logo

ҳуқуқ

ҲАҶМИ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ ЗИЁД ШУДААСТ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56,4 миллион сомонӣ зиёд зарари молиявии ба давлат расондашударо ошкор кардааст.
Ин матлабро Абдуфаттоҳи Ғоиб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар нишасти матбуотӣ баён намуд. Ба андешаи ӯ, чунин ҳолат натиҷаи он аст, ки дар вазорату идора, корхонаву муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, риояи қонуну қарорҳои амалкунанда сарфи назар мешаванд. Тафтишу санҷишҳо нишон додааст, ки роҳбарони вазорату идораҳо ба берун аз ҳадафи аслӣ истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, хароҷотҳои ғайриқонунӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, рӯйпӯшнамоии андозу пардохтҳо ва дигар зуҳуроти коррупсионӣ роҳ медиҳанд, ки ба таъкиди директори агентӣ ин омил ба таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат таъсири манфӣ мерасонад.
Бар асоси маълумоте, ки роҳбарияти агентӣ дар ихтиёри хабарнигорон гузоштанд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ содиршавии ҷиноятҳои фасодгуна дар миёни вазоратҳо бештар аз ҳама дар вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сабт шудааст.
Дар гузашта Абдуфаттоҳи Ғоиб перомуни даст ба ҷиноёти коррупсионӣ задани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратию низомии кишвар, аз ҷумла Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ибрози нигаронӣ мекард. Ин навбат ӯ бо хушҳолӣ паём дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандонаш сабт нашудааст.
Дар маҷмӯъ зарари молиявии ошкоршуда дар ин давра 203,3 миллион сомониро ташкил дода, зимни тафтишу санҷишҳои молиявӣ аз ин миқдор 128,4 миллион сомонӣ  ба давлат барқарор гардид, ки баробар ба 63,2 дарсади зарари ошкоршуда мебошад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2014    №: 146    Мутолиа карданд: 651

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед