logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ШИКОР

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии пешбурди хоҷагии шикорро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифодабарии устувор, ҳифзу барқароркунии захираҳои ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо, инчунин ҳуқуқи бо шикор машғул шудани шаҳрвандон ва ҷамъиятҳои онҳоро танзим менамояд. 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
- гуногунии биологӣ – шаклҳои гуногуни организмҳои зиндаи мансуб ба ҳама манбаъҳо, аз ҷумла, экосистемаҳои заминӣ, обӣ ва комплексҳои экологӣ, ки организмҳои зинда ҷузъи онҳо буда гуногуниро дар доираи намуд, байни намудҳо ва экосистемаҳо дар бар мегиранд;
- чорабиниҳои биотехникӣ – тадбирҳои таъсиррасонии бевосита ба ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳо (шикоргоҳ) бо мақсади нигоҳ доштан, танзими саршумор ва таркиби намуди ҳайвоноти  шикорӣ дар шароити табиӣ ва сермаҳсул кардани шикоргоҳҳо;
- шикори ғайриқонунӣ – шикори ҳайвоноти шикорӣ ва ҳайвоноти ғайришикорӣ бе риояи  талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи олами ҳайвонот;
- шаҳодатномаи шикорчӣ – ҳуҷҷате, ки мақоми шикорчиро тасдиқ менамояд;
- Фонди шикор – намудҳои олами ҳайвонот (ҳайвоноту паррандаҳои ваҳшӣ), ки дар шароити табиӣ сукунат доранд ва объектҳои шикор ба ҳисоб мераванд;
- шикори ҳайвоноти шикорӣ – ҷудо кардани ҳайвоноти шикорӣ аз табиат тавассути паррондан ё дошта гирифтан;
- Китоби сурхи Тоҷикистон – маҷмӯи маълумот оид ба намудҳои нодир, нобудшаванда ё таҳти таҳдиди нобудшавӣ қарордоштаи растаниҳо ва ҳайвонот, ки бо мақсади андешидани чораҳои нигоҳдорӣ, барқароркунӣ ва истифодаи босуботи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
- ҳадди камтарини шикор – саршумори ниҳоии ҳайвоноти ҳудуди шикоргоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти сукунати доимӣ ва афзоиши саршумори онҳо;
- бунёди шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ – маҷмӯи чорабиниҳо оид ба муайян кардани ҳудуди шикоргоҳҳо ва муқаррар намудани минтақаҳои ҳифзи намудҳои ҳайвоноти шикорӣ;
- мониторинги захираҳои ҳайвоноти шикорӣ – низоми мушоҳидаҳои доимии паҳншавӣ, саршумор, ҳолати ҷисмонии захираҳои ҳайвоноти шикорӣ, таркиби синнусолӣ ва ҷинсии популятсияи ин ё он намуди ҳайвонот, сифат ва масоҳати маҳалли сукунати онҳо;
- меъёрҳои истифодабарӣ – саршумори ниҳоии намудҳои ҳайвоноти шикории намудҳои маҳдуднашудае, ки ҷудо кардани он аз муҳити зисти табиӣ ҷоиз буда, барои шикоргоҳҳои мушаххас ё барои як шикорчӣ дар давраи муайян бо назардошти қобилияти сукунату афзоиши устувор муқаррар карда шудааст;
- ҷамъияти шикорчиён – ташкилоти ихтиёрии ғайритиҷоратии худидораи  аз ҷониби шахсони воқеии (шикорчиёни) дар асоси умумияти манфиат муттаҳидгардида, ки барои амалӣ намудани ҳуқуқ ба шикор ташкил шудааст;
- шикор – намуди фаъолият оид ба истифодаи объектҳои олами ҳайвонот бо роҳи ҷустуҷӯ, таъқиб ва дунболагирӣ кардан бо мақсади ба даст овардани (тавассути дошта гирифтан ё паррондани) ҳайвоноту паррандаҳои ваҳшӣ, ки дар табиат дар ҳолати озод ё дар шароити нимозод мавҷуданд;
- шикорчӣ – шахси воқеӣ, ки шаҳодатномаи шикорчиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гаштааст;
- ҳадди камтарини маълумот оид ба шикор – маҷмӯи маълумоти камтарин оид ба биологияи ҳайвоноти шикорӣ, қоидаву усулҳои шикор, чораҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи силоҳ, масъулияти риоя накардани қоидаи шикор ва дигар масъалаҳои вобаста ба шикор, ки донистани онҳо барои шикорчӣ, истифодабарандаи шикоргоҳ, молики паррандаҳои шикорӣ шарт аст;
- хоҷагии шикор – намуди субъекти хоҷагидорӣ оид ба нигоҳдошт ва истифодабарии босуботи ҳайвоноти шикорӣ дар шикоргоҳҳо, афзоишёбии саршумори онҳо ва сермаҳсул гардонидани шикоргоҳҳо;
- егер – шахси масъул, ки роҳбаладии шикор, назорат, ҳифз ва афзунгардонии ҳайвоноти шикориро дар шикоргоҳ таъмин менамояд;
- ҳайвоноти шикорӣ – намудҳои олами ҳайвонот (ҳайвоноту паррандаҳои ваҳшӣ), ки дар шароити табиӣ ё дар парваришгоҳҳо сукунат доранд;
- захираи ҳайвоноти шикорӣ – маҷмӯи намуд ва саршумори ҳайвоноти шикорӣ;
- шикоргоҳҳо – ҳудуд ё акваторияҳои марзашон муайяне, ки муҳити сукунати ҳайвоноти шикорӣ буда, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои шикор ва пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар онҳо ҳуқуқ дода мешавад;
- парваришгоҳҳои ҳайвоноти шикорӣ – субъекти хоҷагидоре, ки дар он ҳайвоноти шикориро дар шароити нимозод ё озод бо мақсади минбаъд раҳо кардан ба шикоргоҳ барои шикор кардан ва афзоиш додани саршумори онҳо, ҳамчунин ба мақсади фурӯхтан парвариш мекунанд;
- истифодабарандаи шикоргоҳ – шахси ҳуқуқие, ки барои пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар асоси шартнома бо мақоми ваколатдори давлатии соҳаи шикор ва хоҷагии шикор дар шикоргоҳи муайян ҳуқуқ дорад;
- банақшагирии хоҷагии шикор – тартиб додани нақшаи хоҷагии шикор оид ба инкишофи босубот ва пешбурди хоҷагии шикор дар шикоргоҳҳо;
- ғанимат – қисми бадани ҳайвонот (калла, калла бо шохаш, шох, дандон, нохун ва пӯст), ки дар табиат бешикор ёфт шудааст;
- маҳсулоти шикор – ҳайвоноти шикорӣ, гӯшт, пӯст, пашм ва дигар маҳсулоти ҳайвоноти шикорие, ки дар рафти шикор ба даст омадааст;
- роҳхати шикор – ҳуҷҷате, ки истифодабарандаи шикоргоҳ ба шикорчӣ барои аз рӯи меъёр шикор кардани намуди ҳайвоноти шикоргоҳе медиҳад, ки дар он ба истифодабарандаи шикоргоҳ ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дода шудааст;
- ҳифзи захираҳои ҳайвоноти шикорӣ – фаъолият оид ба нигоҳ доштани захираҳои ҳайвоноти шикорӣ дар ҳолате, ки имконият медиҳад гуногунии намудӣ, генетикӣ, экосистема ҳифз карда шуда, миқдори популятсияи ин ё он намуди ҳайвоноти шикорӣ, ки барои афзоиши устувори он кофист, боқӣ монад;
- истифодабарии устувори захираи ҳайвоноти шикорӣ – шикори тӯлонии захираи ҳайвоноти шикорӣ ба тарз ва суръате, ки он имкон медиҳад гуногунии биологӣ дар сатҳи намудҳо, популятсия ва гуногунии генетикӣ боқӣ монда, қобилияти қонеъгардонии амалишавии талабот бо роҳи муқаррар намудани саршумори ҳайвоноти шикорӣ бо назардошти омилҳои биологӣ, экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ҳифз шавад;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор – мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи ваколатҳои худ татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор амалӣ менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шикор ва хоҷагии шикор
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шикор ва хоҷагии шикор ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Объектҳои муносибат дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор
1. Объектҳои муносибат дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор, ки бо Қонуни мазкур танзим мешаванд, ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо мебошанд.
2. Ҳифз ва истифодаи намудҳои ҳайвоноти шикории ба Китоби сурхи Тоҷикистон воридгардида мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 4. Принсипҳои асосӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор
Принсипҳои асосӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор инҳоянд:
- истифодабарии устувори захираҳои ҳайвоноти шикорӣ;
- ҳифз ва афзун намудани саршумори ҳайвоноти шикорӣ;
- дастрасии баробари ҳамаи шаҳрвандон ба объектҳои шикор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба ҳуқуқи истифодаи замин ва захираҳои дигари табиӣ вобаста набудани ҳуқуқи шикори объектҳои олами ҳайвонот;
- норавоии иҷрои ҳамзамони вазифаҳои назорату танзими мақомоти давлатӣ бо фаъолият оид ба истифода бурдани захираҳои шикор;
- иштироки ҷонибҳои манфиатдор дар идораи захираҳои ҳайвоноти шикорӣ;
- дастрас будани иттилоот дар бораи ҳолати захираи ҳайвоноти шикорӣ ва пешниҳоди он барои истифодаи доираи васеъ;
- музднок будани истифодаи махсуси захираҳои ҳайвоноти шикорӣ зимни шикори ҳайвоноти ваҳшӣ;
- аз ҷиҳати илмӣ асоснок будани чораҳои ҳифз, афзун гардондан ва истифодаи захираи ҳайвоноти шикорӣ;
- шикори ҳайвоноти шикорӣ бо истифодаи дому олот ва воситаҳои шикорие, ки ҷавобгӯи талаботи тараҳҳуманд ва роҳ надодан ба азобу шиканҷаи ҳайвонот.

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ҲИФЗ ВА ТАНЗИМИ ЗАХИРАҲОИ ҲАЙВОНОТИ ШИКОРӢ
Моддаи 5. Идоракунии давлатӣ оид ба ҳифз, афзун  намудан ва истифодаи захираҳои ҳайвоноти шикорӣ 
Идоракунии давлатӣ оид ба ҳифз, афзун намудан ва истифодаи захираҳои ҳайвоноти шикории ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор мансубанд:
- тасдиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор ва назорати иҷрои онҳо;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор;
- муайян намудани номгӯи намудҳои ҳайвоноти шикорӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва  дигар  ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои истифодаи ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо;
- таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифз ва истифодаи захираи ҳайвоноти шикорӣ;
- танзими дигар намудҳои истифодабарии табиат бо мақсади ҳифзи захираи ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳо;
- амалӣ намудани дигар салоҳиятҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ) дохил мешаванд:
- татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор;
- таҳия ва иҷрои барномаҳои таҳқиқоти илмӣ оид ба ҳифз, афзун намудан ва истифодабарии устувори захираи ҳайвоноти шикорӣ;
- андешидани тадбирҳои биотехникӣ дар шикоргоҳҳое, ки дар онҳо шахсони ҳуқуқӣ барои пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор ҳуқуқ надоранд;
- таъмини амалишавии мунтазами мониторинги ҳолати саршумори ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо;
- пешбурди Феҳристи захираҳои ҳайвоноти шикорӣ;
- ҳамоҳангсозӣ ва иҷрои корҳои марбут ба тартиби шикори байнихоҷагӣ;
- якҷоя бо хадамоти байтории давлатӣ андешидан ва амалӣ кардани тадбирҳои байторию санитарӣ, чорабиниҳои профилактикӣ оид ба ошкорсозӣ, пешгирии пайдоиш ва густариши бемориҳои гузарандаи ҳайвонот, аз ҷумла бемориҳои барои инсон ва ҳайвонот умумӣ, инчунин андешидани чорабиниҳо барои бартараф намудани онҳо;
- бо тартиби муқарраргардида ҷамъоварӣ ва мубодилаи маълумоти экологӣ дар доираи системаи иттилооти экологии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти хоҷагии шикор;
- назорати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодабарии устувори захираи ҳайвоноти шикорӣ;
- таъмин намудани мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ бо иттилоот оид ба ҳолати захираи ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти хоҷагиҳои шикор;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба шикор ва хоҷагии шикор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян карда мешаванд.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор
1. Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор дохил мешаванд:
- иштирок дар амалӣ намудани барномаҳои давлатии соҳаи шикор ва хоҷагии шикор;
 - иштирок дар чорабиниҳо оид ба ҳифзи объектҳои олами ҳайвонот ва наҷот додани онҳо дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ;
- мусоидат ба ташкил ва амалӣ сохтани назорати ҷамъиятии шикор;
- расонидани иттилоот ба аҳолии маҳаллӣ дар бораи чораҳои ҳифзи ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо, пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар ҳудуди онҳо;
- ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар ташаккули муносибати байниҳамдигарӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ дар масъалаи нигоҳ доштан ва оқилона истифода бурдани захираи ҳайвоноти шикорӣ.
2. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор ваколатҳои зерин доранд:
- иштирок дар чорабиниҳо оид ба ҳифзи объектҳои олами ҳайвонот ва наҷот додани онҳо дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ;
- иштирок дар ташкил ва амалӣ сохтани назорати ҷамъиятии шикор;
- истифодаи самараноки маблағи аз ҳисоби шикор бадастомада барои маблағгузорӣ намудани чорабиниҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, рафъи мушкилоти ҳифзи муҳити зист, барқарорсозӣ ва истифодаи босуботи ҳайвоноти шикории маҳал;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

БОБИ 3. ИСТИФОДАИ ФОНДИ ШИКОР
Моддаи 10. Истифодаи умумӣ ва махсуси Фонди шикор
1. Фонди шикор ба таври умумӣ ва махсус истифода мешавад.
2. Истифодаи умумии Фонди шикор аз истифодаи ҳайвоноти шикорӣ ва хосиятҳои фоиданоки онҳо бо мақсадҳои илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, истироҳатӣ (рекреатсионӣ), эстетикӣ ва мақсадҳои дигар бе ҷудо кардани онҳо аз муҳити зисти табиӣ иборат мебошад.
3. Истифодаи умумии Фонди шикор аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон буда, иҷозати махсусро талаб намекунад, агар дар Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
 4. Истифодаи махсуси Фонди шикор аз истифодаи ҳайвоноти шикорӣ бо ҷудо кардани онҳо аз муҳити зисти табиӣ иборат мебошад.
 5. Истифодабарандаи шикоргоҳ ҳуқуқи истифодаи махсуси ҳайвоноти шикориро танҳо дар шикоргоҳҳое амалӣ менамояд, ки дар онҳо ба ӯ ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дода шудааст.
 6. Ҳуқуқи истифодаи махсуси ҳайвоноти шикории намудҳои маҳдуднашуда ба истифодабарандаи шикоргоҳ бо иҷозат пешниҳод гардида, ҳуқуқи истифодаи махсуси ҳайвоноти шикории намудҳои маҳдудшуда бо роҳи ба истифодабарандаи шикоргоҳ додани иҷозатнома пешниҳод карда мешавад.
 7. Истифодаи махсуси ҳайвоноти шикорӣ аз тарафи истифодабарандаи шикоргоҳ ва шикорчӣ дар асоси роҳхати шикор бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур додашуда ва риояи Қоидаҳои шикор амалӣ карда мешавад.

Моддаи 11. Истифодабарандаи шикоргоҳ
Истифодабарандаи шикоргоҳ  фаъолияти хоҷагии шикорро дар шикоргоҳ дар асоси шартномаи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор (шартнома дар бораи вобаста кардани шикоргоҳҳо), ки бо мақоми ваколатдори давлатӣ баста шудааст, дигар талабот ва қоидаву меъёрҳои дахлдор муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад.
Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои истифодабарандаи шикоргоҳ
 1. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои истифодабарандаи шикоргоҳ бо Қонуни мазкур ва шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор (шартнома дар бораи вобаста кардани шикоргоҳҳо) танзим карда мешаванд.
2. Истифодабарандаи шикоргоҳ ҳуқуқ дорад:
- фаъолияти хоҷагии шикор, аз ҷумла ҳифзу мониторинг ва истифодаи ҳайвоноти шикориро дар доираи меъёрҳо ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба шикор ва дар асоси иҷозатномаи истифодабарии махсуси захираи ҳайвоноти шикорӣ пеш барад;
- ба шикорчиён барои шикор ба таври музднок роҳхат диҳад;
- ҳайвонот ё дигар маҳсулоти шикорро соҳибӣ намояд, мавриди коркард қарор диҳад ё фурӯшад;
- тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расонидани зарар ба объектҳои олами ҳайвонот ва маҳалли сукунати онҳо санад тартиб диҳад ва ба мақоми ваколатдори давлатӣ  пешниҳод намояд;
 - ба суд нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки амали онҳо ба истифодабарандаи шикоргоҳ зарари молумулкӣ расонидаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон даъво пешниҳод кунад;
- қарори мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳоро, ки ҳуқуқи ӯро вобаста ба шикори объектҳои олами ҳайвонот вайрон мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд;
- бо мувофиқаи заминистифодабарандагон ва дар асоси нақшаҳои тасдиқгардидаи хоҷагии шикор оид ба беҳтар кардани ҳолати муҳити зисти объектҳои олами ҳайвонот чораҳо андешад;
- бо дигар истифодабарандагони шикоргоҳ барои пешбурди якҷояи фаъолияти хоҷагии шикор муттаҳид шавад.
3. Истифодабарандаи шикоргоҳ ӯҳдадор аст:
- бо фаъолияти хоҷагии шикор танҳо дар асоси нақшаҳои хоҷагии шикор ва мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шавад;
- сарҳади шикоргоҳҳоро, ки истифодабаранда барои пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар онҳо ҳуқуқ дорад, нишонагузорӣ кунад (сутун шинонад, навиштаҷот часпонад ва ғайра);
- шикори ҳайвоноти шикориро тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд;
- ба шикорчиён меъёру қоида ва дигар талаботи дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор муқаррарнамудаи қонунгузориро фаҳмонад ва риоя шудани онҳоро талаб намояд;
- шикори ҳайвоноти шикориро бо мақсади ҳифз намудан ва афзун гардонидани саршуморашон мустақилона маҳдуд намояд;
- шахсони мансабдори мақомоти давлатиро, ки бо тартиби муқарраргардида назорати давлатии шикоргоҳҳоро амалӣ менамоянд ва ҳуқуқи гузаронидани санҷишро доранд, бемамониат ба шикоргоҳ роҳ диҳад ва амрномаҳои баровардашударо сари вақт иҷро намояд;
- маблағи муқарраргардидаро барои шикори ҳайвоноти шикорӣ  дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда ба буҷети давлатӣ сари вақт пардохт намояд;
- ба муомилаи бераҳмонаи ҳайвоноти шикоршуда роҳ надиҳад;
- зарареро, ки бо айби истифодабарандаи шикоргоҳ ба ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо расидааст, бо тартиби муқарраргардида ҷуброн намояд;
- дар шикоргоҳҳое, ки ҳуқуқ дорад дар онҳо фаъолияти хоҷагии шикорро ба роҳ монад, мониторинги ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳоро гузаронад, ҳайвоноти шикоргардидаро ба ҳисоб гирад ва маълумоти дахлдорро ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намояд;
- ба ҳифз ва афзунгардонии саршумори ҳайвоноти шикорӣ мусоидат намояд;
- мақоми ваколатдори давлатӣ, хадамоти байторӣ ва санитарию эпидемиологиро дар бораи ошкор гардидани беморӣ, бад шудани ҳолати ҳайвоноти шикорӣ бетаъхир огоҳ намояд, оид ба пешгирӣ ва рафъи беморӣ чора андешад ва дар мавриди сар задани офатҳои табиӣ барои наҷот додани ҳайвонот ёрӣ расонад;
- ҳодисаҳои қонунвайронкуниро ошкор ва бартараф намояд;
- ҳар сол ба мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти хоҷагии шикор ҳисобот пешниҳод намояд.
4. Истифодабарандаи шикоргоҳ ҳуқуқ надорад ба пешбурди фаъолияти дигар заминистифодабарандагон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, монеъ шавад.
Моддаи 13. Ҳуқуқ барои пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар шикоргоҳҳо
1. Ҳамаи шикоргоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ (аз ҷумла парваришгоҳ, минтақаҳои алоҳидаи паркҳои миллӣ ва табиӣ), фонди шикоргоҳҳо ба ҳисоб рафта, дар ихтиёри мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад. Тарҳи ҷойгиршавӣ ва сарҳади шикоргоҳҳо дар доираи сохтори шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ муайян карда мешавад.
2. Ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор ба шахсони ҳуқуқӣ бо роҳи бастани шартномаҳо дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор доир ба шикоргоҳҳои муайян (шартномаҳо дар бораи вобаста намудани шикоргоҳҳо) мутобиқи тарҳи ҷойгиршавии шикоргоҳҳо, ки  дар доираи шикоргоҳсозии байнихоҷагӣ муайян гардидаанд, дода мешавад.
 3. Шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор бори аввал ба мӯҳлати 10 сол баста мешавад. Дар сурати қоидаҳои шартномаро риоя кардани истифодабарандаи шикоргоҳ онро мақоми ваколатдори давлатӣ пеш аз гузаштани мӯҳлати эътибораш яктарафа бекор карда наметавонад. Иҷрои ӯҳдадориҳо тибқи шартҳои шартномаи вобаста кардани шикоргоҳҳо аз ҷониби истифодабарандаи шикоргоҳ, ки қаблан шикоргоҳҳо ба ӯ вобаста карда шуда буданд, ҳангоми қабул намудани қарор дар бораи ба мӯҳлати нав вобаста кардани шикоргоҳҳои мазкур бартарияти иловагӣ мебошад. Мӯҳлати дуюм то 20 сол буда метавонад.
4. Шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар шикоргоҳҳо дар асоси озмун баста мешавад.
5. Тартиби гузаронидани озмун ва ба шахси ҳуқуқӣ (истифодабарандаи шикоргоҳ) додани ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар шикоргоҳи муайян, шакли намунавии шартнома дар бораи  тартиби бастан ва бекор кардани он, ҷуброни хароҷоти мақоми ваколатдори давлатӣ барои гузаронидани озмун ва бастани шартнома аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
6. Дар сурати ғайриимкон будани гузаронидани озмун мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад, бе гузаронидани озмун бо истифодабарандаи шикоргоҳ шартнома бандад.
7. Истифодабарандаи шикоргоҳ фаъолияти худро якҷоя бо истифодабарандагони дигари имконпазири ҳудуде амалӣ месозад (чарогоҳ, замини таъиноти кишоварзӣ, фаъолияти туристӣ ва ғайра), ки ба таркиби шикоргоҳҳое, ки ба истифодабарандаи шикоргоҳ ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар он дода шудааст, шомил аст. Дигар истифодабарандагони замину об, ҷангал ва ҳудудҳои дигаре, ки дар ҳайату таркиби шикоргоҳҳои мазкуранд, ҳуқуқи пешбарии фаъолияти хоҷагии шикор ва ихтиёрдорӣ кардани ҳайвоноти шикориро надоранд.
Моддаи 14. Боздоштан ва қатъ кардани ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор
1. Ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар ҳолати шартҳои шартномаро иҷро накардани истифодабарандаи шикоргоҳ боздошта мешавад.
2. Мӯҳлати боздоштани ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар ҳолатҳои зерин бо роҳи бекор намудани шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор қатъ карда мешавад:
- гирифтани замини шикоргоҳҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ, ки ба пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор мувофиқ нест;
- барҳам додани истифодабарандаи шикоргоҳ;
- ихтиёран даст кашидани истифодабарандаи шикоргоҳ аз ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор;
- гузаштани мӯҳлати шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор, агар минбаъд тарафҳо хоҳиши бастани шартномаро надошта бошанд;
- бо қабул шудани қарори суд дар мавриди аз ҷониби истифодабарандаи шикоргоҳ риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Истифодабарандаи шикоргоҳ барои иҷро накардани шартҳои шартнома масъул нест, агар онро бинобар ҳолати рафънопазир        (форс - мажор) иҷро карда натавонад.
Моддаи 15. Шикор
1. Шикор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеие, ки мақоми шикорчиро доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Бо силоҳи оташфишон, пневматикӣ ва силоҳи  ҳаводиҳандаи сард, бо паррандаҳои шикорӣ, дом ва олоту воситаҳои дигари шикор дар қитъаҳои табиии махсус муҳофизатшавандае, ки ба таркиби шикоргоҳ дохил нестанд, гаштугузор намудан ба шикор кардан баробар дониста мешавад.
3. Шикор дар шикоргоҳҳое, ки истифодабарандаи шикоргоҳ ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикорро дар он надорад, манъ аст.
Моддаи 16. Гирифтани роҳхати шикор
1. Ҳуқуқи шикори намудҳои маҳдудшудаи ҳайвоноти шикорӣ аз тарафи истифодабарандаи шикоргоҳ ба шикорчӣ бо роҳи додани роҳхати шикор амалӣ карда мешавад, ки меъёри онро мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути иҷозатномадиҳӣ муқаррар менамояд.
2. Ҳуқуқи шикори намудҳои маҳдуднашудаи ҳайвоноти шикорӣ аз ҷониби истифодабарандаи шикоргоҳ ба шикорчӣ бо роҳи додани роҳхати шикор дар шикоргоҳи муайян дода мешавад.
3. Намунаи роҳхати шикориро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 17. Пардохти маблағи роҳхати шикор ва истифодаи он
1. Шикори ҳайвоноти шикорӣ музднок мебошад. Пардохти маблағи роҳхати шикор бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад. Маблағи пардохти муқарраршуда ҳангоми гирифтани роҳхат барои истифодабарии махсуси ҳайвоноти шикорӣ пурра пардохт карда  шуда, пас гардонида намешавад.
2. Маблағи роҳхати шикор ба тариқи зайл тақсим карда мешавад:
- 40 фоиз ба суратҳисоби махсуси мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти маҳаллӣ ҳайвони шикоргардида барои маблағгузорӣ намудани чорабиниҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, рафъи мушкилоти ҳифзи муҳити зист, барқарорсозӣ ва истифодаи босуботи ҳайвоноти шикории маҳал равона карда мешавад;
- 20 фоиз ба фонди махсуси ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда гузаронида мешавад, агар шикор дар дохил ё наздикии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда анҷом дода шудааст;
- 40 фоиз ба суратҳисоби махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ барои иҷрои корҳои вобаста ба ҳифз, мониторинг ва барқарорсозии захираи ҳайвоноти шикорӣ (ба роҳ мондани назорат ва ҳифз, мониторинги ҳайвоноти шикорӣ, шикоргоҳсозии байнихоҷагӣ, устувор намудани заминаи моддию техникӣ) ва хароҷоти дигари ба фаъолияти он алоқманд гузаронида мешавад.
Моддаи 18. Ҳуқуқи моликият ба маҳсулоти шикор
1. Истифодабарандаи шикоргоҳ ва шикорчиёне, ки ҳуқуқи истифодаи махсус ва шикор кардани ҳайвоноти шикориро доранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи моликият ба маҳсулоти шикор мебошанд.
2. Ҳуқуқи моликият ба ғанимати ҳайвоноти шикорӣ тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

БОБИ 4. ШИКОРЧӢ
Моддаи 19. Шикорчӣ
1. Шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат карда, бо тартиби муқарраргардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи шикорчӣ ва дар сурати парвариш кардани паррандаҳо ва сагҳои шикорӣ ва шикор намудан бо онҳо бо қайди махсус дода шудааст, шикорчӣ шуда метавонанд.
2. Шахсони воқеии зерин шикорчӣ шуда метавонанд: 
- шахсони воқеии ба синни 18 расида, ки дар шикор намудҳои иҷозатдодашудаи олоти шикор, сагҳо ва паррандаҳои шикориро истифода мебаранд;
- шахсони воқеие, ки мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳи оташфишонии шикориро доранд. 
3. Ба шикорчӣ шаҳрванди хориҷие баробар дониста мешавад, ки мувофиқи шартнома бо истифодабарандаи шикоргоҳ ё бо шахси сеюм ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан барои шикор кардан омадааст ва дар асоси шартнома манфиати истифодабарандаи шикоргоҳро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мамлакатҳои дигар намояндагӣ менамояд.
Моддаи 20. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шикорчӣ
1. Шикорчӣ ҳуқуқ дорад:
- ҷамъияти шикорчиёнро таъсис диҳад ва узви онҳо шавад;
- тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикор кунад;
- молики маҳсулоти шикорие бошад, ки бо тартиби муқарраргардида шикор карда шудаанд.
2. Шикорчӣ ӯҳдадор аст:
- ҳангоми ба шикор баромадан тибқи талаботи Қонуни мазкур ҳуҷҷатҳоеро, ки барои шикор ҳуқуқ медиҳад, бо худ дошта бошад;
- талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунад;
- дар шикор бо тартиби муқарраргардида танҳо силоҳ ва паррандаҳои шикорӣ, ки барои истифодаи онҳо иҷозат дода шудааст, истифода кунад;
- захираҳои ҳайвонотро аз рӯи меъёри муқарраргардида ва дар ҳудуди шикоргоҳҳои муайяншуда истифода барад;
- натиҷаи шикорро ба маълумоти истифодабарандаи шикоргоҳе расонад, ки дар ҳудуди он шикор амалӣ гаштааст;
- ба муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ имконият диҳад, ки ҳайвоноти намудашон маҳдудкардашударо омӯзанд ва намунаҳои илмиро, бе вайрон намудани ҳолати маҳсулоти шикор гиранд;
- ба истифодабарандаи шикоргоҳ ё намояндаи мақоми ваколатдори давлатӣ (бахши сохториаш) мустақилона ё бо роҳи пурсиш оид ба ошкор шудани бемории ҳайвонот ва ҳайвоноти шикории мушоҳидашуда (намуд, миқдор ва ғайра) иттилоъ диҳад.
Моддаи 21. Ҷамъияти шикорчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷамъияти шикорчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсадҳои зерин таъсис дода мешавад:
- ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шикорчиён;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифз ва афзун намудани ҳайвоноти шикорӣ;
- ҷалби шаҳрвандон ба шикор ва пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор;
- пешгирӣ кардани шикори ғайриқонунӣ.
Моддаи 22. Шаҳодатномаи шикорчӣ
1. Шаҳодатномаи шикорчиро ба шахси воқеӣ ҷамъияти шикорчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси доштани ҳадди камтарини маълумот оид ба шикор медиҳад.
2. Намунаи шаҳодатномаи шикорчӣ аз рӯи категория (силсила) ва тартиби додан ва гирифтани он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 23.Ҳадди камтарини маълумот оид ба шикор
1. Ҳадди камтарини маълумот оид ба шикор асос барои гирифтани шаҳодатномаи шикорчӣ мебошад.
2. Ҷамъияти шикорчиён дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ҳадди камтарини маълумот оид ба шикор ва тартиби супурдани имтиҳон аз рӯи ҳадди камтарини маълумот оид ба шикорро таҳия ва тасдиқ менамояд.
Моддаи 24. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои шикор
1. Шикорчӣ ҳангоми дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шикор кардан, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинишуда, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро бо худ дошта бошад:
- шаҳодатномаи шикорчӣ;
- иҷозати нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштани силоҳи шикорӣ, ки бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳои шикор кардан бо олоти шикорие, ки мутобиқи Қонуни мазкур аз ҷумлаи силоҳи шикорӣ намебошад;
- ҳангоми шикор намудан бо паррандаҳо ва сагҳои шикорӣ шаҳодатномаи шикорчӣ бо қайди махсус ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирии онҳо; 
- роҳхати шикор. 
2. Талаботи дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда ба шаҳрванди хориҷии ба шикорчӣ баробаркардашудае татбиқ намешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан иқомат дошта, аз рӯи шартномаи бо истифодабарандагони шикоргоҳ ё бо шахсони сеюм бастааш, ки дар асоси шартнома манфиати истифодабарандагонро дар кишварҳои дигар ҳимоя менамояд, хоҳиши шикор кардан дорад.
3. Шаҳрванди хориҷии ба шикорчӣ баробаркардашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шикор мекунад, ӯҳдадор аст иҷозати мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои воридоту содироти силоҳи шикории худ, иҷозати мақоми ваколатдори давлатиро барои воридоту содироти паррандаҳои (сагҳои) шикорӣ, ки дар шикор истифода мебарад, дошта бошад.

БОБИ 5. ҚОИДАҲОИ ШИКОР
Моддаи 25. Қоидаҳои шикор
1. Асоси шикор Қоидаҳои шикор буда, аз талаботи зерин иборат мебошад:
- усул ва олоти шикор;
- фасли сол (мавсим) ва мӯҳлати шикор;
- тарз ва воситаҳои шикор ва шикори ҳайвоноти намудҳои муайян;
- техникаи бехатарӣ;
- истифодаи маҳсулоти шикор ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои маҳсулоти шикор ё маҳсулоти  бо тартиби муқарраргардида ба дастовардашуда;
- ҷавобгарӣ барои шикори ғайриқонунӣ.
2. Риояи Қоидаҳои шикор барои ҳамаи шикорчиён ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 26. Усул ва олоти шикор
1. Усул ва олоти шикор бояд ба меъёрҳои байналмилалии шикори тараҳҳумона мутобиқ бошанд.
2. Ба усул ва олоти манъшудаи шикор мансубанд:
- ба кор бурдани усул ва олоти шикорие, ки дар натиҷаи истифодаи онҳо муайян кардани намуди ҳайвони шикоргардида  имконнопазир гашта, хатари шикори намудҳои ҳайвоноти ваҳшии шикорашон манъшуда вуҷуд дорад;
-  истифодаи силоҳи ҷангӣ ва лавозимоти он;
- истифодаи асбобҳои нурафкан (равшанидиҳанда), маводи тарканда, доруҳои заҳрноки кимиёвӣ, ширеш ва чоҳ;
- гузоштани дому қапқонҳое, ки дасту по ва гардани ҳайвонро мефишуранд, аз ҷумла барои шикори хирсу гург, силовсину қашқалдоқ ва рӯбоҳ;
- шикор кардан бо истифода аз чархбол, нақлиёти автомобилӣ ва барфрав;
- истифодаи дастгоҳҳои барқӣ (электрошок).
3. Ба олоти барои шикор иҷозатдодашуда инҳо дохил мешаванд:
- силоҳи оташфишон бо тири мувофиқ, ки махсус барои шикор пешбинӣ шудааст;
- банду дом барои ба тарзи анъанавӣ дошта гирифтани тазарв ва кабку бедона;
- қапқонҳо барои шикори суғур ва ҳайвони дарранда, ба шарте ки ҳайвон зинда монад ва осеб набинад ё зуд кушта шавад;
- паррандаҳои шикорӣ;
- сагҳои шикорӣ.
4. Барои ба дом афтондани ҳайвони шикорӣ бо мақсади илмӣ ва мақсадҳои дигар усулу олотҳои замонавӣ ба кор бурда мешаванд, ки аз онҳо ҳайвони шикоргардида набояд осеб бинад.
5. Барои ҳамчун олоти шикор истифода бурдани паррандаҳо ва сагҳои шикорӣ мавҷуд будани ҳуҷҷат оид ба қонунӣ дошта гирифтан, ворид намудан ва нигоҳ доштани онҳо талаб карда мешавад.
Моддаи 27. Мавсими шикор
Мавсими шикор бо назардошти биологияи ҳайвонот барои зарар надидани устувории популятсияи онҳо ва имконияти шикор бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 28. Дошта гирифтани ҳайвоноти шикорӣ бо мақсадҳои илмӣ ва таълимӣ
1. Ҳайвоноти шикорӣ бо мақсади гузарондани таҳқиқоти илмии муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ танҳо дар мавридҳои зарурӣ дар асоси барномаю лоиҳаҳои илмию техникии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи иҷозат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида додааст, дошта гирифта мешаванд.
2. Маҳсулоти шикор барои таҳқиқоти илмӣ, ҷамъоварӣ ва пурра кардани коллексияҳо, ташкили намоишҳо ва ҳамин гуна эҳтиёҷоти ташкилотҳои илмӣ, таълимӣ, ҳамчунин муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳифзи табиат истифода карда мешаванд.
Моддаи 29. Дошта гирифтани ҳайвоноти шикорӣ бо мақсадҳои санитарӣ
1. Ҳайвоноти шикориро бо мақсади санитарӣ (барои пешгирии паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ) истифодабарандагони шикоргоҳ танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ дар асоси экспертизаи хадамоти давлатии байторӣ ва санитарию эпидемиологӣ тибқи иҷозате, ки барои дошта гирифтан мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, дошта мегиранд.
2. Ҳайвоноти ваҳшии баръало аз девонагӣ сироятёфтаро бо мақсади бехатарии санитарӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ безарар гардонидан мумкин аст.
3. Ҳайвоноти шикории ба мақсади бехатарии санитарӣ дошташуда бо риояи чораҳои бехатарии санитарӣ ба хадамоти  давлатии байторӣ ва хадамоти санитарию эпидемиологӣ барои таҳқиқ ва безарар кардани онҳо супурда мешаванд.
Моддаи 30. Қоидаҳои нигоҳ доштани паррандаҳо ва сагҳои шикорӣ
1. Паррандаҳои шикорӣ бо мақсади истифода ҳангоми шикор, барои ҳифз ва дастгирии анъанаҳои миллии шикор нигоҳ доштан мумкин аст.
 2. Паррандаҳои шикорӣ аз муҳити сукунаташон ё аз парваришгоҳи бақайдгирифташуда ё аз соҳибони дигари қонунӣ гирифта мешаванд.
3. Соҳиби паррандаҳо ва сагҳои шикорӣ бояд шаҳодатномаи шикорчии бо қайди махсус дошта бошад, ки донишу малакаи парваришу тарбияи паррандаҳо ва сагҳои шикорӣ ва барои шикор истифода бурдани онҳоро тасдиқ менамояд.
4. Қоидаҳои нигоҳ доштани паррандаҳо ва сагҳои шикорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.

БОБИ 6. МОНИТОРИНГ, БАНАҚШАГИРӢ ВА ПЕШБУРДИ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ШИКОР
Моддаи 31. Мониторинги захираҳои ҳайвоноти шикорӣ
1. Мониторинги захираҳои ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо ҳамчун қисми таркибии системаи мониторинги давлатии муҳити зист бо мақсади идоракунии давлатии соҳаи ҳифз намудан, барқароркунӣ ва истифодаи ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ, шикор ва пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор гузаронида мешавад.
2. Мониторинги захираҳои ҳайвоноти шикориро мақоми ваколатдори давлатӣ, маъмурияти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва истифодабарандаи шикоргоҳ бо тартиби муқарраргардида мегузаронанд.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба намудҳои ҳайвоноти маҳдудшудаи шикорӣ на камтар аз як маротиба дар панҷ сол мониторинги давлатӣ мегузаронад. Маълумоти мониторинги давлатӣ барои муқаррар кардани андозаи маҳдудияти шикори ҳайвоноти шикорӣ истифода бурда мешавад.
4. Истифодабарандаи шикоргоҳ мониторинги истеҳсолии намудҳои асосии ҳайвоноти шикориро аз ҳисоби маблағи худ соле на камтар аз як маротиба мегузаронад. Маълумоти мониторинги истеҳсолӣ ҳангоми муқаррар намудани андозаи маҳдудияти шикори ҳайвоноти шикоргоҳи ҷудогона истифода бурда мешаванд.
5. Маълумот дар бораи мониторинги давлатии банақшагирифташуда, ҳамчунин натиҷаи мониторингҳои давлатӣ ва истеҳсолӣ барои ҷомеа дастрас буда, дар сомонаи интернетии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешавад.
6. Тартиби гузаронидани мониторинги захираи ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити зисти онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 32. Ҳисоботи шикори истифодабарандаи шикоргоҳ ва тамғазании ҳайвоноти шикоргардида
1. Истифодабарандаи шикоргоҳ вазифадор аст шикори ҳайвоноти шикоргоҳеро, ки дар он ба ӯ ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолият оид ба хоҷагии шикор дода шудааст, бо номгӯи намуди ҳайвонот, макону санаи шикор шудан, синни тахминӣ ва ҷинси ҳайвонот ва дигар маълумоти муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба ҳисоб гирад.
2. Маълумоти ҳисоботи шикори ҳайвонотро истифодабарандаи шикоргоҳ ба мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқарраршуда пешниҳод менамояд. Маълумоти дар доираи мониторинги ҳайвоноти шикорӣ ба даст омада, нигоҳ дошта ва таҳлил карда мешавад.
3. Ҳайвоноти сумдори шикорӣ ва намудҳои дигари ба Китоби сурхи Тоҷикистон воридшударо дар маҳалли шикор мақоми ваколатдори давлатӣ бо пломба (бирка, микрочип, доғ ва ғала) тамға мезанад.
4. Паррандаҳои ваҳшии аз маҳалли сукунаташон дошта гирифташуда ва (ё) дар қафас аз тухм баромада бояд аз ҷониби намояндаи истифодабарандаи шикоргоҳ ё аз ҳисоби онҳо бо ҳалқаи гирифтанашаванда ё микрочип нишондод карда шаванд. Нигоҳдорандаи паррандаи ба домафтода ӯҳдадор аст ҳалқа ва ё микрочипро бемӯҳлат дар парранда нигоҳ дорад.
5. Пломбаҳо (тамға, ҳалқа, микрочип) предмети намунаи ягонаи давлатии ҳисобашон қатъӣ буда, силсилаю рақамҳои ҳисобгирӣ доранд ва онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ (бахши ҳудудиаш) медиҳад.
6. Тартиби пломбазаниро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 33. Кадастри ҳайвоноти шикорӣ
1. Кадастри ҳайвоноти шикорӣ маълумоти мониторингро оид ба маҳалли паҳншавӣ, саршумор ва сохтори популятсия, ҳолати муҳити зист, маҳалли шикор, ҳодисаҳои шикори ғайриқонунӣ, паррандаҳои шикорӣ ва ҳайвоноти дигари шикории аз муҳити сукунаташон дошта гирифташуда ва дигар маълумотро оид ба ҳайвоноти шикорӣ дар бар мегирад.
2. Тартиби пешбурди Кадастри ҳайвоноти шикориро мақоми ваколатдори давлатӣ  тасдиқ менамояд.
3. Истифодабарандаи шикоргоҳ маълумоти кадастриро барои ворид намудан ба Кадастри ҳайвоноти шикорӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод мекунад.
Моддаи 34. Муқаррар кардани меъёр ва маҳдудияти дошта гирифтани ҳайвоноти шикорӣ
1. Бо мақсади таъмини истифодаи устувори ҳайвоноти шикорӣ  меъёр ва маҳдудияти дошта гирифтани онҳо муқаррар карда мешаванд. Барои муқаррар намудани онҳо маълумоти мониторинг, маълумоти манбаъҳои дигар, асоснокии (розигии) муассисаҳои илмӣ асос мебошанд.
2. Ҳайвоноти шикорӣ вобаста ба шумора ва дараҷаи афзоиши популятсия ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд:
- намудҳои маҳдуднашуда – намудҳое, ки дошта гирифтани онҳо барои таъмини устувории популятсия бинобар зиёд будани саршумор ва сернаслиашон маҳдудияти аниқро дар шакли ҳисса аз ҳадди калонтарини саршумори популятсияи дар натиҷаи мониторинг муқарраргардида талаб намекунад. Дар баробари ин барояшон меъёри маҳдудкунии шикор ба тариқи муайян намудани мавсими шикор, маҳдуд кардани миқдори роҳхати шикори ҳайвоноти шикорӣ, шикорравӣ аз рӯи як роҳхат ва шикори ҳайвонот дар ин шикорравӣ ва (ё) давраи дигари муайян муқаррар карда мешавад;
- намудҳои маҳдудшуда – намудҳое, ки дошта гирифтани онҳо барои таъмини устувории популятсия маҳдудияти аниқро дар шакли ҳисса аз ҳадди калонтарини саршумори популятсияи дар натиҷаи мониторинг муқарраргардида талаб мекунад. Намудҳои муайяни ҳайвоноти шикорӣ, аз ҷумла ҳайвоноте, ки ба  Китоби сурхи  Тоҷикистон дохил карда шуда, ба категорияҳои ҳайвоноти «Таҳти хатари нестшавӣ қарордошта» мансубанд, ба ҳайвоноти маҳдудшуда дохил мешаванд.
3. Маҳдудияти шикори ҳайвоноти шикорӣ аз тарафи комиссияи иҷозатдиҳанда, ки дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ дар ҳайати намояндагони мақоми ваколатдори давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти шикорчиён таъсис дода мешавад, муайян карда мешавад. Ҳайати шахсии комиссияро ба мӯҳлати се сол мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар мекунад. Қарори комиссия бо машварат қабул карда мешавад. Қарори комиссия дар бораи муайян кардани маҳдудият аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.
4. Номгӯи намудҳои ҳайвоноти шикорӣ, ки барояшон меъёр ва маҳдудияти шикор, ҳамчунин миқдори онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 35. Бунёди шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ
1. Шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ бо мақсади таъмини нигоҳдошти саршумор ва барқарор намудани он ва истифодаи оқилонаи ҳайвоноти шикорӣ бунёд карда мешаванд.
2. Шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ, бо истифода аз имкониятҳои худ, ҳамчунин бо ҷалби мутахассисон ва ташкилотҳои махсус бунёд ва фаъолияташон ҳамоҳанг карда мешавад.
3. Ҳадафи бунёди шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ иборат аст аз:
- муқаррар кардани қитъаҳои ҳифзи намудҳои ҳайвоноти шикорӣ, ки дар онҳо фаъолияти кишоварзӣ ё фаъолияти дигар муваққатан ё доимӣ маҳдуд ё манъ карда мешавад;
- муайян кардани сарҳади қитъаҳои шикоргоҳ, ки барои фаъолияти кишоварзӣ таъин гардидаанд ва самтҳои афзалиятноки онҳо.
4. Заминҳои зерин  ба таркиби шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ дохил  намешаванд:
- замини мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, минтақаҳои алоҳидаи паркҳои табиии давлатӣ (миллӣ), парваришгоҳҳои табиии давлатӣ, минтақаҳои марказии муҳити биосферӣ;
- замини маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои атрофи маҳалҳои аҳолинишин, ки на кам 500 метр аз шаҳракҳо ва 2 км аз маркази ноҳияву шаҳрҳо воқеъ гардидаанд;
- замини объектҳои саноатӣ, хоҷагӣ, табобатию офиятӣ, ҳарбӣ ва ғайра ва заминҳои 500 метр аз онҳо дуртар ҷойгиршудаи гирду атроф;
- замини маҳалли истироҳати оммавии аҳолӣ, паркҳо, бӯстонсаройҳо ва заминҳои 500 метр аз онҳо дуртар ҷойгиршудаи гирду атроф.
Моддаи 36. Банақшагирии хоҷагии шикор (бунёди шикоргоҳҳои дохилихоҷагӣ)
1. Пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор ба шикори устувори ҳайвоноти шикорӣ асос ёфта, танҳо дар асоси банақшагирии он амалӣ мегардад.
2. Натиҷаи банақшагирии хоҷагии шикор нақшаҳои зерини хоҷагии шикори истифодабарандагони шикоргоҳ мебошанд:
- нақшаи миёнамӯҳлати фаъолияти хоҷагии шикор (на камтар аз 5 сол);
- нақшаи ҳарсолаи гузаронидани чорабиниҳои хоҷагии шикор.
3. Тартиби ташкил ва амалигардонии банақшагирии фаъолияти хоҷагии шикор, шаклҳои нақшаи миёнамӯҳлати хоҷагидорӣ ва нақшаи ҳарсолаи чорабиниҳои он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 37.Пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор
1. Пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор иборат аст аз:
- банақшагирии фаъолияти хоҷагии шикор;
- мониторинги истеҳсолӣ;
- мусоидат намудан ба ҳифз ва афзоиши захираи ҳайвоноти шикорӣ;
- андешидани тадбирҳо дар хусуси ба соҳаи кишоварзӣ зарар нарасонидани ҳайвоноти шикорӣ;
- ташкил ва амалӣ кардани назорати истеҳсолии шикоргоҳ;
 - ташкили фаъолияти егерӣ;
- ташкили шикори ҳайвоноти шикорӣ;
- амалӣ намудани ҳуҷҷатгузорӣ.
2. Истифодабарандаи шикоргоҳ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро дошта бошад:
- шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор бо замимаҳояш;
- нақшаи идоракунии хоҷагии шикор ва нақшаи ҳарсолаи гузаронидани чорабиниҳои хоҷагии шикор;
- шаҳодатномаи шикорчӣ;
- қоидаҳои тартиботи дохилии хоҷагии шикор.
3. Истифодабарандаи шикоргоҳ бо мақсади ҳифз, барқароркунии саршумор ва шикори босуботи ҳайвоноти шикорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои тартиботи дохилии хоҷагии шикорро муқаррар менамояд, ки онҳо будубоши шаҳрвандонро дар ҳудуди шикоргоҳи дар ихтиёрдоштаи истифодабаранда танзим мегардонанд. Қоидаҳои тартиботи дохилии хоҷагии шикор бо фармони истифодабарандаи шикоргоҳ ба расмият дароварда мешаванд ва бояд барои ҳар шахси манфиатдор дастрас бошанд.
4. Қоидаҳои тартиботи дохилӣ масъалаҳои зеринро дар бар мегиранд:
- маълумот дар бораи муқаррар намудани ҳудуди шикоргоҳ бо нишон додани сарҳади қитъаҳои шикор, минтақаҳои ҳифзи намудҳои ҳайвоноти шикорӣ, афзоишёбӣ бо зикри насаб, ном ва номи падари кормандон ва қитъаҳои онҳо;
- қоидаҳои ба шикоргоҳ омадан ва шикор кардан;
- номгӯи объектҳое, ки дар онҳо шикор кардан иҷозат дода шудааст ва нархномаи хизматрасонӣ;
- номгӯи кормандоне, ки назорати истеҳсолии шикорро ба зимма доранд;
- дигар маълумоти дахлдор.
5. Истифодабарандаи шикоргоҳ ҳар сол ба мақоми ваколатдори давлатӣ (ё ба бахши сохториаш) ҳисобот пешниҳод мекунад, ки он дорои маълумоти зерин мебошад:
- натиҷаи баҳисобгирии саршумори намудҳои асосии ҳайвоноти шикорӣ ва дигар ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид кардашуда, дар шикоргоҳ сукунат доранд;
- маълумоти ба шикоргоҳ (қитъаи шикор) омадани шикорчиён, хароҷоти иҷозати шикор ва шикори ҳайвоноти шикорӣ;
- маълумот дар бораи чорабиниҳои биотехникӣ ва муҳофизатии гузаронидашуда.
6. Ҳисобот бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 38. Нигоҳдорӣ, ҳифз ва барқароркунии саршумори ҳайвоноти шикорӣ
1. Бо мақсади нигоҳдории захираи ҳайвоноти шикорӣ, кам нашудан ва барқароркунии саршумори онҳо ва барои муҳайё сохтани шароити мусоид ҷиҳати афзоиши табиии саршумори онҳо истифодабарандаи шикоргоҳ, минтақаҳои нигоҳдории намудҳои ҳайвоноти шикорӣ ва қитъаҳои афзоишёбиро муқаррар мекунад ва тадбирҳои биотехникӣ мегузаронад.
2. Чорабиниҳои биотехникӣ аз инҳо иборатанд:
- мусоид гардонидани муҳити зисти ҳайвоноти шикорӣ бо роҳи беҳтар намудани сифати шикоргоҳҳо, беҳтар намудани хусусиятҳои ғизонокӣ, ҳифз ва барои лонагузорӣ мувофиқ будани онҳо;
- муваққатан беҳтар кардани шароити зисти ҳайвоноти шикорӣ;
- наҷот додани ҳайвонот ҳангоми фалокати табиӣ, аз ҷумла дар шароити душвору вазнини обу ҳаво муваққатан бо хӯрокворӣ таъмин намудани онҳо;
- чораҳои байторию пешгирикунанда, ки барои беҳдошти популятсияи намудҳои ҳайвоноти шикорӣ ва пешгирии эпизоотӣ истифода мешаванд;
- бо роҳи сунъӣ парвариш кардани ҳайвоноти шикорӣ барои минбаъд ба шикоргоҳ сар додани онҳо;
 - ба ҳадди ҷоиз расонидани саршумор ва сифати намудҳои ҳайвоноти шикорӣ.
3. Чорабиниҳои биотехникиро вобаста ба талабот ва шароити маҳаллии биотехникӣ истифодабарандаи шикоргоҳ дар шикоргоҳе мегузаронанд, ки барои пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар он ҳуқуқ дорад.
Моддаи 39. Ҳифзи ҳайвоноти шикорӣ ва пешгирии нобудшавии онҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти кишоварзӣ ё фаъолияти дигар, рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ
1. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти кишоварзӣ ва ё корҳои дигаре, ки ба ҳолати ҳайвоноти шикорӣ ва шароити (маҳалли) сукунати онҳо таъсир мерасонад ё расонда метавонанд, оид ба ҳифзи ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити зисташон, шароити афзоиши саршумори онҳо ва роҳҳои ҳиҷраташон, пешгирии беморӣ ва талафи ҳайвоноти шикорӣ чораҳо андешида мешаванд.
2. Истифодабарандаи шикоргоҳ ва дигар шахсони дахлдор ҳангоми рӯй додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ӯҳдадоранд барои наҷот додани ҳайвоноти шикорӣ чораҳо андешанд.
Моддаи 40. Маҳдуд кардани ҳуқуқи истифодабарандагони замин ва захираҳои дигари табиӣ бо мақсади нигоҳдории ҳайвоноти шикорӣ  ва муҳити сукунати онҳо ва пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор
Бо мақсади нигоҳдории ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳо ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти кишоварзӣ ва ғайра (аз ҷумла чаронидани чорво ва алафдаравӣ) машғул шудани истифодабарандагони замин ва захираҳои дигари табиӣ пурра ё қисман бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда мешавад.

БОБИ 7. НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ШИКОР ВА ХОҶАГИИ
ШИКОР
Моддаи 41. Намудҳои назорат дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор
1. Назорат дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор аз назорати давлатӣ, назорати истеҳсолӣ ва назорати ҷамъиятӣ иборат буда, тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Назорати давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ (бахшҳои сохтории минтақавии он) амалӣ карда мешавад. Номгӯи шахсони мансабдоре, ки назорати давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро ба зимма доранд, бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
3. Назорати истеҳсолиро дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор истифодабарандагони шикоргоҳ дар ҳудуди шикоргоҳҳое, ки ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикорро доранд анҷом медиҳанд. Номгӯи кормандони масъули назорати истеҳсолӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор бо қарори истифодабарандаи шикоргоҳ тасдиқ карда мешавад.
4. Назорати ҷамъиятиро дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дахлдор амалӣ менамоянд. 
Моддаи 42. Назорати риоя шудани шартномаҳо аз тарафи истифодабарандаи шикоргоҳ
1. Назорати риояи шартҳои шартномаи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикорро аз ҷониби истифодабарандаи шикоргоҳ мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ менамояд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ аз рӯи зарурат дурустӣ ва сифати ҳисоботу ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи истифодабарандаи шикоргоҳро оид ба иҷрои шартҳои шартномаи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор месанҷад. Аз рӯи натиҷаи санҷиш санад тартиб дода, оид ба бартараф намудани норасоиҳо ва ҳуқуқвайронкунӣ қарор қабул карда мешавад. Истифодабарандаи шикоргоҳ оид ба иҷрои қарор мақоми ваколатдори давлатиро хаттӣ огоҳ месозад.
3. Дар сурати ба олами ҳайвонот зарар расонидани истифодабарандаи шикоргоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 43. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсони мансабдоре, ки назорати давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд
1. Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ, ки назорати давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд, нозирони давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор мебошанд.
2. Роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ сарнозири давлатӣ оид ба назорати шикори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
3. Нозирони давлатии шикор ҳуқуқ доранд:
- вориди корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, бозорҳо ва  мақомоти давлатӣ шаванд ва бо ҳуҷҷатҳо, натиҷаи таҳлилҳо, маводи дигари барои иҷрои вазифаҳояшон зарурӣ  шинос шаванд;
- риоя шудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифз, барқароркунӣ ва истифодаи объектҳои олами ҳайвонот, шартҳои шартномаи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор аз ҷониби истифодабарандаи шикоргоҳро бо тартиби муқарраргардида мавриди санҷиш қарор диҳанд;
- дар бораи бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дастур диҳанд;
- доир ба риоя нашудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии табиат санад тартиб диҳанд;
- қонуншиканонро боздоранд, азназаргузаронии шахсӣ ва чизу чораро анҷом диҳанд, ашё ё олоти содир шудани қонуншиканӣ (аз ҷумла ҳайвоноти ғайриқонунӣ шикоргардидаро) гиранд, воситаҳои нақлиётро аз назар гузаронанд;
- парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар соҳаи ҳифз, барқароркунӣ ва истифодаи объектҳои олами ҳайвонот баррасӣ намуда, шахсони гунаҳкорро ба ҷавобгарӣ кашанд, оид ба ҷуброни зарари ба олами ҳайвонот ва наботот расондаашон даъво пешниҳод намоянд, ҳангоми зарурат парвандаро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд барои баррасӣ супоранд:
- силоҳи хизматӣ ва таҷҳизоту воситаҳои махсусро ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доранд, бо худ гирифта гарданд ва истифода намоянд;
- тибқи қоидаҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон либоси хидматии дорои нишонаҳои фарқкунандаро пӯшида гарданд;
- корҳои истифодабарии объектҳои олами ҳайвонотро, ки бо вайрон намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд, манъ намоянд;
- корҳои истифодабарии захираҳои табииро, ки бо дағалона ё мунтазам риоя нагардидани стандартҳо, меъёрҳо қоидаҳои ҳифз ва истифодаи захираҳои табиӣ, кор фармудани дастгоҳу иншооти таъиноти ҳифзи табиат амалӣ мешаванд, манъ намоянд ва боздоранд;
- воридоту содирот, баровардан, ба шикоргоҳ сар додану ҷойгир кардан ва мӯътодонидани ҳайвоноту набототеро, ки ба объектҳои олами набототу ҳайвоноти ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида метавонанд, манъ кунанд;
- тадбирҳои дигареро бо мақсади иҷрои Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии табиат аст андешанд.
4. Нозирони давлатии шикор ӯҳдадоранд:
- зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;
- нисбат ба шахсони санҷишшаванда хушодобу хушмуомила бошанд;
- ба кормандони истифодабарандаи шикоргоҳ дар хусуси назорати истеҳсолӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор инчунин ба шахсоне, ки назорати ҷамъиятро дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор ба зиммаашон аст, мусоидат намоянд.
Моддаи 44. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсоне, ки назорати истеҳсолӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд
1. Шахсоне, ки назорати истеҳсолӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд:
- оид ба вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шикор ва хоҷагии шикор санад тартиб диҳанд;
- шахси ҳуқуқвайронкунӣ содирнамударо дастгир намуда, азназаргузаронии шахсӣ ва чизу чораро анҷом диҳанд, ашё ва олоти содир шудани ҳуқуқвайронкунӣ (аз ҷумла объектҳои табиии ғайриқонунӣ дошта гирифта)-ро гиранд, воситаҳои нақлиётро аз назар гузаронанд.
2. Кормандони истифодабарандаи шикоргоҳ, ки назорати истеҳсолӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд, ӯҳдадоранд:
- санадҳои вайрон карда шудани қонунгузорӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор ва ашёву олоти содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ, аз ҷумла объектҳои ғайриқонунӣ шикоргардида ва маҳсулоти дигари шикорро ба мақоми ваколатдори давлатӣ (бахшҳои сохториаш) супоранд;
- оид ба тамоми ҳодисаҳои вайрон карда шудани қонунгузории дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор ба мақоми ваколатдори давлатӣ (бахшҳои сохториаш) иттилоот пешниҳод намоянд.

Моддаи 45. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсоне, ки назорати ҷамъиятӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд
1. Шахсоне, ки назорати ҷамъиятӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд:
- ҳолатҳои вайрон кардани қонунгузориро дар соҳаи ҳифз, барқароркунӣ ва истифодабарии объектҳои олами ҳайвонот зимни тартиб додани санади намунаи дилхоҳ ба қайд гиранд;
- иҷрои қонунгузории соҳаи ҳифз, барқароркунӣ ва истифодабарии объектҳои олами ҳайвонотро таҳти назорат гиранд;
- бо мақоми ваколатдори давлатӣ (бахшҳои сохториаш) барои пешбурди фаъолияташон ҳамкорӣ намоянд.
2. Шахсоне, ки назорати ҷамъиятӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд, ӯҳдадоранд:
- санадҳои вайрон кардани қонунгузории соҳаи ҳифз, барқароркунӣ ва истифодабарии объектҳои олами ҳайвонот тартиб додаро ба мақоми ваколатдори давлатӣ супоранд;
- барои дурустии маълумоти вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифз, барқароркунӣ ва истифодабарии объектҳои олами ҳайвонот масъулият доранд.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 46. Муқаррароти интиқолӣ
1. Ҳуқуқи шикори ҳайвоноти шикорӣ, ки ба он истифодабарандаи шикоргоҳ дар асоси иҷозати шикори объектҳои олами ҳайвонот то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур гирифтаашон соҳиб гаштаанд, то гузаштани мӯҳлати амали иҷозати мазкур, эътибор дорад.
2. Шартнома дар бораи вобаста кардани шикоргоҳе, ки пеш аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур баста шудаанд, то анҷом ёфтани мӯҳлати дар шартнома зикршуда эътибор дорад.
Моддаи 47. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 48. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, №1118


ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш.ЗУҲУРОВ
ш.Душанбе, 4 июни соли 2014, № 1515


ҚАРОРИ
 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014, № 705


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.08.2014    №: 155-156    Мутолиа карданд: 856

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед