logo

илм

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «ИЛМРО ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН МЕГАРДОНЕМ»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи илм таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, аз ҷумла чунин гуфт: «Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи илмро дар баробари маориф ва фарҳанг самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ эълон намуда, ба хотири таҳкими асосҳои моддиву техникии Академияи илмҳо ва таъмин намудани фаъолияти самараноки муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст».
Дар робита ба ин мусоҳибаи Саидаи Фазлро бо президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ манзури шумо менамоем.


- Илм дар ҳар давру замон аз лиҳози рушд ё таҳаввул махсусияти худро дорад. Ба илми имрӯзаи тоҷик дар маҷмӯъ чӣ гуна баҳо додан мумкин аст?

-Фикр мекунам, илм дар ҳар куҷое бошад, баробар бо тамоми соҳаҳои дигари ҷамъият пеш меравад. Илми тоҷикистонӣ, ки мо ҳамчун як мерос онро аз замони шӯравӣ гирифтаем, имрӯз ҳам дар самтҳои гуногун бомуваффақият пеш рафта истодааст. Мо якчанд мактабу муассисаҳои илмие дорем, ки боиси ифтихор буда, дар сатҳи ҷаҳонӣ тадқиқотҳоро пеш бурда истодаанд. Махсусан, қайд кардан мумкин аст Институти астрофизикаро, ки дар он ба омӯзиши ҷисмҳои хурди заминӣ-метеоритҳо ва стеоритҳои наздизаминӣ ва баъзе ҷирмҳои осмонии дигаре, ки дар наздикии хати ҳаракати Замин ҳаракат доранд, машғулем. Дар ин самт бо истифода аз технологияҳои муосири компютерӣ мушоҳидаҳои метеорҳо, кометаҳо, астероидҳо ва пораҳои ҳамсафарҳои сунъии Замин гузаронида шуданд. Ин дастовардҳоро на ҳар институти ҷаҳонӣ бевосита мушоҳида карда метавонад. Мо дорои беҳтарин телескоп ва аз нигоҳи ҷуғрофӣ мавқеъ ҳастем. Ҳам ҳавои атмосферӣ нисбатан тунуктар аст ва ҳам кам будани газҳо дар болои қабатҳои атмосферӣ имкон медиҳанд, ки мо тадқиқотҳои хуби астрофизикиро ба роҳ монем.
 Аз тарафи дигар, институти бисёр фаъоли мо имрӯз Институти геология, сейсмология ва хадамоти физикӣ аст. Ба хусус, он шабакаи сейсмикие, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ аст, на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар арсаи ҷаҳон назир надорад. Яъне мо ҳар дақиқаву ҳар сония гуфта метавонем, ки вазъи заминҷунбӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ чӣ гуна аст. Ҳатто дар ҳудудҳои кишварҳои Афғонистон, Хитой мо пурра сабаби заминҷунбӣ, чуқурии заминларза, масофа то заминларзаро ҳамагӣ дар чанд сония муқаррар карда метавонем. Имрӯз шабакаи сейсмикии мо ба таври онлайн тавассути моҳвора пайваст шуда, аз ҳама тараф хабарро баробар мефиристонад. Коркарди онҳо ба таври худкор аз тарафи компютерҳои пурқуввате, ки насб шудаанд, сурат мегиранд ва маълумот ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар хоҳишмандон сари вақт пешниҳод карда мешавад.
Институти математика ҳам дастовардҳои беназир дорад. Он мактаби математикони мо, ки аслан Усмонов, Ҷӯраев ва дигарон дар он фаъолият доранд, хеле машҳур аст. Умуман, таҳқиқот дар соҳаи илмҳои математика дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, доир ба физикаи ҳолати конденсӣ, оптика ва электроникаи квантӣ ва акустика натиҷаҳои муҳим ба даст омаданд. Тавсияҳо доир ба амнияти ядроӣ ва радиатсионии мамлакат коркард ва татбиқ карда шуданд.
Институти физика дар самти тадқиқотҳои бунёдӣ, омӯзиши зарраҳои абарэнергияи кайҳонӣ, ки аз гузаштаи дури коинот то ба замин омада мерасанд, фаъолият мекунад. Ин стансия дар ҷаҳон ягона буда, дар баландии 4000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дар ин стансия моддаҳое, ки ҳамагӣ аз чанд сония пас аз нахусттаркиш тақрибан 13,5 млрд сол умр доранд, ба қайд гирифта мешаванд. Имрӯз таваҷҷуҳи олимони ҷаҳонӣ ба ин стансия хеле зиёд аст. Ният дорем экспедитсияи навбатии худро дар ҳайати олимони Федератсияи Россия, Олмон, Ҷопон, Хитой, Полша, ки, албатта, таваҷҷуҳи зиёд ба мо доранд, ба роҳ монем. Дигар дастгоҳҳо ҳам ба омӯзиши илмҳои бунёдӣ машғул ҳастанд.
Олимони соҳаи омӯзиши масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология омӯзиши усулҳои ҳисобгирӣ ва мониторинги ҳаҷми муфиди оби обанбори Норак ва зуд пешгӯӣ кардани ҷараёни солонаи оби дарёи Вахшро идома доданд. Кормандони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ усули аз обҳои чоҳӣ ва техникӣ ҷудо намудани уранро бо истифодаи сорбентҳои нави самаранок коркард намуданд. Олимон ва мутахассисони Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нави назди Академияи илмҳо неругоҳи офтобии дорои тавоноии 100 Вт сохта, аз озмоиш гузарониданд, ки он барои истифода дар хонаҳои истиқоматӣ, бӯстонсароҳо ба сифати манбаи эҳтиётӣ ва ё алоҳидаи таъмини барқ истифода мешавад. Олимони иқтисодшинос усулу роҳҳои бартараф намудани монеаҳои маъмуриву ҳуқуқии рушди соҳибкории саноатиро таҳқиқ намуданд. Фаъолияти олимони соҳаи демография ба омӯзиши сарчашмаи консептуалии рушди муҳоҷирати дохилии аҳолии ҷумҳурӣ, таъсири муҳоҷирати меҳнатии беруна ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таҳқиқи масъалаҳои оила аз нигоҳи муҳоҷирати аҳолӣ ва дигар масоили марбут ба муҳоҷират равона карда шуд. Аз тарафи дигар, олимони ҷомеашиноси мо низ имрӯз ба масъалаҳое рӯ оварданд, ки ба самтҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бевосита вобастагӣ доранд.
Ҷомеашиносон таваҷҷуҳи махсусро ба таҳқиқи масъалаҳои фалсафаи забон, масъалаи ҳастӣ ва худшиносӣ дар таърихи фалсафаи тоҷик ва ҳамчунин ба равияҳои муосири фалсафаи Ғарб ва мақоми онҳо дар афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ-сиёсии кишварҳои Шарқ равона намуданд. Олимони ҳуқуқшинос суннатҳои давлатдории халқи тоҷикро омӯхта, баъзе хусусиятҳои мақомоти амалисозандаи адолати судиро дар таърихи давлатдории тоҷикон муайян намуданд. Дар соҳаи илмҳои филологӣ омӯзиши таърихи адабиёти тоҷику форс, забон, фолклор ва сарчашмаҳои хаттии он идома ёфт.
Дар соҳаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ масъалаҳои вобаста ба пайдоиш ва инкишофи инсоният, ҷамоати ибтидоӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии таърихи халқи тоҷик дар давраи сабти фарҳанги хаттӣ, таърихи мусиқӣ, театр, меъмории халқи тоҷик мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтанд.
Имрӯз олимони мо осори Синоро дар 12 ҷилд омода намудаанд. Таърихи 6-ҷилдаи халқи тоҷик ҳам омодаи чоп аст. Ба чопи осори арзишманди гузаштагон шурӯъ кардем, таърихи сеҷилдаи фалсафа (то асрҳои миёна) низ дастраси хонандагон гардидааст.
Бояд гӯям, ки махсусан, баъд аз таъкиди Президенти кишвар фаъолияти академия ба самтҳои асосӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ бештар равона карда шудааст. Умуман, дастовардҳои мо баробари ба фаъолият пардохтани корхонаи истеҳсоли нитроген (азоти)-и моеъ, ки эҳтиёҷоти кишварро бо ин маҳсулот пурра таъмин карда метавонад, васл гардидани пойгоҳи хурди ҳозиразамони метереологӣ дар мавзеи Кондараи ноҳияи Варзоб, ки он имкон медиҳад ҳарорат, намнокии замин, интенсивияти нури Офтоб, миқдори боришот, суръати шамол, дарозии рӯз ва ғайра дар реҷаи онлайн зуд ва аниқ чен карда шаванд, таъсиси шуъбаҳои нав дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, таъсиси «Парки технологӣ», нашри асарҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, ба кор даровардани заминҳои зиёди бекорхобидаи Академияи илмҳо ва чанде дигар дар пешрафти илми тоҷик моро умедвор гардонда метавонад.
Дар маҷмӯъ натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии олимони Академияи илмҳо дар шаш моҳи аввали соли 2014 дар 599 кори илмӣ, аз ҷумла 45 китобу монография ва 554 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ба табъ расонида шуданд.
Фикр мекунам, ин ҳама дастовардҳо аз вазъи хуб ва умедбахши илми имрӯзаи тоҷик гувоҳӣ медиҳанд.

- Беҳтарин падидаи замон-технология баҳри пажӯҳишгарону илмомӯзон имконияти пешравӣ, аз ҷумла, дастрасӣ ба маводи зиёди илмиву таҳқиқотӣ, сарфанокии вақт фароҳам овард. Дар ҳамин ҳол сафи «тайёрхӯрон»-ро ин имконият зиёд гардонд. Ба назар мерасад, ки раванди ҳар чӣ зудтар соҳибунвон шудан рушд карда истодааст, яъне ин ҳолат моро дар теъдод (на дар сифат) муваффақ гардонда метавонад. Манзур нусхабардории корҳои илмист, ки барои рушди илм хатари зиёд дошта метавонад. Академияи илмҳо дар ислоҳи ин нуқсон чӣ иқдомеро пеш гирифтааст?

- Масъалаи он, ки тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ мушкилӣ дорад, дуруст аст. Сабаби асосӣ он буд, ки тибқи созишномаи ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия унвонҳои илмии мо аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии ин кишвар таъйид мегардиданд. Мо ҳам бо розигии ин кишвар ва дар чаҳорчӯбаи низомномаи он бояд фаъолият мекардем. Мутаассифона, чанд соли ахир фаъолияти баъзе шӯроҳоро қатъ гардонданд. Аммо мо чанд моҳ пеш аз Комиссияи олии аттестатсионӣ (ВАК)-и Россия ҳайати бонуфузро даъват кардем, мақолаҳои зиёде ворид гардида, ҳамкории хубро ба даст овардем. Моҳҳои сентябр-октябр қариб тамоми шӯроҳои диссертатсионӣ фаъол мешаванд. Дар ҳамин ҳол мо дар пайи таъсиси Комиссияи олии атестатсионии миллӣ ҳам ҳастем. Эҳтимол моҳҳои наздик ба ин хотир қарори дахлдори ҳукумат ҳам ба тасвиб расад. Дар хусуси афзоиши нусхабардорӣ дар шароити имрӯза бояд хотиррасон кунам, ки Комиссияи олии аттестатсионии Россия барномаи антиплагиат дошта, тамоми корҳои диссертатсиониеро, ки ба он дохил мешаванд, тавассути ин барнома мегузаронад. Хушбахтона, зимни суҳбат бо намояндагони Русия мо фаҳмидем, ки ягон кори тоҷикистонӣ баҳои манфӣ нагирифтааст. Яъне, то 30 дарсад нусхабардорӣ бошад, плагиат ҳисоб мешавад. Аз тарафи дигар, мо ба худи маҷаллаҳои илмие, ки дар Академияи илмҳо чоп мешаванд, ҳам дар «Маърӯзаи академикҳо» ва ҳам дар «Ахбори академикҳо» чунин барномаро васл кардем. Дар сурати ошкор шудани нусхабардорӣ мақоларо аз чоп бозмедорем. На танҳо дар мо, дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ин мушкил ҷой дорад. Умедворам, ин мушкил ҳалли худро ба зудӣ меёбад.

- Табиист, ки дар ҷаҳони муосир талабот ба омӯзиши илмҳои дақиқ зиёд аст. Аммо таваҷҷуҳи камтар ба илмҳои ҷамъиятӣ - гуманитарӣ ташвишовар менамояд…

- Баръакс аст, ҷомеаи мо қариб ҷомеаи гуманитарӣ шудааст. Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи камтар ба илмҳои дақиқ аст. Бубинед, ки дар тамоми макотиби техникиву технологӣ фанҳои гуманитарӣ меомӯзанд, вале дар ягон мактаби гуманитарӣ фанҳои дақиқро намеомӯзанд. Кам шудани соатҳои таълими илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ дар мактабҳои техникиву технологӣ ба манфиати кор аст. Чунки вақти зиёди донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои ғайриихтисос мегузарад. Имрӯз 70 дарсад ба фанҳои ихтисос, 30 дарсади дигар ба омӯзиши фанҳои ғайриихтисос равона шудааст. Дар хориҷа, ба истиснои кишварҳои ИДМ, ба хотири мутахассиси комил шудан ғайр аз тахассус дигар фан намехонанд. Баҳси ин масъала зиёд аст.

- Аз нигоҳи Шумо, кадом паҳлуҳои илми тоҷик ба пажӯҳиш ниёзи бештар доранд ва оё барои ҳалли ин масъала заминаҳо омода ҳастанд?

- Рости гап, мо бо супориши Ҳукумати Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмиро муайян карда истодаем. Яъне дигар таваккалӣ ба самтҳое, ки дар ҷумҳурӣ аҳамияти амалӣ доранд, даст намезанем. Ба ин хотир гурӯҳҳои корӣ аллакай таъсис ёфта, чанд маротиба ҷамъ шуда, маслиҳатҳо ҳам кардаем. Минбаъд мо ба илмҳое рӯ меорем, ки танҳо ба ҳаёти имрӯзаву ояндаи ҷомеа вобастагӣ дошта бошанд. Дар самти ҷамъиятшиносӣ ба фалсафаи рӯзгори мардум, дар соҳаи забон ба масъалаи ҳифзи тозагии он, дар самти илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ба масъалаҳое, ки эҳтиёҷоти ҷомеаро дар иқтисодиёти миллӣ нишон медиҳанд, ба коркарди маъдан, тағйирёбии иқлим ва парвариши навъҳои нави сабзавот ва дарахтон бештар рӯ меоварем. Институти зоология дар коркарди маводе, ки бар зидди паразитҳо мубориза мебаранд, хеле фаъолона кор карда истодааст. Мо маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиеро, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, пурра омӯхта истодаем, таъсирнокии онҳоро ба организми инсон омӯхта, баҳри пешгирии ҳар гуна ноомадиҳо тадбирҳо меҷӯем. Метавон гуфт, тақрибан он иқтидоре, ки академия дорад, ҳамзамон маблағгузориҳое, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ сурат мегиранд, ҳамчунин маблағҳои инвеститсионӣ баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои дар пешистода ба мо мусоидат карда метавонанд.
Мушкилот дар ҳақиқат барои дастрас намудани маводи химиявӣ, лабораторияву дастгоҳҳои ҳозиразамон, баъзе намуди технологияи нав, радиоактивҳо ҷой доранд, аммо мо роҳи ҳалли масъаларо ёфта истодаем.

- Дар ҳоле ки раванди пиршавии ҳайати олимони мо эҳсос мешавад, Академияи илмҳо дар ҷалб ва тарбияи ҷавонони боистеъдод чӣ тадбирҳоро пеш гирифтааст?

- Дар ҳақиқат, пиршавии ҳайати устодони унвондор хеле ташвишовар гаштааст. Дарде, ки дар донишгоҳҳо ҳаст, дар академия низ ҷой дорад. Синни миёнаи докторон имрӯз дар Тоҷикистон аз 65 боло, синни миёнаи номзадҳои илм аз 56 болост. Вале метавон гуфт, баробари ба фаъолият пардохтани низоми байналмилалии PhD ин мушкилӣ бартараф мегардад.
Имрӯзҳо ҷавонон ба Академияи илмҳо таваҷҷуҳи зиёд доранд. Барои ҷалби бештари ҷавонон Академияи илмҳо як қатор чорабиниҳоро пеш гирифт. Аз ҷумла, имсол бори аввал дар ҷумҳурӣ Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олиро барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намудем. Дар он аз рӯи 12 самт 300 нафар донишҷӯ ширкат намуданд. Аз ин миқдор 12 нафар соҳиби ҷом, зиёда аз 50 нафари дигар соҳиби роҳхат барои дохил шудан ба аспирантура гардиданд. Ғайр аз ин, 600 нафар мактаббача тибқи фаъолияти Академияи хурди илмҳо сабқат оростанд. Ба фаъолияти минбаъдаи ин хонандагон академикҳо назорат мебаранд. Имсол мо қабул ба магистартураро эълон кардем, ки хушбахтона, аз тамоми минтақаҳои кишвар довталабон ба он ҳуҷҷат супориданд. Айни замон 247 нафар дар аспирантура таҳсил мекунад. Дастоварди беҳтарини мо он аст, ки бори аввал 17 нафар аспирант ва 2 нафар докторант рисолаҳояшонро пеш аз муҳлат ҳимоя карданд.
Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон таъкид карданд: “Ягона тақозои давлат аз олимону муҳаққиқон ин аст, ки илмро ҳамқадами замон созанд. Ба ибораи дигар, илм бояд ба халқ хизмат кунад ва ба пешрафти давлат мусоидат намояд.» Мо кӯшиш мекунем, дастури Ҷаноби Олиро сармашқи кори худ қарор диҳем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2014    №: 164    Мутолиа карданд: 5982

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед