logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ГАРАВИ АМВОЛИ МАНҚУЛ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 «Дар бораи гарави амволи манқул» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2005, №3, мод. 133) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба Қонун муқаддима бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии гарави амволи манқулро муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба он танзим менамояд.».
2. Дар моддаи 1:
- сархатҳо бо аломати дефис «-» ишора карда шаванд;
- сархати ҳафтум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- хабарномаи гаравӣ – ҳуҷҷате, ки дар шакли коғазӣ ё электронӣ ба мақоми бақайдгиранда пешниҳод карда мешавад ва маълумоти асосиро оид ба гарав ҷиҳати дохил кардани он ба Феҳрасти ягонаи давлатӣ дар бар гирифта, дастраси умум мебошад;»;
- дар сархати ёздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархатҳои дувоздаҳум, сездаҳум ва чордаҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«- қарзи дебиторӣ – маблағи қарзҳои ба шахс тааллуқдоштае, ки дар натиҷаи муносибатҳои хоҷагидорӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба вуҷуд омадааст;
- молҳои омехта – молҳои тақсимнашавандае, ки бо дигар молҳо омехта шуда, аломатҳои мушаххаси ҷисмии худро дар маҳсулоти тайёр гум мекунанд;
- молҳои пайвастшуда – молҳои тақсимшавандае, ки бо дигар молҳо пайваст шуда, аломатҳои мушаххаси ҷисмии худро дар маҳсулоти тайёр гум намекунанд.».
3. Дар моддаи 3:
- дар қисми 2 калимаҳои «Бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитдиҳанда» ба калимаҳои «Ташкилотҳои қарзӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4:
- дар банди 2) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- банди 3) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«3) дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
4. Ба қисми 3 моддаи 4 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: «Гарав нисбати амволе, ки дар оянда ба моликияти (ё соҳибии) гаравдеҳ мегузарад, аз лаҳзаи аз ҷониби гаравдеҳ ба даст овардани ҳуқуқ ба чунин амвол ба вуҷуд меояд.».
5. Қисми 2 моддаи 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«2. Иҷрои як ё якчанд ӯҳдадориҳои мавҷуда ё минбаъдаро бо гарав таъмин кардан мумкин аст. Маблағи ӯҳдадориҳо бо пули миллӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо асъори хориҷӣ ифода ёфта метавонад.».
6. Дар қисми 5 моддаи 7:
- банди 3) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«3) тавсифи инфиродӣ ё умумии предмети гарав;»;
- дар банди 6) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- бандҳои 7) ва 8) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«7) тавсифи инфиродӣ ё умумии ӯҳдадорӣ;
8) ҳадди ниҳоӣ ё ҳадди дигари муайяншудаи маблағи бо гарав таъминшуда.».
 7. Дар моддаи 9:
- қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«4. Агар гарав пеш аз моли омехта ҳисобида шудани предмети гарав ба қайд гирифта шуда бошад, он ба маҳсулоти тайёр татбиқ мегардад. Навбати гарав нисбат ба маҳсулоти тайёр аз лаҳзаи бақайдгирии гарави молҳои омехта, ба истиснои маҳдудиятҳое, ки дар банди 3) ҳамин қисм пешбинӣ гардидаанд, муайян карда мешавад. Дар сурати ба маҳсулоти тайёр татбиқ гардидани зиёда аз як гарав, навбат тибқи қоидаҳои зайл муайян карда мешавад:
1) навбати гарави бақайдгирифташуда нисбат ба гарави бақайдгирифтанашуда дар лаҳзае, ки предмети гарав моли омехта мешавад, афзалият дорад;
2) навбати гарави бақайдгирифтанашуда аз рӯи санаи шартномаҳои гарави дахлдор муайян карда мешавад;
3) навбати гаравҳои бақайдгирифташуда бо назардошти таносуби арзиши предмети гарав аз лаҳзае, ки он дар маҳсулоти тайёр омехта шудааст, ҳуқуқи баробари талабкуниро пайдо мекунад.
5. Эътибори гарав нисбат ба предмети гарави амволи ғайриманқули пайвастшуда боқӣ мемонад. Агар гарав то лаҳзаи пайвастшавии предмети гарав ба қайд гирифта шуда бошад, бақайдгирии гарав баъд аз пайвастшавӣ амал мекунад.».
- қисмҳои 4, 5 ва 6 мувофиқан қисмҳои 6, 7 ва 8 ҳисобида шаванд.
8. Дар моддаи 12:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 12. Ба гарав мондани амволи манқули ба амволи ғайриманқул  пайвастшуда»;
- дар қисмҳои 1, 2 ва 3 калимаи «вобаста» ба калимаи «пайваст» иваз карда шавад.
9. Ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 21 хориҷ карда шавад.
10. Дар моддаи 22:
- қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«2. Гаравгир ё гаравдеҳ барои бақайдгирӣ ба мақоми бақайдгиранда хабарномаи гаравӣ пешниҳод менамояд. Хабарномаи гаравӣ инчунин метавонад аз ҷониби шахсон ё мақомоти зерин пешниҳод гардад:
- гаравгир дар асоси қонунӣ;
- суд ё мудире, ки онро суд таъин намудааст, нисбат ба амволи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии муфлисшуда;
- мақоми ваколатдор оид ба иҷрои қарорҳои судӣ тибқи қарори суд дар бораи рӯёнидани амволи манқули қарздор;
- мақоми ваколатдор нисбат ба амволи шахсе, ки аз иҷрои ӯҳдадории пардохти андоз ё пардохтҳои иҷтимоӣ саркашӣ менамояд.»;
- қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«3. Мақоми бақайдгиранда воситаҳои электрониро барои дохил намудани маълумот оид ба хабарномаҳои гаравӣ, инчунин бо мақсади ҷустуҷӯи онҳо таъмин мекунад. Махзани маълумоти Феҳрасти ягонаи давлатӣ дорои маълумоти расмӣ мебошад. Хабарномаи гаравӣ аз лаҳзаи қайди воридшавии он ба мақоми бақайдгиранда пешниҳодшуда ба ҳисоб меравад.»;
- қисмҳои 3, 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 4, 5 ва 6 ҳисобида шаванд;
- қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«7. Тартиби бақайдгирии гаравҳо ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.».
11. Моддаи 221 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 221. Мӯҳлати амали бақайдгирии гарав
1. Мӯҳлати амали бақайдгирии гарав аз лаҳзаи бақайдгирӣ то 5 солро ташкил медиҳад. Мӯҳлати мазкур метавонад тамдид карда шавад, агар шартномаи гарав ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
2. Бо гузаштани мӯҳлати бақайдгирии гарав амволи гарав аз маҳдудият озод мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар:
- гарав такроран ба қайд гирифта шуда бошад;
- гарав дар соҳибияти гаравгир қарор дошта (гарави додашуда), нисбат ба он бо тартиби муқарраршуда рӯёнидан нигаронида шавад.».
12. Дар моддаи 23:
- ба банди 3) қисми 1 пас аз калимаи «тавсифи» калимаҳои «инфиродӣ ё умумии» илова карда шаванд;
- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«2. Хабарномаи гаравии ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгӯ дар мавриде эътибор дорад, агар он дидаву дониста бардурӯғ тартиб дода нашуда бошад.»;
- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.
13. Моддаи 241 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 241. Пешниҳоди эроди хаттӣ
1. Дар ҳолати пешниҳод гардидани хабарномаи гаравии нодуруст ё ғалат аз ҷониби дархосткунанда, тарафи дигар метавонад эроди хаттӣ пешниҳод намояд.
2. Эроди хаттӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- истинод ба рақами бақайдгирии хабарномаи гаравии нодуруст ё ғалат;
- маълумот оид ба шахсе, ки эроди хаттӣ пешниҳод кардааст;
- нишон додани асосҳои нодуруст ё ғалат будани хабарномаи гаравӣ.
3. Пешниҳоди эроди хаттӣ то ба даст омадани натиҷаи баррасии он ба эътибори хабарномаи гаравӣ таъсир намерасонад.
4. Мақоми бақайдгиранда вазифадор аст, ки эроди хаттиро баррасӣ намуда, дар сурати ошкор намудани ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда барои бартараф намудани онҳо чораҳои дахлдор андешад.».
14. Дар моддаи 27 рақами «5» ба рақами «6» иваз карда шавад.
15. Дар моддаҳои 28, 33 ва 43 калимаи «тасарруфи» ба калимаи «соҳибияти» иваз карда шавад.
16. Дар қисми 1 моддаи 29 калимаҳои «ҳисобномаи бонк» ва «бонк» мувофиқан ба калимаҳои «суратҳисоби бонкӣ» ва «ташкилоти қарзӣ» иваз карда шаванд.
17. Дар моддаи 33 калимаҳои «бонк» ва «Бонке» ба калимаҳои «ташкилоти қарзӣ» ва «Ташкилоти қарзие» иваз карда шаванд.
18. Қисми 3 моддаи 41 хориҷ карда шавад.
19. Дар моддаи 43:
- қисмҳои 7 ва 8 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«7. Бо навбат қонеъ гардонидани талабот, ки бо гарави пешина муайян шудааст, нисбат ба даромад пас аз 30 рӯзи баъди аз ҷониби гаравдеҳ ба даст овардани даромад ба анҷом мерасад, ба истиснои ҳолатҳое, ки даромад дар шакли пулӣ ба даст омада, мумкин аст мушаххас гардонда шавад ё бо тавсифи гарав, ки дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии пешниҳодшуда зикр шудааст, пӯшонида шавад.
8. Бо навбат қонеъ гардонидани талабот, ки бо гарави пешина муайян шудааст, нисбат ба даромад пас аз 30 рӯзи баъди аз ҷониби гаравдеҳ гирифтани ҳосил ва маҳсулот ба анҷом мерасад, ба истиснои ҳолатҳое, ки даромад дар шакли пулӣ ба даст омада, мумкин аст мушаххас гардонда шавад ё бо тавсифи гарав, ки дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии пешниҳодшуда зикр шудааст, пӯшонида шавад.».
-қисмҳои 7 ва 8 мувофиқан қисмҳои 9 ва 10 ҳисобида шаванд.
20. Моддаҳои 44, 45, 46, 47, 48, 49 ва 50 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«Моддаи 44. Тартиби рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав
1. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав метавонад бо тартиби ғайрисудӣ ва судӣ амалӣ карда шавад.
2. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ дар асоси шартномаи гарав ё созишномаи байни гаравдеҳ ва гаравгир, ки дар он шартҳои рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ нишон дода шудаанд, амалӣ карда мешавад. Агар дар шартномаи гарав ё созишномаи байни гаравдеҳ ва гаравгир тартиби ғайрисудӣ муқаррар шуда бошад, ягон тараф наметавонад ба таври яктарафа тартиби рӯёниданро аз ҳисоби предмети гарав тағйир диҳад.
3. Дар ҳолатҳои дигар рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби судӣ амалӣ карда мешавад, аз ҷумла, агар:
- барои ба имзо расонидани шартномаи гарав розигӣ ё иҷозати дигар шахс ё мақомот талаб карда шавад ва ин гуна розигӣ ё иҷозат гирифта нашуда бошад;
- предмети гарав амволе бошад, ки барои ҷомеа арзиши зиёди таърихию бадеӣ ё дигар арзиши фарҳангӣ дошта бошад.
Моддаи 45. Тартиби ғайрисудии рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав
1. Гаравгир ҳуқуқ дорад ба таври ғайрисудӣ ба предмети гарав соҳиб шавад, агар он дар шартномаи гарав пешбинӣ шуда бошад ё агар қарздор (гаравдеҳ) пас аз ба миён омадани ҳолатҳои иҷро нагаштан ё ба таври номатлуб иҷро гардидани ӯҳдадорӣ дар шакли хаттӣ розигӣ дода бошад, ба шарте ки чунин соҳиб шудан ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошад.
2. Агар предмети гарав амволи манқули ба молу мулки ғайриманқул пайвастшуда бошад, гаравгир метавонад онро бо тартиби ғайрисудӣ аз молу мулки ғайриманқули ба он пайвастшуда, танҳо дар сурати гирифтани розигии хаттии қарздор ё гаравдеҳ, агар ӯ дар як вақт қарздор ҳисобида нашавад, пас аз ба миён омадани ҳолатҳои иҷро нагаштан ё ба таври номатлуб иҷро гардидани ӯҳдадорӣ ҷудо намояд.
3. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ бо чунин тарз амалӣ карда мешавад:
- ихтиёран супоридани предмети гарав аз ҷониби гаравдеҳ ба гаравгир;
- рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав дар асоси навиштаҷоти иҷроияи нотариус.
Моддаи 46. Ихтиёран супоридани предмети гарав
Ихтиёран супоридани предмети гарав бо бастани созишномаи ҳаққи дасткашӣ байни гаравдеҳ ва гаравгир амалӣ карда мешавад.
Моддаи 47. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав дар асоси навиштаҷоти иҷроияи нотариус
1. Дар сурати аз ҷониби гаравдеҳ эътироф намудани ӯҳдадории қарзӣ ё дар асоси қарори суд дар бораи рӯёнидани қарзе, ки бо предмети гарав таъмин шудааст, гаравгир ҳуқуқ дорад барои гирифтани навиштаҷоти иҷроияи нотариус муроҷиат намояд.
2. Дар бораи гирифтани навиштаҷоти иҷроияи нотариус ва оғоз намудани расмиёти гирифтани предмети гарав, гаравгир ӯҳдадор аст, ки гаравдеҳро бо таври хаттӣ огоҳ намояд.
3. Гаравдеҳ ҳуқуқ дорад, ки навиштаҷоти иҷроияи нотариусро бо тариқи судӣ мавриди шикоят қарор диҳад.
4. Дар ҳолати саркашӣ намудани гаравдеҳ аз ихтиёран супоридани предмети гарав дар асоси навиштаҷоти иҷроияи нотариус, предмети гарав маҷбуран тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
Моддаи 48. Чораҳои таъминотӣ вобаста ба предмети гарав
1. Агар баъди ба амал омадани ҳолати иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани ӯҳдадорӣ, гаравгир ба предмети гарав тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шуда натавонад ё агар қарздор (гаравдеҳ) баъди ба амал омадани ҳолати мазкур барои гирифтани предмети гарав, ки амволи манқули ба молу мулки ғайриманқул пайвастшуда ба ҳисоб меравад, розӣ набошад, гаравгир ҳуқуқ дорад ба суд бо ариза дар бораи супоридани предмети гарав ба нигоҳдории гаравгир муроҷиат намояд, ки он бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегардад.
2. Ба ариза дар бораи супоридани предмети гарав ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:
- шартномаи гарав;
- далелҳои дахлдор, ки ҳолати аз ҷониби қарздор ё гаравдеҳ, агар ӯ дар як вақт қарздор ҳисобида нашавад, иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани ӯҳдадории асосиро тасдиқ мекунанд;
- ҳуҷҷати супоридани боҷи давлатӣ;
- дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
3. Ҳангоми муроҷиат намудани гаравгир ба суд бо ариза оид ба андешидани чораҳои таъминотӣ, гаравгир ба қарздор (гаравдеҳ) нусхаи аризаи мазкур ва нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои замимашавандаро, ки ба суд пешниҳод шудаанд, месупорад. Аризаи мазкур мумкин аст бе тасдиқи қабули он аз ҷониби қарздор (гаравдеҳ) дар ҳолатҳои зерин ба суд пешниҳод карда шавад:
- агар гаравгир чораҳои дахлдорро оид ба супоридани нусхаи аризаи мазкур ба қарздор (гаравдеҳ) андешида бошад, вале ин чораҳо бенатиҷа мондаанд;
- баҳри пешгирӣ кардани вайроншавии предмети гарав ё дар ҳолати моҳиятан паст шудани арзиши предмети гарав;
- бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳои эҳтимолии ғайриқонунии қарздор (гаравдеҳ), ки ба нобудшавӣ, вайроншавӣ ё бегона намудани предмети гарав оварда мерасонанд.
4. Гаравгире, ки дар асоси санади судӣ предмети гаравро барои нигоҳдорӣ қабул намудааст, ӯҳдадор мешавад оид ба таъмини нигоҳдории предмети гарави дар ихтиёр доштааш то ба соҳибият қабул намудани он ё то қабул шудани қарори суд чораҳои дахлдор андешад.
5. Агар аз шартномаи тарафҳо тартиби дигар барнаояд, дар муддати дар нигоҳдории гаравгир қарор доштани предмети гарав, хароҷоти дахлдор, аз ҷумла андоз ё хироҷи пардохтшудаи ба предмети гарав алоқаманд мумкин аст ба зиммаи қарздор (гаравдеҳ) гузошта шуда, аз ҳисоби предмети гарав, инчунин арзиши ҳама гуна намудҳои суғурта рӯёнида шавад.
Моддаи 49. Огоҳинома дар бораи оғози расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби  предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ
1. То оғози расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ гаравгир ӯҳдадор аст дар шакли хаттӣ ба гаравдеҳ огоҳинома фиристонад, ки он маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- маълумот дар бораи гаравдеҳ ва гаравгир;
- тавсифи инфиродӣ ё умумии предмети гарав;
- пешниҳод дар бораи иҷрои ихтиёрии ӯҳдадорӣ, аз ҷумла маблағи қарз дар мӯҳлати на камтар аз 20 рӯз аз лаҳзаи бо тариқи дахлдор супоридани огоҳинома ба гаравдеҳ;
- дигар маълумотҳое, ки гаравгир зарур мешуморад;
- санаи огоҳинома ва имзои гаравгир ё шахси ваколатдоркардаи ӯ.
2. Гаравгир ҳамзамон ба гаравгирони пешина ва минбаъда огоҳинома оид ба оғози расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби предмети гаравро мефиристонад.
3. Ҳангоми гирифтани огоҳинома дар бораи оғози расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав:
1) гаравдеҳ ҳуқуқ дорад:
- пешниҳоди гаравгирро дар бораи иҷрои ихтиёрии ӯҳдадорӣ қонеъ намояд;
- ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани асосҳои рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав муроҷиат намояд;
2) гаравдеҳ ӯҳдадор аст:
- огоҳиномаро моҳиятан мавриди баррасӣ қарор диҳад;
- на дертар аз 10 рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома оид ба қарори қабулнамудаи худ ба гаравгир ба таври хаттӣ ҷавоб диҳад.
4. Агар гаравдеҳ ба гаравгир оид ба қарори қабулнамудаи худ вобаста ба огоҳинома ҷавоби хаттӣ пешниҳод накунад, пас ин амал ҳамчун эътироф накардани асоснокии талаботи гаравгир дар бораи қарзи асосӣ ва рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав дониста шуда, барои муроҷиат ба суд асос шуда метавонад.
Моддаи 50. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби судӣ
Гаравгир дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ дорад ба суд бо даъво муроҷиат намояд:
- ғайриимкон будани рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст;
 - агар барои ба имзо расонидани шартномаи гарав розигӣ ё иҷозати дигар шахс ё мақом талаб карда шавад ва ин гуна розигӣ ё иҷозат гирифта нашуда бошад;
- агар предмети гарав амволе бошад, ки барои ҷомеа арзиши зиёди таърихию бадеӣ ё дигар арзиши фарҳангӣ дорад;
- набудани гаравдеҳ ва имконнопазир будани муқаррар кардани макони ҷойгиршавии ӯ;
- дар сурати эътироф накардани асоси талаботи гаравгир дар бораи қарзи асосӣ ва рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав.».
21. Дар қисми 1 моддаи 51 калимаҳои «банди 2 қисми 2 моддаи 44» ба калимаҳои «сархати сеюми қисми 1 моддаи 49» иваз карда шаванд.
22. Дар моддаи 53:
- аз қисми 3 калимаҳои «ё хароҷоте, ки мувофиқи қисми 5 моддаи 47 ҳамин Қонун сурат гирифтааст,» хориҷ карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«4. Ҳангоми фурӯши предмети гарав манфиати тиҷоратӣ дар назар дошта мешавад, агар:
- гаравдеҳ ҳангоми фурӯш усули аз ҷиҳати тиҷоратӣ манфиатнокро истифода намояд;
- аз фурӯши предмети гарав дар дигар вақт ё бо тарзи дигар назар ба вақт ва тарзи фурӯши интихобкардаи гаравдеҳ нархи нисбатан фоиданокро ба даст овардан мумкин бошад;
- гаравдеҳ предмети гаравро мутобиқи таҷрибаи тиҷоратии соҳибкороне, ки ба фурӯши чунин намуди амвол машғуланд, фурӯшад;
- усули фурӯхтани предмети гарав бо қарори суд тасдиқ шуда бошад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, №1117

ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 июни соли 2014, №1549

ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014, №704


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.08.2014    №: 155-156    Мутолиа карданд: 829

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед