logo

ҳуқуқ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

Дар панҷ сол 17 миллиону 610 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст

Баҳриддин ТОИРОВ,
сардори шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии
назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
водии Зарафшони вилояти Суғд, подполковники адлия

Соли равон ба таъсиси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон панҷ сол пур мешавад. Ниҳоди нави ҳуқуқию молиявӣ дар давраи сипаригашта бо анҷом додани як қатор корҳои ташкилӣ, назоратию фаҳмондадиҳӣ оид ба ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Шуъбаи минтақавии агентӣ дар водии Зарафшон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 778, аз 18 сентябри соли 2009, таъсис ёфт. Шуъба фаъолияти худро дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ роҳандозӣ мекунад.
Дар ин давра аз тарафи ҳайати шахсии шуъба дар натиҷаи гузарондани санҷишҳои молиявӣ, тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва маводи санҷишӣ ба маблағи 17 миллиону 610 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ, ки ба давлат, корхонаву ташкилот ва муассисаҳо бар асоси омилҳои коррупсионӣ расонда шудааст, ошкор карда шуд. Аз ин маблағ 15 миллиону 683 ҳазор сомонӣ барқарор ва ба буҷет 11 миллиону 683 ҳазор сомонӣ ворид гашт.
Баҳри ошкор, пешгирӣ ва рафъи ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд тадбирҳои муассир андешида шуда, 243 ҷинояти коррупсионӣ дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ фош гардиданд.
 Масалан, Искандар Кенҷаев дар вазифаи муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Саразм кор карда, аз 11 нафар сокини Ҷамоати деҳоти Моғиён ба ивази барояшон ҷудо намудани қитъаи замин аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Саразм 9000 доллари амрикоӣ гирифтааст. Нисбат ба номбурда бо моддаи 319 қисми 4, банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ӯ бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум шуд.
Раиси хоҷагии деҳқонии «Мадм»-и ноҳияи Айнӣ Муҳаммад Ҳамроев ва мутахассиси КДФ «Кӯҳсор»-и шаҳри Панҷакент Юсуф Исмоилов барои ғайриқонунӣ ҷудо намудани замин барои сохтмони мошинсарой, дувумӣ бунёди нуқтаи таъмини сӯзишворӣ дар деҳаи Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент муҷрим дониста шуда, нисбат ба онҳо бо моддаи 338 прим 1-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид. Гунаҳгорон ҷазои сазовор гирифтанд.
Танҳо дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳолати ғайриқонунӣ ҷудо кардани замин дар мавзеи Хамиртеппаи шаҳри Панҷакент муайян карда шуд, ки комиссияи ҷамъиятии тақсими қитъаҳои замини наздиҳавлӣ бо ин ё он роҳи коррупсионӣ ба беш аз 120 нафар, ки барои гирифтани қитъаи замин эҳтиёҷманд нестанд, замин додааст. Оид ба ин ҳолат бо моддаи 338 прим 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Дар ин давра ҳолатҳои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ ошкор гардид. Аз ҷумла, нисбат ба Беҳрӯз Зарифов, нозири минтақавии ШВКД дар ноҳияи Айнӣ, барои гирифтани пора ба маблағи 300 сомонӣ бо моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шуд. Ҳамчунин нисбат ба Фаррух Норматов, корманди шуъбаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар шаҳри Панҷакент, барои бо роҳи қаллобӣ гирифтани 50 доллар, Парвез Нуров, нозири минтақавӣ дар Ҷамоати деҳоти Фароб барои бо роҳи фиреб ситондани 500 сомонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ бо бандҳои «в,г» қисми 2 моддаи 247-и кодекси мазкур оғоз ва баъди итмоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Дар натиҷаи гузарондани санҷиши маҷмӯии риояи қонунгузории андоз дар ҶДММ КМ «Зарафшон» - и шаҳри Панҷакент дар давраи соли 2011- ум 3 миллион сомонӣ ва дар давраи соли 2012 беш аз 5 миллион сомонӣ маблағҳои рӯйпӯшшудаи андозҳо ошкор карда шуд. Пас аз санҷиши мавод ин маблағҳо ба буҷет ворид гардиданд.
Фаъолияти шуъба собит сохт, ки яке аз соҳаҳои осебпазир аз коррупсия ин соҳаи бонкӣ мебошад. Аз ҷумла, дар давраи сипаригашта фаъолияти «Амонатбонк»-и шаҳри Панҷакент, ҶСП «Тоҷпромбонк»-и ноҳияи Айнӣ мавриди тафтиш қарор гирифт. Муайян карда шуд, ки аз тарафи масъулони ин бонкҳо маблағҳои калони пулӣ тасарруф шудаанд. Танҳо дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноятии №4645 нисбат ба масъулони ШБДА «Амонатбонк» маълум гардид, ки зиёда аз 3 миллион сомонии буҷет тасарруф шудааст. Нисбат ба шахсони масъули бонки мазкур бо моддаи 245 қ.4 Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз ва баъди итмоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гашт. Маблағи зарар пурра барқарор гардид.
Дар давраи сипаригашта дар соҳаи маориф 41 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шуд. Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ иҷрокунандаи раиси Ҷамоати деҳоти Саразм Лутфулло Раҳимов зимни гирифтани 1500 сомонӣ ба сифати пора дар ҷойи ҳодиса дастгир гардид. Номбурда ин маблағро ба ивази ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ насупурдани мавод вобаста ба ҳолати то синни никоҳӣ ба шавҳар додани духтари ноболиғ аз сокини ҷамоат М. Қаршиев талаб карда гирифтааст. Нисбат ба Л. Раҳимов бо моддаи 319 қ.2 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Соҳаи тандурустӣ низ ба ин падидаи манфур олуда гардидааст. Чунончи, дар натиҷаи гузарондани ҳаракатҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ моҳи феврали соли 2012 сардухтури беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Саразм Маҳмадалӣ Маҳмадназаров барои бо роҳи тамаъҷӯӣ гирифтани 490 сомонӣ аз шаҳрванд Манзура Раҳимова ба ивази додани шаҳодатномаи таваллуди кӯдак дастгир шуд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият дар самти мубориза бо коррупсия пешгирии он мебошад. Ҳайати шахсии шуъба дар давраи сипаригашта 107 ҳуқуқвайронкунии маъмурии бо коррупсия алоқамандро ошкор намуд. Нисбат ба 107 нафар ба маблағи 78050 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ ва ба буҷет 76000 сомонӣ ворид карда шуд. Дар робита ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва маводи санҷишӣ 67 пешниҳод ба мақомоти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо манзур гашт. Дар натиҷа 45 нафар хизматчӣ ва шахсони мансабдор аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод гардиданд.
 Инчунин аз тарафи шуъба 67 дастури хаттӣ баҳри фавран бартараф намудани қонуншиканиҳо ба корхонаву ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ фиристода шуд. Дар робита ба иҷрои дастурҳои хаттӣ оид ба супурдани бақияпулиҳои андоз зиёда аз 430 ҳазор сомонӣ маблағи андози иловагӣ ба буҷет ворид гашт.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳайати шахсии шуъба дар ташкилоту корхонаҳо ба маблағи 1317052,96 сомонӣ зарари молиявиро ошкор ва 70593,57 сомонии онро ба буҷет ворид намуд. Баҳри фош сохтани ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд тадбирҳои зарурӣ андешида, 36 ҷинояти коррупсионӣ ошкор карда шуд. Муфаттишони шуъба 3 парвандаи ҷиноятиро бо тасдиқи фикри айбдорсозӣ барои моҳиятан баррасӣ кардан ба суд ирсол намуданд.
Дар ин давра бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ 11 ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба коррупсия алоқаманд фош гардид. Маблағи умумии ҷарима 9000 сомониро ташкил дод. Аз маблағи номбурда 7600 сомониаш рӯёнда шуд. Ҳамчунин 8 пешниҳод оид ба бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки боиси содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ гардидаанд, ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассиса ва корхонаҳо ирсол ва пас аз баррасии пешниҳодҳо 4 нафар аз вазифа барканор гашт.
Ба бовари мо, самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамбастагӣ бо намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар муқовимат бо коррупсия бояд фаъол бошанд. Он гоҳ натанҳо пеши роҳи коррупсия, балки дигар падидаҳои номатлуби ба ҷомеа хатарнок низ гирифта мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2014    №: 147-150    Мутолиа карданд: 778

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед