logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон» дар шаҳри Душанбе, 6 сентябри соли 2014

Ҳозирони арҷманд!
Меҳмонони гиромӣ!
Ба истиқболи сазовори ҷашне, ки барои ҳар як фарди Тоҷикистони соҳибихтиёр бисёр азизу муқаддас аст, яъне солгарди бистусеюми Истиқлолияти давлатӣ ва бистсолагии қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон мавриди истифода қарор гирифтани меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон» аз вусъати тоза гирифтани сиёсати созандаи давлату Ҳукумат гувоҳӣ медиҳад.
Меҳмонхонаи имрӯза дорои ҳамаи шароити муосиртарин буда, бешубҳа, ба макони дӯстдоштаи будубоши меҳмонони пойтахти Тоҷикистон табдил меёбад. Зеро он дар мавзеи хеле мусоиди шаҳр ҷойгир буда, ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе наздик аст ва метавонад ба меҳмонон сатҳи баланди хизматрасонии милливу байналмилалиро пешниҳод намояд.
Ба ин муносибат ҳамаи сокинони пойтахт ва меҳмонони гиромиро самимона табрик намуда, ба сармоягузорон, мутахассисону муҳандисон ва сохтмончиёне, ки дар бунёди ин меҳмонхонаи зебо заҳмат кашидаанд, изҳори сипос менамоям.
Меҳмонхонаи имрӯза бо сармояи ширкати хусусии СИ ЭЙ ЧЕЛ-и давлати Ҳиндустон бунёд шуда, бо тарҳи меъмории мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ дар масоҳати қариб 25 ҳазор метри мураббаъ ва харҷи 275 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст.
Дар меҳмонхона ба иловаи мавҷуд будани тамоми шароити мусоид дар ҳуҷраҳо, толорҳои варзишу табобат ва дигар имкониятҳои инфрасохторӣ муҳайё карда шудаанд. Мувофиқи нақша дар меҳмонхона 180 нафар кормандон бо маоши баланд ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки марҳалаи нави ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон баъди соҳибистиқлол  шудани давлати мо, яъне аз соли 1992 густариш пайдо карда, то имрӯз дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла тиҷорат, фарҳангу маориф, саноату энергетика, кишоварзиву тандурустӣ ва варзиш беш аз 50 созишнома ба имзо расидааст, ки дар заминаи онҳо ҳоло дар Тоҷикистон як қатор корхонаҳои муштарак фаъолият мекунанд.
Соли 2012 тавассути сармояи давлати ба мо дӯсти Ҳиндустон Неругоҳи хурди барқи обии Варзоб - 1 ба маблағи 75 миллион сомонӣ таъмиру таҷдид гардида, иқтидори истеҳсолии он хеле баланд бардошта шуд.
Ҳамкориҳои судманди ду ҷониб дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ сол то сол тавсеа ёфта, ҳар сол шумораи зиёди мутахассисони мо барои таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисос ба Ҳиндустон сафар мекунанд ва ҳамзамон бо ин, теъдоди зиёди донишҷӯёни ин кишвар дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дӯстони азиз!
Бояд гуфт, ки дар баробари зиёдшавии меҳмонхонаҳо барои дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод кардани хизматрасонӣ дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо имрӯз дар мамлакатамон Ҷамъияти дорандагони тарабхонаву меҳмонхонаҳо фаъолият намуда, мактаби миллии меҳмоннавозӣ таъсис дода шудааст, ки дар он мутахассисони баландихтисоси соҳа тайёр карда мешаванд.
Бо бунёд гардидани чунин меҳмонхонаҳои бонуфуз, ки макони будубоши меҳмонони хориҷии сершумор мегарданд, бояд тамоми расму суннатҳои меҳмондории тоҷикон риоя гардида, хизматрасонӣ ва таъминоти меҳмонхонаҳо бо таҷҳизоту шароити зарурӣ дар сатҳи олӣ қарор дода шавад.
Азбаски кишвари мо дорои табиати зебои нотакрор, олами ҳайвоноту набототи нодир ва мавзеъҳои фароғату тамошо мебошад, зарур аст, ки бо истифода аз меҳмонхонаҳои замонавӣ ва сатҳи муосири хизматрасонӣ ҷиҳати муаррифии сазовори онҳо бештар талош варзида, сайёҳони сершумор барои тамошои ин куҳандиёр ҷалб карда шаванд.
Хотирнишон месозам, ки давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак тамоми шароитро фароҳам оварда, барои амалисозии онҳо бо ҳамаи давлатҳои дӯст ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст.
Соли ҷорӣ дар Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид, ки бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ва дастгирии бахши хусусӣ, инчунин пурзӯр намудани кафолату уҳдадориҳои сармоягузорон моро зарур аст, ки бо дарназардошти риояи меъёрҳои байналмилалӣ оид ба такмили низоми қонунгузорӣ ва механизмҳои кафолати сармоя ва созишномаҳои сармоягузорӣ тадбирҳои муосир роҳандозӣ карда шаванд.
Илова бар ин, дар назди халқи бунёдкори тоҷик ба хотири ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон нақшаву лоиҳаҳо барои бунёди садҳо иншооти дигар қарор доранд. Амалисозии нақшаву ниятҳоямон, бешубҳа, дар самти бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани сокинони кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар баробари ин, вақте ки меҳмон ё сайёҳе ба меҳмонхонаи «Шератон» ворид мегардад, пеш аз ҳама, бояд фазои гарму самимонаи меҳмондории тоҷикона, сатҳи хизматрасонии байналмилалӣ ва муоширати сатҳи баланди кормандонро эҳсос намояд.
Дар фарҷом бори дигар ҳамаи сокинони кишвар ва меҳмонони кишвари ба мо дӯсти Ҳиндустонро ба ифтихори дар пойтахти Тоҷикистон қомат афрохтани меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон» табрик гуфта, ба ҷаноби доктор Лалит Малхотра ҷиҳати анҷоми муваффақонаи лоиҳаи мазкур миннатдорӣ баён мекунам.
Ба ҳамаатон барори кору сиҳатмандии комил орзу менамоям!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.09.2014    №: 176    Мутолиа карданд: 505

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед