logo

илм

ДОРУВОР АЗ ЗАҲРИ МОР

Кормандони Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ азм доранд, ки ду навъи мори афъӣ кубро (мори азимҷуссаи айнакдор) ва гурзо (мори бузурге, ки сараш монанди гурз аст), парвариш намоянд.
Роҷеъ ба зарурати парвариши ин морҳои азимҷуссаи заҳрдор ва аҳамияти онҳо дар саноати дорусозӣ, Абдусаттор Саидов, директори пажӯҳишгоҳи мазкур ба пурсиши хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин посух гуфт:

Морҳои афъии кубро (айнакдор)-и   осиёимиёнагӣ ва гурзоро кормандони Пажӯҳишгоҳи  зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо ду мақсад парвариш менамоянд.  Агар ҳадафи нахуст аз парвариши морҳои заҳрнок  роҳандозии таҳқиқоти илмӣ оид ба омӯзиши хусусиятҳои экологӣ ва афзоиши морҳои афъӣ дар шароити серпентария (серпентария аз калимаи лотинии serpens, маънояш морхона аст) бошад, мақсади дигар, аз заҳри онҳо тайёр намудани дорувор аст. Албатта, дар шароити серпентария парвариш намудани морҳои заҳрнок кори саҳлу осон нест. Барои ин пеш аз ҳама дар фасли замистон ва ҳам тобистон дар морхона ҳарорати муътадили аз 18 то 30 дараҷаро муҳайё намудан зарур мебошад. Масъалаи дигар, ин бо хӯрок таъмин намудани морҳост. Ҳам мори айнакдори осиёимиёнагӣ ва ҳам гурзо тарзи ҳаёти дарранда доранд. Хӯроки асосии гурзо дар шароити табиии Тоҷикистон ҳайвоноти хоянда, аз қабили муш, калламуш, муши регзор ба шумор мераванд. Мори куброи осиёимиёнагӣ бошад аз ғук, қурбоққа, тухм ва ҷӯҷаи парандагон  ғизо мегирад. Аз ин рӯ, дар шароти сунъӣ чунин навъ ғизоро барои ин морҳо муҳайё намудан  лозим  аст. Вале бояд бигӯям, ки  20 сол қабл дар назди Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитология чунин як морхона фаъолият дошт ва дар он ҳудуди 200 мори заҳрноки куброи осиёимиёнагӣ ва мори гурзо парвариш меёфт. Заҳре, ки аз ин морҳо гирифта мешуд, ҳамчун ашёи хом барои тайёр кардани маводи дорувор ба хориҷи кишвар содир мегашт. Ҳарчанд бо сабабҳои гуногун ин морхона давоми 18 соли охир фаъол нест, аммо ҳама шароитҳоро, ки барои парвариши ин ду намуди мори заҳрнок лозим аст, дорад. Яъне, мо барои парвариш ва гирифтани заҳри ин морҳо шароити зарурӣ ва  таҷриба дорем. Аз ин рӯ, бо ташаббуси Раёсати  Академияи илмҳои Тоҷикистон азм намудем, ки фаъолияти серпентарияро  барқарор созем.
Ҳам куброи осиёимиёнагӣ ва ҳам гурзо намудҳои нодир буда, хавфи маҳвшавӣ  доранд. Хусусан дар 50 соли охир дар  ҳудуди зисти ин морҳо дар Тоҷикистон  тағйироти ҷиддӣ ба назар мерасад. Куброи осиёимиёнагӣ асосан дар қисмати ҷанубӣ-ғарбии кишвар, дар минтақаҳои биёбон ва нимбиёбон зиндагӣ мекунад. Дар гузашта масоҳати мавзеъҳои зисти мори кубро хеле васеъ буд. Вале дар давоми ним аср аз  худ гардидани заминҳои бекорхобида боиси маҳдуд гардидани ҷои зист ва коҳиши саршумори куброи осиёимиёнагӣ гардид. Ҳарчанд  гурзо нисбат ба кубро васеътар паҳн шудаву дар минтақаҳои биёбон, нимбиёбон ва наздикӯҳӣ дучор меояд, аммо вазъи он низ чунин аст. Аз ин сабаб ҳам куброи осиёимиёнагӣ ва ҳам гурзо ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст. Аз рӯи тартиботи муқарраргардида барои сайди намудҳои ҳайвоноте, ки  ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил гардидаанд, Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо пешниҳоди асоснок ба Ҳукумати кишвар муроҷиат менамояд. Ва бо қарори  Ҳукумати  ҷумҳурӣ дар ин бора ҳуқуқи ҷамъоварии онҳоро аз табиат пайдо мекунем. Ба ин мақсад, алҳол, аз номи раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати кишвар барои сайди  50 сар мори куброи осиёимиёнагӣ ва 50 сар гурзо мактуб ирсол гардидааст. Айни замон масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дорад. Баъди гирифтани иҷозатномаи Ҳукумат серпентарияи назди пажӯҳишгоҳ ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Яке аз масъалаҳои дигар, ин омӯзиши эктопаразитҳо ва эндопаразитҳои морҳои заҳрнок мебошад. Хазандагон, аз ҷумла морҳои заҳрнок дар бадани худ  паразитҳои берунаро, аз қабили канаҳо нигоҳ медоранд. Дар узвҳои дохилиашон ҳаргуна эндопаразитҳо – паразитҳои дохилӣ, аз қабили гелминтҳо мавҷуданд ва омӯзиши ин масъала аҳамияти илмӣ дорад. Аз ин рӯ, олимони соҳа ҳангоми парвариши морҳо дар шароити серпентария ба омӯзиши илмии онҳо, яъне гузаронидани таҳқиқоти илмӣ низ машғул мешаванд. Инро ба назар гирифта дар нақшаи илмии пажӯҳишгоҳ омӯзиши хусусиятҳои экологӣ, афзоиш, тарзи ғизогирии куброи осиёимиёнагӣ ва гурзоро ворид намудем, зеро гузаронидани таҳқиқоти гуногуни илмӣ оид ба омӯзиши ҳаматарафаи олами ҳайвоноти Тоҷикистон аз самтҳои  асосии фаъолияти институт ба ҳисоб меравад.
Ҳар ду намуди морҳое, ки парвариши онҳоро ба роҳ монданием, заҳри барои инсон марговар доранд. Ҳангоми  газидани мори куброи  осиёимиёнагӣ ва ба организми инсон ворид гардидани  заҳри он майнаи сар фалаҷ мегардад. Яъне, шахсе ки аз заҳри ин мор зарар мебинад, фалаҷ мешавад. Заҳри мори гурзо бошад, дар бадан хунро лахта мегардонад. Вақте хун лахта шуд, дар рагҳои хунгард гардиши он қатъ ва кори дил низ душвор мешавад. Ин ҳолат одамро ба марг мерасонад.
Аммо, бо вуҷуди ин, заҳри куброи осиёимиёнагӣ ва гурзо дар тиб барои тайёр намудани доруҳои гаронарзиш васеъ истифода мешавад. Имрӯз аз заҳри онҳо доруҳои гуногун, мисли «наятокс», «випросал», «випералгин», «випраксин»  омода мешаванд. Ҳатто номи ин доруҳо номи морҳоро ифода мекунанд. Масалан наятокс – Naja oxiana номи илмӣ ё лотинии мори кубро аст. Ё ин ки номи доруи випросал аз номи мори гурзо  гирифта шудааст. Номи илмӣ ё лотинии мори гурзо  Vipera lebetin aст. Ин доруҳо дар тибби муосир барои таскин бахшидани дардҳои шадиди радикулит, ревматизм, шамолхӯрии мушакҳо истифода мешаванд. Доруҳои аз заҳри мор истеҳсолшаванда аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид мегарданд.
Табибони тоҷик низ чанд сол қабл дар баъзе ҷарроҳиҳое, ки зиёд идома меёбанд ва дар натиҷа инсон хуни зиёдро аз даст медиҳад, аз заҳри мори гурзо истифода намуданд.   Ин заҳр ҳангоми ворид шудан ба организим хуни инсонро лахта мекунад, дар натиҷа дар беморон талафи зиёди хун пешгирӣ карда мешавад. Агар парвариши морҳо ба роҳ монда шавад, истеҳсоли чунин доруворро метавон дар дохили кишвар роҳандозӣ намуд. Барои ҳалли ин масъала мутахассисони соҳаи тиб, кимиёшиносон ва ҳам дорушиносон дар ҳамбастагӣ бояд ҷаҳду талош кунанд.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2014    №: 144    Мутолиа карданд: 2458

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед