logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ, шаҳри Душанбе, 31 июли соли 2014

Ҷанобон вазирони муҳтарам,
Роҳбарони муҳтарами сохторҳои иҷроияи СҲШ,
Дӯстони азиз.
Пеш аз ҳама Шуморо ба сарзамини тоҷикон самимона хушомадед мегӯям.
Аз имконияти мулоқот бо Шумо барои баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкории мо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай шодам.
Тоҷикистон ба ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад ва онро чун яке аз тадбирҳои муҳими раисии худ дар созмон арзёбӣ менамояд.
Қарорҳое, ки Шумо дар ҷаласаи пешоянд қабул мекунед, қисми мундариҷавии рухдоди асосии сол - Ҳамоиши моҳи сентябрро дар шаҳри Душанбе муайян мекунанд, ки яке аз вазифаҳои калидии онро мо чун таҳкими иқтидори созмон тавассути такмили минбаъдаи фаъолияти он муайян намудаем.
Ба Шумо натиҷаҳои пурбори фаъолиятро орзумандам ва изҳори итминон мекунам, ки онҳо дар ниҳояти кор ба инкишофи минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаи кишварҳои мо таъсири боровар мерасонанд ва барои баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти созмон соҳати наве мегарданд.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон он воқеиятро таъйид кард, ки Созмони ҳамкории Шанхай чун омили сиёсати байналмилалӣ ба вуқӯъ пайваст.
Дар муҳлати аз нигоҳи таърихӣ нисбатан на он қадар дароз СҲШ дар иморати сиёсиву иқтисодии ҷаҳон тавонист тоқи худро ишғол намояд.
Созмони мо дар корҳои минтақавию ҷаҳонӣ рӯз то рӯз нақши боризтар мебозад, эътибор ва ҷаззобияти байналмилалии он меафзояд.
Механизмҳои самарабахш ва заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкориҳо фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсату амният мунтазам таҳким меёбад, робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии давлатҳои аъзо васеъ мешаванд.
Тамоми ин дастовардҳо натиҷаи талошҳои мову Шумо, инчунин фаъолияти ҳадафманди сохторҳои кории СҲШ мебошанд.
Ҳамзамон мо мутмаинем, ки СҲШ дар самти табдил додани минтақаи мо ба фазои сулҳу субот, дӯстӣ, шукуфоӣ ва ҳамрушдии мутаносиб ҳанӯз ҳам дорои имкониятҳои бузург ва то охир истифоданашуда аст.
Бо назардошти ин, имрӯз талошҳои Тоҷикистон ба дарёфти ҳамаҷонибаи ин имконот ва ғанӣ гардондани фаъолияти созмон бо натиҷаҳои нави амалӣ дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ тамаркуз ёфтаанд.
Дар ҳамин манзар ба худ иҷозат медиҳам, ки ба раҳнамунҳои алоҳидае мухтасаран ишора бикунам, ки, ба ақидаи мо, самтҳои инкишофи минбаъдаи иттиҳодияи моро муайян менамоянд.
Дар соҳаҳои сиёсат ва амният - ин масъалаҳои минбаъд муттаҳид кардани талошҳо дар самти таъмини суботи минтақавӣ ва муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои ба амният мавҷуда.
Мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷудоихоҳӣ (сепаратизм) дар ҳамаи шаклҳову намудҳои онҳо , инчунин муқовимат ба таҳдиди маводи мухаддир , ба таъбири дигар, таъмини амнияти кишварҳо ва халқҳои мо дар тамоми фазои СҲШ ба сифати самтҳои генералии ҳамкории мо боқӣ мемонад.
Мо аз Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ самараҳои амалии бештарро интизорем. Ин сохтор дар мубориза бар зидди «се бало», ки қувваҳои онҳо таҳдидгари асосӣ ба амнияту суботи минтақа мебошанд, метавонад нақши ҳалкунанда дошта бошад.
Масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ бо проблемаи Афғонистон пайванди ногусастанӣ доранд. Бо назардошти омили соли 2014 таҳаввули вазъи ин кишвар баъд аз интихобот метавонад қаринаҳои гуногун дошта бошад.
Эҳтимоли ба давлатҳои ҳамҷавор ва умуман ба минтақа паҳн шудани омилҳои халалдоркунии субот аз Афғонистон бузург аст. Дар чунин шароит мо, ки бо Афғонистон дарозтарин хатти сарҳад дорем ва он 60 фоизи собиқ сарҳади шӯравию Афғонистонро бо соҳати мураккаби кӯҳӣ ташкил медиҳад, барои таҳкими ҳифзи он тадбирҳои зарурӣ меандешем ва дар ин кор ба дастгирии шарикони байналмилалиамон, аз ҷумла дар доираи СҲШ, умед мебандем.
Ҳамзамон мо мутаминем, ки ноил шудан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Афғонистон бидуни офияти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеаи ин кишвар ва роҳандозии муколамаи аз лиҳози сиёсӣ асоснок байни ҷонибҳои мухолифи гуногун имконнопазир аст.
Вобаста ба ин, мо чунин мешуморем, ки дар доираи СҲШ оид ба тамоми маҷмӯи проблемаҳои эҳёи осоиштаи Афғонистон, аз ҷумла тавассути дастгирии иқтисодиву иҷтимоии он, мо бояд мавқеи ягонаи мувофиқашуда дошта бошем.
Аз назари сиёсӣ таносухи босуръати геополитикӣ дар фазои АвруОсиё масъалаҳои омӯзиши амиқи он равандҳои мураккабро, ки дар ҳудуди сарҳадҳои СҲШ рух медиҳанд, хеле муҳим мегардонад.
Масъалаи тавсеаи ҳайати иштирокдорони созмон низ таваҷҷуҳи хос ва мушаххасро тақозо мекунад.
Мутмаинам, ки ҷалби фаъолонаи кишварҳое, ки хоҳиши ба фаъолияти бисёрҷонибаи созмон ҳамроҳ шуданро доранд, на танҳо барои ҳалли боз ҳам самарабахши вазифаҳои сиёсии дар назди мо қарордошта, инчунин барои тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар доираи иттиҳодия заминаҳои муҳим муҳайё хоҳад кард.
Умед мебандем, ки Тафоҳуми муқаррарӣ дар бораи уҳдадориҳои давлати аризадиҳанда бо мақсади гирифтани мақоми давлати узв, ҳамчунин тартиби мақоми давлати узв, ки тасдиқашон дар ҷараёни ҳамоиши моҳи сентябр пешбинӣ шудааст, ба ин раванд мусоидат хоҳанд кард.
Таркиби иқтисодие, ки торафт мубрамӣ ва аҳамияти бузург касб мекунад, самти калидии дигари фаъолияти СҲШ-ро ташкил медиҳад.
Ҷониби Тоҷикистон бар он назар буд ва ҳаст, ки СҲШ вазифадор аст ба кишварҳои минтақа дар татбиқи имконоти муттафиқонаи бузург, вале ҳанӯз то охир истифоданашаванда мусоидат намояд.
Аз ин лиҳоз, масъалаи пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, фаъолияти бонкӣ, экология, илм ва техника ҳамчунон муҳим боқӣ мемонад.
Мо ба шаҳрвандони кишварҳоямон бояд самараҳои воқеии иттиҳодияро дар соҳати созмони муштарак нишон диҳем, биноан қадамҳои минбаъдаи мо бо таваҷҷуҳ ба натиҷаи ниҳоӣ бояд хусусияти ҳадафманд ва мушаххас дошта бошанд.
Ҷонибдории худро аз пешбурду тааммуқи ҳамкории молиявиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар фазои СҲШ эълом дошта, мо дар ояндаи наздик анҷом додани тамоми маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба мувофиқа кардани аслҳои ташаккул ва амали Фонди рушд (Суратҳисоби махсус) ва бонки рушди созмон зарур мешуморем.
Кори ин сохторҳо бояд ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва аз нигоҳи тиҷоратӣ ҷолиби иқтисодӣ нигаронда шавад.
Ниҳоят, масъалаи ба имзо расондани Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фароҳам овардани шароити мусоид барои боркашии автомобилии байналмилалӣ дар байни давлатҳои аъзои СҲШ зарур аст. Ба фикрам, қабули ин ҳуҷҷат бесабаб тӯл кашид.
Тоҷикистон ба нақшабандии муштараки қадамҳои минбаъда оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф ва дигар самтҳои муносибатҳои гуманитарӣ сидқан манфиатдор аст. Чунин манфиатдории мо бар он ҳақиқат асос ёфтааст, ки робитаҳои фарҳангию гуманитарие, ки бар алоқаҳои байни одамон бунёд доранд, дар худ имконоти бузургеро нуҳуфтаанд, ки метавонанд нақши омили муттасили таҳкими муҳити дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳусни тафоҳумро дошта бошанд.
Ба назар мерасад, ки ба масъалаҳои мазкури ҳамкории мо дар доираи созмон ба мо зарур аст, ки дар ояндаи наздиктарин ва миёнамуҳлат таваҷҷуҳ зоҳир намоем.
Пешбурди муваффақона ва мунтазами доираи муайяншудаи масъалаҳо мавҷудияти стратегияи ҳадафманд ва ҳамаҷониба санҷидашудаи амалҳои ояндаро тақозо мекунад, ки дар ин бора ман соли 2010 аз минбари баланди Ҳамоиши Тошканд изҳори назар карда будам.
Хурсандибахш аст, ки ҳоло лоиҳаи Стратегияи рушди созмони мо дар давраи то соли 2025, ки дӯстони россиягиамон таҳия намудаанд, ба баррасии шумо пешниҳод мешавад.
Умедворам, ки дар ҷараёни ҷаласаи моҳи сентябри сарони давлатҳо оид ба оғози раванди таҳияи ин ҳуҷҷати муҳим, ки дар он тамоми ҷанбаҳои такмили СҲШ ба сифати созмони минтақавии бисёрпаҳлу пешбинӣ гардидааст, мо қарори дахлдор қабул мекунем.
Дӯстони азиз.
Нуктаҳои муҳими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун раиси СҲШ, ки мехостам дар ин мулоқот бароятон арз кунам, аз ҳаминҳо иборат буданд.
Чунон ки мебинем, дар назди мо вазифаҳои бузург истодаанд ва ман бовар дорам, ки мо бо кӯшишҳои якҷоя метавонем имконоти фаровони Созмони ҳамкории Шанхайро татбиқ намоем.
Тоҷикистон аз ҷониби худ омода аст, ки тамоми имконоти худро барои рушди созмон, нигоҳ доштану таквият бахшидани эътибор ва коршоямии он истифода бикунад.
Аз таваҷҷуҳатон мамнунам ва бо қаноатмандӣ имкон медиҳам, ки хоҳишмандон изҳори назар намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.08.2014    №: 151-154    Мутолиа карданд: 499

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед