logo

ҳуқуқ

РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУН БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» се сол сипарӣ шуд. Ин санад дар қонунгузории муосир яке аз рӯйдодҳои хотирмон ба ҳисоб меравад. Мухбирамон бо Сунавбар Давлатов, сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1, оид ба ҳолати риояи талаботи қонуни мазкур дар нимаи аввали соли 2014 мусоҳиб шуданд.

- Муҳтарам Сунавбар Давлатов, дар мавриди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, бешубҳа, ташвиқу тарғиб ва фаҳмондани моҳият ва муҳтавои қонун нақши муҳим мебозад. Бигӯед, ки дар ин давра аз тарафи кормандони мақомоти прокуратура чӣ чораҳо андешида шуданд?                                       
- Бо назардошти нақш ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», алалхусус дар мавриди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон,  бо қарори ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ таҳти №1,  аз 7 январи соли равон, таъмини иҷрои меъёрҳои қонуни мазкур яке аз самтҳои  афзалиятноки фаъолияти мақомоти  прокуратура дар соли 2014 ба ҳисоб рафта, ҷиҳати амалӣ шудани меъёрҳои он дастури Прокурори генералӣ ирсол гашт.
Дар доираи амалӣ намудани ин чорабиниҳо диққати асосӣ, пеш аз ҳама, ба ташвиқу тарғиб, фаҳмондани моҳият ва муҳтавои қонуни мазкур дода  шуда, вобаста ба ин суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, мақолаву хабарҳо, барномаҳои радио ва телевизионӣ ташкил ва гузаронда шуданд.
Масалан, танҳо дар вилояти Суғд кормандони  мақомоти прокуратура  317 маротиба, аз ин дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилот ва маҳалли зист -  245, тавассути телевизион, радио ва рӯзномаю маҷаллаҳо 72 вохӯрӣ гузаронданд.
Дар вилояти Хатлон аз тарафи мақомоти  ваколатдори давлатӣ, аз ҷумла мақомоти прокуратура  доир ба ташвиқу тарғиби қонуни мазкур ва фаҳмонда додани мақсаду муҳтавои он 232 суҳбату вохӯрӣ гузаронда шуда, 30 маротиба тавассути воситаҳои ахбори омма  мақола ба нашр расонда шудааст. Чунин чорабиниҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори  ВМКБ ва шаҳри Душанбе,  шаҳру ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ  низ доир гардиданд.
Санҷишу таҳлилҳо нишон  медиҳанд, ки  таъмини иҷрои уҳдадориҳои дар  моддаҳои 8,9 ва 12-и қонун пешбинигардида, алалхусус муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва  ахлоқӣ, эҳтироми шаъну шарафи фарзанд, пешгирӣ намудани кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, истифодаи  суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии  ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи кӯдакон, падару  модарон, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро  танзим мекунанд, ба таври дахлдор иҷро  намешаванд.

- Таъмини иҷрои уҳдадориҳои падару модар, хоса ба таълим фаро гирифтани фарзандон чӣ сон ба роҳ монда шудааст?
- Мувофиқи сархати 3 ва 7-и моддаи 8-и  қонун падару модар уҳдадоранд барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намуда,  шаъну шарафи ӯро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи   бераҳмона роҳ надиҳанд.
Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки баъзе падару  модарон   ин уҳдадории худро иҷро накарда, нисбат ба фарзандонашон бо пеш  овардани сабабу  баҳонаҳои ночиз, бераҳмона  муносибат намуда, онҳоро латукӯб  ва шаъну шарафашонро паст мезананд.
Масалан, шаҳрванд М. Ҳ., сокини шаҳри Чкалов, нисбат ба фарзанди ноболиғаш У.Ш., ки соли 1999 бо бемории фалаҷи майна таваллуд шудааст,  мунтазам  дағалона муносибат намуда, 23 январ дар назди дигар  фарзандонаш ӯро «маслуқ», «девона», «безорӣ» гуфтааст. Гузашта аз ин, фарзандашро ба замин афтонда, қасдан ба сару рӯйи ӯ зада,  ҷароҳати ҷисмонӣ расондааст. Оид ба ин ҳодиса аз ҷониби прокурори шаҳри Чкалов нисбат ба М. Ҳ. бо аломатҳои моддаҳои 174 ва 112 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо ҳукми суд маҳкум шудааст. Ҳамчунин, дар асоси даъвои прокурори шаҳри  Чкалов шаҳрванд М. Ҳ. аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум гардидааст.
Бояд  зикр намуд, ки  тибқи  талаботи сархати 2-и моддаи 9-и қонуни  мазкур падару модар уҳдадоранд ба таълим фаро гирифтани  фарзандонро таъмин намуда, ба таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд.
Аён гардид, ки бар хилофи ин муқаррароти қонун,  қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо  аз ҷониби падару модарон ҳодисаҳои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии фарзандон  ҷой дошта, дар баробари ин бархе аз падару  модарон уҳдадориҳои худро ҷиҳати таъмин кардани фарзандон бо воситаҳои зарурии таълимӣ ва шароити муносиби таҳсил иҷро намекунанд.
Чунончи, шаҳрванд М. И., сокини ноҳияи Рӯдакӣ, барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) ба фарзандони ноболиғи худ  Холисамоҳ, Хатичамоҳ ва Абубакр бо ҳар баҳона монеъ шуда, шароит фароҳам наоварда, иҷозат надодааст, ки ба мактаб рафта таҳсил намоянд. Гузашта аз ин, фарзанди хурдсоли худ Абубакрро барои гирифтани таълимоти динии ғайрирасмӣ ба ноҳияи Нуробод фиристодааст.
Ё шаҳрванд Ф. А., сокини ноҳияи Қубодиён, ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии фарзандаш  Аҳмадзодаи А., соли таваллудаш 2006, монеъ шуда, ӯро соли 2013 ба деҳаи Чорбоғи шаҳри Ваҳдат, барои гирифтани таълимоти динии ғайрирасмӣ ва зисти  муваққатӣ равон намудааст.
Оид ба ин ҳолатҳо аз тарафи мақомоти прокуратура бо аломатҳои ҷиноятии дар моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда  парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, шахсони гунаҳкор  ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Умуман, дар нимаи аввали соли 2014 дар  миқёси ҷумҳурӣ аз тарафи прокуророн 119 парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои ҷиноятии дар моддаи 164 ҳамин кодекс пешбинишуда, оғоз шудааст.

- Оё дар фаъолияти омӯзгорон ва муассисаҳои таълимӣ камбудиву қонуншиканиҳо ба назар мерасанд?
- Дар асоси талаботи моддаҳои 36 ва 38 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мақомоти маҳаллии идоракунии маорифи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо кӯдакони синни томактабӣ ва мактабиро ба ҳисоб гирифта, таълиму тарбияи онҳоро то дарёфти таҳсилоти умумии асосӣ назорат намуда, барои аз муассисаҳои таълимӣ дур  нашудани хонандагон масъул буда, маълумоти омориро дар ин хусус ҷамъ намуда, ҷалби онҳоро ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот таъмин менамоянд.
Тибқи талаботи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омӯзгорон барои мусоидат намудан дар раванди таълиму тарбияи хонандагон,  тарзи ҳаёти солим  ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо  уҳдадор буда, ҳангоми аз тарафи падару  модар риоя накардани талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва уҳдадориҳое, ки тибқи қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд. Аммо,  чуноне санҷишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ин талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ на ҳама вақт риоя мешаванд.
Дар нимсолаи аввали  соли 2014 аз тарафи прокурори ноҳияи Нуробод 10 парвандаи ҷиноятӣ бо  аломатҳои ҷиноятӣ дар моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, оғоз карда шудааст. Дар рафти тафтиши ин парвандаҳо муқаррар гардид, ки дар соли хониши 2013 – 2014 -ум 11 нафар хонандаи мактабҳои таҳсилоти умумии № 5,10,16,18, 24,34 ва 45-и ноҳия аз таҳсил дур мондаанд, ки аз ин 10 нафар духтар мебошад. Ҳарчанд ин кӯдакон муддати муайян (аз 1 то 6 сол) аз таҳсил дур монда бошанд ҳам,  аз тарафи масъулони мақомоти маҳаллии идоракунии соҳаи маориф, муассисаҳои  таълимӣ ва дигар мақомоти дахлдор чораи амалие андешида нашудааст.  Ҳамчунин дар рафти санҷишҳои прокурорӣ муайян гардид, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ - 15 нафар, Ҳисор 16, Ваҳдат 8 кӯдаки синни мактабӣ муддатҳои тӯлонӣ аз таҳсил дур  мондааст.
Дар давраи таҳлилшаванда аз тарафи прокуратураи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бинобар риоя нагардидани талаботи моддаи 12-и қонуни мазкур, нисбат ба 30 нафар омӯзгори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии шаҳр парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мураттаб гардида, онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Бояд зикр намуд, ки маълумоти  омории мақомоти маориф дар бораи ба таҳсил фаро гирифта нашудани кӯдакони синни мактабӣ  на дар ҳама ҳолат инъикоскунандаи воқеият мебошад. Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Вазорати маориф ва илм дар соли таҳсили 2013 - 2014-ум 375 нафар кӯдакони синни мактабӣ  (7-16) ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд. Қисми зиёди онҳо бинобар ба Федератсияи Русия рафтан, аз таҳсил дур мондаанд.
Рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятии бо моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғозгардида нишон медиҳад, ки дар мақомоти маҳаллии соҳаи маориф, муассисаҳои таълимӣ дар бораи ин кӯдакон (зиёда аз 125 нафар) маълумот ҷой надошта, ҷараёни таҳсили онҳо умуман таҳти назорат қарор нагирифтааст.
Дар аксар шаҳру ноҳияҳо дар мавриди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, дастгирӣ кардани кӯдакони болаёқат, ҳавасмандкунии моддӣ ва маънавии падару модароне, ки уҳдадориҳои худро муваффақона иҷро  менамоянд, мутобиқ ба талаботи қонуни мазкур пурра ба роҳ монда нашудааст.
Аз рӯи натиҷаи санҷишҳои аз тарафи мақомоти прокуратура гузаронда, ҷиҳати бартарафсозии  қонунвайронкуниҳои ҷойдошта, сабабу шароитҳои мусоидаткарда 47 амр, 125 пешниҳод бароварда шуд. 304 нафар шахси масъул ва мутасаддӣ ба ҷавобгарии интизомӣ,  моддӣ ва дар асоси қарорҳо 808 нафар  ба ҷавобгарии  маъмурӣ кашида шуд.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.09.2014    №: 174    Мутолиа карданд: 636

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед