logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003  «Дар бораи алоқаи почта» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8, мод. 462; с.2004, №5, мод. 341; с.2007, №7,        мод. 684) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шуда, бобҳо бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ карда шаванд.
2. Дар моддаи 6 калимаи «Ваколатҳои» ба калимаи «Салоҳияти» иваз карда шавад.
3. Дар моддаҳои 5, 7, 19 ва 29 калимаҳои «Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд. 
4. Номи моддаи 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи алоқаи почта».
5. Дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 10, қисми чоруми моддаи 25 ва қисми дуюми моддаи 28 калимаҳои «Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо» ба калимаҳои «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар сархати сеюми моддаи 12 калимаи «фелдъегерӣ» ба калимаи «фелдегерӣ» иваз карда шавад.
7. Дар қисми якуми моддаи 19 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
8. Қисми сеюми моддаи 22 хориҷ карда шавад.
9. Аз қисми дуюми моддаи 26 калимаҳои «ҳокимияти иҷроия» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, № 1116

ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш.Душанбе, 25 июни соли 2014, № 1562

ҚАРОРИ
 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни   Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта»-ро бар­ра­сӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014, № 703


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.08.2014    №: 155-156    Мутолиа карданд: 622

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед