logo

ҳуқуқ

ҚОНУН БОЯД МУКАММАЛ БОШАД

Мубориза бар зидди нашъамандӣ дар ҳар давру замон механизмҳои гуногуни худро дошт. Ба назари мо, дар шароити кунунӣ яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин падидаи номатлуб қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии самаранок, назири қонунҳо, қарорҳо, фармонҳо, барномаҳо, стратегияҳо,  дурнамоҳо  мебошад. Хушбахтона, чунин санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти қонунгузор ва ниҳодҳое, ки дар доираи салоҳияташон ҳуқуқи қабул намудани онҳоро доранд, аллакай ба тасвиб расидаанд. Вале, баъзе аз санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ниёз ба тағйиру иловаҳо доранд.

Ба қонуни мазкур то имрӯз зиёда аз 4 маротиба тағйиру илова ворид шуда бошад ҳам, баъзе муносибатҳои нави ҷамъиятии дар ин самт бамиёномада дар он ифодаи пурраи худро наёфтаанд. Масалан, меъёр оид ба принсипҳои мубориза бар зидди нашъамандӣ. Тибқи талаботи техникаи қонунгузорӣ дар қисми умумии ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд меъёр оид ба принсипҳо ҷой дода шавад. Зеро дар амал татбиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бояд дар асос ва бо дар назар гирифтани принсипҳое, ки дар он ҷой дода шудаанд, ба роҳ монда шавад. Гузашта аз ин, чунин меъёр дар аксари қонунҳои давлатҳои узви ИДМ вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, ба мақсад мувофиқ аст, ки дар қонуни мазкур моддаи нав дар таҳрири зайл илова карда шавад:
«Моддаи 31 Принсипҳои асосии мубориза бар зидди нашъамандӣ
Муомилот бо воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар асоси принсипҳои зерин амалӣ гардонда мешавад:
- монополияи давлатӣ оид ба намудҳои фаъолияте, ки ба муомилоти воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ нигаронида шудааст;
- назорати давлатӣ оид ба фаъолият дар соҳаи гардиши воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо;
- назорати давлатии танзими гардиши воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва пешгирӣ намудани гардиши ғайриқонунии онҳо;
- иҷозатномадиҳӣ ба ҳамаи на-мудҳои фаъолияте, ки ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо вобастагӣ доранд;
- ҳавасмандгардонӣ оид ба профилактикаи нашъамандӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор;
- дастгирии давлатӣ оид ба тадқиқоти илмӣ ва пайдо намудани методҳои нави муолиҷаи бемории нашъамандӣ;
- ҳамкории байни мақомоти давлатии дар ин самт фаъолияткунанда ҷиҳати паст кардани сатҳи истеъмоли маводи мадҳушкунанда;
- васеъ намудани базаи иҷтимоӣ дар мубориза ва паҳнкунии моддаҳои нашъадор, аз ҷумла бо роҳи ҷалби шахсони хоҳишманд, иттиҳодияҳо, ташкилотҳо ва ғайраҳо;
- ҷалби ташкилотҳои ғайридав-латӣ оид ба тадқиқоти илмӣ ва пайдо намудани методҳои нави муолиҷаи бемории нашъамандӣ;
- таҳкими ҳамкориҳои байнал-милалӣ дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва ғайра».
Масъалаи дигаре, ки зикрашро бамаврид меҳисобем, дар қонуни мазкур ба таври маҳдуд ифода ёфтани баъзе меъёрҳо, аз ҷумла меъёр оид ба истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо бо мақсадҳои илмӣ, тиббӣ, фаъолиятҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, байторӣ мебошад. Имрӯз ин муносибатро қонуни мазкур дар доираи маҳдуд, аниқтараш дар доираи танҳо як модда (11) ба таври умумӣ ифода кардааст. Ҳангоми мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додани таҷрибаи қонунгузории давлатҳои узви ИДМ маълум гардид, ки дар қонунгузории онҳо ҳар яке аз ин муносибатҳо дар моддаҳои алоҳида ифода ёфтаанд. Масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Беларус «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва монандкунии онҳо», аз 13 июли соли 2012, истифодаи маводи мухаддир бо мақсади илмӣ, байторӣ, фаъолиятҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ, ҳар кадом дар моддаи алоҳида, нишон дода шудааст. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ мебуд, ки чунин тартиб дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» низ ифодаи худро ёбанд.
Гузашта аз ин, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» меъёре, ки тартиби гузарондани ташвиқоти зидди воситаҳои нашъадорро тавассути ВАО ва бо шеваҳои дигар муқаррар кунад, вуҷуд надорад. Ҳол он ки меъёри мазкур метавонист ҳамчун механизми иттилоотӣ дар пешгирии истеъмоли маводи нашъадор мусоидат намояд. Ба мақсад мувофиқ мебуд, агар дар қонуни мазкур моддаи нав дар таҳрири зайл илова карда шавад:
«Моддаи 151 Ташвиқоти зидди истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
1. Ташвиқоти зидди истеъмоли маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо аз ҷониби субъектҳои салоҳиятдор амалӣ гардонда мешавад.
2. Чорабиниҳои зидди истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо бо роҳҳои зерин амалӣ гардонда мешавад:
-  тавассути воситаҳои ахбори омма;
- нашри мақолаҳои илмӣ - оммавӣ, китобҳо, брошюраҳо, буклетҳо ва дигар воситаҳои чопӣ;
- тавассути барномаҳои радио, шабака ва сайтҳои интернетӣ;
- тавассути конфронсҳои илмӣ-амалӣ, мизҳои мудаввар, семинарҳо, лексияҳо, маърӯзаҳо ва баромадҳо.
3. Чорабиниҳои зидди истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ки тавассути воситаҳои ахбори омма амалӣ гардонда мешаванд, ба тариқи ройгон сурат мегирад».
Бо итминон метавон гуфт, ки ин санад ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пурра ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур ба мақсад мувофиқ аст, ки талаботи пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба назар гирифта шавад. Зеро аз сатҳу сифати қонун кафолати дар амал иҷро гардидани меъёрҳои он зич вобаста аст.

Ҷамшед ФАРХУДИНОВ,
корманди Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2014    №: 168    Мутолиа карданд: 685

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед