logo

ҳуқуқ

РУШДИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳаёти осудаву ором ва рушди пайвастааш ҷойгоҳи муносиб касб кардааст. Ва оғози ин дастовардҳо ба солҳои навадуми асри гузашта рост меояд. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бар асари даргириҳои дохилӣ тамоми сохтори хоҷагии халқи мамлакат фалаҷ гашт. Гирдиҳамомадагон ба кори бонизоми Шӯрои Олӣ низ дахолат карда, монеаҳои зиёд ба вуҷуд оварданд.
Хушбахтона, дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар Қасри Арбоб баргузор гашт, вакилон ҷиҳати хотима бахшидан ба даргириҳои дохилӣ фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Сарвари навинтихоб дар ин давраи ҳассос баҳри наҷоти халқу кишвар барномаи амалеро рӯи даст гирифт, ки ҳадафи асосии он аз баргардондани гурезаҳо ба Ватан, хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, барқарорсозии тамоми рукнҳои давлатдорӣ, хоҷагиҳои валангоргашта ва таъмини ҳаёти осудаи мардум иборат буд. Барои татбиқи ин барнома заминаҳои воқеии ҳуқуқӣ, метавон гуфт, вуҷуд надоштанд. Зеро санадҳои қонунгузории даврони шӯравӣ ҳолатҳои нави бавуҷудомадаро пурра ифода карда наметавонистанд. Ҳамзамон муносибатҳои ба куллӣ нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тақозо менамуданд, ки Конститутсияи нав қабул карда шавад.
Таҷрибаи қабули қонунҳо дар кишвари мо солҳои бистуми қарни ХХ оғоз шудааст. Пас аз Инқилоби Октябр дар Осиёи Миёна буҳрони шадиди иқтисодӣ ва муборизаҳои сиёсию мазҳабӣ идома доштанд. Дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ягон сохтори мукаммал оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавҷуд набуд. Қазияҳо дар «суди қозигӣ»-и тоинқилобӣ аз рӯи шариату фиқҳи исломӣ сурат мегирифтанд. Ҳукумати нав бо қарори махсус судҳои қозигиро барҳам ва ба ҷойи онҳо судҳои халқӣ - шӯравиро таъсис дод. Соли 1924 суди округи Бухорои Шарқӣ арзи вуҷуд кард, ки оғози демократисозии соҳа гардид. 14 декабри соли 1924 Комиссариати халқии адлия таъсис ёфта, 18 феврали соли 1925 Тоҷиддин Сайфиддинов нахустин раиси он таъин гашт. Ду соли минбаъда судҳои халқӣ, судҳои округӣ ва шуъбаи тоҷикистонии Суди Олӣ амал мекарданд. Соли 1927 Сарсуди ҶМШС Тоҷикистон таъсис дода шуд. Соли 1929, пас аз ҷумҳурии мустақил шудан, Суди Олии ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфт. Солҳои минбаъда мақомоти судии кишвар такомул ёфтаву борҳо тағйироти сохторию кадрӣ сурат гирифта бошад ҳам, шеваи фаъолияти он ҳамчун таъминкунандаи адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд боқӣ монд.
Соли 1991 Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд. Рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ислоҳоти ногузири сиёсию ҳуқуқиро ба миён овард. Зарурат пеш омад, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил муносибатҳои ҳуқуқии худро бо дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба танзим дарорад. Нахустин санадҳои қонуние, ки барои ташаккули вазъи нави ҳуқуқӣ замина ба вуҷуд оварданд, Эъломия «Дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи эълон намудани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» мебошанд. Бар ин асос дар баробари дигаргуниҳои азими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ марҳала ба марҳала ислоҳоти ҳуқуқӣ низ гузаронда шуд ва дар робита ба он як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд.
Барои густариши минбаъдаи мақомоти судӣ санади олии ҳуқуқӣ - Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон таҳия ва 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Мутобиқи моддаи 84-и Сарқонуни кишвар «адолати судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд».
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат дигаргуниҳои куллии иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба амал омаданд. Дар ин раванд мебоист ҳадафҳо ва самтҳои ислоҳоти судӣ, идораи давлатӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва дигар соҳаҳо мушаххастар мегардиданд. Дар чунин шароит зарурати ба Конститутсия ворид намудани тағйиру иловаҳо ҳамчун амри табиӣ эҳсос мешуд. Аз ин ҷост, ки 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Сарқонун як қатор тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Аз ҷумла порлумони касбии доимоамалкунанда таъсис ёфт, муҳлати ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳафт сол, ваколатҳои судяҳо ба даҳ сол расонда шуд, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардиданд.
Маҳз дар ҳамин давра як қатор қонунҳои сифатан нав, аз ҷумла, кодексҳои мурофиавӣ-гражданӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноятӣ, силсилаи қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва қабул гардиданд. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин ҳама барои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии кишвар заминаи мусоид фароҳам оварданд.
 Мо, кормандони мақомоти судӣ, барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои дарпешистода - солгарди Истиқлолияти давлатӣ, 20- солагии Конститутсия ва 90- солагии ҳокимияти судӣ, инчунин иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ва таъмини адолати судӣ пайваста талош хоҳем кард.

Ҷаъмахон ҶАМИЛЗОДА,
котиби маҷлиси судии
Суди ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2014    №: 167    Мутолиа карданд: 711

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед