logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТ БО НАМОЯНДАИ НАВИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

4 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷҳа ва намояндаи нави ин бонк дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картерро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, дар оғози мулоқот Сароҷ  Кумар Ҷҳа намояндаи нави бонк дар Тоҷикистонро ба Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намудааст. Манбаъ зикр месозад, ки «Ҳоло бо назардошти маблағҳои фондҳои трастӣ 14 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 232 миллион доллари амрикоӣ таҳти назари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон татбиқ мешаванд, ки барои таъмини суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим мебошанд. Ин лоиҳаҳо ба ислоҳот дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, бахши хусусӣ ва макроиқтисодиёт, инфрасохтор, энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, таъминоти об, маъмурикунонии низоми андоз ва кадастри замин равона шудаанд».
Хонум Патрисия Виверс - Картер, намояндаи нави Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, баъд аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон аз таъйинаш ба ин вазифа ва фаъолият дар кишвари мо изҳори хушҳолӣ намуд. Ӯ итминон дод, дар ин мақом рушди бештари ҳамкориҳои дуҷонибаро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи босамари Стратегияи нави ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018 талош хоҳад кард. Дар ин робита, барои татбиқи стратегияи нав қарор аст 255 миллион доллари амрикоӣ, асосан дар шакли грант, ҷудо шавад. 
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.09.2014    №: 174    Мутолиа карданд: 494

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед