logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими бакорандозии мошини дуюми навбати аввал ва оғози сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе - 2», 13 сентябри соли 2014

Муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин!
Дӯстони азиз!

Ҳамагӣ ҳашт моҳ қабл дар ин макон агрегати аввали навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Ва инак, имрӯз мо бо шарикони чиноии худ агрегати дуюми онро ба кор андохта, ба сохтмони навбати дуюми дорои иқтидори бештари ин иншоот ҳусни оғоз мебахшем.
Ин лоиҳа нишондиҳандаи сатҳи баланди шарикии бунёдкорона ва босуръат рушдёбандаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла дар соҳаи энергетика мебошад.
Мо аз он аҳамияти хосае, ки Ҳукумати Чин таҳти роҳбарии ҷаноби Раис ба масъалаҳои густариши ҳамкории ҳамаҷониба бо Тоҷикистони ҳамҷавор медиҳад, изҳори қадрдонӣ менамоем. Сухан аз ҳамкории ҳамаҷонибае меравад, ки дар ҷараёни густариши он Тоҷикистон худро ҳамчун шарики боэътимоду устувор муаррифӣ карда тавонист ва маҳз ҳамин омил аз бисёр ҷиҳат манфиатдории амиқи доираҳои соҳибкории Чинро дар тавсеаи ҳузури худ дар бозори ояндадори Тоҷикистон ва роҳандозии шарикии миқёсан васеъ ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллии ду кишвар муайян менамояд. Дар таърихи ин шарикиву ҳамкориҳо аллакай як силсила лоиҳаҳои муҳимми муштарак амалӣ гардидаанд. Яке аз онҳо Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе - 2» мебошад, ки иқтидори лоиҳавии навбати дуюми он ба сесад мегаватт баробар аст.
Мутобиқи нақша, навбати дуюм бояд баъди ду сол ба истифода супурда шавад. Шубҳае нест, ки ин кор дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба иҷро мерасад. Миқдори гармие, ки баъди фаъол гардидани навбати дуюми иншоот истеҳсол мешавад, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти на фақат манзили сокинон ва муассисаҳои иҷтимоиву таълимӣ, балки дигар иншооти шаҳри Душанбе низ комилан кифоя хоҳад буд.
Мавриди зикри хос аст, ки Маркази барқу гармидиҳӣ бо таҷҳизоти муосири технологӣ ва экологӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, бо ҳамин роҳ ҳифзи боэътимоди муҳити зист аз партовҳои зарарнок ва ифлосшавӣ таъмин карда мешавад. Зиёда аз ин, хокистари ангиштсанг – ҳамчун партови истеҳсолӣ – бо иштироки ширкатҳои ватанӣ барои истеҳсоли масолеҳи сохтмон истифода мегардад.
Баъди пурра мавриди амал қарор додани Маркази барқу гармидиҳӣ садҳо нафар мутахассисоне, ки таҷрибаи пешрафтаи чиноиро дар бахши истеҳсолу идора азхуд кардаанд, соҳиби кор мешаванд.
Хулоса, сохтмону истифодаи Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе - 2» намунаи ҳамкории сатҳи муосиртарине мебошад, ки ба шарофати фаъолияти муваффақонаи Корпоратсияи соҳибноми чиноии «Тибиэй» имконпазир мегардад.
Дӯстони азиз!
Ҳалли мушкилоти вобаста ба камбуди доимии барқ дар мавсими сармои сол барои Тоҷикистон масъалаи ҳаётан муҳим аст. Зеро ин омили калидиест, ки рушди устувори кишвари моро маҳдуд месозад. Ба иллати ин омил ҳисороти иқтисодии Тоҷикистон, тақрибан се фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Ин аст, ки дар сиёсати имрӯзаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои таҳкими инфрасохтори энергетикии кишвар ҷойгоҳи махсус доранд. Ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ яке аз се ҳадафи муҳимтарини Стратегияи миллии миёнамуҳлати рушди кишвари мо ба ҳисоб меравад.
Бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», ки бо мадади дӯстони чиноии мо сурат мегирад, дар ин ҷода боз як иқдоми муҳимме хоҳад буд.
Мехостам ба муҳандисон, бинокорон, барқчиён ва ҳамаи онҳое, ки дар раванди сохтмону фаъолияти ин иншоот ширкат мекунанд, барори кор ва саломатӣ орзу намоям.
Бигзор робитаҳои дӯстонаи мардумони Тоҷикистону Чин пояндаву бардавом бошанд!

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2014    №: 180    Мутолиа карданд: 570

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед