logo

ҳуқуқ

ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ҚОНУНГУЗОРӢ

Ба таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ сол пур шуд. Марказ дар ташаккул ва рушди қонунгузории муосири кишвар нақши намоён дорад. Дар ин бора мухбирамон бо Маҳмад Раҳимзода, директори маркази мазкур, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, мусоҳиб шуд.

- Бигӯед, ки ба зиммаи марказ чӣ корҳое вогузор шудааст?
- Маркази миллии қонунгузорӣ 17 марти соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ин ниҳоди давлатӣ бо дар назар гирифтани талаботи ҷомеа ва бо мақсади такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳуқуқэҷодкунӣ, дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ ба мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ таъсис дода  шуда, муассисаи давлатии илмию таҳқиқотӣ ва иттилоотию таҳлилӣ мебошад. Марказ дар рафти фаъолияти худ ваколатҳои васеи назариявӣ, илмию амалӣ ва иттиллотию ҳуқуқиро иҷро менамояд. Вобаста ба ин самтҳо сохтори Маркази миллии қонунгузорӣ таъсис дода шудааст, ки аз роҳбарият ва шуъбаҳои қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният, муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ, соҳибкорӣ, молия, андозу гумрук, фаъолияти бонкӣ, масъалаҳои аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист, оид ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, илм, маориф ва шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ иборат аст.
Тибқи низомнома ба зиммаи марказ таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ, консепсияи лоиҳаи қонунҳо, таъминоти ташкилию методологии таҳияи лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ, меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуқуқии байналмилалӣ, лоиҳаи қонунҳо, мусоидат ба рушди илми ҳуқуқ, пешниҳоди таклифҳо ба ташкилотҳои дахлдор оид ба мавзӯъҳои таҳқиқотӣ дар соҳаи ҳуқуқ, гузарондани таҳқиқоти муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва интишори тафсири илмию амалии кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вогузор шудааст.

- То имрӯз ба чанд лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардидааст?
- Кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ то имрӯз барои баланд бардоштани сифати қонунҳо ва дар ҳамин замина бартараф намудани мухолифат байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо, инчунин пешниҳод намудани хулосаҳои ҳуқуқӣ оид ба лоиҳаи қонунҳои алоҳида ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда,  ба зиёда аз 700 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ пешниҳод намудаанд, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 3500 таклифу пешниҳодро оид ба такмили қонунгузорӣ дарбар мегиранд.                  
 Яке аз самтҳои фаъолияти марказ таҳияи лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва хуқуқии  байналмилалист. Таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ ва консепсияи лоиҳаи қонунҳо вазифаи дигари Маркази миллии қонунгузорӣ ба ҳисоб меравад. Марказ дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуд, ки он бо Фармони Президенти мамлакат,  аз 19 феврали соли 2011, №1021 тасдиқ шуд. Дар асоси консепсияи мазкур 6 Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаҳои гуногун барои солҳои 2012-2015 таҳия кард, ки аз ҷониби Ҳукумат аз 1 марти соли 2012, тасдиқ гардиданд.
Кормандони марказ дар ҳайати зиёда аз 100 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи кодексҳо, қонунҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ  дар соҳаҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, аз ҷумла, лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои хориҷӣ», «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи фаъолияти адвокатӣ ва адвокатура», «Дар бораи политсия», инчунин таҳияи лоиҳаи кодексҳои гражданӣ, меҳнат ва  ҷиноят дар таҳрири нав, таҳияи «Консепсияи такмили қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии танзими ҳуқуқии фаъолияти интернет, таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» фаъолона иштирок намуданд.   
Маркази миллии қонунгузорӣ тибқи низомнома самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти соҳаи илми ҳуқуқро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номгӯи зиёда аз 1000 мавзӯи илмӣ - таҳқиқотӣ муайян намуд.

Мавзӯъҳои илмӣ - таҳқиқотӣ ҳамаи соҳаҳои илми ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла, ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, молиявӣ, ҷиноятӣ, криминалогия, криминалистика, гражданӣ, соҳибкорӣ, оилавӣ, байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, мурофиаи гражданӣ, мурофиаи судии иқтисодӣ, мурофиаи ҷиноятӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқро дарбар мегирад.

- Барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тафсири қонунҳо нақши муҳим мебозанд. Саҳми кормандони марказ дар таълифи чунин тафсирҳо чӣ сон аст?
- Аз замони таъсис додани Маркази миллии қонунгузорӣ кормандони он зиёда аз 30 монография, тафсири қонунҳо ва маҷмӯи корҳои илмиро нашр намудаанд. Онҳо дар як муддати кӯтоҳ дар соҳаи илми ҳуқуқ мавқеи арзандаро сазовор гардиданд.
Яке аз корҳои эътирофгардида ва ҷавобгӯ ба талаботи Маркази миллии қонунгузорӣ ин таълифи тафсирҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар тайёр намудани онҳо олимони шинохта  ва кормандони соҳибтаҷриба ширкат меварзанд. Тафсирҳо характери илмӣ – амалӣ дошта, барои истифодаи доираи васеи кормандони соҳаи ҳуқуқ ва хонандагон равона шудаанд. Ба онҳо тафсирҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ҳамчунин тафсирҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми сеюм), Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (нашри дувум), Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
Дар солҳои сипаришуда бо ташаббуси марказ 27 конфронси илмӣ - амалии ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, симпозиум, семинарҳои илмӣ - амалӣ ва мизҳои мудаввар баргузор шуданд. Дар ин ҳамоишҳо намояндагони  мақомоти ҳокимияти давлатӣ, қонунгузорӣ, Шӯрои адлия, Прокуратураи генералӣ, мақомоти судӣ,  созмонҳои ҷамъиятӣ, олимону мутахассисони соҳаҳои ҳуқуқ иштирок намуданд. Дар онҳо мутахассисону коршиносон масъалаҳои инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, оид ба такмили қонунгузории гражданӣ, ҷиноятӣ, молиявӣ, бонкӣ, меҳнатӣ, байналмилалӣ, мурофиаи иқтисодӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод карданд, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонунҳо ба эътибор гирифта мешаванд.    
 Кормандони  марказ дар зиёда аз 200 конфронси илмӣ - амалӣ, мизҳои мудаввар ва семинарҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда,  маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

- Бигӯед, ки фаъолияти илмию таҳқиқотии кормандони марказ дар кадом сатҳ қарор дорад ва бо кадом созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ доред?
- Дар солҳои сипаришуда панҷ корманди марказ рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намудаанд. Дар баробари ин, 3 нафар корманди марказ ба навиштани рисолаи докторӣ ва 10 нафар рисолаи номзадӣ дар соҳаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, гражданӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ,  ҷиноятӣ ва конститутсионӣ  машғул мебошанд.
Аз соли 2011 маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ»-и Маркази миллии қонунгузорӣ мунтазам нашр мегардад. Кормандони маҷалла бо нашри мақолаҳои илмӣ, илмӣ - оммавӣ ва таҳлилӣ кӯшиш менамоянд, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти дуруст ҷараён гирад ва савияи дониши ҳуқуқии онҳо баланд бардошта шавад. Бо ин мақсад дар саҳифаҳои маҷалла масъалаҳои назариявии илми ҳуқуқ ва қонунгузории соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ, аз ҷумла ҳуқуқи конститутсионӣ, молиявӣ, андоз, ҷиноятӣ, маъмурӣ, гражданӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, бонкӣ, байналмилалӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мурофиаи иқтисодӣ, инчунин тафсири қонунҳо, таҷрибаи судӣ, таҷрибаи давлатҳои хориҷа дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ, навигариҳои қонунгузории Тоҷикистон ва як қатор мушкилоти дигари ҳуқуқӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода мешаванд.
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалие, ки дар масъалаи қонунгузорӣ фаъолият доранд, аз қабили Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), Ассосиатсияи байналмилалии Швейтсария, Агентии рушди байналмилалии Туркия, намояндагии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва дигар созмонҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар иртибот аст.

Мунаввари САФАР,
“Ҷумҳурият”


Раҳимзода Маҳмад Забир 10 августи соли 1954 дар ноҳияи Рӯдакӣ тавваллуд шудааст. Соли 1978 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм карда, соли 1985 рисолаи номзадиро дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва соли 2000 рисолаи докториро дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳуқуқии ноил шудан ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ» бомуваффақият ҳимоя намудааст.
Аз соли 1985 то соли 1993 ба ҳайси ҷонишини декан ва аз соли 1994 мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Солҳои 2000 - 2005 ва 2005 - 2009 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ 9 интихоб гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2009, №648 директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.08.2014    №: 158    Мутолиа карданд: 872

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед