logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ЗИЁД ШУДААСТ

- Вобаста ба ҳолати иҷрои қонунҳо 2448 санҷиш гузаронда шуд. Баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонуншиканиҳо 7995 санади эътиноии прокурорӣ мураттаб ва дар натиҷаи баррасии онҳо 13859 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ мувоҷеҳ гаштанд. 1392 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла 482 парвандаи ҷиноятии коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта боз карда шуд,- иброз дошт Салимзода Шерхони Одина, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ.
Дар ин давра ба миқдори 215 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва аз он 178 миллион сомонӣ барқарор гардида, 104 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шуд.
Ба 349 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шудааст, ки 290 адади он дар бораи ҷудо ва вобаста кардани замин мебошад.
Назар ба гуфтаи Прокурори генералӣ, дар нимсолаи аввал 10932 ҷиноят сабт гашта, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 571 адад зиёд мебошад. Аз ҷумла ҷинояти вазнин 2577 адад, одамкушӣ ва суиқасд ба куштор 62, хариду фурӯши одамон 22, тамаъҷӯӣ 37, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 615, авбошӣ 643 ва қаллобӣ 1870 ададро ташкил медиҳанд.
Ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон низ афзоиш ёфта, дар ин давра аз ҷониб ё бо иштироки онҳо 468 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҷиноят зиёд мебошад. Содиршавии ҷиноятҳо бо истифодаи силоҳи оташфишон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 23 ба 21 расидааст.
Мавсуф дар мавриди худкушӣ ва суиқасд ба он иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ 317 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст. Оид ба ҳодисаҳои ба худкушӣ расондан 29 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, 17 ададаш ба суд ирсол гардид. Салимзода Шерхони Одина ба ҳамаи прокуророни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъкид кардааст, ки ба ҳодисаҳои худкушӣ ҳамчун куштор муносибат намоянд ва барои муайян намудани омилҳои  он таваҷҷуҳи бештар диҳанд.
Ба гуфтаи Прокурори генералӣ, мақомоти прокуратура дар давраи сипаришуда 3744 парвандаи ҷиноятиро мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода, тафтиши 1674 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонданд.
Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 127 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 135 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ боз гардида, 59 парванда нисбат ба 63 нафар ба суд фиристода шудааст.
Мунаввари САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2014    №: 147-150    Мутолиа карданд: 696

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед