logo

ҳуқуқ

ВАНҶ: ПЕШИ РОҲИ ҚОНУНШИКАНИҲОРО МЕГИРАНД

Дар ноҳияи Ванҷ чун дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат баҳри риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам дар ин самт камбудию норасоиҳо ба назар мерасанд.
Муртазо Раҳмонзода, прокурори ноҳияи Ванҷ, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 3, дар ин маврид бо хабарнигори мо ҳамсуҳбат гардид:

- Баъди ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сатҳи зиндагии сокинони мамлакат хеле баланд шуд. Ба андешаи банда, аз ин, пеш аз ҳама, оилаҳои серфарзанд, камбизоат ва ниёзманд бурд карданд. Акнун онҳо ҷашну маросимҳояшонро хоксорона гузаронда, маблағҳои сарфашударо мақсаднок харҷ менамоянд. Бисёр ба мушоҳида расидааст, ки ин оилаҳо аз ҳамин ҳисоб манзили истиқоматӣ месозанд, барои фарзандони мактабхонашон компютер мехаранд, чорводорӣ, парандапарварӣ ва занбӯриасалпарвариро ривоҷ медиҳанд. Ба рушди боғдорӣ, ки дар ин минтақа соҳаи асосист, машғул шуда, даромади калон ба даст меоранд. Писаронашон ҳам камтар ба муҳоҷирати корӣ рафта, баҳри ободӣ ва шукуфоии ноҳия заҳмат мекашанд. Имрӯзҳо симои ин диёр, ки онро Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ Ванҷи пурганҷ гуфтааст, нисбат ба даврони шӯравӣ ободу зеботар гардидааст. Боиси хушҳолист, ки мардум чӣ дар маркази ноҳия ва чӣ дар Водхуду водиҳои Ванҷи Боло ва Язгулом зиндагии орому осуда доранду оилаҳои камбизоат ва шахсони бекор нестанд.
Дар урфият мегӯянд, ки гул бе хор намешавад. Аз ин рӯ, дар риояи қонуни мазкур низ дар баъзе ҳолатҳо қонуншиканиҳо ба назар мерасанд.
Мувофиқи нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти назорати доимӣ қарор гирифтааст. Санҷишҳои прокурорӣ муайян намуданд, ки баъзе комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ин самт фаъолияти суст нишон дода, баъзан мавқеи бетарафиро ишғол мекунанд. Маҳз ҳамин бетаваҷҷуҳию бетарафӣ омили асосии содиршавии қонуншиканиҳост.
Риоя нагардидани талаботи қонуни мазкурро кормандони прокуратура дар Маркази саломатии ноҳия ошкор карданд. Назорати прокурорӣ маълум намуд, ки ҳамшираи шафқати ин муассиса Даврон Миҳрубонова дар маъракаи фотиҳаи фарзандаш ба қонуншиканӣ роҳ додааст. Номбурда аз ҷониби суди ноҳия барои риоя накардани муқаррароти қонун муҷозот шуд. Мутаассифона, раиси комиссияи доимии назди Ҷамоати деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоев, мутахассиси он оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ чунин вонамуд карданд, ки гӯё воқеае рух надодааст. Ҳамчунин сокини деҳаи Убари Даргов Зоҳиршо Тутишоев маъракаи тӯйи арӯсии духтарашро бар хилофи талаботи қонун дар рӯзи корӣ гузаронд ва ӯ низ бо қарори суди ноҳия ба андозаи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима баста шуд.
Аз ин камбудиҳо роҳбарони идора ва ташкилотҳои дахлдори ноҳия хулосаи даркорӣ бароварда, фаъолияти худро дар ин самт беҳтар намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, мутахассисони ҷамоатҳои деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни номбурда миёни аҳолии деҳот корҳои зиёди таблиғотию фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд, ки натиҷаи дилхоҳ дода истодаанд.
Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Бо ин мақсад мунтазам назорати прокурорӣ мегузаронем. Хушбахтона, то имрӯз ҳодисаҳои аз мактаб берун мондани талабагон, махсусан духтарон, ҷанҷолу хархашаи байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ дида намешавад. Робитаи волидайн бо мактабҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Сифати таълиму тарбия торафт беҳтар мегардад.
Бо вуҷуди ин, дар баъзе мактабҳои ноҳия камбудиҳо ба назар мерасанд. Масалан, назорати прокурорӣ муайян кард, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21, деҳаи Мотравни Ҷамоати деҳоти Язгулом ва 15-и рустои Ҷовидони Ҷамоати деҳоти Ҷовидон чанде аз хонандагони синфи 11 бо телефонҳои мобилӣ ба синф ворид мегарданд, ки хилофи талаботи қонун мебошад. Аз рӯи ин ҳодисаҳо волидайни ин талабагон ба ҷазои маъмурӣ кашида шуда, тибқи қарори суди ноҳия аз онҳо ҷарима ситонда шуд. Ҳамчунин санҷишҳо ошкор сохтанд, ки хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 бо асбобҳои хониш пурра таъмин нестанд. Онҳо одитарин талабот - пӯшидани либосҳои расмии мактабиро риоя намекунанд.
Кормандони прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ванҷ фаъолияташонро дар ин самт пурзӯр намуда, баҳри пешгирии ҳар гуна қонуншиканӣ тадбирҳои муассир меандешанд.

Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2014    №: 144    Мутолиа карданд: 571

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед