logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз    10 декабри соли 1999 «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 298; с. 2007, №5, мод. 353; с. 2012, №8, мод. 813) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар моддаи 1 калимаҳои «вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо» ба калимаҳои «вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» иваз карда шаванд.
3. Ба Қонун моддаи 11 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 11. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.».
4. Дар моддаи 2:
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия умумӣ аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд.»;
-дар қисми дуюм калимаҳои «маҳрум шудагон» ба калимаи «маҳрумшудагон» иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаи «ҳокимият» ба калимаҳои «ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шавад.
5. Ба моддаи 3 баъд аз калимаи «асоси» калимаи «ҳуқуқи» илова карда шавад.
6. Дар моддаи 6:
- дар номи модда калимаҳои «тайёрӣ дидан ба интихобот ва гузаронидани он» ба калимаҳои «тайёрӣ ва гузаронидани интихобот» иваз карда шаванд;
- ба қисми якум баъд аз калимаи «мегирад» калимаҳои «ва дар воситаҳои ахбори омма инъикос мегардад» илова карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаи «тарҷимаи» ба калимаи «шарҳи» иваз карда шаванд;
-дар қисми панҷум калимаҳои «ин Қонун» ба калимаҳои «Қонуни конститутсионии мазкур» иваз карда шаванд.
7. Ба қисми чоруми моддаи 7 баъд аз калимаи «вилоят,» калимаҳои «шаҳри Душанбе,» илова карда шаванд.
8. Дар моддаи 9:
- дар сархати якум калимаҳои «ба» ва «Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо» мувофиқан ба калимаҳои «оид ба интихоботи» ва «вилоят» иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои сеюм ва чорум калимаи «ба» ба калимаҳои «оид ба интихоботи» иваз карда шаванд;
- ба модда қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: «Роҳбарии умумӣ, назорати ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.».
9. Дар моддаи 11:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 11. Ваколатҳои комиссияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот»;
- ба қисми якум баъд аз калимаи «вилоят» калимаҳои «шаҳри Душанбе,» илова карда шаванд;
- рақамгузории бандҳо ба аломати дефис «-» иваз карда шавад;
- банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«-оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия мувофиқан ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил медиҳад, онҳоро номгузорӣ ва рақамгузорӣ мекунад;»;
- дар банди 3 калимаи «маҳали» ба калимаҳои «маҳалли ҷойгиршавии» иваз карда шавад;
- дар банди 4 баъд аз калимаи «вилоят» калимаҳои «шаҳри Душанбе,» илова карда шуда, калимаҳои «ин Қонун» ба калимаҳои «Қонуни конститутсионии мазкур» иваз карда шаванд;
- дар банди 9 калимаҳои «мақомоти маҳаллии давлат, мақомоти худидораи маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд;
- дар банди 14 калимаҳои «додани» ва «гузаронидан ва ташкили»  мувофиқан ба калимаҳои «супоридани» ва «ташкилу гузаронидани» иваз карда шаванд;
- банди 15 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- ваколатҳои дигареро, ки Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.».
10. Дар матни моддаи 12 калимаҳои «ноҳиявӣ, шаҳрӣ» ва «камаш 7-8 аъзои дигари комиссия» мувофиқан  ба калимаҳои «шаҳрӣ ва ноҳиявӣ» ва «на камтар аз 7- 8 аъзо» иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 13:
- рақамгузории бандҳо ба аломати дефис «-» иваз карда шавад;
- банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- иҷрои талаботи Қонуни конститутсионии мазкурро дар ҳудуди ҳавзаи интихобот назорат мекунад;»;
- аз банди 4 калимаҳои «, нашри плакатҳои дорои тарҷумаи ҳоли номзадҳоро таъмин мекунад» хориҷ карда шаванд;
- дар банди 6 калимаҳои «худидораи маҳаллӣ, роҳбарони корхона, муассисаю ташкилотҳо» ба калимаҳои «худидоракунии шаҳрак ва деҳот, роҳбарони ташкилотҳо» иваз карда шаванд;
- банди 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- ваколатҳои дигарро тибқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.».
12. Дар моддаи 15:
- рақамгузории бандҳо ба аломати дефис «-» иваз карда шавад;
- банди 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- ваколатҳои дигарро тибқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.».
13. Дар моддаи 16:
- дар қисми якум калимаи «комиссия» ба калимаҳои «комиссияи интихобот» иваз карда шавад;
- қисми панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, узви комиссияи дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот, инчунин комиссияи ҳавзавӣ ё участкавии интихобот, ки овоздиҳиро дар ҳамон ҳавза ё участкаи интихоботӣ ташкил мекунад, буда наметавонад.».
14. Дар моддаи 17:
- дар қисми дуюм калимаи «фикри» ба калимаи «ақидаи» иваз карда шавад;
-дар қисми сеюм калимаҳои «мақомоти дахлдори маҳаллии давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва муассисаю ташкилотҳо» ба калимаҳои «мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳо» иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои «корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои» ва «бепул» мувофиқан ба калимаҳои «ташкилотҳои» ва «ройгон» иваз карда шаванд;
-дар қисми ҳафтум калимаҳои «корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо» ба калимаи «ташкилотҳо» иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳаштум калимаи «ҷонишини» ба калимаи «муовини» иваз карда шавад;
- дар қисми нӯҳум калимаҳои «интихобот эътироф» ба калимаҳои
«интихоботӣ тасдиқ» иваз карда шаванд;
- қисми даҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, комиссияҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ фаъолияти худро баъд аз интихоб шудани вакилон аз ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ ба Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ қатъ менамояд.».
15. Дар қисми дуюми моддаи 19 калимаҳои «Раисони шаҳру ноҳияҳо» ба калимаҳои «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
16. Дар қисми сеюми моддаи 20 калимаҳои «ба руйхат дохил карда мешавад» ба калимаҳои «ба руйхати иловагӣ дохил карда мешавад» иваз карда шаванд.
17. Қисми сеюми моддаи 21 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар хусуси ба рӯйхат дохил нашудан, нодуруст дохил кардан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин саҳву хатоҳои дар рӯйхат ҷойдошта шикоят намоянд. Ариза дар бораи ҷой доштани саҳву хатоҳои дар рӯйхати интихобкунандагон ҷойдошта аз ҷониби комиссияи участкавии интихобот баррасӣ карда мешавад. Комиссияи участкавии интихобот вазифадор аст аризаро дар мӯҳлати на дертар аз ду рӯзи то интихобот ва дар рӯзи интихобот фавран дида баромада, ба рӯйхат ислоҳоти зарурӣ ворид намояд ё ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро дар бораи рад гардидани аризааш супорад. Аз хусуси қарори қабулнамудаи Комиссияи участкавии интихобот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст. Қарори суд қатъист. Комиссияи участкавии интихобот тибқи қарори суд ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ ворид менамояд.».
18. Дар моддаи 23:
- дар қисми якум калимаҳои «вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо» ба калимаҳои «вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «камаш се рӯз» ва «ахбори умум» мувофиқан ба калимаҳои «на дертар аз се рӯзи» ва «ахбори омма» иваз карда шаванд.
19. Ба қисми сеюми моддаи 24 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд шахсонеро, ки аъзои ҳизби сиёсӣ нестанд, ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ номзад пешниҳод намоянд.».
20. Дар моддаи 26:
- дар қисми якум калимаҳои «ноҳия ва ё шаҳри» ба калимаҳои «шаҳр ва ноҳияи» иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум:
- дар сархати якум калимаҳои «ин Қонун» ба калимаҳои «Қонуни конститутсионии мазкур» иваз карда шаванд;
-дар сархати чорум калимаҳои «суд шудаанд» ба калимаҳои «маҳкум шудаанд» иваз карда шаванд;
- дар сархати шашум калимаҳои «органҳои» ва «шомили авф гардидаанд» мувофиқан ба калимаҳои «мақомоти» ва «нисбати онҳо авф татбиқ карда шудааст» иваз карда шаванд.
21. Дар моддаи 27:
- дap қисми якум калимаҳои «азҳоби сиёсӣ» ба калимаҳои «ҳизбҳои сиёсӣ» иваз карда шаванд;
- ба қисми панҷум ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Дар сурати рад шудани бақайдгирии номзад, комиссияи дахлдори интихобот вазифадор аст, ки дар давоми як шабонарӯз ба номзад ва ҳизби сиёсӣ нусхаи қарори комиссияи интихоботро бо баёни асосҳои радкунӣ пешниҳод намояд.».  
22. Дар қисми дуюми моддаи 31 калимаҳои «роҳбарони корхона, ташкилоту муассиса» ба калимаҳои «роҳбарони ташкилотҳо» иваз карда шаванд.
23. Дар матни моддаи 32 калимаҳои «Конститутсия ва Қонунҳои» ба калимаҳои «Конститутсия (Сарқонуни) ва қонунҳои» иваз карда шаванд.
24. Дар қисми якуми моддаи 31, ном ва матни моддаи 32, қисми дуюми моддаи 33, дар ном, қисмҳои якум ва сеюми моддаи 34, матни моддаи 35 калимаҳои «пеш аз интихоботӣ», «пеш аз интихоботии», «пеш аз интихоботияш», «пеш аз интихоботӣ», «пеш аз интихоботӣ», «пеш аз интихоботӣ» ва «пеш аз интихоботӣ» мувофиқан ба калимаҳои «пешазинтихоботӣ», «пешазинтихоботии», «пешазинтихоботияш», «пешазинтихоботӣ», «пешазинтихоботӣ», «пешазинтихоботӣ» ва «пешазинтихоботӣ» иваз карда шаванд.
25. Дар моддаи 34:
- қисми якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз рӯзи бақайдгирии номзад оғоз гардида, як шабонарӯз пеш аз овоздиҳӣ қатъ мегардад.»;
- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Номзадҳо ба вакилӣ ҳуқуқ доранд воситаҳои ахбори оммаро бо асосҳои баробар истифода баранд, вохӯриҳои худро бо интихобкунандагон дар шакли барои ҳар ду ҷониб мувофиқ ташкил намоянд. Комиссияи участкавии интихобот якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои гузаронидани вохӯриҳо мусоидат намуда, дар бораи вақту маҳалли баргузории вохӯриҳо ба интихобкунандагон хабар медиҳанд.»;
- қисмҳои якум, дуюм, сеюм ва чорум мувофиқан қисмҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷум ҳисобида шаванд.
26. Дар моддаи 42:
- дар қисми панҷум калимаҳои «Натиҷаи интихоботи» ва «ноҳия ва шаҳр» мувофиқан ба калимаҳои «Натиҷаҳои интихобот дар» ва «шаҳр ва ноҳия» иваз карда шаванд;
- қисми шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз натиҷаи ниҳоии интихобот дар ҳавзаи интихоботии дахлдор ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.».
27. Дар моддаи 43:
- дар қисми якум калимаҳои «ноҳия ва шаҳр» ва «ба вай» мувофиқан ба калимаҳои «шаҳр ва ноҳия» ва «ба онҳо» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «ин Қонун» ба калимаҳои «Қонуни конститутсионии мазкур» иваз карда шаванд.
28. Дар моддаи 44 калимаҳои «ноҳия ва шаҳр» ба калимаҳои «шаҳр ва ноҳия» иваз карда шаванд.
29. Ба моддаи 45 қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Шакл ва намуди шаҳодатномаи вакилӣ ва нишони сарисинагии дахлдорро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».
30. Дар номи боби 8 калимаҳои «МАЪМУРӢ-ҲУДУДИИ» ба калимаҳои «МАРЗИЮ МАЪМУРИИ» иваз карда шаванд.
31. Қисми сеюми моддаи 47 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Номзаде, ки дар рафти интихоботи асосӣ миқдори зарурии овозҳоро соҳиб нашудааст, наметавонад дар интихоботи такрорӣ дар ин ҳавза дубора чун номзад пешбарӣ шавад.».
32. Моддаи 481 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 481. Интихобот дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил
Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил дар сурате гузаронида мешавад, ки даъвати Маҷлиси маҳаллӣ вобаста ба иштирок надоштан ва ё шумораи ками вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдор, ки ба ҳайати воҳиди марзию маъмурии навташкил дохил мешаванд, ғайриимкон аст.
Интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи комиссияҳои интихоботии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ на дертар аз ду моҳи баъди ташкил шудани воҳиди марзию маъмурӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур гузаронида мешавад.».
33. Моддаҳои 49 ва 50 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд: 
«Моддаи 49. Маблағгузории интихобот
Маблағгузории ташкил ва гузаронидани интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ихтиёрӣ гузаронидани интихоботро маблағгузорӣ намоянд. Ин маблағ барои истифода дар ташкил ва гузаронидани интихобот аз ҷониби комиссияҳои интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ қабул карда мешавад.
Назорати истифодаи маблағе, ки ба комиссияи интихоботии дахлдор ҷудо шудааст, инчунин назорат оид ба воридшавӣ ва сарчашмаҳои маблағгузориро комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ амалӣ менамояд.
Моддаи 50. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, №1087

ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш.ЗУҲУРОВ
ш.Душанбе, 20 июни соли 2014,  №1525

ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш.Душанбе, 17 июли соли 2014, №716


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2014    №: 147-150    Мутолиа карданд: 805

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед