logo

ҳуқуқ

САНАДҲО ИҶРО НАМЕШАВАНД

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ кор бо муроҷиати шаҳрвандон яке аз масъалаҳои меҳварии фаъолияти кормандони Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ҳисобида мешавад.
Ин матлабро Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ баён намуд. Бино ба гуфтаи ӯ, дар ин давра ба вазорат беш аз 1300 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардида, ҳамзамон дар ҳамаи сохторҳои вазорат қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки зарфи шаш моҳ роҳбарияти вазорат 85 шаҳрвандро қабул намуда, ба арзи онҳо бевосита гӯш додаанд.
Вазири адлия мегӯяд, масъалае, ки бештар шаҳрвандонро ба дари вазорат мекашонад, ин сари вақт иҷро нагардидани қарорҳои судӣ ва ҳуҷҷатҳои иҷро мебошад.
Ин дар ҳолест, ки аз соли 2008 ба ин сӯ, низоми иҷрои санадҳои судӣ ё худ назорати фаъолияти иҷроҷиёни суд ба тобеияти Вазорати адлия даромада, то кунун мушкилотеро дар пай доштааст. «Мо агар соли 2008 дар маҷмӯъ 23 ҳазор ҳуҷҷати иҷро қабул карда бошем, дар соли 2013 ин рақам аллакай ба 40 ҳазор расид ва дар нимсолаи аввали соли 2014  23286 адад ҳуҷҷати иҷро қабул кардем. Агар ин раванд чунин идома ёбад, мумкин аст то поёни сол то 50 ҳазор ҳуҷҷат қабул кунем». Манзури вазири адлия аз пешниҳоди ин рақамҳо он аст, ки кори иҷрочиёни суд сол ба сол рӯ ба афзоиш аст. Вай мегӯяд, ки «мо дар ду давра ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ анҷом додем ва дар доираи он салоҳиятҳои мақомоти судӣ васеъ гардида, теъдоди судяҳо ба 394 нафар расидааст. Шумори иҷрочиёни суд дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 233 нафарро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки барои таъмини фаъолияти судяҳо бояд ба ҳар судя як котиби суд ва як иҷрочии суд рост биёяд. Номутобиқии ин рақамҳо, яъне кам будани шумораи иҷроҷиёни суд аз судяҳо яке аз сабабҳои аслии сари вақт иҷро нагардидани санадҳои судӣ ба ҳисоб меравад».
Аз сӯи дигар Рустам Шоҳмурод, иҷрои санадҳои судиро на танҳо кори иҷрочиёни суд, бакли кори дастаҷамъонае медонад, ки бояд мақомоти судӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ низ ба он таваҷҷуҳ дошта бошанд. Ӯ мегӯяд, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, мақомоти таҳқиқ ва тафтиш уҳдадор ҳастанд, ки тибқи қонун масъалаи таъмини даъвои гражданӣ ва агар эҳтимоли мусодираи молу мулк дар кирдор бошад, барои таъмини ҷазо ҳабси амволро анҷом диҳанд.
Ба манзури ҳалли чунин мушкилот мо талош дорем, ки теъдоди иҷрочиёни суд зиёд ва ҳамчунин қонунҳои амалкунанда дар ин замина такмил шаванд, - гуфт вазири адлия.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2014    №: 142    Мутолиа карданд: 586

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед