logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар маросими ифтитоҳи маҷмааи савдои «Пойтахт - 90» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, 5 сентябри соли 2014

Намояндагони муҳтарами сокинони шаҳри Душанбе!
Ҳозирини гиромӣ!
Боиси хушҳолии ҳамаи мову шумо, сокинони пойтахт аст, ки дар зарфи солҳои охир маркази давлати соҳибистиқлоламон - шаҳри Душанбе тавассути бунёд гардидани биноҳои замонавии маъмуриву истиқоматӣ, марказҳои бузурги хизматрасониву савдо, боғу гулгаштҳои истироҳату фароғат, инчунин таъмиру азнавсозии роҳҳо симои худро дигаргун карда, сол аз сол ободу зебо шуда истодааст.
Имрӯзҳо, ки мо ба истиқболи ҷашни 23 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 20 – солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон омодагӣ мебинем, сохта ба истифода додани даҳҳо иншооту биноҳои муосир барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани пойтахти давлатамон ва беҳтар шудани шароити кору зиндагии сокинони он мусоидат мекунад.
Ҳоло мо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони пойтахти азизамон маҷмааи савдои «Пойтахт – 90» - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор додем, ки сохтмони он дар муддати хеле кӯтоҳ, яъне дар зарфи беш аз як сол аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе бо арзиши умумии зиёда аз 205 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шуд.
Ба ин муносибат ҳамаи сокинони шаҳри Душанберо табрик гуфта, ба масъулони сохтмони иншоот миннатдорӣ изҳор менамоям ва ба тоҷирону кормандони ин маркази савдо барору комёбӣ орзумандам.
Маҷмааи савдои имрӯза, ки дар он беш аз 900 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст, аз бинои сеошёна ва фурӯшгоҳи тобистона иборат буда, дар масоҳати 33 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст ва дорои нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла 82 мағоза, тарабхона, ошхонаву қаҳвахона, толори маҷлисгоҳ, сардхонаву бағочхона, инчунин озмоишгоҳ ва истгоҳи воситаҳои нақлиёт мебошад.
Бояд гуфт, ки дар масири таърих яке аз сабабҳои инкишофу пешрафти шаҳри Душанбе дар нуқтаи муносибу мувофиқи тиҷоратӣ қарор доштани он мебошад. Шаҳри Душанбе аз ибтидои таърихи худ ҳамчун мавзеи тиҷоратӣ арзи вуҷуд карда, дар аввали асри бистум тавассути ривоҷи савдо маъруф гардидааст.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои зиёди таърихӣ дар давраҳои гуногун дар қаламрави шаҳри Душанбе сиккахонаҳо мавҷуд будаанд, ки аз ривоҷ доштани муносибатҳои моливу пулӣ ва тиҷорату ҳунармандӣ шаҳодат медиҳанд. Хусусан ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ амалӣ гардидани даҳҳо нақшаву стратегияҳо шаҳри Душанбе дар ҳамаи самтҳо рушд карда, чунонки имрӯз мебинем, ба яке аз шаҳрҳои пешрафта табдил ёфта истодааст.
Вобаста ба ин, ба ҳамаи онҳое, ки дар амалисозии ҳадафҳои созандагиву ободкории давлату Ҳукумати мамлакат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ саҳми ватандӯстонаи худро дареғ намедоранд, миннатдорӣ баён менамоям.
Аз ҷониби дигар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ тавассути рушди соҳаҳои савдову хизматрасонӣ ва ба ин васила таъмин намудани амнияти озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе аз масъалаҳои мубрами фаъолияти шаҳрдорӣ ба ҳисоб рафта, зимни амалисозии ислоҳот ва тарҳрезии барномаҳо ба масъалаи мазкур аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Бо вуҷуди ин, сохторҳои дахлдори шаҳрро зарур аст, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқавории пойтахт ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, муътадил нигоҳ доштани нарх, фароҳам овардани шароит барои фурӯши маҳсулот бевосита аз ҷониби кишоварзон, вусъат бахшидани ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истеҳсолкунандагони ноҳияҳои наздики пойтахт ва вилоятҳои Суғду Хатлон бастани шартномаҳои ҳамкориро дар бобати харид ва воридоти маҳсулоти кишоварзӣ тақвият бахшанд.
Бо дарназардошти тамоюлҳои ноустувори ҷаҳони имрӯза, хусусан дар самти таъминоти аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ, бори дигар таъкид менамоям, ки дар ҳар як оила барои ду сол захира кардани маҳсулоти озуқа дурустии ин ҳақиқатро собит карда истодааст.
Солҳои охир дар шаҳри Душанбе раванди сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна ва ташкили марказҳои савдову хизматрасонӣ вусъат гирифта истодааст. Дар ин ҷода зарур аст, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва торафт зиёдшавии шумораи меҳмонони пойтахт бояд фаъолияти масъулону кормандон дар самти савдову хизматрасонӣ бо риояи меъёрҳои муосир ва фарҳанги миллӣ ба роҳ монда шавад. Зеро беҳуда нагуфтаанд, ки бозор баёнгари сатҳи зиндагӣ ва нишонаи маданияти хизматрасонӣ мебошад.
Дар баробари ин, агар соли 2005 дар соҳаи савдову хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе 27 ҳазор нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда бошанд, пас ин нишондиҳанда ҳоло беш аз 36 ҳазорро ташкил медиҳад. Яъне дар зарфи нуҳ сол шумораи соҳибкорон 9 ҳазор нафар зиёд гардидааст.
Ҳукумати мамлакат пайваста кӯшиш менамояд, ки ҳар як ташаббуси неку созандаи соҳибкорон ҳамаҷониба дастгирӣ карда шавад, зеро рушди соҳибкориву бахши хусусӣ омили муҳими рушди кишвар, сарчашмаи ғанӣ гардидани буҷет ва муҳимтар аз ҳама, воситаи асосии ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум ба ҳисоб меравад.
Дар иртибот ба ин, як масъалаи муҳимро махсус таъкид месозам. Бо дарназардошти хусусиятҳои хоси пойтахт зарур аст, ки ҷиҳати пешгирӣ кардани болоравии беасоси нарх, рақобати носолим ва бартарафсозии омилҳои инҳисорӣ, яъне монополия ба баъзе намудҳои маҳсулот чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Инчунин зарур аст, ки раванди ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ ва масъалаи ба танзим даровардани нархи маҳсулоти озуқаворӣ таҳти назорати доимии сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дода шавад.
Ҳамзамон бо ин, ҷараёни харид ва таъмини бозори истеъмолии шаҳр бо маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти ниёзи аввал, инчунин сифати онҳо аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор зери назорати мунтазам қарор дода шавад. Илова бар ин, андешидани чораҳои мушаххас дар бобати омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти пойтахт, бахусус муассисаҳои иҷтимоӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ва захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ зарур аст. Аз ҷумла, дар назди бозорҳои шаҳр мунтазам ташкил кардани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзии соҳибкорон, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва молу маҳсулоти корхонаву ташкилотҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.
Ҷиҳати таъмини пурраи талаботи афзояндаи аҳолии пойтахт ба маҳсулоти кишоварзӣ сохтмони марказҳои савдои муосир дар ҳудуди шаҳр идома дода шуда, ташкили нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ва ба роҳ мондани фаъолияти минимаркетҳои замонавӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими рӯз мебошанд.
Дар баробари ин, масъалаи ташкили инфрасохтори хизматрасонӣ ва ба талаботи пойтахти муосир мутобиқ гардонидани он, инчунин таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, рушди саноати сабуку хӯрокворӣ ва бо ҳамин роҳ барои сокинони пойтахт фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар низоми шаҳрдорӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа мебошанд.
Дар маркази кишвари соҳибистиқ-лоламон бо дастгирии давлату Ҳукумат ва заҳмати фарзандони бонангу номус ва ватандӯсти халқамон минбаъд низ корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ, коху биноҳои муосир, боғу гулгаштҳои зебо ва марказҳои савдову хизматрасонӣ бунёд гардида, ба симои шаҳри зебои мо ҳусни тоза зам мекунанд.
Бовар дорам, ки бо амалӣ гардидани ин иқдомот боз ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё шуда, дар солҳои наздик сатҳи зиндагии сокинони пойтахт хеле беҳтар хоҳад шуд.
Дар фарҷом бори дигар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохтмончиёни иншооти имрӯза, ки воқеан таҷассумкунандаи санъати меъмории ниёгонамон дар шаклу усули нав буда, онро ҳамчун туҳфаи арзанда ба ифтихори 23 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 20 – солагии қабули бахтномаи халқамон – Конститутсияи кишвар пешниҳоди сокинони пойтахт намуданд, арзи сипос менамоям.
Итминони комил дорам, ки маркази савдои “Пойтахт - 90” дар радифи дигар марказҳои савдову хизматрасонӣ барои ғанӣ гардонидани дастархони ҳамарӯзаву қонеъ намудани ниёзҳои мардум ва ба ин васила таъмин кардани рӯзгору зиндагии осоиштаи сокинони шаҳр нақши муассир мегузорад.
Ҳамеша саодатманду пирӯз бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.09.2014    №: 175    Мутолиа карданд: 521

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед