logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳои воридшуда Ғуфрон Бойматов, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд, Ганҷибек Музаффарбеков, сардори раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ҳайдаршоҳ Азимов, адвокати ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи
инсон ва риояи қонуният» дар вилояти Хатлон, ҷавоб мегӯянд.


- Бигӯед, ки оё маъюбони гурӯҳи  якум аз қитъаи замини наздиҳавлӣ андоз месупоранд?
Авазбеки Маҳмад,
маҷрӯҳи гурӯҳи 1, шаҳри Панҷакент.
 
- Тибқи муқаррароти қонунгузории андоз ҳамаи маъюбоне, ки бекор буда, аъзои оилаи қобили меҳнат надоранд, аз пардохти андози қитъаи замини наздиҳавлӣ ва заминҳое, ки ба онҳо барои сохтмони манзил ҷудо шудаанд, озод ҳастанд. Дар сархати 15, қисми 1, моддаи 274-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: қитъаи замини наздиҳавлӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил дар ҳолати мавҷуд набудани аъзои оилаи қобили меҳнат ба ҳамаи гурӯҳи маъюбони бекор ҷудо карда шудаанд, аз андози замин озод мебошанд.
* * *
-  Бо завҷаам аз соли 2012 бо никоҳи қонунӣ оила барпо намуда, аз зиндагии якҷояамон соҳиби фарзанд гардидем. Ӯ моҳи ноябри соли 2013 аз олам даргузашт. Айни замон тарбияи фарзандамон, ки як солу шаш моҳ дорад, ба зиммаи ману модарам аст. Ҳарчанд дар вақти зиндагии якҷоя мо амволи муштарак ҷамъ наоварда бошем ҳам, то бастани ақди никоҳ дар КФБТ- и шаҳри Қайроққум ба номи ҳамсарам амволи ғайриманқул дар намуди ҳуҷраи истиқоматӣ ба қайд гирифта шуда, соҳибмулки охирон ӯ маҳсуб меёбад. Ҳоло дар ин манзили истиқоматӣ хушдоманам зиндагӣ карда истодааст. 
Моҳи майи соли ҷорӣ ба идораи нотариали давлатии шаҳри Қайроқ-қум барои қабули ҳиссаи меросии худаму фарзандам ва гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мероси қонунӣ муроҷиат намудам. Нотариуси давлатӣ пас аз «азназаргузаронӣ» - и ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда гуфт, ки «ба амволи меросии ҳамсаратон ҳуқуқ надоред. Ба шумо ягон хел санад дода наметавонем». Мувофиқи қонун оё ману фарзанди хурдсолам ба амволи мероси марҳум ҳуқуқ надорем?
 Роман Беликов,
 шаҳри Хуҷанд

- Шумо, фарзанди хурдсол ва модарарӯсатон тибқи меъёрҳои муқар-рарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ворисони қонунии навбати аввал маҳсуб ёфта, ба молу мулки меросии ҳамсаратон ба ҳиссаи баробар ҳуқуқ доред. Зеро тибқи қисми дувуми моддаи 1166 Кодекси гражданӣ мероси қонуниро дар навбати аввал бо ҳиссаи баробар фарзандон (аз ҷумла фарзандхоншудагон), ҳамсарон ва падару модар, фарзандхондагони меросгузор ва кӯдакони шахси вафоткарда, ки баъди вафоти ӯ таваллуд шудаанд, мегиранд. Тавре  дар пурсиш зикр намудаед, ақди никоҳи шумо то дами вопасини занатон бекор нагардидааст ва шумо шавҳари қонунии ӯ боқӣ мондаед. Нотариуси давлатии шаҳри Қайроққум дар робита ба муроҷиати шумо посухи нодуруст додааст.
Дар қисми дувуми моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» омадааст:  нотариуси давлатӣ бо хоҳиши шахсе, ки ба вай дар ба ҷо оварда шудани амалиёти нотариалӣ рад карда шудааст, бояд дар шакли хаттӣ сабабҳои радро баён намояд ва тартиби аз болои ин рад шикоят карданро фаҳмонда диҳад. Дар ин мавридҳо нотариуси давлатӣ аз рӯзи муроҷиат дар бораи баҷооварии амалиёти нотариалӣ на дертар аз ҳафт рӯз оид ба рад намудани чунин амалиёт қарор қабул менамояд. Дар сурати аз тарафи нотариуси давлатӣ рад карда шудани баҷооварии амалиёти нотариалӣ, бинобар гузарондани муҳлати қабули мерос ё худ мавҷуд будани баҳс  байни ворисон шумо метавонед қарори рад намудани амалиёти нотариалиро дастрас намуда, якҷо бо дигар ҳуҷҷатҳои замимашаванда ба суд бо аризаи даъвоӣ «Оид ба тақсими мерос» пешниҳод намоед.
* * *
- Дар кадом ҳолатҳо кӯчондани шаҳрвандон аз манзили истиқоматии биноҳои фонди манзили давлатӣ ва ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст?
Устодони Донишгоҳи
давлатии Хоруғ


- Дар чунин ҳолатҳо шаҳрвандон аз манзили зист кӯчонда мешаванд:
- агар зарурати вайрон кардани хона ба миён ояд;
- агар хона (истиқоматӣ) бо мақсади ба иморати ғайриистиқоматӣ табдил додани он аз нав таҷҳизонида шавад;
- агар хона дар ҳолати садамавӣ қарор дошта бошад ва мумкин аст фурӯ равад.
 * * *
- Шавҳари маро бо ҳукми суд ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Мехоҳам аз ӯ ҷудо шавам. Барои ин чӣ ҳуҷҷат лозим аст ва ба куҷо бояд муроҷиат кунам?
Баргӣ, ноҳияи Ишкошим

- Мувофиқи қонун, агар яке аз ҳамсарон барои содир кардани ҷиноят бо ҳукми суд зиёда аз се сол аз озодӣ маҳрум шуда бошад, ҳамсари дигар метавонад яктарафа ақди никоҳро қатъ намояд. Аз ин рӯ, шумо ба мақомоти САҲШ бо ариза дар бораи бекор кардани ақди никоҳ  ва нусхаи ҳукми суд, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, муроҷиат намоед.
Мақомоти САҲШ дар муддати се рӯз ҳамсаратонро оид ба аризаи пешни-ҳодшуда ва санаи муқарраргардидаи бекор кардани ақди никоҳ огоҳ менамояд. Дар ин ҳолат қайди давлатӣ дар бораи бекор намудани ақди никоҳ, ки бо аризаи яке аз ҳамсарон буд, дар шоҳидии ӯ баъд аз як моҳи ариза амалӣ мегардад.
* * *
- Манзили истиқоматие, ки ба шаҳрвандон бар ивази хонаи қаблиашон пешниҳод мешавад, бояд ба кадом меъёрҳо ҷавобгӯ бошад?
М. Маҳмадраҳим,
сокини шаҳри Хоруғ

- Агар шаҳрвандон аз манзили истиқоматиашон кӯчонда шаванд, бар ивази он хонае пешниҳод мегардад, ки бояд вобаста ба шароити маҳали дахлдор барои зист мувофиқ бошад, ба талаботи муқарраргардидаи санитарию техникӣ мутобиқат кунад. Ба ин гурӯҳи шаҳрвандон манзили истиқоматӣ дар ҳудуди ҳамон маҳали аҳолинишин пешниҳод мегардад.
Ба маъюбон, пиронсолон, беморони гирифтори касалиҳои дилу раг ва дигар бемориҳои вазнин манзили истиқоматӣ бо дар назар гирифтани хоҳиши онҳо дар ошёнаҳои поёнӣ ё биноҳои лифтдор дода мешавад. Ҳангоми ҷудо намудани манзили зист дар як ҳуҷра ҷойгир кардани шахсони гуногунҷинси  аз ҳафтсола боло, ба ғайр аз зану шавҳар манъ аст. 
* * *
- Шавҳарам як сол пеш бар асари бемории қалб вафот кард. Мо бо никоҳи мусулмонӣ зиндагии якҷоя доштему соҳиби кӯдак шудем. Имрӯз ман наметавонам, ки нафақаи маҳрумӣ аз саробонӣ гирифта, зиндагиамро пеш барам. Дар мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини нафақа шаҳодатномаи муқаррар намудани падарии кӯдак ва ҳалномаи судро оид ба эътирофи падарии фарзандам пурсон шуданд. Ба ман маслиҳат диҳед, ки чӣ тавр ҳолати воқеияти эътирофи падарии шавҳарамро муқаррар карда, нафақаи маҳрумӣ аз саробонӣ гирам?
 Роҳатой,
 сокини шаҳри Қӯрғонтеппа

- Мувофиқи моддаи 51-уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати фавти шахсе, ки худро падари кӯдак эътироф мекард, вале бо модари ӯ ақди никоҳи қонунӣ надошт, далели падар донистанаш ба тартиби судӣ, дар асоси аризаи зан дар бораи муқаррар намудани воқеияти эътирофи падарии шахси фавтида муайян карда мешавад. Ҳалномаи суд асоси ҳуқуқии пайдоиши муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ мегардад ва кӯдак асоси қонунӣ ба ҳуқуқи гирифтани нафақа бо сабаби гум кардани саробон, ҳуқуқ ба мерос, ҳамчунин ҳуқуқи талаб кардан аз мақомоти САҲШ оид ба дохил кардани навиштаҷот дар бораи падараш мешавад.

Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо нишонии ё pursish @mail.ru бо телефони 238 – 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.

Шуъбаи ҳуқуқи
рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.08.2014    №: 165    Мутолиа карданд: 944

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед