logo

энергетика

САБАБҲОИ АФЗОИШИ НАРХИ БАРҚ

Яке аз ҳадафҳои стратегии давлатҳои рӯ ба тараққӣ ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Тоҷикистон низ дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ ва оби тозаест, ки истифодаи оқилонаи онҳо ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказист. Айни замон сарфи назар аз қаламрави начандон бузург, тақрибан 5 фоизи иқтидори энергетикию обии умумиҷаҳонӣ аз они мост. Вале сабаб чист, ки қимати барқ боло меравад?
Чун ШСХК  «Барқи тоҷик» ба номгӯи (реестри) субъектҳои монополияи табиӣ шомил буда, танзими фаъолияти ширкат дар масъалаи нархгузории барқ ва гармӣ ба мувофиқати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ вогузор шудааст, сабаби болоравии арзиши неруи барқро аз кормандони ин соҳа пурсон шудем.  Саидалӣ Зарифов, сардори Раёсати танзими монополияи табиии хадамоти мазкур мегӯяд, ки аз 1 июли соли ҷорӣ ҳар киловатт. соат неруи барқ ба ҷойи 11 дирами пешина 12,6 дирам муқаррар шудааст. Истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ ба ҷойи 26,6 – 30,6 дирам, соҳаи буҷетӣ, бахши комуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ ба ҳар кВт. соат неруи барқ ба ҷойи 10,6 - 12,2 дирам пардохт мекунанд. Танҳо Корхонаи алюминии Тоҷик ҳар киловатт. соатро аз 1 май то 30 сентябр ба 7,2 дирам ва дар давраи зимистон аз 1 октябр то 30 апрел 11,8 дирам харид мекунад.
- Дар аввали соли ҷорӣ бевосита аз ҷониби мақомотҳои дахлдор гурӯҳи корӣ ташкил шуда, ин гурӯҳ дар натиҷаи таҳлил ва омӯзиши хароҷоти ширкати «Барқи Тоҷик» ба хулосае омад, ки нархи қувваи барқ 15 фоиз баланд бардошта шавад, - афзуд Зарифов.  - Мақсад аз болоравии арзиши неруи барқ беҳбуди вазъи молиявии ШСХК «Барқи тоҷик» мебошад.  Мутахассисон ҳамчунин бар онанд, ки дар ду соли охир нархи тамоми маҳсулоти саноатӣ ва воридотӣ бамаротиб боло рафтааст, вале нархи барқ бетағйир монд. Бо он нархномае, ки чанд сол боз мавриди амал қарор дошт, системаи энергетикии кишвар дигар наметавонад талаботи таъминот бо барқро ҳатто  дар сатҳи имрӯза иҷро намояд. Паст будани тарифҳо ва напардохтани маблағи истифодашудаи неруи барқ аз ҷониби муштариён имкон намедиҳад, ки ширкат қарзи худро дар назди  НБО-и «Сангтӯда-1» (то 1 май) 417,6  миллион сомонӣ, «Сангтуда – 2» - 133 миллион сомонӣ (нишондоди соли 2013) ва Бонки ҷаҳонӣ пурра пардохт намояд.
Воқеан, имрӯз вазъи молиявии ширкати мазкур беҳбуд мехоҳад ва  фаъолияти соҳа ба ислоҳоти фаврӣ ниёз дорад. Тадбирҳои андешида  дар ин самт аллакай ба ҳалли мушкилиҳо мусоидат карда истодаанд.  Бо вуҷуди ин, ҳанӯз талафи беҳудаи қувваи барқу барқдуздӣ, қарздории аҳолӣ ва корхонаҳои калони саноатӣ ва вобаста ба ин афзоиши маблағҳои қарзӣ ба чашм мерасанд. Аз рӯйи ҳисобот дар бист соли истиқлолият дар ҷумҳурӣ беш аз 200 неругоҳи хурди барқ сохта ба истифода дода шудаанд, ки солона зиёда аз 100 миллион кВт. соат барқ истеҳсол мекунанд. Зарфияти истеҳсолии онҳоро метавон то ба 600 миллион кВт. соат афзоиш дод. Аммо  дар истифодаи барқ тақаллубкориҳои зиёдеро метавон дид. Беҳуда нест ки Сарвари давлат дар суханрониаш дар маҷлиси васеи ҳайати Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ натанҳо кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки  дигар ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайридавлатиро  ба таъмини адолати иҷтимоӣ ва пешгирии ҳамагуна ҳуқуқвайронкуниҳо  даъват намуд.
Ҷиҳати таъмини минбаъдаи кишвар бо қувваи барқу гармӣ тавассути барқарор намудани неругоҳҳои мавҷуда ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла бунёди хатҳои интиқоли барқ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, паст кардани талафоти он, истифодаи технологияи каммасрафи барқӣ ва аз ҷониби дигар, ба идораи оқилонаи захираҳои обӣ дар минтақа бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо дарки баланди масъулият дар рушди иқтисодиёти кишвар, бахусус соҳаи энергетика саҳмгузор бошем.  Зеро пешрафти ояндаи Тоҷикистон аз рушди гидроэнергетика вобастагии мустақим дорад.

Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2014    №: 144    Мутолиа карданд: 11090

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед