logo

ҳуқуқ

НАВАД СОЛ ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ АДОЛАТ

АБДУЛЛОЗОДА Орзу Зинатулло,
судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ

Ҳокимияти судӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ буда, дар таҳким ва пойдории истиқлолияти кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат нақши бузург дорад. Дар низоми давлатдории миллии тоҷикон таърихан ба ҳокимияти судӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, нишонаи адолат ва пояи бақои давлат муносибат менамуданд. Сарфи назар аз он, ки ин ҳокимият аз тарафи кадом мақом идора мегардид, ба одилӣ ва сифатҳои судяҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир мегашт.

Масалан, дар замонҳои қадим маҷлисҳои халқӣ ва пешвоён масоили ҳалталабро хеле ҷиддӣ баррасӣ мекарданд. Дар замони Ҳахоманишиён хшатрапавандҳо (баъдан сатрапиҳо) ҳамчун «ҳомии шоҳ», ки  роҳбарии кишварҳои маъмурии сатрапияҳо ба уҳдаашон буд, ваколатҳои судиро доштанд. Ҳанӯз аз ҳамон замон дараҷабандии судҳо маълум аст. Аз ҷумла дар бораи шаҳрдовар (судяи шаҳр), родэрон (судяи Эрон), сипоҳдовар (судяи аскар ё худ ҳарбӣ) маълумот мавҷуд мебошад. Гузашта аз ин, дар «Модигони ҳазор додситон» («назаре ба ҳазор масъалаи судӣ») ва дар наски Дотики Авесто («дотик» аз «дота», яъне адлу дод) ба ду навъи маҳоким – маҳокими урфӣ ва шаръӣ ишора шудааст. Дар он замон тобеияти парвандаҳо дақиқ муайян шуда буд. Масалан, парвандаҳои марбут ба талоқ, мерос ва васият аз ҷониби рӯҳониён баррасӣ мешуд. Дар замони Ҳахоманишиён мақоми хосаи дигар низ будааст, ки онро «хирадмандони ҳафтгона» меномиданд. Ин шӯро аз ҳафт наҷибзодаи порсӣ ва мод, ки ҳар яке донандаи хуби қонунҳо ва фармонҳои қадим буд,  ташкил ёфта, масъалаҳои муҳимро тибқи нишондоди шоҳ баррасӣ мекарданд.
Баъд аз ҳуҷуми арабҳо низ ба масъалаи адлу дод, додгустарӣ ва адолати судӣ таваҷҷуҳ кам нагардидааст. Масалан, дар давлати миллии Сомониён девони хоса бо номи девони қозӣ мавҷуд буд. Сарварии онро  Қозӣ-ул-қуззот  ба зима дошт. Шахсияти судя низ дар таъмини нуфузи ин мақом баланд мебошад. Масалан, дар бораи шахсияти қозикалони аморати Бухоро Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, ки ҳамчун маорифпарвар, адиб ва мутафаккир низ машҳур мебошад, аз асарҳои устод Садриддин Айнӣ маълумоти зиёде гирифтан мумкин аст.
Баъд аз ғасби Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ба ду қисм ҷудо шуд. Як қисми он ба ҳайати Бухорои Шарқӣ ва қисми дигар (уезди Хуҷанд ва қисми зиёди Помир) ба ҳайати генерал-губернатории Туркистон дохил шуданд. Мувофиқан дар Бухорои Шарқӣ қозиҳо ва дар генерал-губернатории Туркистон судҳои шоҳӣ фаъолият мекарданд. Дар ҳудуди генерал-губернатории Туркистон маҷмӯи санадҳои меъёрии мукаммал амал мекард, ки аксаран барои тамоми империя умумӣ буданд. Маҷмӯи қонунҳо дар бораи ҷазоҳои ҷиноятӣ ва муслиҳӣ (соли 1866), Таъсисоти қонунҳои судӣ, кодексҳои мурофиа - оинномаҳои судӣ, Оиннома дар бораи ҷазоҳое, ки судҳои оштидиҳанда муқаррар кардаанд аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Сарфи назар аз ин, генерал-губернатор ва губернаторҳои ҳарбӣ дорои як қатор ваколатҳое, назири бадарға кардан, ба ҳабс гирифтан буданд, ки амалан вазифаи судро фаро мегирифт. 
Баъди инқилоби шӯравӣ низоми давлатдорӣ ва ҳуқуқӣ тағйир ёфта, ин дигаргунӣ ба мақомоти судӣ низ бетаъсир намонд. Аввалин санад дар ин ҷода Декрет дар бораи суд №1, аз 22 ноябри соли 1917, мебошад.
Соли 1924 ҶМШС Тоҷикистон таъсис ёфта, аввалин мақомоти идоракунии он ташкил  шуданд. 7 ноябри соли 1924 қарор дар бораи таъсиси Комиссариати халқии адлияи ҶМШС Тоҷикистон қабул гардид. Ин мақом аввалин маротиба дар ҳудуди Тоҷикистон муассисаҳои судиро ташкил намуд.
Солҳои 1925 -1926 дар қаламрави ҷумҳурӣ судҳои халқӣ, судҳои округӣ, шуъбаи тоҷикистонии Суди Олии ҶШС Ӯзбекистон созмон ёфта буданд. Моҳи июни соли 1927 бо қарори КИМ ҶМШС Тоҷикистон шуъбаи тоҷикистонии Суди Олии ҶШС Ӯзбекистон барҳам дода шуда, Сарсуди ҶМШС Тоҷикистон ва дар вилоятҳо намояндагони Сарсуд таъсис ёфтанд.
Ҳарчанд масъалаи барҳамдиҳии судҳои кӯҳна (қозиҳо) дар ҶМШС Туркистон ва ҶХШС Бухоро ҳанӯз аз солҳои аввали барқароргардии ҳокимияти шӯравӣ гузошта шуд, вале  қозиҳо амалан баҳсҳои зиёдеро ҳал мекарданд. Танҳо 30 июни соли 1928 бо қарори КИМ ва ШКХ ҶМШС Тоҷикистон дар бораи дар ҷумҳурӣ барҳам додани маҳкамаи қозиҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи кӯҳна, ки онҳо татбиқ мекарданд, ин кор муяссар шуд.
Дар давоми солҳои баъдӣ дар Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустаҳкам шуда, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сифати навро касб намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат бо дар назар гирифтани аҳамияти бузурги нақши мақомоти судӣ дар кори мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба фаъолияти мақомоти судӣ диққати махсус медиҳанд.
Тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатиро ташкил медиҳад, ки ин барои таъмини боздорию мувозинат дар байни мақомоти давлатӣ нақши муҳим дорад. Беҳуда нест, ки таҷзияи ҳокимияти давлатиро ҳамчун нишонаи муҳими давлати ҳуқуқбунёд арзёбӣ мекунанд.
Тибқи муқаррароти конститутсионӣ фаъолияти ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз ҷониби судҳои босалоҳият ва дар асоси қонун ташкилёфта, дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб карда мешаванд, амалӣ мегардад. Моддаи 84 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дақиқан муайян карда шудааст. Мувофиқи он адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе таъмин мекунанд.
Барои таъмини мустақилияти судҳо дар даврони истиқлолият саъю кӯшиши зиёд  шуда, чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқии ин мақомотро пурра инъикос кардааст.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999, № 48 Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин ниҳод дар муносибат бо судҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъйин ва озод намудани судяҳои судҳои ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол менамояд. Гузашта аз ин, Шӯрои адлия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори судӣ, шумораи судяҳо, машваратчиёни халқии судҳо,  шумораи кормандони дастгоҳи судҳо, мукофотонидан ва додани дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳо пешниҳод ирсол намуда, масъалаҳоро оид ба таъмини кадрҳо, таъминоти молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳо мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ҳамзамон ба Сарвари давлат низомномаи комиссияи имтиҳонотии Шӯрои адлияро барои тасдиқ пешниҳод карда, дастурамал оид ба коргузориро дар судҳо тасдиқ ва дигар ваколатҳои муайяннамудаи қонуни конститутсионии мазкурро анҷом медиҳад.
Барои таъмини мустақилияти судҳо дигар тадбиру василаҳо мавҷуданд. Масалан, кафолатҳои зерини мустақилият мавҷуд аст:
- тибқи қонун интихоб, таъйин, озод ва бозхонд шудани судяҳо;
- дахлнопазирии судя;
- ба амал баровардани адолати судӣ тибқи тартиби муқарраркардаи қонун;
- махфияти машварати судяҳо  ҳан-гоми баровардани санадҳои судӣ;
- таҳти таҳдиди ҷавобгарӣ манъ будани ҳамагуна дахолат ба фаъолият вобаста ба таъмини адолати судӣ;
- барои эҳтиром накардани суд ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст;
- ҳуқуқи ба истеъфо баромадан, бо хоҳиши худ ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод шудан ва бозхонди судя;
- ташкил намудани ҷомеаи судяҳо;
- муҳайё намудани шароити ташкилию техникӣ барои фаъолияти судҳо ва ғайра.
Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Дахлнопазирии судя инчунин ба манзил, дафтари корӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқае, ки дар истифодаи ӯ қарор доранд, муросилот ва ашёю ҳуҷҷатҳои вай тааллуқ дорад. Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба судя танҳо аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешавад.
Судяи Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро бе ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ба ҳабс гирифтан мумкин нест.
Судяи Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоятӣ, Суди шаҳри Душанбе, суди шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди иқтисодии вилоятӣ, Суди иқтисодии шаҳри Душанберо бе ризояти Президентн Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ба ҳабс гирифтан манъ аст.
Ба ҳабс гирифтани судя фақат бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин мебошад. Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят. Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба судя фақат аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
Бояд зикр кард, ки судҳои ҷумҳурӣ дар пойдории давлати демократию ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, оромию субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми назарраси худро доранд ва имрӯз кӯшиши зиёдро дар ин самт ба харҷ дода  истодаанд. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи дуюми моҳи октябр ҳамчун Рӯзи кормандони адлия ва суд таҷлил мешавад.
Омӯзиш ва таҳлили фаъолияти судҳо нишон медиҳад, ки сол ба сол шароити моддию техникии судҳо ва вазъи  иҷтимоии судяҳо рӯ ба беҳбудӣ меорад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 300 судя фаъолият дорад, ки дар байни онҳо номзадҳои илм ва соҳиби унвону нишонҳои фахрӣ зиёданд. Ҳамчунин чандин нафар кормандони суд дар баробари фаъолият дар мақомоти судӣ ба фаъолияти илмию эҷодӣ ва омӯзгорӣ машғул буда, дар аспирантура таҳсил мекунанд.
Чунин мақоми воло масъулияти баландро низ аз судяҳо талаб мекунад. Бояд ҳар як судя кӯшиш намояд, ки сазовори ин номи баланд бошад ва ба халқу миллат хиёнат накунад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуда буданд: «фаъолияти судҳо бояд ба мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост».
Имрӯз, ки мо дар арафаи ҷашни навадсолагии ин мақоми бонуфуз қарор дорем, бояд бо дарки масъулияти таърихӣ фаъолият намуда, нагузорем то обрӯю эътибор ва шуҳрати он заррае коста гардад. Барои ин ҷидду ҷаҳд ва фаъолияти пурсамари ҳар як корманди мақомоти судӣ зарур аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2014    №: 169    Мутолиа карданд: 813

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед