logo

ҳуқуқ

СУҒД: 259 ҶИНОЯТИ КОРРУПСИОНӢ ОШКОР ШУД

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, дар нимсолаи аввали соли 2014 дар 119 ташкилоту муассиса ва корхонаҳои вилоят тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронд.

Дар натиҷа ба маблағи умумии 37 миллион сомонӣ зарари молиявӣ муайян карда шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 10 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳисоби зарарҳои молиявии ошкоршуда беш аз 30 миллион сомонӣ ба ҳисоби буҷет ва корхонаҳо барқарор гашт. Дар маҷмӯъ дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ бо рамзи “062” ба буҷети давлат 26 миллиону 550 сомонӣ ворид гардид. Гузашта аз ин, кормандони раёсати агентӣ 259 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидоштаро ошкор карданд, ки 38 ададашро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд.
Таҳлили фаъолияти хизматии шахсони ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда нишон дод, ки аксари ҷиноятҳоро кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят - 32 ҷиноят нисбат ба 15 нафар, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 14 ҷиноят нисбат ба 11 нафар, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ - 7 ҷиноят нисбат ба 5 нафар, соҳаи маориф - 21 ҷиноят нисбат ба 19 нафар, Вазорати корҳои дохилӣ - 13 ҷиноят нисбат ба 8 нафар содир кардаанд.
Аз ҷониби кормандони шуъбаи тафтишотии раёсат дар ин давра санҷиши пешакии 92 парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расонда шуд. 84 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 100 нафар барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба мақомоти прокуратура ирсол гашт. Дар давраи ҳисоботӣ 139 ҳуқуқвайронкунии маъмурии характери коррупсионидошта низ ошкор гардид.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи раёсати агентӣ баҳри бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидаткарда, ба унвони роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳо 299 дастури хаттӣ ва 110 пешниҳод ирсол карда шуд.
Доир ба таъмини риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру навоҳии вилоят мунтазам санҷишҳо гузаронда мешаванд. Дар нимсола 14 ҳолати риоя нагардидани талаботи моддаҳои 8,10 ва 14-и қонуни зикршуда ошкор ва бартараф гардид. Кормандони раёсат вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин ва дигар омилҳои коррупсионии алоқаманд ба истифодаи замин 35 ҳолати содиршавии ҷиноятро ошкор намуданд.
  Роҳбарияти агентӣ ба кормандони раёсат баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки 10 июли соли равон зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти прокуратура, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ироа гардиданд, супоришҳои мушаххас дод.
Дилшод ЗАРИФОВ,
сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи раёсати Агентии
назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори адлия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2014    №: 142    Мутолиа карданд: 604

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед