logo

ҳуқуқ

МАРКАЗ БА ЛОИҲАИ 113 ҚОНУНУ САНАД ХУЛОСАИ ҲУҚУҚӢ ДОД

Маҳмад Раҳимзода, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ бо хабарнигорон гуфт, ки аз тарафи марказ ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо ва дар ҳамин замина бартараф кардани мухолифати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо ба зиёда аз 113 лоиҳаи қонун, санади меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаи байналмилалӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ дода шуд, ки дар маҷмӯъ беш аз 300 таклифу пешниҳодро дарбар мегирад. Аз ҷониби кормандони марказ тадқиқоти илмӣ – амалӣ дар мавзӯъҳои «Вазъи ҳуқуқии бедаракгумшудагон» ва «Танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории субъектони хоҷагидории хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба анҷом расид.
Назар ба гуфтаи директори марказ, 17 март конфронси илмӣ - амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилот» ва 5 майи соли равон мизи мудаввар дар мавзӯи «Масоили ҳуқуқии ислоҳоти қонунгузории замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар марказ Консепсияи рушди қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ба итмом расид ва лоиҳаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар арафаи анҷомёбист.
Аз ҷониби кормандони марказ дар асоси омӯзиш ва таҳлили қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ китобҳои илмӣ, методӣ ва тафсирҳо барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва соҳаҳои идоракунӣ, аз ҷумла «Ҳуқуқи Тоҷикистони муосир», «Вазъи ҳуқуқии бедаракшудагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилот», Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Истилоҳоти соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм ва маориф дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Истилоҳоти соҳаи сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонда шуданд.
Мунаввари САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2014    №: 146    Мутолиа карданд: 667

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед