logo

маориф

ДАР ОМӮЗГОРӢ ПИР ДОРАМ

Масъулони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи кишвар дар пешбурд ва такомули соҳаи ҷомеаи навин нақши муассир бозида, ба хотири рӯйи кор омадани истеъдодҳои ҷавон тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Ба ин муносибат журналист ва адиб Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод бо сармутахассиси хадамот Аълочии маорифи Тоҷикистон,  Маҳмадшариф Муродӣ суҳбат анҷом дод.

Гуфтам: Аввалан, роҳи шебу фароз паймудаи Шумо дар ҷодаи омӯзгорӣ аз куҷо маншагир аст то бад-ин ҷо?
Гуфт: Муҳити хонадони мо маърифатпарвар буд. Падари бузургворам муаллим Қара Мурод (ёдашон ба хайр!) маҷруҳи гурӯҳи дуюми ҷанги Олмон, як умр пайи таълиму тарбияи фарзандони меҳнаткашон машғул буданд. То нафасҳои вопас нони муаллимиро ҳалол карда хӯрданд. Дар симои падарам шахси пешқадами ҷомеаро медидам. Ҳавас мекардам, ки кош, ман ҳам рӯзе мисли ӯ сару либоси тозаву озода пӯшида, ба мактаб равам. Эҳтироми мардумро ба вай дида, дилбастагиям ба ин пеша зиёд мегашт.
Гуфтам: Пас, Шумо бо номаи камол ба кадом боргоҳи таълим рафтед?
Гуфт: Аз ҳаваси муаллимии падар ҳуҷҷатҳоямро ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб супурдам. Омӯзишгоҳро муваффақона хатм намуда, бо роҳхат ба зодгоҳ баргаштам ва ҳампаҳлуи падарам ба фаъолият пардохтам. Дертар баъди адои хизмати Ватан Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакиро хатм намуда, ҷиддитар ба кори мактаб рӯ овардам.
Гуфтам: Раванди таълиму тарбияи ҳамҷоя аз лиҳози рӯҳия ба Шумо душворӣ намеовард? 
Гуфт: На. Кулли омӯзгорони ноҳия аз таҷрибаи чандинсолаи ӯ меомӯхтанд. Ба фазилату инсони комил буданаш эътимод баста, сари ин ё он масоили маориф машварат меоростанд. Ҳангоми вохӯрӣ ё муроҷиат бо ифтихор «муаллим» мегуфтандаш. Падарам дар ғаму шодияшон мудом шарик буд.
Гуфтам: Шумо то ахир дар мактаби падар мондед ё…?
Гуфт: Ман ҳамеша дар мактаби падар мондаам, вале баъдҳо бо падар не.
Гуфтам: Чӣ боис шуда, ки аз паҳлуяш канор рафтед?
Гуфт: Маро ба вазифаи муовин, директори мактаб (1983-88), муовини директори филиали Техникуми политехникии Душанбешаҳр дар ноҳияи Ховалинг (1997), мудири шуъбаи ташкилии мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия (2003-2004), директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 - и ноҳия таъйин карданд. Аз моҳи майи соли 2006 инҷониб дар Хадамоти мазкур ба ҳайси мутахассис, мутахассиси пешбар, мудири бахш ва сармутахассис фаъолият дорам.
Гуфтам: Мафҳуми «омӯзгор» аз нигоҳи Шумо?
Гуфт: Омӯзгор, яъне, муаллим - тарбиятдиҳандаи насли наврас, омӯзанда. Содатар бигӯям, оне ки ба дигарон илму ҳунар ва маърифат ёд медиҳад. Ба ин маънӣ Рӯдакии бузургвор гуфта:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Гуфтам: Оё омӯзгори имрӯз рисолати касбияшро дар назди ҷомеа адо карда тавонистааст?                
Гуфт: Ба назарам чандон не.
Гуфтам: Чаро?
Гуфт: Садамаҳои зеҳнии солҳои 90-и асри гузашта дар кишварамон ва таҳаввулоти пурвусъати илму техникаи ҷаҳони муосир дар раванди таълиму тарбия мухолифат ба миён овард. Омӯзгор ва хонандаи ба қолиби замони шӯравӣ созгор дар дуроҳаи маънавӣ монданд. Аздусар бо роҳи ҷаҳонишавӣ қадам бояд бардошт. Татбиқи барномаҳои тестӣ бо идораи компютеру сомонаҳои интернетӣ  маҳаки асосии омӯзиш қарор гирифта, даводавҳои беҳудаи «тағо»-ҳоро аз байн рабуд. Зеҳни тезу нутқи бурро ва хиради воло ғолиб омад.  
Гуфтам: Шумо эътибори Ҳукумати ҷумҳуриро дар ислоҳоти соҳаи маориф дар чӣ мебинед?
Гуфт: Қонунҳои зиёде ба тасвиб расидаанд, ки ноҷӯриҳои соҳаро ба ислоҳ меоранд. Аз ин қабил метавон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро саривақтӣ ном бурд. 
Аз ин бармеояд, ки дар маҷмӯъ, ҳукуматдорон ба паҳлуҳои мухталифи масоили маориф дар кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Ин хуб аст, вақте ки давлат ба маориф пуштибонӣ дорад.
Гуфтам: Дар ҳошияи қонуни мазкур чӣ назар доред?
Гуфт: Таълими зина ба зина бояд ба роҳ монда шавад. Асосан таълими кӯдакони синни хурд ва томактабиро дар боғча ба роҳ монда, ҳар ҳафта бо чунин кӯдакон бобати шиносоӣ ба муҳити атроф, инкишофи нутқ, адабиёти бадеӣ, меҳнати дастӣ, риёзӣ (ҳисоб), мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ, рассомӣ, бозиҳои омӯзишӣ, забонҳои русӣ ва хориҷӣ машғулиятгузаронӣ аз манфиат холӣ нест. Зарур аст, ки кӯдакони хурдсол, миёнасол ва синни томактабие, ки дар деҳот ба сар мебаранд, ба мураббияҳои боғчаҳо ва макотиби наздик ба маҳали зисташон ҳамкорӣ намоянд. .
Гуфтам: Шумо зимни сафарҳо ба макотиби таҳсилоти миёнаи умумии мавҷуда назорат мебаред. Метавонед бигӯед, ки ду рукни муҳими такомули кӯдакон, наврасон ва ҷавонон - таълиму тарбия комилан риоя мешавад? 
Гуфт: Дар ин радиф қотеона мегӯям, ки ду омили асосӣ, яъне, таълим ва тарбия, нисбат ба солҳои пешин аз ҳам дур мондааст. Талаботи хонандаи даврони истиқлолият тамоман нав аст, ки инро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон сарфи назар намуд. Таълиму тарбияро дар шуури нав бо диди тоза боистӣ парвариш бидиҳем. Аммо аз уҳдаи ин амал на ҳамаи омӯзгорон баромада метавонанд.
Гуфтам: Чӣ гуна?
Гуфт: Ҳамон гунае, ки паҳлавони кӯчакро яку якбора ба майдони бузургпаҳлавонҳо меоранду аз навмашқӣ дасту пой гум мекунад ва наметавонад пурра неру биозмояд. Амиқан, ӯ дар ин набарди паҳлавонон шикаст мехӯрад. Қисмати зиёди муҳассилони аз деҳоти кӯҳистон ба шаҳр кӯчида манзараи болоро мемонад. Ҳатто зеҳният (интеллект)-и эшон ба муҳити шаҳр ҷавобгӯ нест. Зеҳни нопухта бори маънавиётро намебардорад.
Гуфтам: Яъне, хонанда ё толибилми имрӯза ба ҷаҳонишавӣ омода нест, ҳамин тавр?
Гуфт: Оре.
Гуфтам: Чӣ мебояд кард, ки ду омили пешрав, яке таълим ва дигаре тарбия, ҳамоҳанг бошанд?
Гуфт: Шумо нозук пай бурдед, масъулони Вазорати маориф ва илм  ва хадамоти назорати давлатӣ дар со-ҳаи маорифи ҷумҳурӣ кайҳо сари ин масъалаи хеле зарурӣ барномарезӣ кардаанд. Гузашта аз ин, соҳаи маориф ҳамеша зери ҳимояти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.  
Гуфтам: Урён бигӯям, хадамоте, ки Шумо дар самтҳои он ифои фаъолият доред, асосан ба чӣ корҳо салоҳият дорад?
Гуфт: Фаъолияти мутахассисони хадамот мутобиқи Низомномае, ки онро ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тасдиқ кардааст, инчунин, асноди меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба раванди сифати таълиму тарбия шурӯъ аз кӯдакистонҳо, дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзишгоҳҳо, литсейҳо, коллеҷҳо ва донишкадаҳо рабт мегирад. Ҳаллу фасли масоили фарогири иҷтимоиву маънавӣ вобаста ба муҳассилон, вазъи техникии боргоҳҳои таълимӣ ва монанди ин дар назар аст.  
Гуфтам: Натиҷагирӣ аз фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ба чӣ меанҷомад?
Гуфт: Дар бозгашт аз сафарҳо роҳбари комиссиюн афкори аъзоро ба таври хаттӣ мегирад. Тибқи бардоштҳои ҳар сафар ба унвони сардори хадамот муфассал ҳисобот ирсол мегардад. Аз рӯйи таҳлил бобати бурду бохти ҳайати боргоҳҳои таълимӣ хулоса бароварда мешавад.    
Гуфтам: Фаразан, чунин рух би-диҳад, ки дар озмуне истеъдоди ҷавонеро нодида бигиранд. Довталаб барои дарёфти ҳақиқат ба хадамот ариза бинвисад. Оқибаташ чӣ бор меоварад?
Гуфт: Комиссиюни босалоҳият аризаро санҷида, дар доираи таҳлили амиқу сареҳ ва мизони адолат ҳақро ба ҳақдор мерасонад.
Гуфтам: Шумо дар ҷодаи мао-рифпарварӣ киро устод мехонед?
Гуфт: Дар омӯзгорӣ пир дорам. Аввалустод - падарам мураббии меҳрубону дилсӯз ва сахтгири ман буд.
Гуфтам: Як тан аз меросбари падар, номи ӯро ба пасовандон чӣ гуна ҷовидон медоред?
Гуфт: Як умр, ки меҳнатдӯсту рӯ ба замин доштанд, мо, пайвандон, исмашонро дар «хоҷагии деҳқонии ба номи «Муаллими Қара» зинда доштаем.
Гуфтам: Тавре, ки маълум аст, ҳамасола донишкадаву донишгоҳҳои олии мамлакатмонро садҳо нафар хатм намуда, соҳибдиплом мегарданд. Вале дар корхонаву ташкилотҳо ҳамоно мутахассисони касбӣ намерасанд. Омили асосии ин падидаи манфиро дар чӣ мебинед?
Гуфт: То ҷое дарк карда бошам, ин ҷо сухан сари истеъдод, завқ ва ҳунар меравад?.. 
Гуфтам: Бале.
Гуфт: Ин нуктаи интиқодӣ боре дар чорабинии расмӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, садо дода буд. Чаро бештар аз 70 дарсади хатмкардаҳои макотиби олӣ аз рӯйи ихтисос кор намекунанд?
Ба андешаи инҷониб, дар қадами аввал ин ҷавонон нодуруст касб интихоб менамоянд. Дар ниҳодашон нисбат ба пешаи «интихобӣ» заррае шавқу ҳавас ва шӯру шарар надоранд. Қисмате аз хидмати аскарӣ гурехта, ба хотири маълумоти олӣ дипломро соҳиб мешаванд. Ё маблағро ба хазинаи донишгоҳҳо ирсол дошта, хоҳанд ба дарсҳо мераванд, нахоҳанд не. Ин хел ҳам мешавад, ки ному насаб дар дафтари сарпарасти гурӯҳ сабт аст, аммо пойи он «донишҷӯ» ба даргоҳи таълимӣ нарасида, яке мешунавем: «Ба Россия мардикорӣ рафтааст!». Аз чунин довталабони донишгоҳҳо ҳазор бор набуданашон беҳтар аст. Охир, ба номи пуршарафи донишҷӯ иснод меоваранд.
Гуфтам: Чун муҳовараи мо дар даврони таҳкими истиқлолият сурат мегирад, назари Шуморо дар ҳошияи ин мафҳуми муқаддас донистан мехостам.
Гуфт: Худи вожаи «истиқлол» ба озодӣ, мустақилият, соҳибихтиёрӣ ва мухторият расидан аст. Модоме чунин будӣ, Худованди карим барои миллати тоҷик ин неъматро арзонӣ ҳадя доштааст. Аз ин дидгоҳ ба қадри истиқлолият расидани ҳар кадоми мову шумо фарзу суннат хоҳад буд.
Гуфтам: Шумо дар вақтҳои фориғ аз фаъолияти хидматӣ ба чӣ шуғл меварзед?
Гуфт: Ба эҷодкорӣ.
Гуфтам: Агар махфӣ набошад, чӣ менависед?
Гуфт: Шеър иншо мекунам.
Гуфтам: Кадом мавзӯот диққати Шуморо бештар ба худ мекашанд?
Гуфт: Ватан - Модар, инсондӯстӣ, хайру эҳсонкорӣ, арҷгузорӣ ба аҳли зиё, манзараҳои марғуби диёри офтобӣ, ростиву растагорӣ ва ғайра.
Гуфтам: Дар боби аҳли маонӣ, билхоса, зиёиён чӣ матлаб гуфтаед?
Гуфт: Дар бисот се дафтари ашъор: «Насими ҷонбахш» (Душанбе, «Адиб»,2011), «Дуои падар» (Душанбе, «Шуҷоиён», 2011) ва «Гар муаллим набошад…» (Душанбе, «Шуҷоиён», 2013) дорам. Дастовардҳои илмиву омӯзгории ҳампешагони азизамро бо аксашон дар маҷмӯаи алоҳидае мураттаб сохтаам.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2014    №: 169    Мутолиа карданд: 654

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед