logo

ҳукумат

Дар ҷаласаи Ҳукумат қариб 40 масъала баррасӣ гардид

25 феврали соли 2009 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он наздики 40 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.
Нахуст ҳисоботи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ дар ҳолати то 1 январи соли 2009 муҳокима ва қабул карда шуд.
Илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат оид ба таъсис додани шаҳраки Нӯъмон Розиқ  дастгирӣ ёфта, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод карда шуд.
Лоиҳаҳои қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба қонунҳои амалкунанда "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият", "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои ду қонуни нав  "Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди савдои хориҷии мол" ва "Дар бораи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд" маъқул додиста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Яман дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникию илмӣ ва ду санади дигари ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Евразия оид ба шабакаи иттилоотонӣ дар соҳаи танзими техникӣ ва чораҳои санитарию фитосанитарӣ ва дар бораи асосҳои ҳамоҳангсозии регламентҳои техникӣ тасдиқи худро ёфтанд.
Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи генералии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод, Нақшаи тадбирҳои омодагӣ ва баргузории ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ва Санади интихоби самти барқарорсозӣ ва сохтмони қитъаи Душанбе-Данғара ва нақби Чормағзак бо роҳҳои ба он баранда дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма- сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин тасдиқ карда шуданд.
Мақсад аз қабули Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ фароҳам овардани тартиби соддаи додани раводид маънидод гардид.
Қарор шуд, ки моҳи октябри соли 2009 дар Тоҷикистон Фестивал-симпозиуми байналмилалии Фалак гузаронда шавад.
Қуллаи беноми баландиаш 6230 метр, ки дар шохаи шимолу ғарби қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо воқеъ аст, Қуллаи Озодӣ номгузорӣ шуд. Таъкид гардид, ки имсол ба он экспедитсияи байналмилалӣ бо иштироки кӯҳнавардони зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон ташкил карда ва дар болои ин қулла Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодию  истиқлоли давлатӣ гузошта мешавад.
Дар охири ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои дахлдор оид ба иҷрои натиҷаҳои сафари кории рӯзи 24 феврал ба Федератсияи Русия анҷомдодааш, аз ҷумла дар бораи пурра ба кор даровардани Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1", муайян намудани механизми сохтмони се нерӯгоҳи нави миёнаиқтидори обӣ, вусъат додани корҳои ҷустуҷӯӣ   дар конҳои газу нафт ва маъданҳои кӯҳӣ, тавсеаи ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва гуманитарӣ  супоришҳои мушаххас дод.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор оид ба иҷрои буҷети давлатӣ, сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, ҷамъоварии маблағҳои истифодаи барқ ва гази табиӣ, танзими кори бонкҳои саҳомӣ, афзун намудани қарзҳои хурд ба соҳибкорони деҳот, оғози кишту кори баҳорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ, ташкили намоишҳои ҷойҳои холии корӣ, таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Данғара, сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон ва доир ба дигар корҳои ободонию созандагӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 771

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед