logo

мулоқотҳо

ХАЗИНАИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН БОЯД ФАЪОЛТАР ШАВАД

11 сентябр зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Мо бовар дорем, ки муносиботи бисёрҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ чун намунаи ибратбахши таҳким ва рушди ҳамкории минтақавӣ боқӣ монда, ба манфиатҳои аслии кишварҳои мо ва мардумони онҳо хизмат хоҳанд кард”.
Нурсултон Назарбоев Қазоқистонро “шарики дуюми тиҷоратии Тоҷикистон” дар миёни мамолики Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз Федератсияи Русия номида, зикр намуд, ки кишвараш “ҳамеша дар паҳлуи Тоҷикистон қарор дошт ва минбаъд низ чунин муносибат идома хоҳад дошт”.
Дар идомаи суҳбат фаъолияти бештару назарраси Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкорӣ ва беҳсозии шароити кории Хазинаи сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон зарур шумурда шуд. Тавре зикр гардид, Хазинаи сармоягузории мустақими ду кишвар ҳанӯз соли 2008 таъсис ёфта буд, вале то ҳол фаъолияти назаррас надорад.
Изҳори боварӣ шуд, ки зимни таҳия ва пешниҳоди санадҳои нави ҳамкории миёни Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла шароити баҳрабардорӣ аз захираҳои молиявии хазинаи мазкур барои соҳибкорон ҷолибтар хоҳанд шуд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба ҳамгироии судбахши Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳам атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2014    №: 179    Мутолиа карданд: 552

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед