҳаи қонун пешниҳод мешаванд, баррасӣ намуда, аз он истифода хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол интизор меравад, ки лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» то моҳи майи соли 2015 омода ва барои баррасӣ ба Ҳукумат ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод шавад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2014    №: 142    Мутолиа карданд: 616

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед