logo

илм

ОФАРИДАҲОИ ОЛИМОНИ ТОҶИК НАЗАРРАСАНД

Солҳои охир олимони мо дар бобати офаридани навъҳои нави рустаниҳо ва ба мақсади кишту парвариш ва минтақабоб намудани онҳо ба дастовардҳои намоён ноил шудаанд. Ҳоло қариб нисфи навъҳои ҳама гуна зироатҳои дар ҷумҳурӣ киштшаванда офаридаҳои олимони тоҷик мебошанд. Кор дар ин самт боз ҳам ҷоннок гардидааст. Хабарнигори “Ҷумҳурият” аз директори Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асоев хоҳиш намуд дар хусуси дастовардҳои солҳои охири олимону селексионерон андешаҳояшро иброз намояд:

- Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимону навоварон вазифаҳои муҳим гузошта, ихтирои навъҳои наву серҳосили зироатҳоро таъкид менамоянд. Кормандони мо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро ба роҳбарӣ гирифта, фаъолияташонро густариш дода истодаанд. Дар асоси қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 4 майи соли 2012, навъҳои пахтаи миёнанахи “Шарора-1020”, “Дӯстӣ - ИЗ”, нахуди калондонаи “Сино” ва ҷуворимаккаи “Зарафшон” минтақабоб дониста шуданд.
Инчунин бо қарори комиссияи мазкур навъҳои пахтаи миёнанахи “Хатлон”, “Хатлон - 2011”, “Насими Вахш”, гандуми мулоимдонаи “Лалмикор - 1”, “Фарҳодӣ - 60”, “АИКТ - 20”, “ИЗ - 80”, “Шумон” ва сахтдонаи “Лалмикор - 2” барои омӯзиш дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба таври расмӣ қабул шудаанд.
Олимони институт дар ин муддат барои офаридани навъҳои пахтаи “Шарора - 1020”, “Дӯстӣ - ИЗ”; нахуди калондонаи “Сино”, ҷуворимаккаи “Зарафшон” соҳиби 4 патент ва барои ихтирои мошину мошинолоти кишоварзӣ, аз ҷумла «Таҷҳизот барои ба навъҳо ҷудокунии бехмеваҳо» ва «Таҷҳизот барои ҷамъоварии бехмеваҳо» соҳиби 2 патент гаштанд.
Соли 2012 дар филиалу стансия ва хоҷагиҳои тобеи институт 660,7 тонна тухмии зироатҳои ғаллагӣ истеҳсол карда шуд, ки аз он 4,35 тонна суперэлита, 75,3 тонна элита, 320,9 тонна репродуксияи якум аст. Солҳои баъдӣ истеҳсоли тухмиҳо афзудааст.
Дар озмоишгоҳи биологии шуъбаи ҳимояи рустаниҳо ҳашароти фоидаовари хабрабракон ва тиллочашмак парвариш карда, дар давраи нашъунамои пахта дар хоҷагиҳои таҷрибавии «Зироаткор» дар майдони 15 га ва ба номи Дзержинскийи ноҳияи Ҳисор дар майдони 19 га бо мақсади пешгирӣ кардани ҳашароти кирми ғӯза, шира ва тортанаккана истифода бурда шуд. Ин усули биологии ҳимояи рустаниҳо имконият медиҳад, ки бе истифода бурдани заҳрдоруҳо самаранокии ҳимояи пахта аз ҳашаротҳои маканда ва хоянда дар тамоми давраи нашъунамо таъмин гардад.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 23 майи соли 2012 Президенти мамлакат, аз қитъаи намоишдиҳии пахтаи маҳиннахи гулаш пӯшидаи навъи “Авесто” дар хоҷагии ба номи Ҳайдар Мирови ноҳияи Ҳисор дидан намуда, ба кори олимони институт баҳои баланд дод.
Соли 2013 низ барои олимону селексионерони мо соли бобарор буд. Бо қарори маҷлиси Муассисаи давлатии Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2013 навъҳои пахтаи миёнанахи гурӯҳи миёнапази “Неъмат” ва гандуми “Ориён” дар қаламрави ҷумҳурӣ минтақабоб гардида, навъҳои пахтаи миёнанахи гурӯҳи миёнапази “Лочин”, “Б - 70”, сулии “Тоҷикӣ - 70”, ҳамчун навъҳои ояндадор дониста шуданд. Бо қарори комиссияи мазкур навъҳои пахтаи миёнанахи гурӯҳи миёнапази “Деҳқон”; пешпази “Сабз-Н”, “Искандар” ва “Тезпур”, ҷуворимаккаи “Баракат” ва “Ҳосилот”, арзани “Дурахшон”, зағири “Зарддона” ва маъсари “Шодмон” барои омӯзиш дар минтақаҳои ҷумҳурӣ расман қабул шуданд.
Дар натиҷаи тадқиқоти илмӣ кормандони шуъбаи механиконии кишоварзӣ барои такмил додани технологияи парвариши зироатҳои кишоварзӣ усули нави муосирро тарҳрезӣ намуданд. Ин усул аз коркарди хок, воридсозии нуриҳои минералӣ, тартиб додани пуштаҳо ва дар болои онҳо кишт кардани зироатҳои ғалладонагӣ ва сабзавотӣ иборат аст. Барои иҷрои ин технология мошинаи КМ - 2,4 «Зироаткор» ихтироъ ва намунаи таҷрибавии он сохта шуд. Ин мошин дар як гузашт амалиёти технологии коркарди болоии хок бо қабатнок ворид кардани нуриҳои минералӣ, тартиб додани пуштаҳо ва дар болои онҳо бо позаи васеънавор тухмии зироатҳои ғалладонагӣ ва сабзавотиро кишт менамояд.
Дар натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ муайян карда шуд, ки реҷа ва меъёри муътадили обёрӣ дар шароити сиёҳхоки Тоҷикистони Марказӣ барои гандуми навъҳои «Шокирӣ» 1976 м3/га ва ЭСИ - 10 ба миқдори 1910 м3/га се маротиба мебошад. Дар шароити санҷиши истеҳсолӣ ҳангоми риояи реҷаи муътадили обёрӣ ҳосили дони гандумҳои навъи «Шокирӣ» ба 46,4 с/га ва ЭСИ-10 ба 45,4 с/га расид. Ин реҷаи обёрӣ имконият медиҳад, ки ҳосилнокии дони гандум то 20-25% афзуда, хароҷоти об то 20% сарфа карда шавад.
Тибқи супориши Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсияномаи “Технологияи парвариши гандум ва рӯёнидани ҳосили на кам аз 50 с/га дар заминҳои обии Тоҷикистон” ва тавсияномаи “Маҳсулнокии намунаҳои ҷуворӣ ва арзани африқоӣ дар шароити Тоҷикистони Марказӣ” ба нашр расонида шуданд.
Дар нимсолаи аввали соли 2014 бо қарори маҷлиси ҷумҳуриявии Комиссия оид ба минтақабобгардонии навъҳои растаниии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2014, №1, пахтаи миёнанахи навъҳои гурӯҳи миёнапази “Б - 70”, “Лочин”; сулии “Тоҷикӣ -70” минтақабоб гашта, пахтаи миёнанахи навъҳои “Тоҷикистон”, “Хатлон - 2011”, гандуми “Файзбахш”, “Шокирӣ”, “ИЗ - 80” ва “Фарҳодӣ - 60” ояндадор дониста шуданд.
Бо қарори комиссияи мазкур пахтаи миёнанахи гурӯҳи пешпази навъҳои “Меҳнат”, гандуми мулоимдонаи “Фалғар,” “Истиқбол”, сахтдонаи “Қаҳрабо”, нахӯди “Ҷашни Ҳисор”, миёнапази “Хатлон -2014”, юнучқаи “Вахш - 471”, “Деҳқонбой - И”, ҷуворимаккаи “Истиқлол”; тамокуи “Заррина” ва “Каёнӣ” барои санҷиш дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба таври расмӣ қабул шуданд.
Барои ихтирои мошини муштараки КМ-2,4 “Зироаткор”, ки барои воридсозии нуриҳои минералӣ ва кишти васеънавори зироатҳои майдатухм таъин шудааст, аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” патенти TJ №429 гирифта шуд.
Дар шаш моҳи аввали соли 2014 китоби “Селексияи пахта ва роҳҳои такмилдиҳии он дар Тоҷикистон” иборат аз 16 ҷузъи чопӣ нашр гардида, ба олимону селексионерон ва мутахассисони соҳаи пахтакорӣ пешниҳод карда шуд. Инчунин китоби “Зироатҳои лӯбиёгӣ дар заминҳои обӣ ва лалмии Тоҷикистон” иборат аз 25 ҷузъи чопӣ ба табъ расид, ки барои кишоварзон дастури гаронбаҳоест.
Натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии олимони Институти зироаткорӣ ва муассисаҳои тобеи он дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба таври васеъ татбиқ шуда истодаанд. Мувофиқи маълумоти фаврии раёсатҳои кишоварзии вилояти Хатлон дар қаламрави вилоят соли ҷорӣ дар масоҳати 128 ҳазор га пахта кишт карда шудааст, ки аз он пахтаи ватанӣ 81 ҳазор га аз майдони умумии пахтаи вилоят ё 63,3%-ро ташкил медиҳад.
Навъҳои “Хуҷанд - 05” дар масоҳати 10 ҳазор га, “Ирам - 1МН” – 6,5 ҳазор га, “Хуҷанд - 67” – 6,2 ҳазор га, “Сорбон” – 5,6 ҳазор га, “Тоҷикистон” – 2,9 ҳазор га, “Неъмат” – 1150 га, Б-70 - 1060 га, ВД - 11 – 970 га, 9326-В – 490 га, “Авесто” – 100 га ва “Хатлон-2011” 40 ҳазор га татбиқ шудаанд.
Барои мустаҳкам намудани робитаи илму истеҳсолот байни олимони институт ва Ассосиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Раҳмон Набиев, Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи ба номи А. Ҷумъаев, Стансияи таҷрибавии Сомғар, хоҷагии деҳқонии ба номи Каримбой Маҳкам, хоҷагии деҳқонии ба номи Ҳошимбой Воҳидов, хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров; хоҷагиҳои деҳқонии «Сазовор» ва «Фаровон»-и ноҳияи Конибодом; хоҷагии деҳқонии «Авесто»-и ноҳияи Қубодиён, хоҷагии “Муборакшоҳ”- и ноҳияи Файзобод, хоҷагии деҳқонии Понғози ноҳияи Ашт, хоҷагии деҳқонии Тайлонови шаҳри Панҷакент, хоҷагии деҳқонии Холдор - Қипчоқи ноҳияи Шаҳристон, хоҷагии деҳқонии Нақибхон Туғрали ноҳияи Айнӣ, кооперативи истеҳсолии “20-солагии Истиқлолият”, хоҷагии деҳқонии “Меҳнат”-и ноҳияи Ҳисор шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда шудааст.
Имрӯз олимони мо ҳамчунин дар самтҳои селексия, тухмипарварӣ ва технологияи зироатҳои хӯроки чорво, зироатҳои равғандиҳанда, обёрии зироатҳо, самаранок истифодабарии заминҳои обӣ, механиконии истеҳсолот ва ҳимояи рустаниҳо кор бурда истодаанд.

Мирзои ФИРӮЗ,
 “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2014    №: 168    Мутолиа карданд: 6584

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед