logo

иҷтимоиёт

ПАҲЛАВОНЕ АЗ ДИЁРИ ПАҲЛАВОНОН

- Дар ноҳияи Ванҷ даҳҳо нафар ҷавононеро ном бурдан мумкин аст, ки  ҳамсолони даврони соҳибистиқлолии кишвар,   ин рӯзгорони хушу фархунда мебошанд, - гуфт дар суҳбат собиқ мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Масрур Миров.

Ба радифи  чунин ҷавонони варзишгар Хушқадам Хусравов низ ворид мегардад. Вай  20 сол умр дорад.  Ин паҳлавони ҷавони умедбахш   аллакай комёб шудааст, ки дар даҳҳо мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин байналмилалӣ      аз рӯйи гӯштини самбо ва дзюдо хуб баромад карда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад ва ба шарафи майдондориҳояш парчами  кишвари азизамон борҳо барафрохта шавад.
Бо Хушқадам Хусравов, варзишгари ҷавони номдори умедбахш, ба қарибӣ дар бинои мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ вохӯрдем. Он рӯз ба хотири дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дар чемпионати Осиё оид ба самбо ғолиб омадан ва медали тилло ба даст оварданаш ҷамъомади тантанавие баргузор гардид. Дар вазъияти тантанавӣ, миёни мардум  Давлатбибӣ Раҷабова, раиси ноҳияи Ванҷ, аз комёбиҳои назарраси Хушқадам Хусравов дар соҳаи варзиш сухан гуфта, ба ӯ туҳфаи хотиравӣ тақдим кард. Вақти суҳбат ӯро  ҷавони камгап ва хеле ботамкину боҳурмат ёфтам. Хушқадам дар бораи кай ва чи тавр ба варзиш ва алалхусус ба самбо ва дзюдо  шуғл варзидани худ нақл кард.
Вай гуфт, ки гуштингирӣ ва майдондорӣ дар Ванҷ хеле маъмул аст ва дар ин ҷода даҳҳо нафар паҳлавонони ванҷиро ном бурд. Чанде аз  авлодони ӯ низ  ба ин ҳунар машғул будаанд. Вале аз ҳама зиёд барои вай майдондории падараш, Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон  Носир Хусравов, ки ҳоло ба ҳайси мураббии мактаби варзишии ҷавонон ва  наврасони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шаҳри Хоруғ фаъолият дорад, басе писанд ва маъқул буд.
Ибтидои роҳи  Хушқадам дар ҷодаи варзиш чунин аст. Ӯ ҳанӯз дар синфи панҷум таҳсил мекард, ки қиблагоҳаш вайро ба гурӯҳи самбо дар мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони маркази ноҳияи Ванҷ овард ва   нахустин малакаҳои гӯштингирӣ ва майдондориро ба фарзандаш ёд дод. Аз ҳамин хотир аввалин устодаш дар  ҷодаи гӯштин аз айёми кӯдакӣ то инҷониб  падари меҳрубонаш  Носир Хусравов ба ҳисоб меравад. Дар айёми таътили тобистона Хушқадам бо ҳидояти падари арҷманд ба шаҳри Душанбе   мерафт ва дар толорҳои кушоду барҳаво ва дорои шароитҳои хеле хуб бо ҳамсолони худ машқ мекард ва маҳорати худро сайқал медод. Мураббии ӯ паҳлавони номдори кишвар Муҳаммадшариф Сулаймонов буд.  Ҳоло ҳам Хушқадам Хусравов таҳти роҳбарии ин устоди  ҳалиму меҳрубон ва сахтгир дарси маҳорат меомӯзад ва дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок карда, шарафи Тоҷикистони азизро ҳимоя менамояд.
Аз суҳбат бо  падараш Носир Хусравов ва устодаш паҳлавони номдори мамлакат Муҳаммадшариф Сулаймонов, ки ба диёри Ванҷ  бо мақсади иштирок намудан дар ҷашни 75 - солагии зодрӯзи паҳлавони номвари солҳои ҳаштодуми қарни гузашта, ғолиби чандинкаратаи мусобиқаҳои ҷумҳуриявии гуштини миллӣ Ҳукуматшо Ғайратов ташриф оварда буд,  маълумам гашт, ки Хушқадам Хусравов варзишгари умедбахши на танҳо  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, балки ҷумҳурӣ низ мебошад.
Мукофотҳои ин паҳлавони ҷавонро, ки дар кошонаашон  дар як ҷои намоён гузошта шудаанд ҳар як бинанда бо мароқ тамошо мекунад. Соли 2008 дар мусобиқаи самбо миёни наврасон дар шаҳри Хоруғ иштирок намуда, ғолиб гашт. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявии дзюдо низ миёни мактабиён иштирок карда, ғолиб баромадааст. Ҳамчунин дар вазни  56 килограмм солҳои 2010-2011 низ ғолиби мусобиқаи самбо миёни ҳамсолонаш дар кишвар гаштааст. Ба ғайр аз ин ду маротиба ҷоизадори мусобиқаи миёни наврасони Осиё ва Аврупо шудаааст.
Дар шаҳри Тошканд дар мусобиқаи самбои Осиё байни наврасон дар вазни 56 килограмм ғолиби мусобиқа  гардид ва имсол низ  ин ғолибиятро дар овони ҷавониаш дар  ҳамин шаҳр  соҳиб шуд. Ба қарибӣ Хушқадам Хусравов дар мусобиқаи бонуфузи самбо дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон миёни варзишгарони Қувваҳои Мусаллаҳи  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гардид. Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушқадам Хусравов айни ҳол хатмкунандаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ба номи ҷавонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов  мебошад. Ҳамзамон таҳти роҳбарии мураббии арҷмандаш, Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ, Муҳаммадшариф Сулаймонов пайваста машқ мекунад. Ин паҳлавони ҷавон ният дорад, ки минбаъд низ дар мусобиқаҳои гуногуни байналхалқӣ фаъолона иштирок намуда,  шарафи  ҷумҳурии азизи худро дар қатори дигар ҷавонони варзишгари тоҷик ҳимоят намояд.

 Сироншоҳи Диловар,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2014    №: 181    Мутолиа карданд: 523
19.01.2022


ВОДИИ РАШТ. ВАҚТЕ ҲУКУМАТ БО САРМОЯГУЗОРОН ҲАМКОРИ БОЭЪТИМОД АСТ...

КӮЛОБ. БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МАВЗЕЪҲОИ ХАТАРЗО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ҲАДАФ ФАРОВОНИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

17.01.2022


Финляндия ва Фаронса муҳимияти муколама бо Россияро баррасӣ карданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Рӯйдодҳои илмӣ

14.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев ба неруҳои посдори сулҳи СААД барои рисолати муваффақ изҳори сипос кард

ХАТЛОН. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

12.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев аз анҷоми бомуваффақи рисолати СААД дар Қазоқистон хабар дод

ПАЙРАВӢ АЗ СИЁСАТИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

11.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Намоишгоҳи осори таърихии Тоҷикистон дар Париж ба поён расид

07.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тоҷикистон ният дорад дар доираи СААД ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатар кумак кунад

ВАХШ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ

15.12.2021


Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир мегардад

Маъмурияти дипломатии сафири Украина дар Тоҷикистон ба анҷом расид

ВМКБ. Ҷамъбасти фаъолияти фаврӣ-хизматии РВКД

29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед