logo

фарҳанг

БОБОХОН ҲАМДАМОВ – АВВАЛИН РАИСИ СУДИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе маҳаллаи Зарафшон - 2 ба номи арбоби давлатию ҷамъиятӣ, нахустин Раиси Суди Олии Тоҷикистон ва аввалин Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Сталинобод Бобохон Ҳамдамов гузошта шуд. 13 апрели соли равон маросими ифтитоҳи лавҳаи ёдгорӣ дар яке аз биноҳои ин маҳалла баргузор гардид.

Зимни сафар ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ин воқеаи фараҳбахш ба Мирзоҳаёти Мирзоолим, раиси Ҷамоати деҳоти Иван - Тоҷик мужда расондам. Ӯ бо хушҳолӣ иброз дошт, ки духтари Бобохон Ҳамдамов – Нозукой Ҳамдамова дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад. Ман дар маркази ноҳия бо зани нуронию хеле меҳрубон Нозукой Ҳамдамова  вохӯрдам.
- Падарам ба мо - фарзандон хеле меҳрубон буданду ҳамеша таъкид мекарданд, ки хонем, соҳиби маълумот бошем, ҳақбину ҳақгӯ ва ҳалолу покиза зистанро шиори зиндагии ҳамарӯзаамон қарор диҳем. Мо ҳама бо ҳидояти падар хондем ва соҳиби касбу кори гуногун шудем. Ман факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, чандин сол дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кор кардам. Ҳоло бознишастаам,- мегӯяд духтари Бобохон Ҳамдамов, муборизи роҳи озодӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшану Панҷакент. Ин марди шариф саргузашт, мубориза ва фаъолияти меҳнатиашро дар асараш «Бо номи халқ» таълиф кардааст, ки дар зери таҳрири Дилафрӯз Икромӣ соли 1976 ба табъ расидааст.
Бобохон Ҳамдамов 2 декабри соли 1902 дар деҳаи Ярми Кӯҳистони Мастчоҳ, дар оилаи камбағал таваллуд шудааст. Дар бистсолагӣ бо хоҳиши худ ба сафи Артиши сурх ворид шуда, бар зидди босмачиён дар Мастчоҳ, Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан), Ғончӣ, Шаҳристон, Ғарм, Регар, Яғноб, Шаҳринав, Пахтаобод, Ҷиргатол, Данғара, Ховалинг ва Шӯрообод муборизаҳои беамон бурдааст.
Бобохон Ҳамдамов аввалин ташкилкунандаи ноҳияи Ғозималик мебошад. Соли 1925 ӯро ба вазифаи раиси Шӯрои ҷамоатҳои Палдорак ва Ланглифи ноҳияи Мастчоҳ, сипас раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони вилояти Уротеппаву Панҷакент таъйин карданд. Бобохон Ҳамдамов соли 1926 ба сафи Ҳизби коммунист қабул шуд ва соли 1929 дар вазифаи ҷонишини раиси Округи Кумитаи иҷроияи Кӯлоб хизмат карда, ҳамзамон дар ноҳияҳои Данғара ва Арал чун намояндаи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон фаъолият дошт.
Мавсуф дар таъсиси шӯроҳо, кушодани мактабҳои аввалин, сохтани роҳҳо, ислоҳоти замин, ташкили хоҷагиҳо ва ҷамъоварии ҳосил дар Кангурт, Данғара ва Қизилмазор хидмати содиқона кардааст. 26 октябри соли 1929 бо қарори КИМ Тоҷикистон Суди Олӣ таъсис ёфт ва аввалин раиси он Бобохон Ҳамдамов таъйин гардид, ки қаблан раиси суди округи Ӯротеппаро ба зимма дошт. Аз моҳи майи соли 1932 то июли соли 1933 бо пешниҳоду тавсияи КМ дар вазифаи раиси шаҳри Сталинобод (Душанбе) кор кард. Баъди сафари Бобохон Ҳамдамов ба шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт- Петербург) ва мушоҳидаи биноҳои муҳташам, кӯчаву хиёбонҳои зебо дар Душанбе кӯчаҳо замонавӣ шуданду биноҳои зебо қомат афрохтанд.
Соли 1933 Бобохон Ҳамдамовро туҳмат карда, 8 моҳ ба ҳабс гирифтанд. Бори дуюм аз соли 1937 то соли 1939 дар зиндон буд. Бегуноҳиаш исбот гардида, бо қарори Ҳизби коммунисти Тоҷикистон боз ба сафи он пазируфта шуд. То соли 1944 вазифаи раиси хоҷагии  Коммунаро ба уҳда дошт. Аз соли 1944 то соли 1949 намояндаи масъули Вазорати маҳсулоттайёркунӣ, сардори идораи хоҷагии қишлоқ ва раиси Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мастчоҳ буд.
Солҳои 1949 - 54 раиси хоҷагии ба номи Андрееви ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, солҳои 1954 - 59 ҷонишини раиси колхози «Ленинград»-и ноҳияи Пролетар (Ҷаббор Расулов) ва аз соли 1959 то ба нафақа баромаданаш (соли 1961) раиси хоҷагии «Янгитурмуш»-и ноҳияи мазкур буд.
Фаъолияти меҳнатӣ ва корнамоиҳои Бобохон Ҳамдамов бо ордену медал ва мукофотҳои хотиравӣ, аз ҷумла орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шуҷоатнок», ифтихорномаҳои фахрии КМ ПК Тоҷикистон, Президиуми Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирон қадр шудааст.
- Ҳамон соле, ки ман донишҷӯ шудам, падарам дар беморхонаи Қарияи Боло хоб буданд. Мо - фарзандон доимо ба аёдаташон мерафтем. Китоби ғазалҳои Ҳофизи Шерозиро дар беморхона мутолиа мекарданд. Падарам байтеро дар як варақ навишта ба дасти хоҳари калониам доданд, пас аз чанд лаҳза онро қироат карданд:
Фориғ нашудам як даме аз фикри ҷаҳон,
Эй марг, биё, ки зиндагӣ моро кушт.

2 декабри соли 1972 Бобохон Ҳамдамов аз олам гузашт. Ӯро дар қабристони деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов дафн карданд.
Мувофиқи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 3 сентябри соли 1995 дар хоҷагии ба номи Б. Ҳамдамов нимпайкараи биринҷӣ гузошта шуд.
Ҳамчунин, мувофиқи қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз 1 феврали соли 1995, маҳаллаи Зарафшон, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, хоҷагӣ ва яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ба номи Бобохон Ҳамдамов гузошта шуд. Ӯ ҳамчун муборизи роҳи озодӣ дар Тоҷикистон ва аввалин Раиси Суди Олии Тоҷикистон ва нахустин Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Сталинобод хидмати содиқона карда, ҳамчун аввалин дар ёдҳо боқӣ мондааст.
Шоир мефармояд:

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2014    №: 160    Мутолиа карданд: 875
20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед