logo

маориф

ЭҶОДКОРӢ ҚОЛАБШИКАНИСТ

Маҳмадсаид БОЯКОВ,
директори Литсейи касбии техникии шаҳри Қӯрғонтеппа

«Имрӯз соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар тамоми ҷаҳон яке аз зинаҳои асосӣ ва афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин муассисаҳо вобаста ба талаботи бозори меҳнат мутахассисони соҳаҳои гуногунро омода месозанд.
Бинобар ин, вобаста ба талаботи бозори меҳнати ватанӣ ва ҷаҳонӣ омода намудани кадрҳои коргарӣ барои кишвари мо амри зарурӣ буда, масъалаи васеъ намудани шабакаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба миён омадааст».
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии   Тоҷикистон. 


Албатта, ба рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудани Сарвари давлат беҳуда нест.
Дар шароити муносибатҳои имрӯзаи иқтисодӣ, бунёд гардидани корхонаҳои нави саноатӣ ва таъмини онҳо бо мутахассисони арзандаи аз уҳдаи идора намудани воситаҳои навини истеҳсолот мебаромада, дарёфти ҷойҳои корӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва рақобатпазир будан дар бозори меҳнати байналхалқӣ ва дигар омилҳо ба он водор месозад, ки имрӯз мо ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо назари тоза бинигарем.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол таваҷҷуҳи ҷавонон ва умуман коргарон ба касбомӯзӣ зиёд гардида истодааст. Чун дар шароити имрӯза аксари шахсони синни қобили меҳнат, ки барои кор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯй оварда истодаанд, дарк намудаанд, ки маҳз соҳибкасб – ихтисосманди беҳтарин дар хориҷа метавонад соҳиби кор, шароит ва маоши хуб шавад.
Вобаста ба боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мехоҳам чанд нуктаро пешниҳод намоям.
Банда тайи се сол инҷониб дар семинарҳое, ки аз ҷониби Хазинаи аврупоии таҳсилот дар Осиёи Миёна баргузор гардида истодааст, иштирок менамоям. - Чанде пеш дар семинари навбатӣ, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон - шаҳри Остона баргузор гардид, ширкат доштам. Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ то имрӯз ба натиҷаҳои хуб ноил гардидааст.
Алъон ду ҳолати самарабахши таҷрибаи бародарони қазоқро зикр намуданиам.
Яке аз инҳо ба маблағгузории сарикасӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ба шакли дуалӣ ба роҳ мондани таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошад, ки ба фикри ман, барои мустақилият дар фаъолият ва беҳтар гардидани сифати таълим, ҳарчи тезтар омӯхтани касб ва ба истеҳсолот ворид гардидани хонандагон аҳамияти хеле калон дорад.
Ин шакли таълим диққати маро ҳанӯз соли 2010, ҳангоми боздид аз муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Федеролии Олмон ҷалб намуда буд.
Асоси омӯзиши касб бо тарзи дуалӣ - ин аз истеҳсолот ҷудо набудани ҷараёни таҳсил мебошад. Мутобиқи барномаи таълимӣ хонандагон ду рӯз назария ва 3 ё 4 рӯзи дигар бояд бевосита дар истеҳсолот таълими истеҳсолӣ гиранд.
Барои хонандагон дар корхонаҳои истеҳсолӣ синфхонаҳои махсус ҷудо карда шуда, аз ҷумлаи коргарони пуртаҷрибаи корхона ба онҳо устоҳо вобаста мегарданд. Барои фаъолияти истеҳсолии хонандагон масолеҳ ҷудо гардида, бо иҷозат ва таҳти назари устодон ба истеҳсол машғул мегарданд. Фаъолияти истеҳсолии хонандагон якҷо бо коргарони асосии корхона ба роҳ монда шудааст.
Дар чунин ҳолат ҳар як коргари пуртаҷрибаи корхона барои беҳтар гардидани сифати кори хонанда ва ислоҳи камбудиҳои он маслиҳати муфиде хоҳад дод. 
Ҳамзамон аҳамияти калони тарбияи маънавии хонандагонро бояд ба назар гирифт. Вақте ки хонанда дар паси дастгоҳ истода дар қатори коргарони асосии корхона ба кор машғул мегардад, бовариаш ба худ зиёд шуда, ҳисси масъулиятшиносиаш низ меафзояд. Аз коргарони асил меомӯзад, бо муҳит омехта гардида, худро ҷузъи коллективи корхона мешуморад. Аз ин мефахрад.
Дар таҷрибаи Олмон ба хонандагоне, ки корро хуб омӯхта маҳсулоти ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ истеҳсол менамоянд, фоизи муайяне музди меҳнат низ медиҳанд, ки ин шавқи онҳоро барои боз ҳам хубтар аз худ намудани касб зиёд мегардонад.
Дар шаҳри Остона дар суҳбат бо намояндагони Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон маълум гардид, ки дар оянда барои маҳз ба шакли дуалӣ ба роҳ мондани таҳсилоти ибтидоии касбӣ замина муҳайё шуда истодааст.
Дар ду соли охир ба муассисаи таълимии мо муяссар гардид, ки қолаби маъмулиро шикаста, таълими истеҳсолии хонандагони касбҳои челонгари автомобил (таъмири кузови автомобилҳои сабукрав), касби устои асбобҳои радиоэлектронӣ, кафшергари барқӣ ва электромонтёрро қисман бевосита дар истеҳсолот ба роҳ монем. Ин, албатта, кори саҳл набуд. Пеш аз ҳама гирифтани ризояти роҳбарияти шарикони ҳамкор барои мо мушкил буд. Дар шароити имрӯза на ҳама роҳбар (хусусан корхонаҳои хусусӣ) барои ҳамкорӣ намудан бо муассисаҳои таълимӣ розӣ мешаванд. «…Ба ман дарди сари зиёдатӣ чи лозим?» гӯён ҳатто дар ин бора гап задан ҳам намехоҳанд. Аммо роҳбарони корхонаҳои ҶДММ «СТО №6 Асрор» -и шаҳри Қӯрғонтеппа, Корхонаи таъмири асбобҳои радиоэлектронии «Кафолат», ҶДММ «Фаровон Қӯрғонтеппа», корхонаҳои трансформаторбарорӣ шаҳри Қӯрғонтеппа ва корхонаи таъмири автомобилҳои сабукрав «МРМ» мушкилоти моро дарк намуда, барои ҳамкорӣ розигӣ доданд.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Федеролии Олмон роҳбарияти корхона новобаста аз шакли моликият вазифадор аст, ки хонандаро барои таҷрибаомӯзӣ қабул намуда, барои фаъолияти он шароит муҳайё созад. Ҳамзамон барои тайёр намудани мутахассисон ба Палатаи савдо маблағи муайяне ҷудо намояд.
 Натиҷаи соли хониш нишон дод, ки дар истеҳсолот хонандагон бештар шавқманд гардида, касбро ду - се баробар зудтар, босифаттар аз худ менамоянд. Аммо дар таҷрибаи мо ин ҳоло шакли дуалии таълим не, балки падидае аз он мебошад. Барои ба роҳ мондани ин шакли таълим, пеш аз ҳама, бояд барномаҳои мутобиқи таълимӣ таҳия гарданд.
Чун дар ҷумҳуриҳои пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ фишанге бояд мавҷуд бошад, ки роҳбарияти корхонаро, новобаста аз шакли моликияташ, барои таҷрибаомӯзӣ ва таълими истеҳсолӣ бе монеа қабул намудан, вазифадор намояд.
 Бовар кунонданиам, ки аз ин ба корхона зиёни молиявӣ ва иқтисодӣ намерасад. Таҷрибаи корхонаи СТО №6 дар ду соли охир нишон дод, ки маҳсулнокӣ ва даромади корхонаи мазкур кам нагардида, балки аз ҳисоби кормандони таҷрибаомӯз зиёд шудааст. Аз ин рӯ, роҳбарияти корхона тасмим гирифт, ки баъди хатми литсей 10 нафар хатмкунандагонро, ки дар ҳамин корхона таълими истеҳсолӣ мегирифтанд, ба кори доимӣ қабул намояд.
Омили муҳими дигаре, ки диққати моро ба ин кор ҷалб менамояд, ин базаи моддӣ-техникии ин корхонаҳо мебошад. Маълум аст, ки дар шароити имрӯза базаи моддӣ - техникии аксарияти муассисаҳои таълимӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Агар равшантар иброз намоем, он таҷҳизоте, ки барои таълим дар омӯзишгоҳҳои мо мавҷуд мебошад, мерос аз собиқ шӯравӣ аст ва дар ҳолати фарсудашавӣ қарор дорад. Корхонаҳои хусусӣ бошанд, бештар ба таҷҳизоти навини замонавӣ таъминанд. Дар ин ҳол хонандагони мо метавонанд ин таҷҳизотро дар истеҳсолот омӯхта истифодаи онро ёд гиранд.
Албатта, на ҳама корро якбора ба анҷом расондан мумкин аст. Шояд тайи як ё ду соли дигар мо натавонем ба ин шакли таълим гузарем. Имконоти мо дар муқоиса бо Олмону Русия ё Қазоқистон маҳдуданд. Аммо, агар имрӯз барои ба роҳ мондани чунин шакли таълим замина гузорем, зудтар ба мақсад хоҳем расид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2014    №: 145    Мутолиа карданд: 743

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед