logo

мулоқотҳо

ВОХӮРӢ СУДМАНД АНҶОМ ЁФТ

11 сентябр, нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмӣ, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуд.

Вохӯрии аввал бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушма Свараҷ баргузор гардида, зимни он масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуданд.
Зикр гардид, ки то ба имрӯз миёни Тоҷикистону Ҳиндустон зиёда аз 50 санади дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ба имзо расидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо вуҷуди заминаи хуби қарордодию ҳуқуқӣ, ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ, ба имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҷавобгӯй нест.
Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаи гидроэнергетика, ки дар ҷараёни навсозии Неругоҳи барқи обии Варзоб-1 андӯхта шудааст, изҳори боварӣ шуд, ки робитаҳои судбахш дар ин самт вусъат дода мешаванд. Таъкид гардид, ки Ҳиндустон метавонад дар бунёди иншооти нави энергетикии Тоҷикистон ширкат варзида, оянда содироти неруи барқро аз ин ҷо ба ҳудуди худ ба роҳ монад.
Ҳамчунин густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ ва нақлиётии Тоҷикистону Ҳиндустон метавонад ба ҳалли мушкилоти Афғонистон мусоидати фаъол намояд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника, мудофиа ва ҳифзи амну субот дар минтақа низ  сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2014    №: 179    Мутолиа карданд: 534

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед