logo

ҳуқуқ

ИФШОИ КУШТОРҲОИ НОКУШУДА

Баҳри иҷрои фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 5 - 25, аз 17 апрели соли 2013  «Дар бораи  ташкили назорати прокурорӣ оид ба риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ», қарори ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 14 июли соли 2010, дар бораи таъсиси гурӯҳҳои доимамалкунандаи фаврӣ - тафтишотӣ ҷиҳати кушодани  ҷиноятҳои одамкушии солҳои пеш бо фармони прокурори шаҳри Душанбе, аз 6 августи соли 2010 гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд.
Ин гурӯҳ дар давоми солҳои 2010 - 2014 як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонд. Аз ҷумла, дар соли 2010 шаш  ҷинояти вобаста ба куштори қасдона ошкор ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор гирифт. Маълум гардид, ки соли 2009 дар ҳудуди ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино чор нафар пиронсолро куштаанд. Дар ҳамаи ҳолатҳо, бинобар аз тарафи ҷинояткор нест кардани осори ҷиноят, дар ошкор намудани ин ҷиноятҳо душворӣ ба миён омада буд. 7 феврали соли 2010 дар ҳудуди ноҳияи Сино куштори навбатии пиронсол Ф. Яковлева  сабт гардид. Дар натиҷаи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, бо истифода аз техникаи криминалистӣ,  якчанд осори ҷиноят ва изи даст муайян ва бо картотекаи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон муқоиса карда шуд. Дар натиҷа маълум гашт, ки ин ҷиноятро М. Муҳиддинов  содир намудааст. Мавсуф зимни пурсиш дар бораи ҳолатҳои куштори Ф. Яковлева нишондоди худиқрорӣ дода, дар як вақт тасдиқ кард, ки куштори пиронсолон А. Кривошекова, М. Сиромятникова, Т. Панчихина ва А. Низомутдинова низ аз ҷониби ӯ содир шудааст.
Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе, аз 22 июни соли 2010, М. Муҳиддинов бо моддаи  104 қисми 2 бандҳои «в, и, л, п» ва моддаи 249 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, аз рӯи  маҷмӯи ҷиноятҳо ба ӯ ҷазои якумраи  маҳрум сохтан аз озодӣ бо мусодираи амвол ва нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳи низомаш махсус таъйин карда шудааст.
Ҳамзамон дар ин давра ду куштор ва дигар ҷиноятҳои  дар соли 2002 содирнамудаи Ф. Муҳиддинов аз тарафи кормандони прокуратураи ноҳияи Сино ошкор гашт. Парвандаҳои ҷиноятӣ якҷо бо куштори дар соли 2010 содирнамудаи ӯ  барои тасдиқ намудани фикри  айбдорӣ ба суд ирсол шудааст.
Аз тарафи прокуратураи шаҳри Душанбе барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас моҳи фаврали соли 2012  бо фармони прокурори шаҳри Душанбе тахти №6/8-9, аз 16 феврали соли 2012,  ба ҳайати он кормандони фаврӣ-тафтишотии  соҳибтаҷриба ворид гардида, муфаттишон аз иҷрои корҳои ҷорӣ озод шуданд.
Дар шаҳри Душанбе аз соли 1992 то имрӯз 1162 ҷинояти одамкушии нокушода боқӣ мондааст. Баҳри самаранок тафтиш шудани ин  парвандаҳои ҷиноятӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ, пеш аз ҳама, масъалаи дарёфти роҳи дурусти ташкили кори гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ба миён омад. Ба ин мақсад прокуратураи шаҳр бори дигар аз Маркази ахбори  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дар бораи одамкушиҳои  солҳои пешро гирифта, муайян кард, ки аз 1162 парвандаи одамкушии нокушода, 197 парванда дар асоси  бедарак ғайб задани шаҳрвандон оғоз гардида (дар ноҳияҳои Сино 33, Исмоили Сомонӣ  90, Фирдавсӣ  42 ва Шоҳмансур  32), аз рӯи 56 парванда нисбат ба айбдоршавандаҳо кофтуков эълон шудааст. Соли гузашта аз ҷониби гурӯҳи тафтишотӣ нисбат ба 24 парвандаи ҷиноятии марбут ба кушторҳои қасдонаи солҳои пешин қарорҳои қонунӣ қабул гардиданд.
Натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои фаврӣ-тафтишотӣ дар самти тафтиш ва ошкор намудани кушторҳои нокушода  дар 5 моҳи соли 2012  дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи прокуратураи шаҳри  Душанбе (31 майи соли ҷорӣ) мавриди баррасӣ  қарор гирифт.  Дар ҷаласа ҳисоботи прокуророни ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва масъулони РВКД-и пойтахт  шунида шуд. Баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ҷоннок намудани корҳои фаврӣ-кофтуковӣ шахсони мутасаддӣ супоришҳои қатъӣ гирифтанд.
Дар натиҷаи аз ҷониби роҳбарияти прокуратураи шаҳри Душанбе дуруст ба роҳ мондани назорати прокурорӣ ва ташкили корҳои фаврӣ- тафтишотӣ дар соли 2013 аз ҷониби гурӯҳ 15 парвандаи ҷиноятии марбут ба куштори қасдонаи пешбурдаш боздоштшуда бознигарӣ шуд. Зимнан муфаттишон аз 10 парвандаи ҷиноятии  мавриди тафтиш қароргирифта, як  парвандаи  нокушодаро таҳти № 37856 дар мавриди куштори оилаи Гусаровҳо ба охир расонданд. Ин парванда, ки нисбат ба С. Юсупов  аст, бо моддаҳои 249 қисми 4 банди «б», 104 бандҳои «а,г,е,з»  Кодекси ҷиноятӣ баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба  суд ирсол гашт.
Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 15  апрели соли 2013 С. Юсупов  бо моддаи 104 бандҳои “а,г,е,з» ва моддаи 249 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол, бе мусодираи молу мулк ва бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шудааст.
Ё ин ки дар натиҷаи бо сифати баланд гузарондани корҳои фаврӣ-тафтишотӣ, гирифтани маълумоти дақиқ  дар бораи ҷойи будубоши айбдоршавандаҳои дар кофтуков қарордошта, аз ҷониби муфаттишон аз рӯи се парвандаи ҷиноятӣ се ҷинояткор -  Т. Ҳасанов, М. Рабиев ва К. Наҷмиддинов муайян  ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо ҷоннок гардид.
Аз ҷумла, парвандаи ҷиноятии №18758 нисбат ба Т. Ҳасанов бо маҳорати баланди касбӣ аз ҷониби сардори шуъбаи тафтишотии прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ Б. Сайфов ба итмом расида,   18 декабри соли 2013 бо тасдиқи  фикри айбдорӣ ба суд ирсол гашт. Бо ҳукми коллегияи судии шаҳри Душанбе, аз 13 январи соли 2014, ба Т. Ҳасанов дар асоси маҷмӯи ҷиноятҳо бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол таъйин гардид. Дар ҷараёни  пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур  суратгир, дастгоҳи наворбардорӣ ва дигар  воситаҳои ҷомадони тафтишотӣ ба таври васеъ истифода шуданд.  
Дар аввали соли 2014 бошад, дар мавриди  кушторҳои солҳои пеш 4 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба чор нафар шахси бедарак ғайбзада ва як парвандаи ҷиноятӣ оид ба суиқасд ба куштор аз ҷониби аъзои гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ мавриди тафтиш қарор гирифт. Муайян карда шуд, ки ин шахсони бедарак ғайбзада дар ду ҳолат вафот, як ҳолат дар қайди ҳаёт буда, баъди мушаххас гардидани ҷойи будубошашон пешбурди як парвандаи ҷиноятӣ дар асоси талаботи моддаи 27 қисми 1 сархати 1 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ  ва тафтиши пешакии се парвандаи ҷиноятӣ идома дорад. 
Аз ҷумла, парвандаи ҷиноятии  №18051 оид ба ҳодисаи бедарак ғайб задани М. Хоҷаева бо моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби собиқ прокурори ноҳияи Сино оғоз ва тафтиши пешакӣ ба зиммаи собиқ муфаттиши ҳамин прокуратура А. Касиров вогузор шуда буд. Пас аз анҷоми ҳаракатҳои тафтишотӣ истеҳсолоти парванда бо дастрасии моддаи 195 банди 3 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардидааст. Аз ҷониби прокурори ноҳия истеҳсолоти ин парвандаи ҷиноятӣ аз нав ҷоннок гардида, пешбурди он ба зиммаи муфаттиши калони шуъбаи тафтишотии прокуратураи ноҳия Б. Убайдуллоев гузошта шуд. Дар ҷараёни тафтиши пешакӣ муайян гашт, ки М. Хоҷаева дар қайди ҳаёт мебошад. Аз ин рӯ, бо дастрасии моддаи 27 қисми 1 сархати 1 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши парванда қатъ карда шуд.
Аъзои гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ  зимни тафтиши парвандаҳои ҷиноятии марбут ба куштори қасдонаи нокушодаи  солҳои пеш дастурамал ва низомномаҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Дастурамал дар хусуси банақшагирии тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, “Дастурамали методӣ оид ба тафтиши пешакии ҷиноятҳои марбут ба одамкушӣ” ва “Дастурамал оид ба назарияи исботкунӣ, ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии далелҳо, бандубасти кирдори айбдоршавандагон”-ро сармашқи кори худ қарор дода, аз воситаҳои техникии криминалистии ҷомадони тафтишотӣ васеъ истифода мебаранд.

Ёқуб РӮЗИЕВ,
 прокурор  –  криминалисти  прокуратураи шаҳри  Душанбе, мушовири адлияи  дараҷаи 1  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.08.2014    №: 151-154    Мутолиа карданд: 759

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед