logo

номаҳо

Манзараи ҳузнангез

Ин манзара барои ман бисёр ҳузнангез аст. Табиати зебои кишварро бо дастони худ доғдор кардаем. Чаро аз ҳусни ин як гӯшаи диёр баҳравар намешавем? Набояд фаромӯш намоем, ки табиат ба ин носипосии мо ҳатман  ҷавобе муносиб медиҳад.
Дидани ин анбӯҳи дарахтони сарсабз ба рӯҳу ҷисмамон бояд ҳаловат бубахшад. Аммо чашм нахуст ба қуттии партов ва партовҳо меафтаду ин имконияти хубро аз мо мегирад.
Аҷаб, ин маърифатро низ ҳосил накардаем, ки партовҳоро ба партовгоҳ бирезем. Он чӣ душворие дорад? Оре, баъд аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва афзудани магасу пашшаҳои гуногуни зараррасон шикоят менамоему масъулонро гунаҳгор месозем. Намеандешем, ки нахуст ба ин худи мо гу-наҳгорем. Кош ҷабри онро танҳо худамон мекашидем. Не, дигарон низ аз он ранҷ мебаранд.
Ба андешаи ман рафъи ин як мушкили одӣ ҳеҷ душворие надорад. Волидайн дар ин маврид нахуст худашонро тарбият намоянд ва пас аз он фарзандонашонро. Кӯдаконро чанд муддат, то одат кардан ҳангоми андохтани партовҳо бояд назорат кард.
Ба ҷуз ин бояд санҷишҳоро доир кард, дар хусуси макони партовгоҳҳои ифлоси маҳаллаҳо матлабҳоро бо расмҳо ба нашр расонду ба воситаи телевизион намоиш дод. Охир, дидани ин гуна манзараҳо на танҳо бисёр ҳузнангез, балки айб ҳам ҳаст.
Бахтинисо ҒАФФОРОВА, донишҷӯи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2014    №: 143    Мутолиа карданд: 441

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед