logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҳимоя, дастгирии давлатӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, кафолатҳои давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкориро таъмин мекунад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ҳимоя ва дастгирии  давлатии соҳибкорӣ – фаъолияти мақомоти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба татбиқи чорабиниҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатӣ ва ҳудудии рушди соҳибкорӣ равона карда шудаанд;
- иттиҳодияҳои (ассосиатсияҳои) субъектҳои соҳибкорӣ – ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияташон, инчунин намояндагӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ таъсис дода мешаванд;
- мақоми ваколатдори давлатӣ  оид ба ҳимоя ва дастгирии  давлатии  соҳибкорӣ (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ)  – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие, ки сиёсати давлатиро оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ амалӣ менамояд;
- соҳибкорӣ – фаъолияти мустақилонаи аз рӯи таваккал амалишавандаи шахсони  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташудае,  ки барои  ба даст овардани фоида  аз истифодаи молу мулк, истеҳсол, фурӯши мол  (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) равона шудааст;
- субъектҳои соҳибкорӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие,  ки мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд;
- ҳимояи субъекти соҳибкорӣ –  ҳимояи ҳуқуқу  манфиатҳои қонунии субъекти соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бизнес - инкубатор - шахси ҳукуқие, ки соҳибкори навтаъсисро дар  ҳама марҳилаҳои  фаъолияташ  дастгирӣ менамояд;
- шӯро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ – мақоми машваратию маслиҳатие, ки дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешавад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Шаклҳои соҳибкорӣ
1. Давлат ҳама гуна шаклҳои  соҳибкории пешбининамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, ба он иҷозат медиҳад.
2. Соҳибкорӣ тибқи  муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои зерин амалӣ карда  мешавад:
- бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ;
- бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ;
- бо истифодаи меҳнати кироя;
- бе истифодаи меҳнати кироя.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии ҳимоя ва дастгирии давлатии  соҳибкорӣ
  Ба принсипҳои асосии ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд:
- қонуният;
- шаффофияти фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ;
- баробарҳуқуқии ҳамаи субъектҳои соҳибкорӣ;
- кафолати  ҳимояи ҳуқуқ ва таъмини фаъолияти озоди субъекти соҳибкорӣ;
- иштироки озоди субъектҳои соҳибкорӣ дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба манфиатҳои соҳибкорӣ дахлдошта;
- афзалияти рушди соҳибкории хурд ва миёна.
Моддаи 5. Субъектҳои соҳибкорӣ ва намудҳои он
1. Ба субъектҳои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   мансубанд:
- шахсони воқеӣ (шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд), ки ба соҳибкорӣ машғуланд;
- шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои тиҷоратии резидент ва ғайрирезидент, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ), ки ба соҳибкорӣ машғуланд.
2. Субъектҳои соҳибкорӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:
- хурд;
- миёна;
- калон.
3. Ба субъектҳои соҳибкории хурд соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие мансубанд, ки гардиши маблағҳои онҳо дар як сол то 500000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ аст.
4. Ба субъектҳои соҳибкории хурд соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба фаъолиятҳои зерин машғуланд, мансуб нестанд:
- истеҳсоли молҳои зераксизӣ;
- таҳвили алюминийи аввалия;
- фаъолияти бонкӣ  ва суғуртавӣ;
- фаъолияти вобаста ба идоракунии фондҳои сармоягузорӣ;
- фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок.
5. Ба субъектҳои соҳибкории миёна шахсони ҳуқуқие мансубанд, ки гардиши маблағҳои онҳо дар як сол аз 500000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ то 15000000 (понздаҳ миллион) сомонӣ аст.
6. Ба субъектҳои соҳибкории калон шахсони ҳуқуқие мансубанд, ки гардиши маблағҳои онҳо дар як сол аз 15000000 (понздаҳ миллион) сомонӣ зиёд аст.
Моддаи 6. Бақайдгирии давлатии субъекти соҳибкорӣ
Бақайдгирии давлатии субъекти соҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амалӣ карда мешавад.
Моддаи 7. Ҳуқуқҳои субъекти соҳибкорӣ
Субъекти соҳибкорӣ ҳуқуқ дорад:
- ҳамаи намуди фаъолияти соҳибкориеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намояд;
-  молу мулки корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро бо  тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд;
- дар фаъолияти хоҷагидории дигар субъектҳои соҳибкорӣ  иштирок намояд;
- дар асоcи шартнома аз молу мулки шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд истифода барад;
- барномаи фаъолияти хоҷагидориро тартиб диҳад, таҳвилдиҳандагон ва истеъмолкунандагони маҳсулоти истеҳсолӣ (кор, хизматрасонӣ) - ро интихоб намояд;
- барои эҳтиёҷоти давлат истеҳсоли мол (иҷрои кор,              хизматрасонӣ) - ро дар асоси шартнома ба анҷом расонад;
- суратҳисобҳои бонкӣ кушояд, амалиёти муҳосибӣ ва дигар амалиёти молиявиро анҷом диҳад;
- фоидаи  аз фаъолияти соҳибкорӣ бадастовардаро ихтиёрдорӣ ва истифода намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоми таъминоти давлатии иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ истифода намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии робитаҳои хориҷии иқтисодӣ бошад, бо амалиёти асъорӣ машғул гардад;
- нархи моли истеҳсолнамуда  (кору хизматрасонии анҷомдода) - ро дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  мустақилона муайян намояд;
- иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) субъектҳои соҳибкориро таъсис диҳад;
- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намояд;
- дар фаъолияти шӯроҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намояд;
- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатии назоратӣ  барои  ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар риоя накардани ҳуқуқи субъекти соҳибкорӣ гунаҳкоранд, муроҷиат намояд;
- оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақомоти судӣ муроҷиат намояд;
- ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкорӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатии санҷишӣ ва назоратӣ анҷом дода мешавад, иштирок намояд ва бо маводи санҷишӣ бевосита ва ё тавассути намояндаи ваколатдори худ шинос шавад;
- дар хариди давлатии мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) бо шартҳои баробар бо дигар иштирокчиён мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд;
- аз дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, истифода  барад.
Моддаи 8. Ӯҳдадориҳои субъекти соҳибкорӣ
Субъекти соҳибкорӣ ӯҳдадор аст:
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро риоя намояд;
- мутобиқати моли истеҳсолшуда (кору хизматрасонии анҷомдода)-ро ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандоне, ки онҳоро ба сифати коргари кироя ба кор мегирад, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва ҳамчунин бо талаби коллективҳои меҳнатӣ шартномаи коллективӣ бандад;
- барои муттаҳидшавии коргарони кироя ба иттифоқҳои касаба ва мақомоти дигари намояндагии онҳо бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии худ монеъ нашавад;
- ба коргарони кироя на кам аз андозаи ҳадди ақалли музди меҳнати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнат пардохт намояд;
- оид ба таъмини ҳифзи меҳнат, бехатарии экологӣ, санитарию эпидемиологӣ ва техникаи бехатарӣ  дар асоси меъёрҳои муқарраргардида тадбирҳо андешад;
- андозҳоро сари вақт ва пурра пардохт намояд;
- ҳангоми муфлисшавӣ иҷрои ӯҳдадориҳои худро дар назди қарздиҳандагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- ба рақобати носолим ва фаъолияти инҳисорӣ роҳ надиҳад;
- пешбурди дафтари бақайдгирии санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкориро таъмин намояд;
- барои амалигардонии намуди  соҳибкорие, ки иҷозатномаро талаб менамояд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома  гирад;
- дигар ӯҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, иҷро намояд.
Моддаи 9. Ҳифзи сирри тиҷоратӣ ва иттилооти махфӣ дар бораи субъекти соҳибкорӣ
Сирри тиҷоратӣ ва иттилооти махфӣ  дар бораи субъекти соҳибкорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.
Моддаи 10. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ
Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

БОБИ 2.  ТАНЗИМИ  ҲИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ
Моддаи 11. Ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ
1. Ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.
2. Дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар шакли ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молумулкӣ, молиявӣ, иттиллоотӣ ва дигар шаклҳо амалӣ шуда, ба  беҳтар намудани  шароити  соҳибкорӣ ба  низоми зерин асос меёбад:
- бақайдгирии соҳибкорӣ;
- андозбандӣ;
- иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ;
- санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ;
- бақайдгирии молу мулк;
- ҳисоботдиҳӣ;
- танзими зиддиинҳисорӣ;
- содда намудани амалиёти воридотию содиротӣ бо назардошти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
-  қарздиҳӣ;
  - мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ.
Моддаи 12. Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъекти соҳибкорӣ
   Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъекти соҳибкорӣ бо роҳҳои зерин амалӣ  карда мешавад:
- сода  намудани тартиби бақайдгирии субъекти соҳибкорӣ;
- дар асоси муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳдуд кардани  санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкорӣ;
- ба суд  шикоят овардани мақоми ваколатдори давлатӣ аз амали (беамалии) шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъекти фаъолияти соҳибкориро халалдор мекунанд;
- ҳисоб кардани собиқаи меҳнатии соҳибкори инфиродӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
 - истифодаи дигар усулҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Моддаи 13. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ мансубанд:
- назорати татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ;
- қабули барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ;
- қабул ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзим-кунандаи фаъолияти соҳибкорӣ;      
- таъсис додани Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ;
- таъсис додани бизнес – инкубаторҳо;
- муайян намудани ҳаҷми маблағҳои буҷети давлатӣ барои татбиқи барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон, ташкилотҳои байналмилалӣ (грантдиҳандагон) оид ба масъалаҳои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ;
- амалӣ намудани дигар салоҳияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 14. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои дастгирӣ ва рушди cоҳибкорӣ;
- таҳлили муҳити соҳибкорӣ, омӯзиш ва пешниҳод намудани таклифҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мусоидат ба таъсисёбӣ ва  рушди инфрасохтори соҳиб-корӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзим-кунандаи фаъолияти  соҳибкорӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба рушди соҳибкорӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти шӯрои назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси бизнес-инкубаторҳо;
- мусоидат намудан ба иштироки соҳибкорон дар татбиқи барномаҳои давлатии рушди инноватсионӣ, сармоягузорӣ ва сохтмонӣ;
- фароҳам овардани шароит ба субъектҳои соҳибкорӣ барои иштирок намудан дар  бозори байналмилалии мол (кор, хизматрасонӣ);
- ҳамкории байналмилалӣ оид ба рушди соҳибкорӣ;
- тарғиби сиёсати давлатӣ оид ба рушд ва дастгирии соҳибкорӣ;
- ҳамоҳангсозии барномаҳои рушд ва дастгирии соҳибкорӣ;
- мусоидат ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рушди соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  рейтинги байналмилалӣ;
- ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкорӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои рақобати солим;
- таҳия ва тасдиқи шаклҳои ҳисоботи идоравӣ, варақаи санҷиш, меъёрҳои муайян кардани дараҷаи хавфнокии фаъолияти соҳибкорӣ ва мувофиқаи нақшаҳои санҷишии мақомоти санҷишӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 15. Шӯро оид ба  рушди соҳибкорӣ ва  беҳтар намудани  фазои сармоягузорӣ 
1. Шӯро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ (минбаъд - Шӯро) барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ тавсия ва пешниҳодҳоро оид  ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани  фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода месозад.
2. Тартиби интихоби аъзои Шӯро тибқи Низомномаи Шӯро муайян карда мешавад.
3.  Низомнома ва ҳайати Шӯро аз ҷониби Раиси Шӯро тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 16. Бизнес- инкубаторҳо
1. Бизнес – инкубаторҳо  барои рушд ва дастгирии соҳибкории хурд ва миёна таъсис дода мешаванд.  Шакли ташкилию ҳуқуқии бизнес – инкубаторҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Вазифаҳои асосии бизнес - инкубаторҳо аз инҳо иборат мебошанд:
- ташкили хизматрасонии босифат ва касбӣ ба субъектҳои соҳибкории хурду миёнаи навтаъсис дар  ҳама марҳилаҳои  фаъолияташон тавассути дастгирии методӣ, иттилоотӣ, машваратӣ, омӯзишӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин рушди ҳамкорӣ байни субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна;
- ба иҷора додани биноҳо ба субъектҳои соҳибкорӣ бо шартҳои имтиёзнок;
- баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва маъ-рифатнокии ҳуқуқии соҳибкорони хурд ва миёна;
- ташкили ҳамкории субъектҳои соҳибкории хурду миёна бо мақомоти давлатӣ;
- муайян ва ҳал кардани масъалаҳои ба миёномада дар фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;
- додани маслиҳатҳо оид ба масъалаҳои андозбандӣ;
- хизматрасонӣ доир ба тартиб додани ҳисоботи муҳосибӣ ва андозӣ;
- хизматрасонии таълимӣ оид ба таҳияи барномаи рушди тиҷорати соҳибкори навтаъсис;
- амалӣ намудани дигар вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дохил мешаванд:
- таҳия ва татбиқи барномаи ҳудудии дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ;
- таъсиси шӯроҳои ҳудудӣ оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;
- таъмини рушди инфрасохтори дастгирии соҳибкорӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- муайян намудани ҳаҷми маблағҳо аз буҷети маҳаллӣ барои татбиқи барномаҳои ҳудудии рушди соҳибкорӣ;
- қабули қарорҳои дахлдор доир ба дастгирии давлатии  субъектҳои соҳибкорӣ мутобиқи барномаи ҳудудии рушди соҳибкорӣ.
Моддаи 18. Самтҳои асосии дастгирии давлатии соҳибкорӣ
  Дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар самтҳои асосии зерин амалӣ мегардад:
- такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ;
- имконияти озодона амалӣ намудани ҳамаи намудҳои соҳибкорие, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
- ташкили марказҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бизнес-инкубаторҳо, паркҳои технологӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ  ва дигар шаклҳои инфрасохтори соҳибкорӣ;
- таъмини методию таълимӣ, илмию методӣ ва иттилоотии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ аз ҳисоби Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ;
- ташкили фаъолияти шӯроҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ.
Моддаи 19. Дастгирии давлатии молиявии соҳибкорӣ
Дастгирии давлатии молиявии соҳибкорӣ тавассути пешниҳоди грантҳои давлатӣ барои ташкил ва татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт,  татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ, ва қисман кафолатдиҳии қарзҳои субъектҳои соҳибкорӣ аз ҳисоби  Фонди дастгирии давлатии  соҳибкорӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 20. Барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи ҳаҷми маблағгузориҳои буҷетӣ барномаҳои мақсадноки дастгирии давлатии соҳибко-риро таҳия мекунанд.
2. Барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул карда мешаванд.

БОБИ 3. КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ ҲИМОЯИ
СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ
Моддаи 21. Кафолати давлатии ҳимояи ҳуқуқии моликияти субъекти соҳибкорӣ
1. Субъекти соҳибкорӣ дорои ҳуқуқи моликият буда, он аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешавад.
2. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баро-барҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.
3. Молу мулки субъекти соҳибкориро барои эҳтиёҷоти давлатӣ фақат дар асоси қонун ва розигии ӯ бо пардохти арзиши пуррааш ё пешниҳоди молу мулки баробарарзиш гирифтан мумкин аст.
4. Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки дар натиҷаи амали (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ё шахсони алоҳида ба субъекти соҳибкорӣ расонида мешавад, тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон руёнида мешавад.
Моддаи 22. Кафолат аз дахолат ба фаъолияти субъекти соҳибкорӣ
1. Дахолат, амали (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори  мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатии назоратӣ ва санҷишӣ, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба фаъолияти хоҷагидории субъекти соҳибкорӣ манъ аст.
2. Ба маҳдудкунии ҳуқуқҳои  субъекти соҳибкорӣ барои  иштирок дар  хариди давлатии мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) роҳ дода намешавад.
             
 БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
  Моддаи 23. Тартиби ҳалли баҳсҳо
Баҳсҳо оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи суд баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ барои риоя накардани  талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 25. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ.1 мод. 293; с. 2005, №7, мод. 400; с. 2007, №5, мод. 364; с. 2008, №12, қ.2, мод. 997; с. 2010, №12, қ.1, мод. 817; с. 2011, №3, мод. 168) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, № 1107

ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар барои ҳимоя
ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон «Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10 апрели соли 2002, №605 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2002, №4, қ.1 мод. 295; с. 2005, №4, мод. 281; с.2007, №4, мод. 262; с. 2008, №10, мод. 843; с. 2010, №8- 10, мод. 656; с. 2001, №2, мод. 101) аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 14 марти соли 2014, № 1444


ҚАРОРИ
 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» - ро баррасӣ  намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷи­кистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон               М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014, № 694


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.08.2014    №: 151-154    Мутолиа карданд: 708

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед