logo

номаҳо

Масъулон дигар андеша доранд?

Ба бисёр аз мамлакатҳои гарми камоб сафар намудаам. Эҳсосу мушоҳида накардаам, ки мушкилоти об дошта бошанд. Дар бисёре аз ҷойҳо зарфҳои калонро гузоштаанд, ки ҳамеша пур аз обанд. Раҳгузарон,  хоса кӯдакон аз ин оби нӯшиданӣ истеъмол мекунанд. Чунин зарфҳои пуробро дар назди масҷидҳо низ вохӯрдаам.
Дар кишвари сероби мо, дар ин маврид мушкилот, хоса дар фасли тобистон вуҷуд дорад. Махсусан кӯдакон дар ин фасл бисёр ташна мешаванд. Илоҷе ҷуз харидани об дигар вуҷуд надорад. Аммо кӯдакон оё дар ҳама ҳолат бо худ пул доранд, ки барои рафъи ташнагӣ об бихаранд? Албатта, ки не. Чаро  ақаллан дар маркази шаҳру ноҳияҳо, боғу паркҳо нуқтаҳои автоматӣ ва худхизматрасонии ройгони обро насб намекунем?
То куҷо ин пешниҳод пазируфта мешавад, намедонам. Аммо маълум аст, ки нуқтаҳои оби назди хонаҳоро дар пойтахти кишвар кандаанд. Роҳгузарону кӯдаконе, ки аз он истифода мебурданд, аз об маҳрум гардидаанд. Сокинони хонаҳои ошёнаҳои болоӣ низ то бегоҳ интизории омадани обро мекашанд. Пештар аз ин нуқтаҳо об мегирифтанд.
Ба ҳар ҳол одам бояд ба умед бошад, шайтон ноумед аст. Ё масъулон дигар андеша доранд?
Ҷ. САИДАЛИЕВ, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2014    №: 143    Мутолиа карданд: 416

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед