logo

ҳуқуқ

ИҚДОМИ БЕШТАР ОИД БА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ МУҲОҶИРОН

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишвар, бахусус дар Федератсияи Русияро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ қарор додааст. Ба ин манзур қарор аст дафтари намояндагии ин ниҳод дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловски Русия созмон дода шавад.
Дар ин бора Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, изҳор дошт, ки муҳоҷирати корӣ як раванди ҷаҳонист ва мо аз он дар канор буда наметавонем. Номбурда дар ҳоле, ки аз фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди зери роҳбарияш гузориш медод, равобити мақомоти ваколадор бо дигар сохторҳои марбута, ташкилоту созмонҳои хориҷиро неку созанда арзёбӣ кард.
Зикр шуд, ки зарфи нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1211 адад муроҷиати шаҳрвандон сабт шудааст. Ба қавли Зариф Ализода, аз ин теъдод беш аз 30 дарсад ба фаъолияти мақомоти судии кишвар иртибот дорад. Таъкид гардид, ки дар самти ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, шаҳрвандон бештар оид ба масъалаҳои манзилу моликият ва норозигӣ оид ба санадҳои марҳалаҳои гуногуни судӣ муроҷиат кардаанд. Зимнан, кормандони мақомоти ваколатдор 4 маротиба дар мурофиаҳои судӣ ширкат варзидаанд.
Зариф Ализода гуфт, ки бо мақсади мусоидат намудан дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳуқуқи инсон кормандони дастгоҳи ВҲИ 25 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро  мавриди омӯзиш қарор дода, нисбат ба онҳо хулосаву пешниҳодҳо таҳия намудаанд. 
Фирӯзи РАҲМОНИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2014    №: 147-150    Мутолиа карданд: 574

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед