logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи Майдони тенниси шаҳри Душанбе, 3 сентябри соли 2014

Муҳтарам варзишгарони номбардори Ватан!
Ҳозирини арҷманд!
Имрӯз дар остонаи таҷлили ҷашни истиқлолияти давлатиамон ба хотири фароғати сокинони пойтахт ва рушди яке аз зеботарин навъҳои варзиш – теннис маҷмааи варзишии нав ба истифодаи наврасону ҷавонон ва дӯстдорони теннис супорида шуд.
Ба ин муносибат, ҳамаи варзишгарон ва дӯстдорону мухлисони ин намуди зебои варзишро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ ва дастовардҳои тозаи варзишӣ орзумандам.
Ҳамчунин ба сохтмончиён ва масъулону саҳмгузорони иншооти имрӯза, аз ҷумла ба роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” барои чунин ташаббуси ватандӯстона ва бо сифат анҷом додани корҳои бунёди он миннатдорӣ баён менамоям.
Маҷмааи ифтитоҳшуда аз 2600 ҷойи нишаст иборат буда, дар масоҳати умумии 2500 метри мураббаъ корти бозӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ сохта шудаанд.
Варзиш ҳамчун зеботарин шуғли инсон таърихи куҳан дошта, воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад ва барои таҳкими дӯстии одамон ва муаррифии давлату миллатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад.
Бо дарназардошти ин, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ташкили инфрасохтори зарурӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон мо ба масъалаи фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба варзиш ва обутоби ҷисмонӣ ҷалб намудани аҳолӣ ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон, инчунин солим ба камол расонидани наслҳои навро вазифаи асосии масъулони соҳа ва аҳли ҷомеа эълон намудем.
Бо мақсади татбиқи ин ҳадаф дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат садҳо майдону толорҳои варзиш сохта, ба истифода дода шуда, бунёди боз садҳо иншооти замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар натиҷаи ҳамин иқдомҳои созанда солҳои охир дар кишвари мо як қатор чорабиниву мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ баргузор гардида, иштироки варзишгарони тоҷик дар қувваозмоиҳои байналхалқиву минтақавӣ ва дастовардҳои онҳо торафт афзуда истодаанд.
Дӯстони азиз!
Тавре ки зикр намудам, теннис яке аз намудҳои зебои варзиш буда, таърихи хеле куҳан дорад. Тибқи маълумоти таърихӣ ин намуди варзиш 2500 сол пеш пайдо шудааст, ҳарчанд ки аз рӯи сарчашмаҳои дигар пайдоиши он ба давраҳои аз ин ҳам қадимтар мансуб дониста мешавад.
Теннис дар шакли муосир 800 сол пеш дар кишвари Фаронса зуҳур кардааст. Таърихи рушди тенниси муосир бошад, ба нимаи дуюми асри ХIХ мансуб буда, соли 1896 ҳангоми баргузории нахустин бозиҳои олимпӣ дар Юнон ба номгӯи мусобиқаҳои варзишӣ ворид гардидааст.
Дар таърихи варзиши кишвари мо бошад, мактаби нахустини кӯдакону наврасон оид ба теннис соли 1955 таъсис ёфтааст, ки дастпарварони он дар спартакиадаҳои гуногун ширкат варзида, маҳорати баланди касбӣ нишон додаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи пешрафт ва тарғиби ин навъи варзиш таваҷҷуҳи зарурӣ дода шуда, аз соли 1996 дар кишвари мо Федератсияи теннис амал мекунад, ки пайваста ба тарбия ва раҳнамоии варзишгарони касбӣ дар ин намуди варзиш машғул мебошад.
Дар идомаи тадбирҳои зикршуда ва дастгириву муаррифии беҳтарин теннисбозон Ҷоми Президенти Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки бозии нахустини он соли 2005 бо иштироки дастаҳои чандин кишварҳои хориҷӣ баргузор гардида, баъдан ҳар сол гузаронидани ин чорабинӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон ба ҳукми анъана даромад.
Ҳамчунин ҷиҳати тарбия ва ба камол расонидани варзишгарони оянда се мактаби махсус оид ба теннис дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Чкалов фаъолият дошта, дар саросари кишвар даҳҳо корти теннис ба дӯстдорони варзиш хизмат мерасонад. Вале ин ҳанӯз кам аст ва андешидани чораҳои заруриро тақозо мекунад.
Бояд гуфт, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат қабул ва татбиқи барномаҳои рушди соҳаи варзиш ва ба ин васила боз ҳам беҳтар намудани тандурустии аҳолии кишвар ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим мавқеи марказӣ дошта, мо барои таъсис додани инфрасохтори заруриву муосири варзишӣ ҳамаи имкониятҳоро равона кардаем.
Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе сохтмони Корти теннис бо 3000 ҷойи нишаст, Қасри варзиши обӣ барои 2000 ҷойи нишаст, майдони варзиши рӯи ях ва бунёди садҳо иншооти варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар босуръат идома дорад.
Мо тамоми шароити заруриро барои рушди варзиши касбӣ ва омода намудани варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ муҳайё кардаем ва итминон дорем, ки насли ҷавони кишвар аз ин имкониятҳо барои такмили маҳорати худ ва баланд бардоштани ному шарафи Ватани азизамон самаранок истифода мебаранд.
Дар робита ба ин, ба роҳбарону масъулони соҳа хотиррасон менамоям, ки шароити то ба ҳол муҳайёшуда, аз ҷумла корти тенниси имрӯзаро барои ташкили мусобиқаҳо байни шаҳру ноҳияҳо, рушди ин навъи зебои варзиш дар байни наврасону ҷавонон ва густариши тарзи ҳаёти солим ҳарчи бештару пурсамар истифода намоянд.
Тавре ки огоҳед, маҳз дастгирӣ ва тадбирҳои пайгиронаи Ҳукумати кишвар буд, ки варзишгарони бонангу номуси кишвар дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ фаъолона иштирок карда, ба хотири баланд бардоштани парчами Тоҷикистон, ки ин боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як фарди кишвар мебошад, азму талош менамоянд.
Итминони комил дорам, ки минбаъд низ варзишгарони кишвар бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихори баланди миллӣ дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат ва ҳунарнамоӣ карда, дар баробари сазовори ҷойҳои намоён гардидан барои мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстиву ҳамкорӣ бо мамолики гуногуни дунё кӯшиш менамоянд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳар яки шуморо ба ифтихори ифтитоҳ гардидани майдони нави варзишӣ табрик гуфта, ба шумо дар фатҳи қуллаҳои баланди варзиш барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша сиҳатманду дастболо ва номбардори Ватан бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.09.2014    №: 174    Мутолиа карданд: 535

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед