logo

мулоқотҳо

ҲАМГИРОИИ БОСАМАРИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН ИДОМА ХОҲАД ДОШТ

Субҳи 12 сентябр қабл аз оғози ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки ба ҳайси роҳбари кишвари нозир дар ин созмон ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои гуногуни муносиботи дуҷониба ва минтақавию ҷаҳонии ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба авзои кунунии Афғонистон таъкид дошт, ки ҳифзи амнияту субот ва ваҳдати миллию қавмӣ ва дар ин замина таъсис додани Ҳукумати ваҳдати миллӣ на танҳо барои мардуми азияткашидаи ин кишвар, балки барои кулли минтақа басо муҳим аст.
Атрофи роҳҳои татбиқи босамари нақшаю барномаҳои ҳамкории босамар, пурзӯр намудани иқтидори транзитии ду кишвар дар бахшҳои ҳамлу нақл ва энергетика гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Изҳори боварӣ шуд, ки таҷрибаи ғании ҳамгироии босамари Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар самти нигаҳдории амнияту субот дар марзи муштараки давлатӣ, мубориза бо қочоқи яроқу аслиҳа, маводи мухаддир ва пешгирӣ аз терроризму экстремизм оянда низ идома хоҳад дошт.
Дар ин замина Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зарурати боло бурдани нақши Комиссияи муштараки ҳамоҳангии сохторҳои амниятӣ ва марзии Тоҷикистону Афғонистонро таъкид намуд.
Ҳамчунин доир ба мавзӯоти ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзо ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар мавзӯъҳо табодули назар шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2014    №: 179    Мутолиа карданд: 561

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед