logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1310 - солагии Имоми Аъзам, шаҳри Душанбе, 26 феврали соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Мӯҳтарам иштирокчиёни конфронс!
Ҳозирини гиромӣ!

Сараввал ҳамаи шуморо бо оғози Соли бузургдошти фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ва шахсияти барҷастаи олами ислом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ки чорабинии имрӯза ба он ибтидо мегузорад, самимона табрик менамоям.
Ин конфронс, ки дар маркази ҳамаи вилоятҳои кишварамон низ доир мегардад, бешубҳа,  натиҷаҳои  хуби  илмиву амалӣ хоҳад дод ва дар ин самт ба шумо барори кор орзумандам.
Баъди ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ равобити халқи тоҷик бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мамолики гуногуни олам маҷрои куллан тоза пайдо карда, андешаи миллии тоҷикон дар заминаи асолати таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва мероси фарҳангӣ рушди фарогир ёфт.
Дар ин росто, гуфтугӯи тамаддунҳо ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза табдил ёфта, роҳу равиши солими он барои ба ҳам омадани фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва худшиносии динии халқҳо, аз ҷумла халқи тоҷик заминаи мусоид мегардад.
Таърихи фарҳанги тоҷикон, ки яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ  ва ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва ғановатманд мебошанд, аз сарчашмаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ - тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ шодоб гардидааст.
Сарзамини ниёгони мо ҳанӯз аз оғози тамаддуни давлатдорӣ яке аз марказҳои маънавиёт, меҳвари воқеии фарҳанги асилу пешрафта ва арзишҳои зиндагисоз буда, дар амри пазируфтани арзишҳои неки тамаддунҳои дигари ҷаҳонӣ, аз ҷумла тамаддуни исломӣ бо таҳаввулоти рангине рӯбарӯ шудааст.
Дини мубини ислом тадриҷан бо тамаддуни ниёгони мо созгор омада, минбаъд низоми маънавӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аҷдоди моро хеле таҳким бахшид ва густурда сохт.
Дар ин раванд аввалин шахсе, ки гуфтугӯи фарҳангҳо ва тамаддунҳоро дар дохили уммати исломӣ матраҳ кардааст, Имоми Аъзам буд.
ӯ мазҳаби фиқҳиеро поягузорӣ кард, ки рафъи низои тамаддунҳоро дар чаҳорчӯбаи шаръии тамаддуни исломӣ осон гардонид.
Маҳз асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ дар масъалаи гуногуншаклии фарҳангҳо ва тамаддунҳо халқҳои зиёдро дар меҳвари арзишҳои ислом нигоҳ дошта, дар баробари ин тавонист, ки қаламрави нуфузи онро васеъ гардонад.
Оид ба зиндагӣ ва осори Имоми Аъзам андешаҳоямро ба таври муфассал дар мақолаву суханрониҳое, ки чанде пештар чоп шуданд, баён карда будам. Имрӯз, бо истифода аз фурсат, мехоҳам доир ба моҳияти ғояҳои таҳаммулпазирии мактаби эътиқодӣ ва  фиқҳи ӯ, инчунин дар хусуси омилҳои паҳншавии андешаҳои ин шахсияти барҷаста ва вобаста ба ин, дар хусуси вазъияти динӣ дар Тоҷикистон ибрози ақида намоям.
Чунон ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, асосгузори мазҳаби ақлии фиқҳӣ дар ислом Имом Абӯҳанифа барои ақидаҳои дорои хусусиятҳои нав ва таҳаммулпазири худ дар ибтидо ба муқовимати  иддае аз уламо ва ҳокимони давр дучор шуда буд. Бо вуҷуди ин, фиқҳи ӯ бо як суръати хеле назаррас ривоҷ ёфта, боиси паҳншавӣ ва нуфуз пайдо кардани ислом дар ҷаҳон гашт.
Мардуми Хуросону Мовароуннаҳр ва кишварҳое чун Ҳиндустону Туркия ба мазҳаби Имоми Аъзам таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекарданд, ки ин худ нишонаи беҳтарини созгории таълимоти ӯ бо ниёзҳои мардуми ин сарзаминҳо  мебошад.
Маълум аст, ки доир ба паҳншавии ислом дар ин кишварҳо, хусусан дар сарзамини Мовароуннаҳр андешаҳо гуногун буда, дар ин масъала омилҳои таҳмиливу иҷборӣ, ҳавасмандгардонӣ, инчунин ихтиёран қабул кардани ислом баробар ҳаққи вуҷуд доранд.
Лекин мазҳаби ҳанафӣ на бо амру зӯрӣ, балки ихтиёран, бинобар мутобиқати комили хеш ба талаботи маънавӣ ва оинҳои фарҳангии мардуми  Осиёи Марказӣ густариш ёфт.
Аз ин рӯ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам на танҳо барои халқи тоҷик, балки барои кулли мардумони Осиёи Марказӣ низ аҳамияти бузурги таърихиву амалӣ дорад.
Мазҳаби ҳанафӣ, ки сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва рифоҳу осоиши мардум ҳамчун рукнҳои асосии он дониста шудаанд, дар тӯли таърих дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷикон нақши беназир дорад.
Фатвои шаръии Имоми Аъзам доир ба истифодаи забони тоҷикии дарӣ ҳангоми гузоридани намоз ва ба ҷо овардани дуову фотиҳа, инчунин ба ин забон тарҷума ва тафсир кардани Қуръони карим,  мақому манзалати забони моро дар қаламрави хилофат хеле таҳким бахшид ва барои забони дуюми тамаддуни исломӣ шудани он роҳи васеъ кушод.  
Хизмати Имоми Аъзам дар ҳифзи забони тоҷикӣ, таҳкими мавқеъ ва густариши он бузург аст. Зеро забон яке аз нишонаҳои асосии ташаккули миллат мебошад. Агар ҷаҳду талошҳои ин фарзанди донишманди халқи тоҷик намебуд, дар ибтидои паҳншавии ислом доираи забони тоҷикӣ метавонист хеле маҳдуд гардад.
Дигар ин, ки маҳз ба шарофати ин шахсияти бузург заминаи ҳуқуқии рушди забон ва фарҳанги тоҷикӣ ба вуҷуд омад. Чунки тоҷикон ва дигар халқҳои форсигӯй, ҳарчанд шариати исломиро ҳамчун оини зиндагии худ қабул карданд, вале  махсусияти фарҳангиву мушаххасоти қавмии худро нигоҳ доштанд.
Ин аст, ки забони ноби тоҷикӣ забони расмии дарбори нахустин давлати мутамаркази халқи тоҷик - Сомониён ва чандин давлатдориҳои баъдина гардида, дар тӯли таърих мавқеи худро устувор нигоҳ  дошт.
Имоми Аъзам аз тамаддуни гузаштагони худ огоҳии комил дошт ва ба арзишҳои он эҳтиром мегузошт. Таваҷҷӯҳи ӯ ба эҳё ва тарғиби арзишҳову суннатҳои давлатдорӣ, озодиҳои сиёсӣ, мавқеъ ва мартаба пайдо кардани тамоми халқҳои мусулмони хилофат нишондиҳандаи пайванди қавии Имоми Аъзам бо тамаддун ва фарҳанги халқи худ буд.
Фиқҳи Имом Абӯҳанифа ҳамчунин барои рушди тамаддуни халқи тоҷик, ривоҷи фарҳанг ва илму адабиёти оламшумули он дар асрҳои минбаъда заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва динӣ гардид.
Яке аз бартариятҳои фиқҳи ҳанафӣ  дар он аст, ки он бештар ба усули ақлӣ такя мекунад. Таҳсили Имоми Аъзам бо илми калом оғоз гардидааст ва дониши дар ин илм андӯхтааш нерӯи фикрӣ ва андешаи ӯро бисёр тақвият бахшидааст.
Ин аст, ки Имом Абӯҳанифа ҳамеша аз усули ақлӣ васеъ истифода карда, онро тадриҷан хеле такмил додааст. ӯ дар илми фиқҳ қоидаҳоеро мураттаб сохт, ки дар асоси онҳо фиқҳи исломӣ  ба ҳаёти мусулмонон ворид гардид.
Қуръон, суннат, иҷмоъ, қиёс, истеҳсон ва урф аслҳои фиқҳи Имоми Аъзам мебошанд.
Иҷмоъ, ки қарори якҷояи уламои динӣ дар масоили фиқҳӣ буда, уламо онро ҳуҷҷат қарор додаанд, пас аз Китоби Худои таоло ва суннати Паёмбари акрам яке аз аслҳои фиқҳи Имоми Аъзам мебошад. 
Дар асарҳои таърихӣ гуфтаҳои маъруфи зерин аз Абӯҳанифа ривоят шудааст: "Ман аз рӯи Китоби Худо кор мегирам, чун онро пайдо накардам, суннати Паёмбари Худоро ба кор мебарам. Ва чун на китоби Худоро пайдо кардам ва на суннати Паёмбари Худоро, қавли ёрони ӯро ба кор мегирам".   Яъне Имоми Аъзам бо пайравӣ аз саҳобагон қавли онҳоро ба кор мебурд.
Абӯҳанифа урфро яке аз аслҳои фиқҳӣ медонист ва ҳангоме ки аз Китоб, Суннат, иҷмоъ, қиёс ва истеҳсон далел ё ҳуҷҷате пайдо намекард, ба урф рӯй оварда, онро истифода мекард.
Урфро Абӯҳанифа ва ёронаш ҳуҷҷат медонистанд. Далели шаръии Имоми Аъзам дар эътирофи урф он буд, ки Абдуллоҳ ибни Масъуд ҳадисеро ба мазмуни зайл ривоят кардааст: "Чизеро, ки мусулмонон нек диданд, он назди Худо ҳам нек аст".
Мусаллам аст, ки Имоми Аъзам дар тавзеҳи фиқҳ аз расму оинҳои  сарзамини аҷдодии худ бештар истифода кардааст, на аз қонунҳои римӣ, чунон ки баъзе шарқшиносон иддао доранд.
Зеро, тавре ки аз маълумоти манбаъҳои таърихӣ бармеояд, дар он рӯзгор имконияти интишор ва дастрасии асарҳои ҳуқуқшиносони римӣ дар қаламрави хилофат хеле маҳдуд будааст. Аз ин лиҳоз, дар фиқҳи Имоми Аъзам таъсири фарҳанги ҳуқуқии аҷдодии ӯ, ки низоми густурдаи давлатдорӣ ва ҳуқуқии қадима доштанд,  баръало таҷассум ёфтааст.
Бахши муомилот қисми таркибии  фиқҳи Имоми Аъзам мебошад, ки ба масоили дунявӣ ва амволӣ тааллуқ дорад. То замони ӯ аҳкоми марбут ба муомилот дар сатҳи ибтидоӣ қарор доштанд. Имом Абӯҳанифа дар ислом аввалин фардест, ки қоидаҳои муомилотро гурӯҳбандӣ карда, тарзи дурусти истифодаи онҳоро пешниҳод намудааст.
Ҳатто меъёрҳои ҳуқуқии исломро, ки барои танзими муносибатҳои аҳли ғайримусулмон равона шуда буданд, Имом Абӯҳанифа тарзе ҷоиз медонист, ки таҳаммулпазир бошанд ва сабукӣ оваранд. Чунончи, ӯ аҳли ғайримусулмонро дар тиҷорат монанди мусулмонон озод қарор додааст. 
Гуфтаҳои боло шаҳодати равшани онанд, ки мазҳаби ҳанафӣ дорои ғояҳои таҳаммулпазирӣ ва мадоро буда, аз назари амал низ саҳл аст.
Дар Қуръони маҷид омадааст, ки Худованд бар бандагонаш осониро мехоҳад, на сахтиро. Расули акрам низ мегӯяд, ки ман барои шумо як шариати осон ва нарм овардаам.
Чунон ки мебинем, фиқҳи ҳанафӣ бо ин фармудаҳои Худову Расули акрам комилан мутобиқ мебошад.
Ин амр мусаллам ва қатъист, ки агар фарде ягонагии Худо ва пайғамбарони ӯро қабул карда, онро бо қалб ва забони худ эътироф намояд, ӯ тибқи ҳукми Қуръони маҷид мусулмон аст. Дар ҳамин асос Имом Абӯҳанифа ҳатто пайравони дигар фирқаҳои тундрави диниро кофир намехонд.
Лекин дар замони зиндагии Имоми Аъзам баъзе зоҳирбинон  барои хурдтарин иштибоҳе фатвои куфр содир мекарданд. Ва минбаъд ба сабаби пайдоиши гурӯҳу фирқаҳои мухталиф селобе аз фатвои куфр ҷорӣ шуд. Ҳар фирқаву гурӯҳ ҳарифашро ба куфр ҳукм мекард. Вале Абӯҳанифа дар ҷавоби ин фитнаи ҷаҳони ислом бо садои баланд мегуфт: "Мо ягон нафаре аз аҳли қибларо кофир намехонем". Яъне аҳли қибла ҳама мӯъмин ҳастанд.
Мутаассифона, минбаъд низ  ин фармудаи бисёр арзишманди Имоми Аъзам чандон ба эътибор гирифта намешуд, вагарна мо шоҳиди аз тарафи баъзе фақеҳон кофир хондани бузургтарин донишмандон, ҳамчун шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, ҳуҷҷатулҳақ Носири Хусрав, ҳаким Умари Хайём,  шайх Муҳиддини Арабӣ, шайх Абдулқодири Гелонӣ, шоирони маъруф Бадриддини Ҳилолӣ,  Камолиддини Биноӣ  ва дигарон  намешудем.
Имрӯзҳо низ ин амал идома дорад ва дар мавъизаҳои баъзе муллоҳои зоҳирбини мо садои ба куфр ҳукм кардани мусулмонон ва ҳатто кофир эълон кардани якдигар баланд мешавад, ки чунин рафтор комилан хилофи мазҳаби Имоми Аъзам мебошад.
Назари воқеъбинона ба моҳияти мазҳаби Абӯҳанифа нишон медиҳад, ки  он дорои ганҷинаи ғании илмиву  фикрӣ буда, ба ҷаҳон ва инсон нигоҳи комил дорад ва метавонад посухгӯи бисёр ниёзҳои асосии имрӯзу фардои пайравонаш бошад.
Зеро арзишҳои аслии он ба ҳуқуқи инсонӣ, адолати иҷтимоӣ, озодии андеша ва даъват ба созишу мадоро, дурӣ аз хушунат, таҳаммулгароӣ ва амсоли ин такя мекунанд.
Ба назари мо, сирри бузургӣ ва ба яке аз мазҳабҳои бонуфузтарини дини мубини ислом табдил ёфтани мазҳаби Имоми Аъзам дар муқаррароти зерини таълимоти ин абармард маҳфуз аст:
якум, аз Қуръон ва аҳодис мутобиқ ба давру замон, шароити таърихӣ ва манфиати умум  маънибардорӣ кардан;
дуюм, эътироф кардани ақл ва хирад ҳамчун асоси ҳалли масъалаҳои нави иҷтимоӣ;
сеюм, таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ба урфу таомули мардум, дар сурати ба аҳкоми исломӣ мухолиф набудани онҳо ва манбаи фиқҳӣ қарор додани онҳо;
чорум, боз мондани дарвозаи мазҳаби хеш барои дастовардҳо ва арзишҳои ояндаи инсонӣ.
Дӯстони гиромӣ!
Ҳуқуқ ба озодиҳои динӣ аз ҷумлаи арзишҳои бузург ва олии ҷомеаи мутамаддини башарӣ мебошад.
Дар робита ба ин, бори дигар мехоҳам таъкид намоям, ки Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои динии инсонро таъмин ва ҳифз намуда, татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ кафолат медиҳад.
Имрӯз дар асоси ин муқаррароти конститутсионӣ шаҳрвандони кишвари мо ниёзҳои эътиқодии худро озодона ва ихтиёрӣ амалӣ мегардонанд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дин ва ташкилотҳои динӣ барои шаҳрвандон тамоми шароит ва имкониятҳоро фароҳам овардааст, то ки онҳо аз ҳуқуқу озодиҳои худ бе ҳеҷ гуна мамониат ва мушкилот истифода баранд. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо доир ба масоили динӣ аз лиҳози заминаи ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ ягон  мушкили ҷиддӣ вуҷуд надорад.
Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки вобаста ба талаботи давру замон зарурати такмил додани сиёсати давлат оид ба дину диёнат ва қабули санадҳои меъёрии нав дар ин соҳаи ҳаётан муҳими кишвар ошкоро эҳсос мегардад.
Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ" қариб чордаҳ сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла дар ҳаёти маънавии ҷомеа  дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
Бо дарназардошти ҳамин зурурат, тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шуданд, ки то моҳи сентябри соли 2009 Консепсияи сиёсати давлатиро оид ба дин таҳия намоянд.
Ҳукумат лоиҳаи қонунро "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" бо ҷалби доираи васеи коршиносон таҳия намуда, баъди муҳокимаҳои тӯлонӣ, аз ҷумла дар Шӯрои ҷамъиятӣ,   маъқул донист ва онро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод кард.
Дар айни замон, дар саросари кишвар як навъ вусъат ёфтани равандҳои худшиносии динӣ, беш аз пеш рӯ ба афзоиш ниҳодани таваҷҷӯҳи ҳам ниҳодҳову созмонҳои мухталифи дохиливу хориҷӣ ва ҳам шаҳрвандони алоҳидаи мамлакат, умуман кулли ҷомеа ба масъалаҳои диниву эътиқодоти динӣ баръало мушоҳида мегардад.
Дар ин раванд, кор ба ҷое расидааст, ки густариши шуури динии   баъзе гурӯҳҳо барои ҷомеаи мо ҷанбаҳои ғайримақбул пайдо карда, ба ҷараёни таҳкими ваҳдати миллӣ таъсири манфӣ расонида истодааст.
Дар чунин шароит зарур аст, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи дин, бахусус таълимоти Имоми Аъзам ва фалсафаи он мавриди таваҷҷӯҳи махсус қарор дода шавад. Олимону мутахассисон бояд паҳлӯҳои мухталифи ин масъаларо мавриди таҳлили амиқ қарор диҳанд.
Дар баробари ин, арзишҳои динӣ бо шаклҳои ба миллати мо хос бояд дар ҳамбастагӣ бо фарҳанги миллӣ ҳамчун як қисми таркибии он арзёбӣ карда шаванд. Зеро яктарафа баҳо додан ба чунин масъалаи нозук метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад.
Аз ин лиҳоз, ҳангоми омӯзиш ва эҳёи арзишҳои динӣ зарур аст, ки ба ҷавҳари таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам диққат дода шавад.  
Ҷомеаи инсонӣ доимо дар инкишоф буда, зиндагӣ тағйирпазир аст ва  ин равандҳо рушду такомули доимӣ ва мутобиқгардонии арзишҳои олиро ба ҳаёти имрӯза талаб менамоянд. Зеро солҳои охир баъзе марказҳои исломшиносии ғарбӣ ҳангоми арзёбии таълимоти тобноки ислом ва арзишҳои он дар баъзе мавридҳо аз воқеият дур мераванд. Онҳо исломро гоҳо ҳамчун як ҷараёни сирф сиёсӣ ва ҳатто харобкор ва гоҳе чун як мактаби маънавии хушку холӣ бо маросимҳои ҳатмии тоқатфарсо муаррифӣ мекунанд.
Дар робита ба ин, ман борҳо аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ақидаҳои худро баён кардаам ва ҳоло бори дигар таъкид месозам, ки дини ислом дар зоти худ ягон айб надорад ва ба сарчашмаи хушунат нисбат додани он куллан бепоя аст. Зеро ислом ҳамчун фарҳанги волои инсонӣ ва манбаи бузурги ахлоқӣ хушунату зӯровариро бо тамоми шаклҳои зуҳуроти онҳо маҳкум мекунад.
Бо мақсади ба роҳ мондани омӯзишу таҳқиқи воқеъбинона, таҳлили амиқи илмии таърихи дини мубини ислом ва нақшу мақоми он дар ҷаҳони муосир чанде пеш дар кишварамон Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Мушаххас намудани мавқеъ ва нақши дини ислом дар ҷаҳони муосир, таъсири омили исломӣ ба муносибатҳои байналмилалӣ, робитаи мероси исломӣ бо фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баррасии илмӣ ва объективии равияҳои динӣ нақши мафкуравии онҳо дар ҷомеаи исломӣ, муколама ва таъсири мутақобили байни динҳо ва тамаддунҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷае мебошанд, ки дар назди ин марказ гузошта шудаанд.
Маълум аст, ки нақши дин дар зиндагии инсон ва робитаи он бо ниҳодҳову сохторҳои иҷтимоӣ ва таҳаввулоти фарҳангӣ калон аст.
Хусусан дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки   дину диндорӣ дорои ҷиҳатҳои хос буда, аз ҷумлаи муҳимтарин соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.
Агар ба ҳолати дину диндорӣ аз дидгоҳи манфиатҳои миллӣ назар андозем,  имрӯз онро  метавон дар сатҳи начандон баланд арзёбӣ кард. Чунин ҳолат барои баъзе доираҳои сиёсӣ ва динии дохиливу хориҷӣ айни муддао мебошад.
Зеро ноогоҳии мардум аз арзишҳои умумиинсонии дини мубини ислом, нодида гирифтани осори шахсиятҳои бузурги динии халқи худ, аз ҷумла Имоми Аъзам метавонад барои ҳар гуна таблиғоти ифротӣ ва экстремизму радикализми динӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.  
Дар робита ба ин мехостам диққати шуморо ба як ҷанбаи дигари ҳаёти ҷомеа ҷалб намоям. Мо бо  майлу иродаи мардум асосҳои дахлнопазири конститутсионӣ - соҳибистиқлолӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявиятро интихоб намудаем.
Дар самти робитаҳои хориҷии худ сиёсати дарҳои кушодаро пеш гирифтаем. Ин ба Тоҷикистон имконият дод, ки бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мутақобилан судмандро ба роҳ монад.
Лекин дар баробари шиносоии бештар бо фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳои дигар мо ба кишварамон ворид шудани баъзе унсурҳои манфӣ ва барои ҷомеа номатлубро эҳсос карда истодаем.
Дар чунин шароит моро зарур аст, ки ҳамзамон бо густариш додани муносибатҳои дӯстона бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ба хотири нигоҳ доштани роҳи интихобкардаи худ дар самти давлатдорӣ, ҳимояи забону фарҳанги ғановатманди худ ва ҳувияту манфиатҳои миллиамон чораҳои зарурӣ андешем.
Яке аз роҳҳои муҳими ҳимояи  манфиатҳои миллӣ  ва давлатӣ аз таъсири манфии равандҳои ҷаҳонишавӣ ва мавҷҳои ҷараёнҳои номатлуб  таҳкими минбаъдаи пояҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои аҷдодӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад.  
Дар шароити имрӯза давлат наметавонад нисбат ба масъалаи шуури динии шаҳрвандонаш, ки бо пешрафти минбаъдаи ҷомеа робитаи бевосита дорад, бетараф бошад.
Аз ин лиҳоз, дар сурати кӯшишҳои баъзе гурӯҳҳои ғайрианъанавии динӣ дар мавриди ҳамчун ҳақиқати том ба ҷомеа таҳмил намудани ғояҳои худ давлат вазифадор аст, ки ба хотири амнияту оромии ҷомеа ва пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда чораҳои зарурӣ андешад.
Вобаста ба ин дар марҳалаи кунунӣ роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ дар ҳаёти динии кишвар  бояд самти муҳими фаъолияти мақомоти марбутаи давлатӣ бошад.
Масъалаи тарбияи ҷавонон ҷузъи муҳими сиёсати давлат аст. Дар ин самт мо бояд дарк намоем, ки пешравӣ ва ободии ҳар як ҷомеа қабл аз ҳама ба  созандагиву эҷодкорӣ ва сатҳи донишу фарҳанги насли наврас ва ҷавонон вобастагии мустақим дорад.
Аз ин нуқтаи назар, тарбияи насли донишманду дорои ахлоқи ҳамида, соҳибмаърифату бофарҳанг, созандаву эҷодкор ва ватандӯсту бонангу номус вазифаи муҳим ва аввалиндараҷаи ҳамаи мову шумост. 
Зеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ миллат ва давлате мақоми муносиб хоҳад ёфт, ки фарзандони бедордилу огоҳ ва дорои хислатҳои ҳамидаи инсониро тарбия намояд.
Ҷавонони бонангу номуси мо бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ пеш аз ҳама илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои замонавиро омӯзанд ва аз пайи обод кардани Ватани азизи худ - Тоҷикистон бошанд.
Чунки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз кадрҳои соҳибихтисосу бомаҳорат ва ватандӯсту ватанпараст вобаста аст.
Дар робита ба ин, мехоҳам махсус ба падару модарон ва ходимони дин муроҷиат карда, иброз намоям, ки ҷавонони мо дар баробари донистани таърихи дин ва аркони он бояд ҳатман соҳибкасб бошанд.
Ҳатто ҳангоми мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таълимии Мисри Араб таҳсил мекунанд, онҳо махсус дархост карданд, ки дар муассисаҳои таълими динии Тоҷикистон омӯзиши ихтисосҳои муосир ба роҳ монда шавад, то ки хатмкардагони онҳо низ дар оянда дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободии Ватани худ фаъолона иштирок карда тавонанд.
Аз ин рӯ, аз ходимони дин тақозо мегардад, ки ҷавононро ҳарчи бештар ба омӯзиши касбу ҳунар ҳидоят намоянд.
Давлат ба таълими динии ҷавонон таваҷҷӯҳи алоҳида медиҳад. Зеро дар асоси қонунҳои ҷорӣ дар кишварамон ба таълими динӣ рухсат дода шудааст. Вале бояд зикр кард, ки солҳои охир  шумораи мактабҳои ғайрирасмии динӣ афзуда истодааст ва дар аксари ҳолатҳо барномаву мазмуни таълимии онҳо норавшан аст.
Дар робита ба ин, бояд аз масъулони вазоратҳои марбута ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  пурсида шавад, ки иҷозати таълиму мактабкушоиро ба онҳо кӣ додааст. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки дар ин самт пеши роҳи қонуншиканиҳо гирифта шавад ва волоияти қонун таъмин гардад.
Ҳама гуна таълим, аз ҷумла таълими динӣ бояд танҳо дар доираи қонун сурат гирад.
Масъалаи дигаре, ки имрӯз бояд ба он таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад, таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки солҳои охир таҷрибаи ба таври муназзам барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристондани ҷавонони мо аз байн рафта, ҳоло ин ҷараён аз назорат берун мондааст.
Шаҳрвандони мо бо роҳу воситаҳои гуногуни ғайрирасмӣ ба муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ шомил мегарданд ва табиист, ки мазмуну мундариҷаи илмомӯзии онҳо барои мо номаълум мемонад.
Аз рӯи маълумоти мавҷуда аз соли 1992 то охири соли 2008 ба донишгоҳҳои мухталифи кишварҳои исломӣ 2200 нафар  ҷавонони мо дохил шудаанд, ки танҳо 650 нафарашон бо роҳҳои расмӣ ба донишомӯзӣ рафтаанд. 
Дар чунин  ҳолат тасодуфӣ нест, ки иддае аз онҳо баъди бозгашт ба Ватан ба ташвиқу тарғиби мазҳабу равияҳои исломии барои ҷомеаи мо бегона ва ҳатто ифротиву экстремистӣ даст мезананд.
Маълум аст, ки пешгирии ҳама гуна гароишҳои ифротӣ бидуни дуруст ба роҳ мондани омӯзиши амиқи дин ва таърихи он ғайриимкон аст. Зеро маҳз ҷавонони аз масоили динӣ ва ахлоқӣ ноогоҳ ба гумроҳӣ рафта метавонанд.
Аз ин рӯ зарур аст, ки дар шароити ноором ва пурталотуми ҷаҳони муосир ташкилоту муассисаҳои динии мо на танҳо макони ибодат ва таҳсил бошанд, балки ҳамчун мактаби тарбияи маънавӣ ва ахлоқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон низ хизмат намоянд.
Бо дарназардошти ин нукта ва бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи эътиқодии мардум ва омода кардани мутахассисони соҳаи дин ҳоло дар кишварамон Донишкадаи исломии Тоҷикистон фаъолият дорад.   
Ҳамчунин вақти он расидааст, ки мо доир ба масъалаҳои такмили раванди омӯзиши таърихи дин ва равияву мазҳабҳои он дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ андеша намоем.
Моро зарур аст, ки  мутахассисону коршиносони варзидаи соҳаро ба кори таълиф ва таҳрири адабиёти таълимӣ ҷалб намоем, то ки бо истифода аз маъхазу сарчашмаҳои мӯътабари мероси динӣ ва диншиносӣ, аз ҷумла илми исломшиносӣ хонандагон аз таърихи дину мазҳаби худ аз дидгоҳи дурусти илмӣ ва воқеъбинона огоҳӣ ёбанд. 
Ҳамзамон бо ин, ба ҷанбаҳои панду ахлоқӣ, инсондӯстиву таҳаммулписандӣ ва сулҳу ваҳдатгароии таълимоти дини мубини ислом, махсусан мазҳаби ҳанафӣ, диққати бештар додан зарур аст.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва Донишкадаи исломӣ вазифадор карда мешаванд, ки нақшаи барномаҳои таълимиро барои синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо дарназардошти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳангии гузаштагонамон таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Инчунин, роҳбарони масоҷид ва дигар муассисаҳои динии мамлакат фақат дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон тарбия ва таъин карда шаванд.
Илова бар ин, ба ифтихори Соли бузургдошти Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит пешниҳод менамоям, ки ин муассисаи таҳсилоти олии динӣ Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам эълон карда шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 259 масҷиди ҷомеъ, 2983 масҷиди панҷвақта, 87 ҷамоатхонаи исмоилиён, 18 мадрасаи таҳсилоти миёнаи динӣ, Донишкадаи исломӣ ва як силсила ташкилоту созмонҳои динии ғайриисломӣ фаъолият доранд.
Ҳамаи ин ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои динӣ дар доираи қонунҳои амалкунандаи мамлакат озодона амал карда, ниёзҳои пайравони худро қонеъ мегардонанд. Бояд зикр кард, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо қонунҳои баъзе кишварҳо дорои чандин афзалиятҳои мусбат мебошад.
Бо қаноатмандӣ метавон зикр кард, ки то имрӯз дар байни пайравони динҳои мухталифи мамлакат дар заминаи эътиқоди динӣ ҳеҷ гуна низоъ ё зиддияте мушоҳида нашудааст. Ин аст, ки дар фазои динии кишвари мо фармудаҳои Қуръони карим дар хусуси он, ки "дар дин маҷбурӣ нест" пурра татбиқи худро ёфтаанд.
Шаҳрвандони кишварамон мувофиқи эътиқоди худ амал карда, бо ҳамдигар муносибати мусолиматомезро пеша кардаанд, ки ин амали онҳоро давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдорӣ менамояд.
Аз тарафи дигар, ин нишондиҳандаи сиёсати дурусти давлати дунявии Тоҷикистон нисбат ба дин ва эътиқодоти динӣ мебошад.
Маҳз бо татбиқи аслҳои озодии эътиқоди динӣ ва талаботи қонунгузорӣ муяссар гардид, ки пеши роҳи ҳар гуна ихтилофот ва низои динӣ гирифта, дар мамлакат фазои таҳаммулпазирии динӣ таъмин карда шавад.
Аҳли ҷомеаро низ зарур аст, ки чунин муносибати таҳаммулпазири динҳоро эҳтиёт ва ҳифз намоянд. Дар навбати худ, яке аз вазифаҳои давлат низ муносибати мусолиматомез бо дин ва ҳифзи вазъияти муросову мадоро дар ҷомеа мебошад.
Аз ин дидгоҳ, мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки гурӯҳҳои мухталиф аз ин фазои озод ва демократӣ бо мақсадҳои ғаразнок истифода намоянд. Давлат натанҳо ҳуқуқ дорад, балки масъул аст, ки фаъолияти ташкилотҳои диниро ҳамеша таҳти назорат қарор  дода, корро бо онҳо тақвият бахшад. 
Татбиқи ин ҳадафҳо ҳамкории бевоситаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва Шӯрои уламо, имомхатибон ва пешвоёни дину мазҳабҳои дигарро тақозо менамояд.
Дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат мунтазам мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони мақомоти давлатиро бо намояндагони динҳо баргузор намуда, масъалаҳои марбут ба фаъолияти динӣ, риояи қонунгузориро оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ мавриди муҳокима қарор додан зарур аст.  Таъкид месозам, ки то ҳанӯз на дар ҳамаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аҳамияти ин масъаларо пурра дарк мекунанд.
Ҳамзамон бо ин, дар фаъолияти ташкилотҳои динӣ низ як қатор камбудиҳои ҷиддӣ  ба мушоҳида мерасанд, ки ислоҳ кардани онҳо пеш аз ҳама вазифаи ходимони дин мебошад.
Масалан, ҳуҷҷатҳои таъсиси баъзе ташкилотҳои динӣ ҳанӯз ҳам номукаммал буда, баъзе масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта фаъолияти худро бе қайди давлатӣ идома дода истодаанд.
Инчунин, дар мавъизаву суханрониҳои баъзе воизон ба ҷои тарбияи шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ суханони таҳқиромез роҳ ёфта, аз ҷониби онҳо ҳаракатҳои тундравона ба назар мерасанд. Имрӯз дар кӯчаву бозорҳо ҳоло ҳам мавъизаҳое садо медиҳанд, ки мазмуни онҳо пурра аз таассуб ва хурофот иборат мебошад.
Чунин рафтор ба аҳкоми писандидаи дини мубини ислом ва фиқҳи ҳанафӣ комилан мухолиф аст.
Дар чунин шароит зарурати баланд бардоштани нуфуз ва эътибори Сарраёсат оид ба дини Вазорати фарҳанг дар ҳалли масоили мубрами ҳаёти динии кишвар амри ногузир аст. Ҳамчунин бо мақсади ҳифзи дахлнопазирии ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ, роҳ надодан ба таҳмили ақоиди иттиҳодияҳо ва диёнатҳои гуногун ба ҷомеа, инчунин пешгирии ҳар гуна бартарихоҳӣ аз рӯи мансубият ба дин, барангехтани кинаву адоват, таҳқири ҳиссиёти динии шаҳрвандон зарур аст, ки риояи қонунгузории ҷорӣ дар ин самт тақвият дода шавад. 
Масъалаи дигаре, ки имрӯз бояд мавриди таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа қарор гирад, ба кишвар бе назорат ва дар аксари ҳолатҳо бархилофи қонунгузорӣ оид ба табъу нашр ва дин ворид намудан ва паҳн кардани адабиёти динӣ ва маводи таблиғотии дорои мазмуну мӯҳтавои шубҳаангез мебошад. Танҳо аз номи онҳо пай бурдан мумкин аст, ки мундариҷаашон аз ифротгароӣ, тундравӣ, хурофот ва таассуб озод нестанд. Чунин вазъият дар бозори фитаву наворҳо бо сабти мавъизаву филмҳо низ ба мушоҳида мерасад. Пешгирӣ намудани чунин нобасомониҳо дар воридот, табъу нашр, интишор ва фурӯши адабиёт, инчунин ашёву маводи таъиноти динӣ ва ба танзим даровардани ин масъала аз ҷумлаи муҳимтарин воситаҳои ба эътидол овардани вазъи динӣ дар мамлакат мебошад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ Шӯрои коршиносон оид ба гузаронидани ташхиси диншиносии давлатиро таъсис дод, ки ин сохтор дар ин самт бояд корҳои зиёдеро ба анҷом расонад. 
Ҳозирини гиромӣ!
Расму оинҳои милливу мазҳабии мо ғайр аз ин, ки асрҳои дароз мардумро ҳамеша ба ваҳдату ҳамгироӣ ва меҳру муҳаббати байниҳамдигарӣ даъват намудаанд, инчунин ҳамчун воситаи тарбияи наслҳо дар роҳи иҷрои  корҳои хайру савоб ва сарфаю сариштакорӣ низ хизмат кардаанд. Вобаста ба ин, мехоҳам андешаҳои худро дар хусуси раванди ба танзим даровардани баргузории расму оин ва маъракаҳои мардумӣ мухтасар изҳор намоям ва нақши Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо"-ро дар ин раванд бори дигар таъкид намоям.
Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки қонуни мазкур дар шароити болоравии нархи маҳсулоти хӯрока ва бӯҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандонро ҳифз карда, барои амалӣ гардидани Cтратегияи  паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат хеле мусоидат намуд. Он ба шаҳрвандон имконият фароҳам овард, ки маъракаҳои хурсандӣ ва маросими азодории худро бе хароҷоти барзиёд баргузор намоянд. Бо қабул гардидани қонуни мазкур дар Тоҷикистон ва дар натиҷаи сарфаю сариштакорӣ ҳифзи молу мулки мардум таъмин гашт. Пеши роҳи исрофкориҳо гирифта шуда, ба мардуми оддӣ шароит муҳайё гардид, ки сатҳи зиндагии худро аз лиҳози иқтисодӣ ба андозаи муайян баланд бардоранд.
Имрӯз сатҳи камбизоатӣ аз 83 то ба 56 фоиз паст фаромад. Дар як солу ҳафт моҳи баъди қабули қонун танҳо аз ҳисоби танзими ҷашну маърака ва маросимҳои мардумӣ беш аз дуюним миллиард сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардид, ки ин нишондиҳанда дар шароити имрӯза маблағи кам нест.
Бояд зикр кард, ки нақши ходимони дин дар кори назорат ва риояи қонун ҳангоми баргузории маросимҳои мардумӣ, аз ҷумла дафну азодорӣ ниҳоят бузург аст. Аз ин рӯ, ходимони динро зарур аст, ки бо истифода аз мавқеъ ва обрӯи худ дар байни аҳолӣ ва дар асоси  шариати исломӣ ба риояи бечунучарои ин санад мусоидат намоянд. Масалан, ҳангоми ворид шудан ба хонаи шахсе, ки мусибат дорад, дар паҳлӯи ӯ истода, бояд ғами ӯро сабук созанд, на ин ки мусибати ӯро бо мушкилоти гуногун афзоиш диҳанд. Ин амр бояд вазифаи муқаддаси ҳар як  ходими динӣ бошад.  Зеро қонуни мазкур низ ба арзишҳои асили мазҳаби ҳанафӣ - сарфаю сариштакорӣ, инсонгароӣ, таҳаммул ва мадоро такя намуда, мақсад ва ҳадафи асосиаш ҳимояи манфиатҳои молӣ ва тарбияи оини дурусти зиндагӣ мебошад. Имрӯз дар аксари кишварҳои пешрафта ба хотири нигоҳ доштани вазъи мӯътадили иқтисодӣ мардум ба ақли солим такя карда, аз исрофкорӣ ва худнамоии зиёдатӣ даст кашидаанд. Маълум аст, ки асоси сармоя сарфаю сариштакорӣ ва харҷи дурусти маблағҳои буҷети оила аст. Агар шаҳрвандон даромади худро сарфакорона хароҷот накунанд, ягон иқтисоди пурқувват, низоми истеҳсолии нерӯманд  ва сарвати зиёди табиӣ ба пастшавии сатҳи камбизоатӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат карда наметавонад.
Бузургон дуруст гуфтаанд, ки дар  назди исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда кони тилло ҳам бақо надорад.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки  ба фарзандон ва пайвандони худ тарзи дуруст ва солими зиндагиро омӯзонем.   Мо бояд донем, ки ободии давлат аз ободии ҳар хонадон ва ҳар оила сарчашма мегирад ва иқтисоди муназзами кишвар ба сарфаю сариштакории буҷети ҳар як оила вобаста аст. Мақсаду мароми давлат ва Ҳукумат  низ пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмин кардани зиндагии шоистаи аҳолӣ ва ободии Ватан мебошад. Аз ин дидгоҳ, масъалаи танзими ҷашну маъракаҳо ва маросимҳои мардумӣ масъалаи мавсимӣ набуда, тарғиби доимӣ, назорати пайваста ва дастгирии ҳамешагии мардумро тақозо мекунад. Иҷрои ин корҳо вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ, зиёиён, ходимони дин ва ҳар як шаҳрванди солимфикру хайрхоҳ мебошад. Дар робита ба ин, махсус таъкид месозам, ки қонуни мазкур назири худро  дар ҷаҳони муосир надорад. Аз ин хотир, ин санад ҳамчун дастоварди мардуми шарифи Тоҷикистон ва ба сифати навгонии раванди ҳуқуқэҷодкунӣ бояд аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ ёфта, обрӯ ва мақоми кишвари моро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари созанда ва эҷодкор таҳким бахшад.
Ширкаткунандагони мӯҳтарами конфронс!
Тавре ки медонед, то имрӯз дар самти арҷгузории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба тамаддуни пурғановати халқи тоҷик ва дини мубини ислом аз ҷониби Ҳукумати кишвар як силсила иқдомот амалӣ карда шудаанд. Таҳия ва нашри мероси гаронбаҳои бузургони илму фарҳанги миллатамон, тарҷума ва чопи Қуръони карим ба забони тоҷикӣ ва аз ҷониби Президенти кишвар ба мардум ҳадя гардидани ин китоби муқаддас аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Инчунин мо бузургдошти нобиғаҳои илму фарҳанги халқамон, аз ҷумла ҳазораи "Шоҳнома"-и ҳаким Фирдавсӣ, 2700-солагии "Авесто", 1000-солагии ҳуҷҷатулҳақ Носири Хусрави Қубодиёнӣ, 1025-солагии шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, 680-солагии орифи машҳур -Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии шайх Камоли Хуҷандӣ,  800-солагии мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1150-солагии одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 950-солагии имоми бузург Муҳаммади Ғазолиро дар сатҳи арзанда таҷлил кардем, ки ҳамаи ин чорабиниҳо дар самти густариши худогоҳиву худшиносӣ, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардуми мо, аз ҷумла ҷавонон нақши муассир гузоштанд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки тавассути таҳқиқоти пурарзиши олимону мутахассисон нақши осор ва хизматҳои ин абармардони илму фарҳанги халқи тоҷикро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ беҳтар шинохта, ба онҳо баҳои шоиставу сазовор додааст. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон кардани соли 2009"  низ идомаи ҳамин силсила буда, пеш аз ҳама ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури динии мардум такони нав мебахшад. Итминон дорам, ки таҷлили 1310-солагии ин шахсияти барҷаста дар самти шинохти симои аслӣ ва омӯзиши осори беназири ӯ ҳамчун манбаи покизаи рӯҳонӣ ва ахлоқӣ қадами муҳиме хоҳад гардид.
Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки ихтилоф ва бархӯрди тамаддунҳо ҳар рӯз бо тобиши нав зуҳур мекунад, эҳё ва баҳрабардорӣ аз арзишҳои маънавии таълимоти таҳаммулгарои Имоми Аъзам, бешубҳа, ба густаришу тақвияти ҳамаҷонибаи гуфтугӯи тамаддунҳо мусоидат хоҳад кард. Зеро фазилатҳои мазҳаби ҳанафия маҳз дар эҳтироми инсоният, ҳувияти фарҳангии халқу миллатҳо ва баробарҳуқуқии онҳо ифода ёфта, инсониятро ба роҳи росту дуруст ҳидоят менамоянд.   
Қобили зикри хос аст, ки  ин иқдоми нек аз ҷониби ҷаҳони ислом бо хушнудӣ пазируфта шуд. Ба ин муносибат филмсозони давлати Мисри Араб доир ба зиндагии ин фақеҳи бузурги олами ислом филми бисёрсериягии телевизиониро ба навор гирифта, онро дастраси ҳамаи мусулмонон, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон гардониданд. Ҳоло тарҷумаи он ба забони тоҷикӣ идома дорад, ки баъд аз танзим тавассути шабакаҳои телевизион пахш хоҳад шуд. Инчунин баъзе олимон ва сиёсатмадорони маъруфи кишварҳои исломӣ  ба мо муроҷиат карда, миннатдории хешро аз чунин иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон  иброз медоранд. Аксари онҳо омодагии худро барои иштирок ва саҳмгузорӣ дар чорабиниҳои баргузоршаванда изҳор менамоянд.
Албатта, дар давоми Соли бузургдошти Имоми Аъзам доир ба шахсият ва таълимоти мактаби фиқҳии ӯ - мазҳаби ҳанафӣ ва саҳми гаронбаҳои ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар ғанӣ гардонидани фарҳанги миллӣ ва исломӣ  боз чандин маротибаи дигар изҳори назар хоҳем кард.
Аз ин лиҳоз, дар хотимаи суханронии  имрӯза мехоҳам зикр намоям, ки ҳадафи асосии мо аз таҷлили ҷашнҳо ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихии миллатамон ва осори гаронбаҳои онҳо таҳкими ҳарчи бештари ҳисси худогоҳиву худшиносии миллии наслҳои имрӯза ва дар хизмати онҳо қарор додани арзишҳои воло ва дастовардҳои неки фарҳангии ниёгонамон, инчунин бо ҳамин роҳ дар шуури наврасону ҷавонон тарбия кардани эҳсоси ифтихор аз гузаштагон мебошад.
Ҳоло мардуми мо дар марҳалаи нави таҳкиму такомули давлати соҳибистиқлоли худ қарор дорад ва дар ин раванд ҳар яки мову шумо бояд арзиши муқаддаси истиқлол ва давлатдории миллиро аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, ҳизбиву гурӯҳӣ ва ғаразҳои қавмиву динии худ болотар гузошта, дар баробари пойдору устувор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, инчунин ба татбиқи ҳадафҳои бузурги созандагӣ, бахусус таъмини истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишварамон мусоидат намоем. Ҳамзамон бо ин,  вобаста ба талаботи ҷомеаи имрӯза бояд муайян намоем, ки кадом анъанаҳои милливу диниамонро ба нафъи пешрафти давлати соҳибистиқлол ва миллати тамаддунсозамон ривоҷу густариш диҳем.
Зеро мо бисёр арзишҳои неки милливу диние дорем, ки метавонанд дар таъмини ягонагиву ваҳдати миллат ва ташаккули ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ нақши созандаву муассир бозанд. Арҷгузорӣ ба фарҳанги пурғановати миллатамон ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии насли ҷавони моро тавсеа бахшида,  дар ҷаҳони пуртазоди муосир бедории маънавӣ ва зиракии сиёсии онҳоро таъмин менамояд ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят месозад. Гузашта аз ин, осори пур аз панду ҳикматҳои созанда ва сабақомӯзи шахсиятҳои бузург дар бисёр ҳолатҳо ҷавонони моро аз содир намудани иштибоҳу зиёдаравӣ эмин медорад.
Мо бояд дар ҷомеаи худ насли худогоҳу бедордил ва созандаеро ба камол расонем, ки барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистон   софдилона ва содиқона хизмат карда тавонад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи комили маънавӣ дорад, ки бо чунин фарзандони фарзонаи миллат, саҳми беназири онҳо дар рушди тамаддуни умумибашарӣ ифтихор намояд, осори гаронбаҳои онҳоро омӯзад ва ҳикмати ҷовидонаи абармардони миллии худро қутбнамои рӯзгори хеш қарор диҳад.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори оғози Соли бузургдошти Имоми Аъзам табрик гуфта, ба шумо тандурустӣ, хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям!
Саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 694

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед