logo

ҳуқуқ

САРҚОНУН - КАФИЛИ ҲИМОЯИ ШАҲРВАНДОН

Ф. РАҶАБОВ,
раиси суди ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе

Халқи тоҷик 9 сентябри соли 1991  Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд. Орзуи деринаи мардум ҷомаи амал пӯшид.

Вале солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои давлати ҷавони Тоҷикистон хеле душвор буданд. Ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, аз ҷумлаи он мушкилоте ба ҳисоб мерафтанд, ки аз роҳбарияти олии мамлакат андешидани тадбирҳои муассир ва фавриро тақозо менамуданд. Гузашта аз ин, зарурате пеш омада буд, ки мебоист қонуни асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳия гардад. Маҳз ба ҳамин хотир моҳи ноябри соли 1993 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия ташкил намуд.
 Лоиҳаи қонуни асосӣ 13 апрели соли 1994 ба баррасии ҷомеа пешниҳод шуд. Ниҳоят, бо дар назар гирифтани дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат таҳти роҳбарӣ ва раҳнамоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими истиқлолият, муайян намудани сиёсати пешгирифтаи давлат, ба низоми ягона даровардани муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Конститутсияи то соли 1994 амалкунандаи кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо назардошти сиёсати собиқ давлати шӯравӣ, аз ҷумла сиёсати яккаҳизбиву банақшагирии самтҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии онвақта таҳияву қабулшуда акнун бо дигаргуниҳои солҳои даврони истиқлол мувофиқ буда наметавонистанд. Барои ҳамқадаму ҳамнафас гаштани ҷумҳурӣ бо мамолики мутараққӣ ва ҷомеаи мутамаддин, бо мақсади дар ҷомеа тавсеа бахшидан ба равандҳои демократӣ, ба мисли ҳуқуқбунёдиву дунявӣ, ба халқ тааллуқ доштани ҳокимият ва ба шохаҳо таҷзия гаштани он, гуногунандешии сиёсӣ, арзишҳои олӣ эътироф намудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин гуногуншаклии моликият, аз ҷумла рушди иқтисоди бозорӣ ва соҳибкорӣ, ба таври озод амал кардани моликияти хусусӣ бояд иқдоми муассиртар андешида мешуд.
Конститутсия – санади олии ҳуқуқӣ буда, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатро муайян намуда, мақоми давлати ҳуқуқбунёд, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар намудааст.Тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор медонад, таъмини соҳибихтиёрии давлат ва пешрафти онро дарк менамояд, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморад, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф намуда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи аввалиндараҷаи худ қарор додааст.
Яке аз нишонаҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо мебошад. Мувофиқи моддаи 9 Конститутсия ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ таҷзия шудааст. Дар иртибот ба ин, дар    Сарқонун бобҳои алоҳида ба сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти ин шохаҳои ҳокимият бахшида шудааст.
Тибқи Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Ин меъёр давлати демократӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар тасдиқ намуда, ҳокимияти олии давлат ба халқ тааллуқ дорад, халқ - ҳар як шаҳрванд, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ҳокимияти олии давлатӣ аз ҷониби халқ бевосита интихоб шуда, барои манфиатҳои он хизмат менамояд.
Бунёди давлати мутамаддин аз саъю талошҳои ҳамешагии шаҳрвандони кишвар вобастагӣ дорад. Ҳар як шаҳрванд муваззаф аст, ки Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром ва меъёрҳои онро риоя намояд, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи сохти конститутсионӣ, тамомияти арзии ҷумҳурӣ ва пешрафти иқтисодиёт ҳиссагузор бошад.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  неъмати бебаҳо, Конститутсия бошад, меваи он мебошад. Онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт бояд кард. Аз ин рӯ, Конститутсия барои мардуми мо  санади тақдирсоз аст.  Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ онро азизу муқаддас меҳисобад. Ва умед аст, ки он ҳамеша барои Тоҷикистону тоҷикистониён хидмат мекунад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2014    №: 178    Мутолиа карданд: 465

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед