logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
3 ноябри соли 1995 «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод. 233;с. 1997, №23-24, мод. 356; с. 2002, №4, қ. 1. мод. 254; с. 2005, №12, мод. 625; с. 2008, №10, мод. 795) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 4:
- дар банди 5) калимаҳои «силоҳи оташфишону ғайриоташфишон» ва «пуртаъсири» мувофиқан ба калимаҳои «силоҳ» ва «сахттаъсири» иваз карда шаванд;
- дар банди 12) калимаҳои «савдои яроқ», «пуртаъсири» ва «моддаҳои спиртдорро» мувофиқан ба калимаҳои «гардиши силоҳ», «сахттаъсири» ва «спирти этилиро» иваз карда шаванд;
- аз банди 13) калимаҳои «моро маҳдуд ё манъ кунанд; воситаҳои техникии садобаландкунандаро» хориҷ карда шаванд;
- бандҳои 14) ва 18) дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«14) истифодаи дастгоҳҳои нусхабардор, техникаи сабти аудио ва видеоӣ, инчунин дастгоҳҳои паҳнкунандаи мавҷҳои радио, телевизион, шабакаҳои мобилӣ ва интернетро маҳдуд ё манъ кунанд, таҷҳизоти техникии садобаландкунандаро гиранд, ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма назорат кунанд, ҳангоми зарурат сензура ва дар интишори рӯзномаҳо маҳдудият ҷорӣ намоянд;
18) ташкил ва фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳи шаҳрвандонро пешгирӣ кунанд;»;
- дар банди 19) калимаҳои «яроқ» ва «моддаҳои пуртаъсири кимиёвӣ ва заҳрдор» мувофиқан ба калимаҳои «силоҳ» ва «моддаҳои сахттаъсири кимиёвӣ ва заҳрнок» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 8 калимаҳои «дар шакли ҷарима ба андозаи аз нисф то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабс ба муҳлати то понздаҳ шабонарӯз ҷазои маъмурӣ дода мешавад,» ба калимаҳои «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 9:
- дар қисми якум калимаҳои «ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ситонда, ё бо назардошти вазнинии ҳуқуқвайронии содиршуда ба мӯҳлати то сӣ шабонарӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ карда мешавад» ба калимаҳои «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд» иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои «Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» ба калимаҳои «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
4. Қисми якуми моддаи 17 хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, №1085

ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» қабул карда шавад.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  А. МИРАЛИЕВ
ш.Душанбе, 9 апрели соли 2014, №1458

ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда»-ро  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ  
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014, №674


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2014    №: 147-150    Мутолиа карданд: 645

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед