logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 155) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати нӯҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- харидории санҷишии оперативӣ – аз ҷониби мақоми амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба вуҷуд овардани вазъияте, ки дар он таҳти назоратбарии оперативӣ аз шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят асоснок гумонбар шудааст, мол, ашё ё хизматрасонӣ бе мақсади истеъмол, ба соҳибияти каси дигар додан ё истифодаи онҳо, инчунин бо мақсади гирифтани маълумот дар бораи эҳтимолияти фаъолияти ҷиноятӣ ва барои ҳалли дигар вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ музднок ба даст оварда мешаванд;»;
- дар сархати сездаҳум калимаҳои «манзил, биноҳо, ҳуҷраҳо» ба калимаҳои «манзил, ҳуҷраҳо, биноҳо» иваз карда шаванд;
- сархати шонздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- муҳити ҷиноятӣ – муҳите, ки дар он шахси ҷиноятро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда қарор дорад, аз ҷумла гурӯҳи ҷиноятӣ, гурӯҳи муташаккил ва иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);»;
- дар сархати ҳабдаҳум калимаҳои «гурӯҳи» ва «махфӣ» мувофиқан ба калимаҳои «муҳити» ва «махфиёна» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 3:
- дар банди 4) аломати нуқта ба аломати нуқта вергул «;» иваз карда шавад;
- банди 5) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5) таъмини амнияти системаҳои иттилоотӣ.».
3. Дар моддаи 5:
- дар қисми 3 калимаи «парванда» ба калимаи «шикоят» иваз карда шавад;
- дар қисми 4 калимаҳои «Бо мақсади таъмини баррасии пурра ва ҳаматарафаи парванда мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ӯҳдадор аст бо талаби прокурори ваколатдор ё судя», «гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ» ва «махфӣ» мувофиқан ба калимаҳои «Бо мақсади таъмини баррасии пурра ва ҳаматарафаи шикоят бо талаби прокурори ваколатдор ё судяи ба он ваколатдодашуда мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ӯҳдадор аст», «муҳити ҷиноятӣ» ва «махфиёна» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 6:
- дар банди 9) қисми 1 калимаҳои «манзил, биноҳо, ҳуҷраҳо» ба калимаҳои «манзил, ҳуҷраҳо, биноҳо» иваз карда шаванд;
- дар қисми 6 калимаҳои «санадҳои меъёрии байниидоравӣ» ба калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 8:
- дар қисми 2 калимаҳои «махфияти» ва «судя» мувофиқан ба калимаҳои «маҳрамияти» ва «судяи ба он ваколатдодашуда» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи «судяро» ба калимаҳои «судяи ба он ваколатдодашударо» иваз карда шаванд;
- қисми 10 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«10. Таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар асоси қарори тасдиқнамудаи яке аз роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо тартиби муайяннамудаи санади меъёрии ҳуқуқии идоравӣ амалӣ мешавад.»;
- қисмҳои 10 ва 11 мувофиқан қисмҳои 11 ва 12 ҳисобида шаванд.
6. Дар моддаи 9:
- дар қисми 1 калимаҳои «махфияти», «судя» ва «судя ҳақ» мувофиқан ба калимаҳои «маҳрамияти», «судяи ба он ваколатдодашуда» ва «судяи ба он ваколатдодашуда ҳуқуқ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи «судя» ба калимаҳои «судяи ба он ваколатдодашуда» иваз карда шавад;
- дар қисми 3 калимаҳои «судя», «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ» ва «махфӣ» мувофиқан ба калимаҳои «судяи ба он ваколатдодашуда», «муҳити ҷиноятӣ» ва «махфиёна» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаи «судя» ба калимаҳои «судяи ба он ваколатдодашуда» иваз карда шавад;
- дар қисми 5 калимаҳои «қарор судя» ба калимаҳои «қарор судяи ба он ваколатдодашуда» иваз карда шаванд;
- дар қисми 6 калимаҳои «прокурори ваколатдор ҳақ дорад» ба калимаҳои «прокурори ваколатдор, мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳуқуқ доранд» иваз карда шаванд;
- ба қисми 7 пас аз калимаи «мақомоти» калимаҳои «таҳқиқ, тафтишот,» илова карда шаванд.
7. Дар қисми 5 моддаи 11 калимаҳои «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ» ба калимаҳои «муҳити ҷиноятӣ» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 12:
- дар қисми 1 калимаҳои «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ», «махфӣ» ва «ошкор намудани онҳо» мувофиқан ба калимаҳои «муҳити ҷиноятӣ», «махфиёна» ва «ғайримахфигардонии онҳо» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ» ва «махфӣ» мувофиқан ба калимаҳои «муҳити ҷиноятӣ» ва «махфиёна» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаи «мақоми» ба калимаи «мақомоти» иваз карда шуда, пас аз калимаҳои «Қонуни мазкур» калимаҳои «ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд.
9. Дар қисми 4 моддаи 13 калимаҳои «чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳаракатҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро» ба калимаҳои «чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳаракатҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, амалиёти маҷмӯӣ, амалиёти махсус ва чорабиниҳои махсусро» иваз карда шаванд.
10. Дар қисми 1 моддаи 15:
- дар банди 2) калимаи «махфӣ» ба калимаи «махфиёна» иваз карда шавад;
- дар банди 4) калимаҳои «ва ҳамчунин шахсияти шаҳрвандони ба онҳо ба таври махфӣ мусоидаткунандаро» ба калимаҳои «, мансубияти моликият, ҳамчунин шахсияти шаҳрвандони ба онҳо ба таври махфиёна мусоидаткунанда ва шахсияти коркардшавандаро» иваз карда шаванд.
11. Дар қисми 5 моддаи 16 калимаҳои «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ» ба калимаҳои «муҳити ҷиноятӣ» иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 17:
- дар қисми 1 калимаҳои «махфияти мусоидат» ба калимаҳои «мусоидати махфиёнаи» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи «махфии» ба калимаи «махфиёнаи» иваз карда шавад.
13. Ба қисми 7 моддаи 18 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Маълумот дар бораи шахсоне, ки нисбат ба онҳо чорабиниҳои махсус гузаронида мешаванд, танҳо бо иҷозати роҳбари мақоми амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки ин чорабиниҳоро амалӣ менамояд, дода мешавад.».
14. Дар қисми 3 моддаи 21 калимаҳои «гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ», «махфӣ» ва «прокурор» мувофиқан ба калимаҳои «муҳити ҷиноятӣ», «махфиёна» ва «прокурори ваколатдор» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН,
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, № 1090


ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 24 апрели соли 2014, № 1477

ҚАРОРИ
 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру
иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти
оперативӣ - ҷустуҷӯӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-ро бар­расӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»  ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       М. УБАЙДУЛЛОЕВ,
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014, № 686


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.08.2014    №: 151-154    Мутолиа карданд: 1041

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед