logo

ҳуқуқ

53 ҶИНОЯТКОР ДАР ҶУСТУҶӮИ БАЙНАЛМИЛАЛИАНД

- Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар  шаш моҳи соли ҷорӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 3287 килограмму 149 грамм маводи нашъаовар мусодира намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12, 2 дарсад кам мебошад.  Аз ин ҳисоб ба Агентии назорати маводи нашъаовар 507 килограмму 908 грамм рост меояд. Солҳои охир дар ҷумҳурӣ тамоюли афзоиши ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар ба мушоҳида расид, - гуфт Ҳалимҷон Маҳмудов, муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ.
Дар соҳаи пурзӯрсозии мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ҷониби кормандони агентӣ фаъолияти 17 гурӯҳи ҷинояткор, ки ба онҳо 42 нафар шомил буд, қатъ гашт. 
Шуъбаи тафтишотии агентӣ 100 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, 52 парвандаро нисбат ба 73 шахс ба суд ирсол намуд. Дар ин давра  628 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии  маводи нашъаовар сабт гардидааст, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳои содиршуда  5 % - ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин 6 шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар кофтукови байналмилалӣ қарор доштанд, дастгир шуданд.   Алҳол 53 ҷинояткори  дигар  дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар  22 шаҳрванди хориҷӣ (20 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Мадумии Чин) – ро дастгир намуда, аз онҳо 238 килограмм маводи мухаддир мусодира карданд. Ҳамчунин 69 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар дастгир шудаанд. Аз онҳо дар маҷмӯъ 37 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст.   
Дар натиҷаи амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор-2014», ки аз моҳи май шурӯъ шуд ва то ноябр давом хоҳад ёфт, 1 тоннаву 528 килограмм маводи мухаддир мусодира ва нобуд карда шуд, ки аз он 90 килограмм героин, 362 килограмм афюн, 1 тоннаву 75 килограмм бангдона ва 893 килограммро ниҳоли бангдона ташкил дод.

Шаҳнози ҚУРБОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2014    №: 146    Мутолиа карданд: 613

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед